Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунбарор - Маҷлиси Олӣ дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари мо дар остонаи рӯйдодҳои муҳим ва бузурги таърихи навини худ, пеш аз ҳама понздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад.
Понздаҳ соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳилаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гузоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буданд.
Бо вуҷуди ҳама мушкилоти сахту сангини ин давра мо тавонистем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таъмин намоем.
Роҳи мо ба сӯи чунин низом аз баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози наҷоти миллати мо аз вартаи парокандагӣ ва гузоштани аввалин хишти бинои сулҳ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон буд, ибтидо мегирад.
Маҳз дар ҳамин марҳила нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ ва рамзҳои давлати мустақили Тоҷикистон қабул карда шуданд.
Барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйироти куллие, ки ба ҳаёти ҷомеаи кишвари мо ворид шуданд, зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён гузоштанд, зеро чунон ки ҳанӯз ҳамон солҳо таъкид карда будам, таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи шароити нав ва замони муосир ҷавобгӯ "яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоиву сиёсии ҷомеа" мебошанд.
Гузашта аз ин, Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун яке аз аввалин қонунҳои асосие, ки дар миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз тариқи раъйпурсии умумӣ ва бо майлу иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон қабул гардид, дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихи мамлакат ба талошу муборизаҳои барои сохти давлатдорӣ воқеан хатарнок хотима бахшид ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ эълон намуд.
Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ифодаи раванди солими ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди пешрафти ҷомеаро таъмин мекунанд.
Эътироф ва эҳтироми меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳаёти ҳуқуқии кишвари мо навоварии ҷиддӣ мебошад.
Аввалин маротиба дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон шуданд.
Тоҷикистон аз соли 1992 аксари конвенсияҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, таъмини сулҳу амният, мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф карда, ба тасвиб расонидааст.
Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.
Нақши созандаи сулҳу ваҳдат махсусан дар самти таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки амалан заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунанд, возеҳ зоҳир гардид.
Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст.
Аз ин рӯ, дар кишварҳои олам барои таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба шароиту тақозои замон мақоми махсус ва рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ - парламент таъсис дода шудааст.
Мо низ, ки аз ибтидои истиқлолият худро ҷузъи таркибии ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ эълон кардем, дар оғози истиқлоли давлати худ чунин мақоми муосирро поягузорӣ намудем. Ва чунон ки имрӯз мебинем, парламенти Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии қонунгузори мамлакат як давраи томи рушду такомули худро сипарӣ намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёди он рӯзҳо мо ҳанӯз соли 1993 дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олӣ оид ба таъсиси парламенти касбӣ изҳори андеша карда будем. Аммо мавҷудияти як қатор омилҳо, махсусан мушкилоти иқтисодӣ имкон надоданд, ки татбиқи амалии ин андеша таъмин карда шавад.
Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба мо муяссар шуд, ки соли 1999 бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон парламенти касбии думаҷлисаро ташкил диҳем.
Парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли фаъолияти худ то имрӯз зиёда аз 700 қонунро баррасӣ ва қабул намуд, ки онҳо асоси ҳуқуқии таҳким ва пешрафти ҷомеа гардиданд. Ҳоло ду палатаи мустақили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо барои мо падидаи комилан нав мебошанд, мутобиқи принсипи таҷзияи ҳокимият фаъолият намуда, дар такмилу босифат қабул шудани қонунҳои кишвар нақши муайянкунанда ва арзанда доранд.
Ҳарчанд таъсиси парламенти касбӣ дастоварди назаррас аст, аммо истифодаи васеи имкониятҳои он амри боз ҳам муҳимтар мебошад.
Аз ин лиҳоз, вакилони Маҷлиси намояндагон, ки онҳо ба таври доимӣ фаъолият мекунанд, дар бобати дақиқ муайян намудани зарурати таҳияи лоиҳаи қонунҳо, муқоисаи онҳо бо қонунҳои амалкунанда, омӯзиш ва муайян намудани мувофиқати қонунҳои қабулшаванда бо талаботи замон ва ҷомеа, инчунин аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани онҳо имконияти зиёд доранд ва бояд аз он ҳарчи бештар ва самаранок истифода баранд.
Ҳамкории Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон тибқи меъёрҳои Конститутсия ба роҳ монда шудааст, ки ин амал дар асоси татбиқи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумат сурат мегирад. Ҳалли масъалаҳои муҳим ва рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа, махсусан раванди ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар густариши ин ҳамкориро тақозо мекунад.
Вобаста ба ин, минбаъд дар ҳамаи барномаҳои марбут ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, бояд пеш аз ҳама самти ҳуқуқии татбиқи онҳо пешбинӣ карда шавад. Дар ин масъала низ нақш ва мавқеи парламенти кишвар бояд назаррас бошад.
Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақилу беғарази судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии содиқ ба халқу Ватан, омодаи ҳифзи амнияти миллату давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъминкунандаи қонунияту тартибот дар ҷомеа аз имкон берун аст.
Бо дарназардошти ин омили муҳим дар якчанд вохӯриҳои Президенти мамлакат бо намояндагони ин мақомот, аз ҷумла бо судяҳо ва кормандони Шӯрои адлия 11 августи соли 2004, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат 24 декабри соли 2004 ҳамаи самтҳои фаъолияти онҳо таҳлил гардида, нақш ва мавқеи ҳар яке аз мақомоти мазкур дар раванди бунёди давлати навини Тоҷикистон муайян шуда, бо мақсади такмили фаъолияти онҳо ва аз байн бурдани камбудиҳои мавҷуда дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Бо вуҷуди ин, зарур мешуморам бори дигар таъкид намоям, ки дар фаъолияти мақомоти зикршуда то ҳанӯз ҳодисаҳои содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, сӯиистифода аз мансабҳои хизматӣ, муносибатҳои ғайриоиномавии байни хизматчиёни ҳарбӣ ва вайрон кардани интизоми хизматӣ ва ҳарбӣ ҷой доранд.
Ҳарчанд ки дар баробари камбудиҳои ҷойдошта маҳз бо заҳмати фидокоронаи кормандони ин мақомот имрӯз дар Ватани мо суботу оромӣ ҳукмфармо шудааст ва мо бори дигар ба онҳо барои садоқату меҳнати софдилонаашон миннатдорӣ баён карда, бовар дорем, ки минбаъд низ вазифаи муқаддаси худ-ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатии Тоҷикистонро сарбаландона ва содиқона иҷро хоҳанд кард.
Аз ин рӯ, бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ иҷрои корҳои зеринро зарур мешуморам:
Якум. Барои боз ҳам пурра ва самаранок истифода бурдани имконияти назорати конститутсионӣ салоҳият ва ваколатҳои Суди конститутсионӣ такмил дода шавад.
Дуюм. Ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияи Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрӯзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд.
Сеюм. Роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар ҷамъомади кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат муайян шуда буданд, таъмин намоянд.
Дар тӯли солҳои истиқлолият мо тавонистем бо интихоби роҳи усулан нави пешрафти кишварамон, ки ба арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда такя мекунад, таҳкурсии асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.
Эътирофи силсилаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии изҳори ақида, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, иштироки бевоситаи мардум дар идораи корҳои давлат барои амалӣ намудани талаботи ҷомеаи комилан нав роҳ кушод ва пайдоиши унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуд.
Борҳо таъкид намудаем, ки мо ҳанӯз дар оғози марҳилаи демократикунонии ҷомеа ва саргаҳи роҳи дурударози ташаккули давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорем.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки бо гузоштани қадамҳои устувор ва пайдарпай дар ин роҳ ба мо муяссар шуд ҷомеаи кишварро вориди низоми демократӣ намоем, зеро тавре ки таърих гувоҳ аст, маҳз ин роҳ зербинои пешрафти ҷомеаи мутамаддин ва ҷаҳони муосир мебошад.
Яке аз дастовардҳои беназири мо дар ин роҳ ба имзо расидани Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ мебошад, ки барои ваҳдати миллати тоҷик, таҳкими сулҳу субот ва мавқеи ягона пайдо намудани нерӯҳои сиёсиву ҷамъиятии мамлакат мусоидат намуд.
Фаъолияти озодонаи 8 ҳизби сиёсӣ, 2700 иттиҳодияи ҷамъиятии ғайридавлатӣ, 262 рӯзнома, 81 маҷалла, 22 телевизион ва радиои ғайридавлатӣ ва 9 агентии иттилоотӣ нишонаи равшани риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, гуногунандешии сиёсӣ, фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори умум ва баёнгари роҳи қотеона интихобкардаи мост.
Таъкид месозам, ки ин раванд бебозгашт аст ва Тоҷикистон барои рушду тавсеаи минбаъдаи он тамоми шароити заруриро фароҳам меорад.
Ва масъулияти бузургу рисолати инсонии ҳамаи мову шумо - вакилон ва аъзои парламент, роҳбарону кормандони масъули мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, зиёиён ва ҳар як шахси худогоҳу баномус имрӯз аз он иборат аст, ки ба ин кори бузурги таърихӣ бо масъулияти ҷиддӣ дар назди Ватан, миллат ва наслҳои оянда муносибат намоем.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки медонед, моҳи ноябри соли ҷорӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мехоҳам мухтасар ибрози ақида намоям.
Пеш аз ҳама хотирнишон месозам, ки мо мисли ҳамеша ҷонибдори интихоботи демократӣ ва ба таври озоду шаффоф гузаштани он мебошем.
Барои баргузории интихобот мо тамоми шароити зарурӣ, қабл аз ҳама таҷрибаи кофӣ, фазои мусоиди сиёсӣ ва заминаҳои ҳуқуқии ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқро дорем.
Аз ин рӯ, фаъолияти ҳамаи ширкаткунандагони интихобот, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ бояд ошкоро, дар доираи қонун ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирад.
Мо бояд бо маданияти баланди сиёсии худ исбот намоем, ки ҳама гуна маъракаи сиёсӣ дар кишварамон, аз ҷумла интихоботи дарпешистодаи Президент дар сатҳи баланд баргузор гардад ва ҳамчун омили муттаҳидкунандаи миллат ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими минбаъдаи сулҳу субот мусоидат намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Мо солҳои охир бо татбиқ намудани як қатор барномаҳо доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар мамлакат ба тараққиёти бонизоми иқтисоди миллӣ суръати тоза бахшида, муваффақ шудем, ки сатҳи зиндагии мардумро то андозае беҳтар намоем.
Дар панҷ соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба қадри 60 фоиз ё ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 9,4 фоиз зиёд гардида, сатҳи таваррум то ба 7,1 фоиз паст фаромад. Ҳамчунин густариш ёфтани сиёсати молия ва андоз ба афзудани қисми даромади буҷети давлатӣ мусоидат намуда, ин нишондиҳанда аз 12 фоиз то ба 18 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шуд.
Қарзи беруна, ки дар соли 2000-ум нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 108 фоиз буд, ҳоло ҳамагӣ 31 фоизро ташкил медиҳад.
Иқтисоди воқеӣ манбаи асосии қисми даромади буҷети давлатӣ мебошад. Агар дар соли 2001-ум ҳаҷми умумии буҷет бо дарназардошти барномаи сармоягузориҳои давлатӣ 600 миллион сомонӣ ва дар соли 2005-ум зиёда аз 1,6 миллиард сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2006-ум он дар ҳаҷми 2,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Касри буҷет дар ин давра 6 маротиба кам ва дар аввали соли ҷорӣ ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид.
Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлат баробар бо рушди иқтисодиёт беҳтар гардонидани сифат ва сатҳи зиндагии мардум ва таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад.
Дар ин самт як қатор барномаҳо ва тадбирҳои мушаххас татбиқ карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки рушди устувори иқтисодиёт барои аз вазъи камбизоатӣ берун баровардани чоряки аҳолии кишвар мусоидат намуд.
Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рӯ ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи Миллии Рушдро барои солҳои 2007-2015-ум таҳия намуд. Мақсади асосӣ аз он ҷорӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофи идораи давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур дар давоми 9 соли оянда дар мамлакатамон ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 41,6 миллиард сомонӣ (13 миллиард доллари амрикоӣ) пешбинӣ шудааст.
Татбиқи самарабахши он ба инкишофи бомаром ва устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат намуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ дар соли 2015-ум ба ҳар як нафар беш аз 3 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.
Дар марҳилаи кунунӣ барои татбиқи оқилонаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва сиёсати иқтисодии давлат ба мо зарур аст, ки вазифаҳои зеринро амалӣ намоем:
Якум - фароҳам овардани муҳити муносиб барои рушди инсон, тақвияти нерӯи ақлонӣ, такмили минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ;
Дуюм - ҳамзамон дар раванди ислоҳоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъмин кардани шаффофияти фаъолияти онҳо ва тақвияти мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа;
Сеюм - баробар бо таҷдиди сохтории иқтисодиёт таъмин намудани рушди босуръат ва муназзами тамоми соҳаҳои он;
Чорум - фароҳам овардани фазои мусоид барои афзоиши сармоягузории хориҷиву дохилӣ ва рушди соҳибкорӣ;
Панҷум - татбиқи сиёсати мутавозини буҷетӣ, нигоҳ доштани қобилияти харидории асъори миллӣ ва тадриҷан паст кардани сатҳи таваррум;
Шашум - такомули минбаъдаи низоми идоракунӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ барои ширкаткунандагони бозори иқтисодӣ;
Ҳафтум - бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар.
Иҷрои вазифаҳои зикршуда дар оянда имкон медиҳад, ки афзоиши нишондиҳандаҳои рушди иқтисодӣ дар сатҳи на кам аз 7 фоиз нигоҳ дошта, дар ин замина барои татбиқи барномаҳои қабулшуда шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Ҳукумат бо дарназардошти тамоми унсурҳои иқтисоди бозорӣ баҳри густариши иқтисодиёти озод талош менамояд ва кӯшиш мекунад, ки барои ҳимояи моликияти хусусӣ, тавсеаи муносибатҳои шартномавӣ, эҳтироми ташаббус ва кордонии аҳли ҷомеа заминаи боэътимод муҳайё гардонида, мавқеи Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ устувор намояд.
Мо бояд ба ҳамаи шаклҳои рақобати солим роҳи васеъ кушода, онро ба манфиати ҷомеа равона созем.
Давлат аз ҷониби худ ӯҳдадор аст, ки дар роҳи фаъолияти ташаббускорӣ монеаҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ ва бюрократиро барҳам дода, ҳама гуна иқдомҳои неки бахши хусусиро дастгирӣ намояд.
Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ ва имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон тараққиёти саноати сабук, коркарди маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самарабахши захираҳои гидроэнергетикӣ, ашёи хоми маҳаллӣ, густариши туризм ва тавсеаи хизматрасонӣ дар кишвар аҳамияти махсус дорад.
Низоми мавҷудаи идора ва сохторҳои он вобаста ба талаботи замон бояд такмил дода шавад. Дар шароити ҳозира унсурҳои манфии ташкили идоракунӣ вуҷуд доранд, ки ба зиёд шудани монеаҳои бюрократӣ мусоидат карда, боиси паст гардидани масъулияти иҷрокунандагон мешаванд.
Аз ин рӯ, Ҳукумат солҳои охир барои татбиқи ислоҳоти куллии низоми идораи давлатӣ кӯшиш менамояд.
Ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тақвияти низоми худидораи маҳаллӣ, таъмини пурраи мустақилияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, кам кардани дахолати давлат ба фаъолияти хоҷагидорӣ, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия мебошанд. Гузаронидани ислоҳоти зикршуда аз мақомоти дахлдори давлатӣ масъулияти баландро талаб менамояд.
Барои амалӣ гардидани сиёсати давлат дар соҳаи саноат, пеш аз ҳама бояд ба таҳлили иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда ва таъмини истифодаи оқилонаи онҳо, ҷорӣ намудани технологияи муосири истеҳсолӣ ва таҷрибаи пешқадами идоракунӣ диққати зарурӣ дода шавад.
Солҳои охир дар соҳаи саноат бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ корхонаҳои муосир фаъолият менамоянд, ки онҳо барои истеҳсоли номгӯи васеи маҳсулоти ба рақобат тобовар имконият фароҳам меоранд.
Бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук ҳоло дар мамлакат бунёди 7 корхонаи нави муштараки коркарди нахи пахта ва то маҳсулоти ниҳоии бофандагӣ ва дӯзандагӣ расонидани он ба нақша гирифта шуда, корхонаҳои мавҷудаи нассоҷӣ бо технологияи ҳозиразамон таҷҳизонида мешаванд.
Ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, саноат зарур аст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар кишвар истеҳсолшавандаро барои давраи то соли 2015-ум таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Бояд таъкид кард, ки бинобар номукаммал будани механизми иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда то ҳол баъзе корхонаҳои муштарак бо зарар фаъолият менамоянд, ки ин боиси дар кишвар кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, молия, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, саноат, кишоварзӣ, адлия, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи самаранокии фаъолияти корхонаҳои муштарак ва дигар субъектҳои хоҷагидориро ҳаматарафа омӯхта, доир ба таъмини даромаднокӣ, афзоиши маҳсулоти қобили рақобат тадбирҳои муассир андешанд ва дар мавриди зарурат ҷиҳати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҷорӣ ба Ҳукумат таклифҳо пешниҳод намоянд.
Ҷорӣ намудани технологияи муосир дар корхонаи калонтарини мамлакат - Заводи алюминии тоҷик имконият дод, ки иқтидори истеҳсолӣ пурра истифода ва сифати маҳсулот баланд бардошта шуда, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам афзоиш ёбад.
Саҳми корхона дар иқтисодиёти кишвар назаррас буда, 41 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатии кишвар дар он истеҳсол мегардад.
Вале масъалаи коркарди маҳсулоти корхона дар дохили кишвар ҳанӯз ҳал нашудааст, дар ҳоле ки дар бозори дохилӣ ба маҳсулоти тайёри аз алюминий истеҳсолшуда талабот зиёд буда, дар айни замон аз ин ҳисоб имкониятҳои хеле афзун намудани иқтидори содиротии кишвар вуҷуд дорад.
Дар мавриди коркарди тилло, нуқра ва сангҳои ороишӣ низ чунин проблемаҳо ҷой доранд. Барои ҳалли мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта Вазорати саноат вазифадор карда мешавад, ки барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминийи аввалия, металлу сангҳои қиматбаҳоро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Ҳамчунин ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, маориф, саноат, Саридораи геологияи тоҷик супориш дода мешавад, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи геология ва коркарди маъдан дар хусуси аз ҳисоби кам кардани баъзе ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнат ба онҳо талабот маҳдуд аст ва дар доираи маблағҳои барои ин ихтисосҳо ҷудошуда дар заминаи техникуми геологии шаҳри Душанбе ва коллеҷи кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов таъсис додани Донишкадаи давлатии геология ва маъдани Тоҷикистон ва аз соли хониши 2006-2007 ба он қабул кардани донишҷӯён хулосаҳои худро ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Маълум аст, ки соҳаи кишоварзӣ манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқа ва ашёи хоми саноатӣ ба ҳисоб меравад. Таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардуми мамлакат аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.
Дар баробари дастовардҳои муайян соли гузашта дар истеҳсоли як қатор маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта имконияти мавҷуда ба таври пурра истифода нашуд. Бо зарар фаъолият намудани хоҷагиҳои пахтакор боиси боз ҳам зиёд шудани ҳаҷми қарзи онҳо дар назди сармоягузорон гардид.
Аз ин рӯ, ба Комиссияи мустақил оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор зарур аст, ки якҷоя бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба вуҷуд омадани қарзи миёни хоҷагиҳои пахтакор ва сармоягузоронро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба роҳи ҳалли онҳо ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намояд.
Яке аз роҳҳои беҳтар намудани вазъи молиявии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрас гардонидани маблағҳо ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи замин мебошад.
Тадбири зикршуда метавонад сари вақт баргардонидани қарзҳоеро, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳанда ва дигар манбаъҳо пешниҳод шудаанд, таъмин намояд.
Барои танзими қонунии масъалаи ба гарав мондани ҳуқуқи истифодаи замин ба кодексҳои гражданӣ ва замин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.
Дар шароити имрӯза фарсуда ва корношоям гардидани техникаи кишоварзӣ кормандони комплекси агросаноатиро дучори мушкилоти зиёд намудааст.
Яке аз роҳҳои барқарор намудани паркҳои техникаи кишоварзӣ ва мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии он ба роҳ мондани муносибатҳои лизингӣ мебошад.
Вобаста ба ин, ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, адлия ва молия зарур аст, ки якҷоя бо Бонки миллӣ механизми ба роҳ мондани муносибатҳои лизингиро дар асоси қонунгузории амалкунандаи кишвар таҳия ва амалӣ намоянд.
Ба Ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ки дар баробари ташкили татбиқи дуруст ва самарабахши Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2006-2010 ва Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2006-2010 бо мақсади тавсеаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он Барномаи давлатии рушди коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзиро барои давраи то соли 2015 таҳия ва қабул карда, амалӣ намояд.
Рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаи энергетика таъмин карда шавад. Дар доираи ин ҳадафҳо солҳои охир дар кишварамон нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1" ва 26 нерӯгоҳи хурди барқӣ ба истифода дода шуда, тибқи шартномаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои Россия ва Эрон сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла "Роғун", "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" оғоз карда шуд.
Дар баробари ин, ба Вазорати энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" супориш дода мешавад, ки лоиҳаи Барномаи махсуси дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ аз ҳисоби сармоягузории ватаниву хориҷӣ дар давраи солҳои 2007-2020-ро дар мӯҳлати се моҳ таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Бояд зикр намуд, ки дар сурати таъсиси Консорсиуми байналмилалии гидроэнергетикӣ ва татбиқи амалии дурнамои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон то соли 2025 дар кишвар соле зиёда аз 80 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ истеҳсол карда хоҳад шуд.
Барои таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии кишвар бо қувваи барқ ва содироти он ба кишварҳои минтақа ба мо зарур аст, ки дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он суръат бахшем. Дар ин бобат бояд пеш аз ҳама сохтмони хатти интиқоли барқи "Ҷануб-Шимол", ки маблағи он 550 миллион сомониро ташкил медиҳад, дар соли 2006 шурӯъ гардида, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба таҳияи лоиҳаи сохтмони хатҳои интиқоли қувваи барқи Роғун-Кобул-Ҳирот-Машҳад ва Роғун-Кобул-Исломобод суръат бахшида шавад.
Умуман, барои рушди соҳаи энергетика дар мамлакатамон бо дарназардошти ҷалби сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Истифодаи самараноки маблағҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкон медиҳанд, ки истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон дар соли 2009-ум таъмин карда шавад.
Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки дар масъалаи татбиқи самараноки лоиҳаҳои инвеститсионӣ, таъмини шаффофияти хариди мавод ва таҷҳизот, воридоти қувваи барқ, амалӣ намудани сиёсати дурусти кадрҳо, кам кардани хароҷоти ғайриистеҳсолӣ дар соҳаи энергетика камбудиву норасоиҳои зиёд мавҷуданд.
Ба Ҳукумат ва Кумитаи назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани онҳо, таъмини сифат ва шаффофияти татбиқи воқеии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи энергетика тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар баробари ин, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ вазифадор карда мешавад, ки ҷараёни истифодаи мақсаднок ва дуруст аз худ намудани маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузориро дар мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Бо дарназардошти рушди афзалиятноки соҳаи энергетикаи мамлакат ба вазоратҳои маориф, иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва Ширкати "Барқи тоҷик" супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар заминаи коллеҷи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дар назди Ширкати "Барқи тоҷик" таъсис додани Донишкадаи давлатии энергетикаи Тоҷикистон ба Ҳукумат пешниҳод манзур намоянд.
Ҷалби сармоягузориҳо муҳити солим ва заминаи мусоидро тақозо менамояд. Вобаста ба ин, бояд тартиби танзими фаъолияти асъорӣ, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, соддатар карда шавад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, молия, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, адлия ва Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки монеаҳои дар ин самт мавҷударо ҳаматарафа таҳлил намуда, доир ба такмил ва содда гардонидани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ тадбирҳои судманд андешанд. Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам соддатар кардани тартиби ба қайд гирифтани корхонаҳо ва пешниҳод намудани тартиби андозситонӣ аз корхонаҳое, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт сармоягузорӣ мекунанд, ба Ҳукумат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодиёт созмон додани инфраструктураи ҳозиразамони истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Бо ин мақсад то имрӯз аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ бо роҳи татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ зиёда аз 3 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст.
Дар айни замон дар мамлакат ба маблағи умумии беш аз 1,9 миллиард сомонӣ 40 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки аз он барои барқарорсозии инфраструктураи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ беш аз 233 миллион сомонӣ, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таҷдиди шабакаҳои обёрӣ зиёда аз 278 миллион сомонӣ ва барои рушди соҳаи кишоварзӣ 384 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Ҳамзамон дар доираи татбиқи Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид "Дар бораи даҳсолаи "Об - барои ҳаёт", ки бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардид, ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати шаш моҳ лоиҳаи Барномаи беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020-ро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод намояд.
Барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат мебошад.
Кушода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, туннели мошингарди Анзоб, се пул дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, инчунин идомаи босуръати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош, ки танҳо барои ду марҳилаи он зиёда аз 200 миллион сомонӣ маблағ сарф мегардад, дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтисодии кишвар дастовардҳои муҳим мебошанд.
Дар баробари ин, соли оянда ба анҷом расонидани бунёди пули бузурги байналмилалии Панҷи поён, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон, Покистон, Эрон ва бандарҳои баҳрҳои гарм мепайвандад, ба маблағи 90 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, соли ҷорӣ азнавсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Мастчоҳ, Айнӣ-Панҷакент, бунёди нақби Шаҳристон, ки маблағи сохтмони онҳо 820 миллион сомонӣ мебошад ва туннели Шаршар шурӯъ мегардад. Дар ояндаи наздик оғози сохтмони роҳи Қӯрғонтеппа-Панҷи поён ва туннелҳои мошингарди Чормағзак ва Фахробод пешбинӣ шудааст.
Бунёди иншооти бузурги коммуникатсионӣ ва навсозии роҳҳои мавҷуда таҳти таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Барои сохтмони онҳо дар солҳои 2006-2008 бо дарназардошти сармояи хориҷӣ зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҷалб карда мешавад.
Татбиқи ин ҳадафҳо имкон медиҳад, ки имконияти транзитии кишвар афзуда, Тоҷикистон тавассути роҳҳои байналмилалии трансосиёӣ бо бандарҳои Покистон ва Эрон пайваст гардад ва соли 2008 пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад.
Барои расидан ба ин ҳадаф ба вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, нақлиёт ва Бонки миллӣ зарур аст, ки доир ба ҷалби қарзҳои имтиёзноки хориҷӣ ва кӯмакҳои бебозгашт тадбирҳо андешанд.
Дар баробари фароҳам овардани шароит барои робитаҳои нақлиёти автомобилӣ мо ҳамзамон бояд рушди нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳанро низ таъмин намоем. Вале дар соҳаҳои зикршуда ҳанӯз мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ монеъ мегарданд.
Аз ин рӯ, барои беҳтар намудани фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии кишвар ва истифодаи роҳҳои оҳани мамлакат ҳамчун хатҳои транзитии миёни давлатҳо тадбирҳо андешидан зарур аст.
Ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ба мизоҷон ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани онҳо дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ба ҳалли масъалаҳои таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон", нав кардани парки ҳавопаймоҳо суръат бахшад ва ҳамчунин барои ҳарчи зудтар ба бозори хизматрасониҳои байналмилалии ҳавопаймоии Тоҷикистон роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ чораҳо андешад.
Рушди низоми бонкӣ ва татбиқи сиёсати пулӣ дар инкишофи иқтисодиёти кишвар нақши калон дорад.
Сармояи умумии ташкилотҳои молиявӣ, ки муҳимтарин нишондиҳандаи фаъолияти бонкӣ буда, дар соли 2000-ум нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 17,2 фоизро ташкил мекард, дар соли 2005-ум то 22,3 фоиз афзуд.
Нигоҳ доштани сатҳи муайянгардидаи таваррум, мӯътадил гардидани қурби асъори миллӣ, устувории вазъи бонкҳо ва созмонҳои молиявӣ, аз ҷумла зиёд шудани номгӯи онҳо аз ҳисоби ташкилотҳои маблағгузории хурд, афзудани пасандозҳо, ҷорӣ кардани намудҳои нави қарздиҳӣ шаҳодати беҳтар гардидани фаъолияти низоми бонкӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ дар кишвар мебошад.
Дар амалӣ гардидани сиёсати пулию асъорӣ, қабл аз ҳама ҳамоҳанг сохтани он бо сиёсати андозу буҷет нақши калон бозид.
Бо мақсади рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат беш аз 20 ташкилоти қарздиҳандаи хурд таъсис ёфта, ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи онҳо якҷоя бо бонкҳои мамлакат 310 миллион сомониро ташкил дод ва чунин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Бояд зикр кард, ки раванди таҳкими низоми бонкӣ ба афзудани шумораи мизоҷони ташкилотҳои молиявӣ мусоидат намуд ва ҳаҷми пасандозҳои гузоштаи онҳо танҳо дар соли 2005-ум 85 фоиз зиёд шуда, 539 миллион сомониро ташкил дод.
Ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои амонатгузорон ва тақвияти эътимод ба низоми бонкӣ лозим аст, ки вобаста ба масъалаи ба шахси сеюм танҳо дар асоси қарори суд додани маълумот дар бораи амонатгузор ба санадҳои дахлдори қонунгузорӣ тағйироти зарурӣ ворид карда шавад.
Ҳамчунин оид ба танзими бозори молиявӣ, аз ҷумла ба низом даровардани бозори коғазҳои қиматнок, хизматрасонии суғуртавӣ ва фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа, ки дар пешрафти иқтисодиёт нақши муҳим доранд, бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Дар идомаи амалҳое, ки бо татбиқи онҳо низоми бонкии кишвар тақвият ёфт, Бонки миллӣ ва бонкҳои саҳҳомиву тиҷоратӣ бояд пеш аз ҳама ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти бонкӣ, танзими дурусти низоми он, тавсеаи ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, дастгирии бахши хусусӣ, пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, кам кардани фоизи қарздиҳӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ тадбирҳои иловагӣ ва муассир андешанд.
Инкишофи минбаъдаи иқтисоди бозорӣ ба татбиқи дурусти сиёсати андозу буҷет вобаста аст. Такмили минбаъдаи он, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, ҷалби сармояи мустақим, ба роҳ мондани муносибатҳои дурусти субъектҳои андозсупор ва мақомоти андозу гумрук мусоидат менамояд, идома дода мешавад.
Бо мақсади тақвияти фаъолияти мақомоти андозу гумрук ҳоло ба маблағи умумии 64 миллион сомонӣ лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки дар доираи он таҷдид ва компютерикунонии онҳо пешбинӣ гардидааст.
Барои таъмин намудани шаффофияти андозситонӣ ва истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ зарур аст, ки Барномаи давлатии иттилоотикунонии мақомоти андозу гумрук ва молияи кишвар таҳия ва қабул карда шавад.
Ҳамзамон, ба вазоратҳои даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, иқтисод ва савдо, Агентии стандарт, сифат ва инспексияи савдо супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани масъулияти кормандони худ вобаста ба пешгирии қочоқи мол ва пурзӯр намудани назорат ба сифати маҳсулоти воридотӣ, таҳкими интизом ва риояи одоби хизматӣ тадбирҳо андешанд.
Барои ба роҳ мондани истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ, шаффофияти қисми хароҷоти он, такмили системаи хазинадорӣ Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд то соли 2008-ум пурра ба системаи алоқаи электронӣ гузаштани маблағгузорӣ, боз ҳам беҳтар намудани интизоми ҳисоботдиҳӣ, пурзӯр намудани масъулияти роҳбарони корхонаҳо ҷиҳати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва пешниҳод намудани маълумоти мукаммали оморӣ, инчунин ба талаботи стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани ҳисоботи муҳосибавии корхонаҳоро таъмин намоянд.
Вобаста ба бартараф намудани монеаҳои инкишофи босуръати соҳибкории хусусӣ ҳоло лоиҳаи қонунҳо "Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор доранд, ки бо қабул гардидани онҳо мо метавонем масъалаҳои санҷиши андозро ба таври қатъӣ ва баробар танзим намоем.
Ҳамчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи Қонунро "Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз ҷониби онҳо қонунӣ гардонидани амвол таҳия карда, ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.
Барои рушди иқтисоди миллӣ муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ нақши калон доранд. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон дар бобати ҳамгироӣ бо созмонҳои умумиҷаҳонӣ қадамҳои устувор мегузорад. Соли панҷум аст, ки кишвари мо аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии савдо ҳамчун нозир эътироф гардидааст ва гуфтушунидҳо дар мавриди узвият ба ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ идома доранд.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор барои бартараф намудани тамоми монеаҳои мавҷуда, ба талаботи системаи бисёрҷонибаи савдо мутобиқ намудани қонунгузории ҷорӣ ва доир ба анҷом додани музокироти дуҷониба тадбирҳои мушаххас андешида, узвияти Тоҷикистонро дар ин созмон таъмин намояд.
Бори дигар таъкид месозам, ки ташаккули иқтисоди бозорӣ раванди бебозгашт аст ва ҳадафи асосии мо дар доираи густариши ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ суръатбахшии ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ эълон гардида, ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Дар асоси принсипи иҷтимоӣ будани давлат муносибати комилан нави шаҳрванд ва давлат ба миён омадааст, ки ҳадафи он зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлат аст.
Дар чанд соли охир нисфи буҷети давлатӣ мунтазам барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон бо роҳи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат бо дарназардошти муқаррар намудани ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.
Агар дар соли 2001-ум барои соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 148 миллион сомонӣ ё 39 фоизи буҷет сарф гардида бошад, пас дар соли 2006-ум ин маблағ ба 750 миллион сомонӣ расонида шуд, ки зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Аз ин ҳисоб маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадриҷан зиёд карда мешавад. Дар буҷети давлатии соли 2006-ум маблағгузории соҳаҳои маориф 336 миллион сомонӣ ва тандурустӣ 106 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта мутаносибан 86 ва 20 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағгузории соҳаи фарҳанг низ аз ҳисоби буҷети давлат нисбат ба соли 2000-ум беш аз ҳафт маротиба афзудааст.
Дар баробари ин, дар солҳои 2006-2007-ум аз ҳисоби маблағҳои бебозгашт барои таъмир, таҷҳизонидан ва таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ 60 миллион сомонӣ ва барои соҳаи тандурустӣ бо мақсади амалӣ намудани ислоҳот 20 миллион сомонӣ ба таври илова ҷудо карда мешавад.
Ҳамчунин дар 5 соли охир аз Фонди захиравии Президент барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат 70 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 85 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ рост меояд. Дар ин давра музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия ва кӯмакпулиҳои гуногун ба ҳисоби миёна се баробар зиёд гардид.
Дар солҳои минбаъда низ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзалияти бештар дода шуда, дар буҷети давлатӣ зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла тибқи барномаҳо доир ба такмили сохтори музди меҳнати кормандони онҳо пешбинӣ хоҳад гашт.
Бояд тазаккур дод, ки соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2005-ум ба андозаи 251 миллион сомонӣ зиёд шуда, аз ин маблағ 160 миллион сомонӣ ё 64 фоизаш барои баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендия равона карда мешавад.
Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 1 апрели соли ҷорӣ музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд гардид.
Бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодии давлат мо мунтазам дар бобати зиёд намудани маоши ҳадди ақал, нафақа ва кӯмакпулиҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Ба хотири танзими масъалаҳои музди меҳнат ва баланд бардоштани қобилияти харидории шаҳрвандон лоиҳаи Консепсияи музди меҳнат омода гардидааст, ки татбиқи он дар ду давра - солҳои 2006 - 2009 ва 20102015 дар назар аст.
Ҳоло барои ислоҳоти давра ба давраи музди меҳнат, аз байн бурдани номутаносибии андозаи музди меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, муқоисаи маошҳои вазифавӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани самарабахшиву таъмини суроғавии имтиёзҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, дар соли 2009-ум монетизатсияи ҳамаи намудҳои онҳо дар назар дошта шудааст.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони бесаробон ва дастгирии иҷтимоии онҳо мебошад. Дар айни замон маблағгузории давлатии ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо барои таъминот ва тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар дар як моҳ 405 сомонӣ рост меояд ва дар солҳои оянда ҳаҷми он боз зиёд карда хоҳад шуд. Давлат дар ин замина тамоми чораҳоро меандешад, то ин гурӯҳи шаҳрвандони мо худро бепарастор, бе пушту паноҳ ва бе ҳифзу ҳимоя эҳсос накунанд, зеро мо намегузорем, ки онҳо аз зиндагии арзанда маҳрум бошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳар сол барои пардохти беш аз 20 намуди кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллион сомонӣ ҷудо менамояд.
Бояд зикр кард, ки масъалаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумат қарор дорад. Махсусан барои баланд гардидани нафақа, фароҳам овардани шароити истироҳату табобат ва умуман беҳдошти зиндагии онҳо як силсила тадбирҳо андешида шудаанд, вале ҳамаи онҳо ҳанӯз чандон қонеъкунанда нестанд.
Аз ин рӯ, аз 1 майи соли ҷорӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида илова ба нафақаҳои давлатии онҳо ҳар моҳ дар ҳаҷми 100 сомонӣ нафақаи Президентӣ муқаррар карда шавад.
Бо мақсади боз ҳам густариш додани сиёсати иҷтимоии давлат ҳоло лоиҳаи Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ омода шуда истодааст, ки маҷмӯи чорабиниҳои давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои солҳои наздик пешбинӣ менамояд.
Бо дарназардошти ин, ки шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор яке аз паҳлӯҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа мебошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" қабул карда шуд, ки дар асоси он барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таҳия гардида, давра ба давра дар амал татбиқ карда мешаванд.
Дар давраи солҳои 1992-2005 аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ин масъала 12 барнома таҳия ва татбиқ карда шуд, ки дар доираи онҳо 800 ҳазор ҷои корӣ таъсис ёфт. Соҳиби ҷои кор ва манбаи даромад шудани ҳазорҳо нафар сокинони деҳот, ки дар асоси ба ихтиёри онҳо додани 75 ҳазор гектар замин сурат гирифт, аз ҷумлаи иқдомоти ҷиддии давлат буд.
Бо вуҷуди ин, мо хуб мефаҳмем, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумат дар ин соҳа ҳанӯз кофӣ нест.
Бинобар ин, ҳамчун вазифаи навбатӣ ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати такмили сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва дар дохили кишвар ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат Нақшаи дарозмуддати таъсиси ҷойҳои корӣ, Консепсияи шуғли аҳолӣ барои солҳои 2007-2015 ва Барномаи миллии дастгирӣ ва густариши соҳибкории хурду миёнаро таҳия карда, татбиқи онҳоро таъмин намоянд.
Ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар хориҷа кор мекунанд, аз танзими рафтуомад, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пойдор намудани қонуният дар раванди муҳоҷират иборат мебошад.
Қабул шудани Барномаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2006-2010 омили муҳими ҳалли ин проблема хоҳад шуд.
Махсусан ба имзо расидан ва тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи танзими муҳоҷирати меҳнатиро фароҳам меорад.
Дар ин робита ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи бевоситаи нақшаи шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ омодагии касбии кадрҳои коргариро бо роҳи омӯзиши касбӣ ва ба хориҷа муташаккилона фиристодани шаҳрвандон тадбирҳо андешанд.
Ҳамчунин вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар бораи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар кишварҳои дигар, хусусан дар Федератсияи Россия чораҳои мушаххас андешида, мавриди амал қарор диҳанд.
Бояд зикр намуд, ки дар вохӯриҳои охирини худ бо намояндагони ҷавонон, кормандони соҳаи маориф, занон ва зиёиён мо проблемаҳои асосии рушди дигар бахшҳои иҷтимоии зикршударо ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар ин самт дурнамову вазифаҳои муҳимро муайян намудем ва ҳамаи чораҳои лозимаро меандешем, ки онҳоро амалӣ намоем.
Чунки устувории рушди ҷомеаро бе инкишофи илму маориф, фарҳанг, ҳифзи сиҳатии инсон ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи занону ҷавонон тасаввур кардан душвор аст.
Аз ин рӯ, бояд шумо - мӯҳтарам вакилони халқ, санадҳои қонунгузориеро таҳия, такмил ва қабул кунед, ки ба рушди мунтазам ва мақсадноки бахшҳои иҷтимоӣ мусоидат намоянд.
Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси Миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Сиёсати хориҷии мо идомаи мантиқии стратегияи комплексӣ ва бисёрҷабҳаи давлат ва сохторҳои дахлдори он дар тӯли солҳои истиқлолияти кишвар буд, ки таъмини манфиатҳои миллӣ, пеш аз ҳама озодӣ, истиқлол, амният, субот, шароити мусоиди пешрафту тараққӣ ва рушди Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили низоми навини робитаҳои байналмилалӣ ҳадафи марказӣ ва усулии он мебошад.
Таъкидан хотирнишон месозам, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассос, мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони оғози асри XXI ҷараён мегирад, ки равандҳо ва тамоюлоти он ба мазмуни таҳаввули ҳастии иҷтимоии кишвар ва мардуми мо таъсири амиқ ва рӯзафзун доранд ва хоҳанд дошт.
Мо - ҳама шоҳиди густариш ва рушди ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи возеҳи рӯз мебошем. Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст.
Дар шароити мушаххаси таърихии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ва тамоюлоти ба он пайванд бинобар омилҳои асосии зерин метавонистанд ба сарнавишти Ватан ва мардуми мо таъсири дарозмуддати манфӣ дошта бошанд.
Аввал ин, ки ташаккули Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони шадиди сиёсиву идеологӣ ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти даврони баъди низоъ, мавҷуд набудани сохторҳо ва механизмҳои фаъоли идораи давлат ва ҷомеа, инчунин мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дахолати хориҷӣ сурат гирифт.
Дуюм. Давлати тозаистиқлоли мо ҳамзамон бо таъсис ва таҳкими асосҳои сохтори конститутсионии сиёсиву идорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама дар бахши иқтисод ногузир ба ислоҳоти бунёдӣ даст зад, ки ин иқдом табиатан равандҳои иҷтимоиро шиддат мебахшад ва барои фаъолияти доманадори нерӯҳои сиёсии дохилӣ ва талошу кӯшишҳои таъсиррасонии доираву гурӯҳҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Сеюм. Ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои асолат ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо намуд.
Чорум. Дар натиҷаи таъсири ҷиҳатҳои хоси ҷаҳонишавӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, хеле васеъ гардид ва ин падидаҳо ба хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.
Ва Тоҷикистони тозаистиқлол дар хатти аввали муқовимат бо онҳо таҳти фишори шадид қарор гирифт. Бо вуҷуди мушкилоти дохилӣ ва таъсири харобиовари вазъи маълуми минтақавӣ мо дар муқобили ин хатарҳо мавқеи усулӣ ва қатъӣ гирифта, кишвари худ ва амнияту суботи минтақа ва ҳатто ҷаҳонро аз оқибатҳои фалокатбори онҳо то ҳадди имкон ҳифз кардем. Ҳаёт дурустӣ ва ҳаққонияти мавқеи моро собит сохт.
Панҷум. Ҷаҳонишавӣ ба тавозуни беҳтари муносибатҳо ва суботи бештари низоми байналмилалӣ мусоидат карда натавонист ва ба рафъи хатари эҳтимолии бархӯрди тамаддунҳо комёб нашуд, ки чунин вазъ барои ҳамаи давлатҳо ва кишварҳо, дар навбати аввал давлатҳои ҷавон таҳдиди нисбатан ҷиддӣ дорад.
Тамоюли дигари муҳим, ки ба татбиқи манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои мо таъсири рӯзафзун дошт, раванди рушдёбандаи минтақагароӣ бахусус дар муносибатҳои иқтисодӣ буд.
Маҷмӯи омилҳои объективӣ ва субъективӣ, пеш аз ҳама босуръат маҳдуд шудани захираҳои ҳаётӣ ва стратегӣ, хусусан манбаъҳои ашёи хоми энергия ва дигар навъҳои сӯзишворӣ, афзоиши рӯзафзуни талабот ба василаҳои зарурии ҳаётӣ ва табиӣ сабабгори он шуданд, ки рақобат ва зиддияти мавҷудаи байналмилалӣ сатҳ ва мазмуни нисбатан нав пайдо намояд.
Ин хатар барои минтақаи Осиёи Марказӣ возеҳ аст, зеро он дорои сарватҳои бузурги ҳаётиву иқтисодӣ ва мавқеи ниҳоят муҳими геостратегӣ ва геополитикӣ мебошад. Табиист, ки қудратҳои асосии ҷаҳонӣ барои ҳузур ва таъмини нақши худ дар минтақаи мо талош доранд.
Ин тамоюлоти асосии ҷаҳони муосир ва равандҳои бо онҳо пайванд зарурати дарки масъулона ва пешбурди созандаи манфиатҳои глобалиро ба миён мегузоранд.
Дар чунин шароит ба роҳ мондани ҳамкории судманди байналмилалӣ ба хотири коҳиш ва рафъи хатарҳои асосии глобалӣ - терроризм, экстремизм, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ, ҳамчунин офатҳои экологӣ ва техногенӣ самти муҳимтарини амалиёти муштараки ҷомеаи башарӣ мебошад. Пешгирии оқибатҳои ниҳоят хатарноки тамоюлоти дигари рӯз, қабл аз ҳама "бархӯрди тамаддунҳо" низ аз вазифаҳои муҳимтарини башарият аст.
Ба андешаи мо, калиди аслии муваффақияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияи фарогир ва ширкати амалии ҳамаи давлатҳо дар ҳалли проблемаҳои зикршудаи ҳаётии умумибашарӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани манфиатҳои глобалист.
Дарки амиқи пайванди манфиатҳои миллӣ бо тақозоҳои ҷаҳони муосир моро ба ширкати фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ ҳидоят намуд.
Фаъолияти мо дар созмондиҳӣ ва амали эътилофи байналмилалии мубориза бар зидди терроризм, талоши созанда ва пайгир барои ташкили иттиҳоди глобалии зидди маводи нашъаовар ва бахусус ташаббуси таърихии Тоҷикистон дар мавриди татбиқи барномаи Даҳсолаи амалиёти "Об барои ҳаёт" барои солҳои 2005-2015, ки аз ҷониби беш аз 140 давлати ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфт ва дар сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи барномаҳои мухталиф муваффақона татбиқ мешавад, намунаҳои равшани ширкати амалии мо дар ҳалли проблемаҳои мубрами ҳаёти башар мебошанд.
Равандҳо ва тамоюлоти зикршуда масъалаи дигари муҳимтарини глобалӣ - тақвият ва таҳкими ҳарчи бештари низоми байналмилалиро ба як амри ҳаётӣ ва таърихнопазир табдил доданд. Ба назари мо, ҳалли ин масъала фақат дар сурати таъмини дахлнопазирӣ ва эътирофи нақши танзимкунандаи усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, қабл аз ҳама риояи соҳибихтиёрии давлатҳо ва баробарҳуқуқии субъектҳои равобити байнидавлатӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои умумиинсонӣ ва ҳамкории созанда имконпазир аст.
Таъмини нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамдастӣ ва ҳамкории созандаи созмонҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ, ҳамаи давлатҳо ва кишварҳо шарти муҳими татбиқи шоистаи ин амал мебошад.
Мо дар таҳия ва татбиқи стратегияи комплексӣ ва санҷидаи сиёсати хориҷӣ дар даврони истиқлол, бахусус солҳои охир ин тамоюлоту равандҳо ва ҷиҳатҳои дигари муҳими ҷаҳони дар ҳоли тағйиру таҳаввули босуръатро мадди назар доштем ва пайваста кӯшиш кардем, ки манфиатҳои стратегӣ ва ҷории Ватан ва мардуми худро дар чаҳорчӯби сиёсати "дарҳои кушода" дар сатҳи шоиста таъмин намоем.
Барқарорсозӣ ва рушди мутавозини робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дастоварди бузург ва таърихии ин стратегия мебошад.
Робитаҳои ҳамаҷонибаи мо бо Федератсияи Россия дар натиҷаи талоши фаъолонаи ҳарду ҷониб ба шарикии стратегии дорои хислати мутавозин ва мазмуни фарогири манфиатҳои дарозмуддати миллии ҳарду кишвар табдил шуд. Онҳо дар солҳои охир, бахусус соли 2005 густариш ва тақвияти тоза ёфтанд.
Мехоҳам қабл аз ҳама сатҳи баланди равобити сиёсиро таъкид намоям, ки омили муҳими рушди ҳамкории стратегии сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбӣ ва иттилоотии дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ мебошад.
Эҳёи тадриҷии робитаҳои арзишманди илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ падидаи муҳим буда Рӯзҳои фарҳанги бостонии мо дар Россия тирамоҳи соли 2005 воқеаи таърихии он гардид. Зарур аст, ки ҳамкории наздики илмӣ ва техникӣ, пайгирона инкишоф дода, дастовардҳои он мавриди истифодаи васеъ қарор дода шаванд.
Самараи муҳимтарини шарикии стратегии мо ҳамкории рушдёбандаи иқтисодии ду кишвар аст. Дар соли 2005 сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун ва Сангтӯда-1 оғоз гардид. Умуман, ҳаҷми куллии сармоягузориҳои Россия дар солҳои наздик 2,5 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки имкониятҳои азим ва амалан номаҳдуди ҳамкории судманди мутақобил дар комплекси энергетикӣ, саноати мошинсозӣ, саноати сабук ва бахшҳои дигари истеҳсолӣ, инфраструктура мавҷуданд, ки бояд фаъолона сафарбар карда шаванд.
Равобити васеъ ва ҳамкории рушдёбанда бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка аз дастовардҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати мустақили мост. Робитаҳои сиёсии мо дар чаҳорчӯби асноди дуҷониба ва бисёрҷониба рушд ёфта, тадриҷан бахшҳо ва соҳаҳои навро фаро мегиранд.
Шарикии мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи нашъаовар ва хатарҳои дигари ҷаҳонӣ барои амният ва суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзишманд аст. Хусусан, ҳамкориҳои марзӣ ва амниятии мо имкони тақвияти нерӯҳои моро дар ин ҷода фароҳам оварданд.
Зарур аст, ки дар мубориза бо хатарҳои глобалӣ мавқеи усулӣ ва мутавозин минбаъд низ ҳифз шавад ва тақвият ёбад.
Мо ҷонибдори густариши ҳамкории иқтисодӣ, бахусус дар бунёди объектҳои бузург ва судманди гидроэнергетикӣ ва инфраструктурӣ, ҳамчунин дар арсаҳои дигар бо ин давлати бузург мебошем.
Ва боиси қаноатмандист, ки ин мавқеи мо дар вақтҳои охир аз ҷониби намояндагони расмии Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷонибдорӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки дар солҳои 2002-2005 маблағи кӯмакҳои бебозгашти техникӣ ва башардӯстонаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка 193,6 миллион долларро ташкил дод, ки ин боиси сипос аст.
Равобити дӯстона бо ҳамсояи бузурги мо Ҷумҳурии Халқии Хитой дастоварди муҳими таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Сатҳи баланди эътимод ва ҳамкории ду кишвари дӯст имкон дод масъалаи сарҳадӣ, ки садсолаҳо ҳалношуда боқӣ монда буд, ҳаллу фасли сиёсӣ ва қонунӣ ёбад.
Ин амр ба таҳкими истиқлоли кишвари азизамон мусоидати фаъол намуд ва ҳамзамон барои ҳамкории васеъ ва дӯстонаи марзӣ, рушди босуръати равобити иқтисодӣ, шарикии минтақавӣ ва байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Мо ҳамкории созандаи сиёсиву иқтисодии ду кишварро омили муҳими таҳкими амният ва фазои мусоиди ҳамкорӣ дар минтақа, инчунин тақвияти суботи байналмилалӣ медонем.
Дар ин маврид бояд зикр кард, ки дар натиҷаи талоши фаъол ва созандаи Россия, Хитой ва дигар кишварҳои аъзо Созмони Ҳамкории Шанхай ба созмони бонуфуз ва дорои механизмҳои муассири мубориза бо хатарҳои ҷиддии ҷаҳонӣ, таъмини суботу амният ва ҳамкории васеи минтақавӣ табдил гардид.
Рушди равобити судманд ва муосир бо кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, пеш аз ҳама Фаронса, Олмон, Британия, Италия, ҳамчунин давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ самти муҳими сиёсати хориҷии мо мебошад. Бо аксари мутлақи онҳо равобити созандаи сиёсӣ ҷараён дорад, мубодилаи тиҷоратӣ босуръат афзоиш меёбад ва ҳиссаи содироти мо бештар аст.
Бо вуҷуди ин, сатҳи ҳамкории иқтисодӣ, инфраструктурӣ, иттилоотӣ, илмӣ ва техникӣ ҳанӯз паст буда, ҷавогӯи манфиатҳои ҷорӣ ва дарозмуддати мо нест.
Мо имкони амалӣ дорем, ки сатҳи баланди ҳамкориро бо кишварҳои алоҳидаи Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун воҳиди хос ва бонуфузи муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намоем.
Дар самти дигари муҳими сиёсати хориҷӣ - равобити васеъ ва мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, қабл аз ҳама кишварҳои Ҷомеаи Иқтисодии Евроосиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст омаданд. Ин қабл аз ҳама ба муносибатҳои мо бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ марбут аст.
Имрӯз ҳамкории васеъ ва бунёдии иқтисодии минтақавӣ аҳамияти ҳаётӣ пайдо намудааст. Бахусус, бунёди объектҳои инфраструктурӣ, қабл аз ҳама шабакаҳои интиқоли барқ, шоҳроҳҳои муосир, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои истеҳсолӣ, инвеститсионӣ ва молиявӣ ба нафъи ҳама кишварҳост.
Минтақаи мо дорои захираҳои азим буда, метавонад аз ҷиҳати энергетикӣ, сӯзишворӣ, озуқаворӣ амалан худкифо гардад.
Ба назари мо ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба сатҳи сифатан нав ва муосир ниёзманд аст, ки ин нуктаро борҳо таъкид намудаем. Имрӯз ин зарурат аз ҷониби ниҳодҳои хоси Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои бузурги ҷаҳон низ расман зикр мешавад.
Мисоли равшани он Гузориши Барномаи инкишофи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи рушди инсон дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар он соҳаҳо ва арсаҳои гуногуни ҳамкории минтақавӣ муфассал баррасӣ гардида, зарурати рафъи монеаҳои эҷодшуда, таъмини "марзҳои дорои симои инсонӣ", ҳамкорӣ ва ҳамдастии ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа, тақвияти амният ва субот, мусоидати васеътар ва созандаи ҷомеаи байналмилалӣ дуруст таъкид шудааст.
Татбиқи пурраи онҳо имкон медиҳад, ки суръати рушди иқтисодӣ 2 маротиба афзоиш ёбад ва Осиёи Марказӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба минтақаи динамикӣ ва босуръат рушдёбандаи ҷаҳон табдил шавад. Барои ин фақат ва фақат иродаи сиёсӣ зарур аст.
Дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии мо истиқрор ва таҳкими равобити дӯстона, ҳамкории васеи судманд бо Эрон, Афғонистон, Ҳинд ва Покистон мақоми ниҳоят муҳим дошт ва дорад.
Робитаҳои мо бо кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг - Ҷумҳурии Исломии Эрон дар солҳои охир хеле рушд ёфтанд ва фарогири соҳаҳо ва бахшҳои асосӣ гардиданд.
Бахусус ҳамкории рушдёбандаи иқтисодӣ сатҳи ин равобитро хеле боло хоҳад бурд: анҷоми барномаи нақби Анзоб, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" ва объектҳои дигари ҳаётӣ рамзи возеҳи ҳамкории босамар ва арзишманди ду кишвари дӯст ва дорои арзишҳои ҷовидонаи муштарак ва саҳми арзишманди амалӣ дар ҳамкории минтақавӣ хоҳанд гардид.
Ташаккули муносибатҳои мо бо Афғонистони ҳамсоя дар шароити ниҳоят мураккаб ва сангини сиёсии ин кишвар сурат гирифт.
Бо шикасти низоми ифротӣ, таъмини тадриҷии суботу амният ва хусусан эҳёи сохторҳои зарурии ин кишвари ҷафодида заминаи мусоиди равобити ҳамаҷониба фароҳам гардид.
Бо вуҷуди ин, ҳамкории мо дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таъмини амнияти босуботи марзӣ, ташвиқи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ва сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва хусусан татбиқи ҳадафманди барномаҳои иқтисодии пешниҳоднамудаи мо ба сатҳи баланд ва муосир ниёзманд аст.
Эҳё ва густариши равобити васеъ бо Ҳиндустон дастоварди муҳими сиёсати хориҷии мост. Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон барои сатҳи нави ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва технологӣ, қабл аз ҳама дар бахши истифодаи шабакаҳои пешрафтаи компютерӣ ва иттилоотӣ тадриҷан шароити зарурӣ фароҳам мегардад.
Дар муддати нисбатан кӯтоҳ мо бо Покистон равобити созанда ва муфидро ба роҳ мондем. Умедворем, ки татбиқи барномаҳои ҳамкории мо, пеш аз ҳама дар арсаҳои гидроэнергетика ва инфраструктура ба таҳкими бештари ин равобит мусоидат хоҳад намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози истиқлоли худ бо Ҷумҳурии Туркия равобит ва ҳамкории муфид барқарор намуд, ки онҳо тадриҷан мазмуни баланд касб намуданд. Дар ҷараёни муколамаи сатҳи олӣ моҳи январи соли ҷорӣ силсилаи асноди ниҳоят муҳим дар мавриди ҳамкории васеи ду кишвар ва субъектҳои он имзо гардид, ки татбиқи онҳо сатҳи баланд ва фарогири ҳамкории дуҷонибаро тадриҷан таъмин хоҳад кард.
Ба назари мо ҳамкории васеъ ва мутақобили кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ғарбӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба нафъи ҳамаи халқҳо ва суботу пешрафти кишварҳои мо мебошад.
Тоҷикистон ба барқарории равобити хуби сиёсӣ бо давлатҳои араб, қабл аз ҳама Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн ва Тунис муваффақ шуд. Вале сатҳи ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддат ва имкониятҳои мавҷуда намебошад. Дар ин самт сохторҳо ва идораҳои дахлдори мо бояд талоши фаъол ва босамар намоянд.
Дар татбиқи ҳамкории босамар ва сатҳи имрӯзии ҷаҳони ислом нақши созмонҳо ва ниҳодҳои гуногуни исломӣ, бахусус Созмони Конфронси Исломӣ бузург аст.
Мо дидгоҳи томи хешро дар мавриди усул, роҳҳо ва механизмҳои таъмини сатҳи навини ҳамкорӣ ба хотири пешрафти ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ ва зиндагии шоистаи ҳар хонадони мусулмон дар Иҷлосияи саввуми ғайринавбатии Созмони Конфронси Исломӣ дар Маккаи мукаррама моҳи декабри соли 2005 возеҳу ошкор иброз доштем, ки дастгирии васеъ ва ҳамаҷониба ёфт.
Ҳамкории оғозшудаи мо бо кишварҳои пешрафта ва босуръат рушдёбандаи Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ - Япония, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Малайзия, Индонезия, Таиланд тавсеа ва густариш меёбад, вале сатҳи баландтари он талоши пайгирро тақозо дорад.
Нақши рӯзафзуни созмонҳои байнидавлатӣ ва субъектҳои гуногуни байналмилалӣ падидаи муҳими охири асри XX ва оғози асри XXI мебошад.
Мо нақши онҳоро дар танзим ва самтдиҳии равобити густурдаи байналмилалӣ муҳим медонем.
Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва созмонҳои зиёди байниминтақавию минтақавӣ қодиранд бо талоши фаъол дар татбиқи ҳадафҳои барномавӣ, таъмини риояи усулҳои қонунӣ ва оинномавӣ, мавқеи мутавозин ва созанда, ҳамдастӣ бо кишварҳои манфиатдор ва Созмони Милали Муттаҳид дар таъмини амният, фазои мусоиди ҳамкорӣ ва пешрафт нақши арзишманд бозанд.
Ҳамкории рушдёбанда ва босамари мо бо ниҳодҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байналмилалӣ, пеш аз ҳама ЮНЕСКО натиҷаи дигари муҳим мебошад, ки баргузории бошукӯҳи Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО рамзи шоистаи он гардид.
Ба назари мо, муколамаи созандаи фарҳангҳо ва тамаддунҳо ва равобити васеи гуманитарӣ зарурати хоси ин марҳалаи ҳассоси таърихи башар аст.
Густариши фаъолияти созмонҳо ва институтҳои байналмилалии ғайридавлатии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва хайриявӣ падидаи ошкор ва возеҳи марҳалаи кунунӣ мебошад. Равобити мо бо онҳо созанда аст.
Ҳамзамон зарур аст, ки ин созмону ниҳодҳо мутобиқи талаботи қонун ва меъёрҳои оинномавии худ фаъолият намоянд ва ба рушди равобит ва ҳамкории созанда мусоидат кунанд.
Дар маҷмӯъ, таҳия ва татбиқи усуливу пайгиронаи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан ва дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви мустақил, фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Ин ормони ҳазорсолаи миллӣ ва дастоварди бебаҳои таърихист. Ва вазифаи ҷониву муқаддаси мост, ки онро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанро таъмин намоем.
Таҳлили равандҳо ва тамоюлоти ҷорӣ ва дарозмуддат бозгӯ менамояд, ки таъмини манфиатҳои миллии мо дар шароити мураккабтар ва динамикии минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт.
Ин воқеият тақозо менамояд, ки давлат, кишвар ва мардуми мо ҳамқадами замон бошанд, шинохти дақиқ ва комилро фаро гарданд ва бо масъулияту огоҳӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, дурандешиву эҳтиёт ва камоли ватандӯстӣ барои татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дарозмуддати миллӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон саъю талоши ҳаррӯзӣ намоянд.
Сохторҳои марбута қабл аз ҳама Вазорати корҳои хориҷӣ бояд талош кунанд, ки стратегияи мо хислати возеҳ ва равшани прагматикӣ ва кушода касб карда, фаъолияти ҷории Вазорат, сафоратҳо ва намояндагиҳои гуногуни кишвар амалан барои таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисоди кишвар ва густариши нуфузу эътибори арзишҳои бузурги миллии мо мусоидати фаъол ва муассир намояд.
Ҳамватанони азиз!
Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро барои ояндаҳои дуру наздик тарҳрезӣ намуда, чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ устуворона пеш меравад.
Мо тавонистем дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар ва фарзандони бонангу номуси миллат, инчунин ҳамкории беғаразонаи тамоми табақаҳои аҳолӣ, аз ҷумла шумо - вакилони арҷманди халқ, корҳои азими созандагиро пеш гирифта, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои мавҷуда роҳу равиши даҳсолаҳои ояндаро тарҳрезӣ намоем.
Зина ба зина пеш рафтан ва пойдевори ояндаро аз имрӯз гузоштанин амри замон ва тақозои асри нав аст. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддини олам дар асри инқилоби илмиву техникӣ бо суръати кайҳонӣ пеш мераванд.
Мову шумо бояд аз қатораи дартози аср қафо намонем ва Ватани азизи худро, ки биҳишти воқеии рӯи замин аст, тарҳи замонавӣ, иқтидори рӯзафзуни иқтисодӣ ва рушду нумӯи босуботи техникиву технологӣ бахшем.
Дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз намудан, амнияти мамлакату оромии ҷомеаро таъмин кардан ва манфиатҳои миллатро пуштибонӣ карда тавонистан аз мову шумо иҷрои корҳои бузургу барномаҳои стратегиро барои даҳсолаҳои дигар тақозо мекунад.
Аз ҳамин лиҳоз, мо вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи моддиву молиявӣ ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ-истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини пешрафти мунтазами иқтисодиёт, сиёсати пайгиронаи иҷтимоӣ, таҳкими амнияту оромии мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифта, мехоҳем Ватани азизу муқаддаси худ - Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои пешрафтаи олам расонем.
Он корҳое, ки мову шумо ба сомон расондем ва дар оянда низ анҷом медиҳем, дар қиёси пешрафти босуръати асри нав ва дастовардҳои кишварҳои мутамаддини олам ҳанӯз кам аст.
Мардуми мамлакат аз мову шумо натиҷаҳову дастовардҳои бузургтар ва ҳалли проблемаҳои муҳими зиндагӣ - боз ҳам баланд бардоштани маошу нафақа, кӯмакпулиҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини мунтазами нерӯи барқу газ, беҳтар намудани низоми хизматрасонӣ, сохтани хонаҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои нави замонавӣ, таҳкими волоияти қонун, решакан кардани ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагиро интизор аст.
Ба хотири татбиқи ин ҳадафҳои муҳим ва тақдирсози ҷомеа мову шумо бояд тамоми иқтидору имкониятҳоро сафарбар созем, масъулиятшиносу фидокор бошем, бо дасти поку дили гарм, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси қарзи шаҳрвандиву фарзандӣ вазифаҳои бар дӯш доштаамонро адо намоем, аҳли ҷомеаро рӯҳбаланд сохта, барои ободонии Ватани азизи худ раҳнамоӣ кунем.
Зиёда аз ин, баробари замона ва тақозои ҷомеаи мутамаддин қадам гузоштан аз ҳар як роҳбар, вакил, мутахассис, корманди масъули тамоми зинаҳои идораи давлатӣ, хулоса аз ҳар як фарди бонангу номуси миллат заҳмати даҳчанд ва муносибати содиқонаву ғамхоронаро нисбат ба тақдири имрӯзу ояндаи Ватан талаб мекунад.
Мову шумо бояд пайваста ба халқ такя кунем ва дар паҳлӯи пешоҳангони ҷабҳаи созандагиву бунёдкориҳо бошем. Халқи тоҷик табиатан дорои азму иродаи қавӣ ва нерӯи бузурги бунёдкориву созандагист.
Худатон шоҳид ҳастед, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд давлати ҷавони Тоҷикистон маҳз бо пуштибонии мардуми кишвар дар давоми ҳамагӣ понздаҳ соли истиқлолият ба як силсила дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҳоло рисолати ҳар кадоми мо аз он иборат аст, ки ин дастовардҳоро таҳким бахшида, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ кунем ва ба он муваффақ шавем, ки кишвари азизи мо пайгирона ва устуворона ба сӯи пирӯзиҳои оянда пеш равад ва садои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ баландтар гардад.
Такроран хотирнишон месозам, ки роҳи давлатсозиву давлатдории навини мо дар давоми понздаҳ соли истиқлолият пур аз мушкилоту монеаҳо буд, вале мо онро бо иродаи қавии мардуми кишвар, дастгирии рӯҳи гузаштагони бузург ва азми бунёдкориву созандагии фарзандони баномуси миллатамон паси сар кардем.
Эътимоди комил дорам, ки миллати озодаву сарбаланд ва бостониву соҳибтамаддуни тоҷик метавонад барои ояндаи шукуфон ва рушду нумӯи сарзамини аҷдодии хеш корҳои аз ин ҳам бузургтарро анҷом диҳад.
Тавре ки дар оғози паёми имрӯза зикр кардам, имсол мардуми Тоҷикистон ҷашнҳои бузурги таърихии худ -15-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлобро таҷлил хоҳад кард. Мо итминони комил дорем, ки ин санаву ҷашнҳои мубораки миллӣ ба густариш ва таҳким ёфтани худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат намуда, дар айни замон боиси боз ҳам ободу зебо шудани Ватани аҷдодии мо мегарданд.
Ҷашнҳои мазкур ҳамчунин миллати моро ба дарки амиқи як ҳақиқати бебаҳс ҳидоят хоҳанд кард, ки дар шароити пур аз мухолифату таҳаввулоти замона танҳо мардум ва давлати муттаҳиду иттифоқ, худшиносу худогоҳ ва соҳиби ғуруру ифтихори миллӣ худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дошта метавонад.
Бигузор азму иродаи қавӣ ва нерӯи созандагии халқи азизамон моро ба сӯи кору пайкорҳои оянда ва фатҳу нусратҳои тоза ҳидоят намояд!
Бигузор Тоҷикистони азизи мо бо низоми пешрафтаи давлатдорӣ ва симои хоси миллӣ дар сафи кишварҳои мутамаддини олам ҷой гирад!
Ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми кишвари азизамон дар ин роҳи душвор, вале пурифтихор рӯҳи матин, нерӯи тоза ва комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.
ш. Душанбе, 20 апрели соли 2006