Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2002 № 483
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимактабии хонандагон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Қоидаҳои умумӣ
1. Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимактабии хонандагон (минбаъд Маркази таълимӣ), муассисаи таълимӣ буда, мутобиқи стандартҳои давлатии (маълумоти миёнаи ҳамагонӣ ва маълумоти ибтидоии касбӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мактаби маълумоти ҳамагонӣ, Стандарти давлатии маълумоти миёнаи ҳамагонӣ ва маълумоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
2. Вазифаҳои асосии Маркази таълимӣ аз инҳо иборат аст:
- омода намудани хонандагон ба интихоби бошууронаи касб;
- омузиши майлу рағбати мактаббачагон ба касбу ҳунар;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мактаб, волидон ва ҷомеа дар интихоби мақсадноку бошууронаи касбинтихобкунии хонандагон;
- муҳаё намудани шароити мусоид ба хонандагону волидон барои касбинтихобкунӣ ва касбомӯзии мактаббачагон;
- хизматрасонии иттилоотӣ (комуникативӣ) ба мактаббачагону волидони онҳо доир ба касбу ҳунарҳо;
- ҳамкории Марказ бо муассисаҳои маълумоти ибтидоӣ, миёнаи махсус, олии касбӣ ва корхонаю муассисаҳо барои таъмин намудани майли касбу ҳунари мактаббачагон;
- шинос намудани хонандагон бо намудҳои касбҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва навигариҳои техникӣ;
- таъмини тамоюли касбӣ ва тарғиби касбу ҳунар;
- таъмини малакаи аввалини меҳнатӣ оид ба касбҳои дилхоҳи хонандагони мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ,
3. Дар Маркази таълимӣ бо назардошти талабот ба мутахассисони соҳаҳои гуногун ва заминаи муносиби истеҳсолӣ тахассусҳо муайян карда мешаванд.
2. Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти Маркази таълимӣ
1. Маркази таълимӣ аз тарафи муассис (муассисон), дар ҳолати муҳайё будани зарурат ва шароити мусоид барои омӯзиши касбҳо ва омодагии мехнатию касбии таълимгирандагон таъсис дода мешавад.
2. Тартиби азнавсозӣ ва барҳам додани Маркази таълимӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
3. Муассиси (муассисони) Маркази таълимӣ метавонанд мақомоти иҷроияи давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукумат), мақомоти идораи маориф (шӯъбаву идораи маорифи ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо), муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони ҳуқуқию воқеӣ бошанд.
Ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳии Маркази таълимӣ, қарори муассис (муассисон) дар бораи таъсиси Маркази таълимӣ ва Оинномаи Маркази таълимӣ мебошанд.
4. Муносибати байни муассис (муассисон) ва Маркази таълимиро қарордоди тарафайн муайян мекунад.
5. Фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии Маркази таълимӣ баъди гирифтани мақоми ҳуқуқӣ шурӯъ мешавад. Маркази таълимӣ баъди гузаштан аз қайди давлатӣ, ҳуқуқи кушодани суратҳисоб аз рӯи тартиботи муқарраргашта дар хазинадории марказӣ ва хазинадорӣ дар маҳалҳо инчунин ҳуқуқи гирифтани муҳри намунаи муқарраршуда ва баъди гирифтани литсензия ҳуқуқи фаъолияти таълимӣ бурдан пайдо мекунад.
6. Мувофиқи қарори муассис (муассисон) Маркази таълимӣ омӯзиши касбу ҳунарҳоро низ ба роҳ монда метавонад. Дар ин сурат шумораи мактабҳои маълумоти ҳамагониро, ки ба онҳо Маркази таълимӣ хизмат мерасонад, идораву шӯъбаҳои маориф муайян менамоянд.
7. Фаъолияти таълимии Марказ аз инҳо иборат буда метавонад:
- иҷрои барномаҳои таълимӣ доир ба омӯзиши фанҳои алоҳида ( аз руи хоҳиш ва майлу рағбати хонандагон);
- иҷрои барномаҳои касбӣ вобаста ба майлу хоҳиши хонандагон;
- иҷрои барномаҳои таълимӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ;
Марказ иҷрои барномаҳои мазкурро ё худ ва ё ба воситаи дигар муассисаҳое, ки шароиту имкониятҳои таълимию техникии хуб доранд таъмин менамояд.
8. Самтҳои асосии фаъолияти Маркази таълимӣ тибқи талаботи ҷорӣ ва барномаи дурнамои шаҳр (ноҳия) мувофиқи шароити мусоид дар мувофиқа бо мақомоти ҳукумати маҳаллӣ ва идораю шӯъбаҳои маориф муайян мегардад.
3. Ташкили ҷараёни таълим ва касбинтихобкунии хонандагон
1. Марказ ҷараёни кор, самтҳои асосии фаъолияти худро дар асоси нақшаи кор тавассути ҷадвали танзимшавандаи машғулиятҳо ба танзим медарорад.
2. Маркази таълимии касбинтихобкунии байнимактабии хонандагон дар ҳамкорӣ бо мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ ва дар мувофиқа бо идора ва шӯъбаҳои маориф шумораи таълимгирандагонро муайян мекунад.
3. Машғулиятҳои амалии Маркази таълимӣ оиди касбҳои интихобшуда тибқи шартномаҳои тарафайн дар корхонаву муассисаҳо гузаронида мешаванд.
Дар Маркази таълимӣ шумораи хонандагони синф (гурӯҳ) ба ҳисоби миёна дар шаҳр 25 нафар, дар деҳот то 20 нафар муқаррар карда мешавад.
Шумораи таълимгирандагони синфҳо (гурӯҳҳо) мувофиқи талаботҳои меъёри давлатӣ оид ба меҳнат, ҳифз ва риояи қоидаҳои санитарӣ ва бехатарии техникӣ, вобаста ба шароит, омодагӣ ва таълими касбии хонандагон муайян карда мешавад.
Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амали- касбомӯзӣ хонандагони синфҳои 5-11 ба зергурӯҳҳо тақсим карда мешаванд.
4. Маркази таълимӣ фаъолияти таълимии худро аз рӯи ин равияҳо таъмин мекунад:
- таълими хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таълимӣ аз рӯи қисмати технология (касбу ҳунар, нақшакашӣ, асосҳои техникаи компютерӣ, машғулиятҳои интихобӣ ва ғайра);
- гузаронидани машғулиятҳо оид ба талаботҳои имрӯзаи техникӣ (асосҳои техникаи компютерӣ);
- гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ барои гирифтани маълумоти иловагӣ (омӯзиши касбҳои алоҳида).
- шаклҳои дигари машғулиятҳои таълимӣ дар Оиннома ва варақаи литсензияи Маркази таълимӣ мушаххас қайд мегардад.
5. Касбомӯзии синфҳои 5-11 мувофиқи нақшаи таълимии мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ муқаррар карда мешавад.
Дар синфҳои 5-9 қисмати асосии таълим интихоб ва омӯзиши касбу ҳунар аст.
Соатҳои ҷудошуда аз ҳисоби соатҳои пешбинишудаи нақшаи таълимии мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ (фанҳои касбу ҳунар, омӯзиши компютерӣ, нақашакашӣ, интихобӣ ва ғайра), ки ба хонандагон Маркази таълимӣ хизмати таълимӣ мерасонад, гирифта мешаванд. Машғулиятҳои таълимӣ дар Маркази таълимӣ аз рӯи ҷадвали рӯз амалӣ мегарданд, ки он аз тарафи Маркази таълимӣ дар мувофиқа бо маъмурияти мактабҳои маълумоти ҳамагонии мувофиқашуда гузаронида мешавад.
6. Аттестатсияи ҷамъбастии хонандагони Маркази таълимӣ бо назардошти Низомномаи мактаби маълумоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Дастуруламал дар бораи тартиби ба синфи дигар гузаронидани талабагон, ташкили имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ ва хатмкунӣ дар ҳамаи намудҳои мактабҳои маълумоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар мувофиқа бо идораю шӯбаҳои маориф ва маъмурияти мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ мегузарад. Ба ҳайати комиссияи имтиҳонии Марказ намояндагони муассисаҳои таълимӣ низ шомил мешаванд.
7. Ҳангоми қабули хонандагон барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар гурӯҳҳои омӯзиши касбу ҳунар қобилият ва майлу хоҳиши онҳо ба инобат гирифта мешавад.
Тайёрии касбии таълимгирандагони Маркази таълимӣ бо гузаронидани имтиҳонҳои тахассусӣ ба охир мерасад. Имтиҳонҳои тахассуси оид ба касбу хунар (ихтисос) чун қоида ду ҳафта то оғози аттестатсияи ҷамъбастии хатмкунандагони мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ ҷамъбаст карда мешавад.
Тартиби соҳиб шудан ба ихтисос дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба имтиҳонҳои гузаришу хатмкунӣ" ва "Низомномаи аттестатсияи таълимгирандагони муассисаҳои таълими ибтидои касбӣ", ки аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад .
Ба хатмкунандагони Маркази таълимӣ, ки имтиҳонҳои тахассусиро бомуваффақият супоридаанд, шаҳодатномаи намунаи махсус ё худ сертификат дода мешавад.
Ба онҳое, ки имтиҳонҳои тахассусиро супорида натавонистаанд, маълумотнома дода мешавад, ки шакли онро Маркази таълимӣ муқаррар мекунад. Шаҳодатнома ва Маълумотнома бо муҳри Маркази таълимӣ тасдиқ карда мешаванд.
4. Иштирокчиёни ҷараёни таълими касбу ҳунар
1. Иштирокчиёни ҷараёни таълим ва омӯзиши касбу ҳунар дар Маркази таълимӣ -таълимгирандагон, омӯзгорон, омӯзгор-муҳандисон, устоҳои таълимӣ, волидайн (ё шахсони онҳоро ивазкунанда) шуда метавонанд.
2. Муассис ( муассисон) тартиби қабули таълимгирандагонро ба Маркази таълимӣ муайян мекунанд, ки дар Оинномаи Маркази таълимӣ нишон дода шудааст.
3. Ҳуқуқу вазифаҳои таълимгирандагон, волидайни онҳо (ё шахсони онҳоро ивазкунанда), кормандони Маркази таълимӣ дар асоси санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур муайян карда мешаванд.
4. Маркази таълимӣ музди меҳнати кормандон ва музди меҳнати вазифаҳои хизматчиёни хизматии худро дар асоси ҷадвали ягонаи тарифии коркунони соҳаи буҷетӣ, бо назардошти аттестатсияи навбатии кадрҳои омӯзгорӣ муқаррар карда, шаклу намуд ва андозаи муздҳои иловагӣ ва дигар намудҳои ҳавасмандгардониро (дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ) ба танзим медарорад; сохтори идорӣ ҷадвали воҳидҳо (штатҳо) ва тақсимоти вазифаҳои хизматии кормандонро муайян ва бо фармон расмӣ мекунонад.
5. Идора ва роҳбарии Маркази таълимӣ
1. Идораи Маркази таълимӣ дар асоси санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин Низомномаи мазкур ба амал бароварда мешавад.
2. Шаклҳои худидоракунии Маркази таълимӣ аз Шӯрои педагогӣ, Шӯрои сарпарастон, маҷлиси истеҳсолӣ, Шӯрои методӣ ва ғайра иборат мебошанд. Тартиби интихоби мақомоти худидоракунӣ ва салоҳияти онро Оинномаи Маркази таълимӣ муайян мекунад.
3. Идоракунии Маркази таълимиро директори он, ки аз рӯи тартиби муайянкардаи Оиннома, ба воситаи қарори муассис ( муассисон) расмӣ мегардад, ба ӯҳда дорад.
Директори Маркази таълимӣ дар назди давлат, волидайн, муассис (муассисон) ва идораю шӯъбаҳои маориф роҷеъ ба фаъолияти амалияш, бо назардошти вазифаҳои хизматӣ, талаботи касбӣ, қарордоди меҳнатӣ ва Оиннома масъул аст.
4. Ҳудуди ваколатҳои директори Маркази таълимӣ ва мақомоти худидории онро Оинномаи Маркази таълимӣ муайян мекунад.
5. Дар Маркази таълимӣ Шӯрои педагогӣ таъсис дода мешавад. Ба ҳайати он директор, ҷонишинон, кадрҳои педагогӣ, омӯзгорӣ-муҳандисӣ, кормандони тиб, китобдор, намояндагони идораю шӯъбаҳои маориф, мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ, кумитаи волидайн, муассисаҳои саҳҳомию сарпараст ва корхонаҳо шомил мешаванд. Раиси шӯрои педагогии Маркази таълимӣ ба зиммаи директор вогузошта мешавад.
6. Молу мулк, маблағгузорӣ, имтиёзҳо, ҳисобот, пардохти музди меҳнат
1. Соҳиби молу мулк муассис ( муассисон) ё ваколатдори он аз рӯи тартиботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, барои таъмини фаъолияти Оинномаи Маркази таълимӣ замин, биноҳо, таҷҳизот ва амволи дигари зарурии иҷтимоӣ-маданиро вобаста мекунад. Аз рӯи тартиботи муқарраршуда ҳукумати маҳалӣ барои истифодаи доимӣ қитъаи заминро ройгон ба Маркази таълимӣ вомегузоранд.
Амволеро, ки бо назардошти тартиботи амалкунанда ба Маркази таълимӣ вобаста карда мешаванд, зери назорати доимии худ мегирад.
Маркази таълимӣ молу амволеро, ки бо назардошти санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он вобаста кардаанд, тасарруф мекунад, истифода мебарад ва фармоиш медиҳад.
Маркази таълимӣ дар назди соҳибмулку соҳибмол (ё ваколатдори он) барои нигоҳдорӣ ва самарабахш истифода бурдани молу амволи ба он вобасташуда масъул аст.
2. Фаъолияти Марказҳои таълимӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда аз тарафи муассис ( муассисон) маблағгузорӣ карда мешавад:
манбаъҳои маблағгузорӣ:
- маблағҳои буҷетӣ :
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ;
- маблағҳои дигаре, ки ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд;
3. Музди меҳнати коркунони педагогӣ ва хизматрасонии Маркази таълимӣ аз рӯи сарборӣ (ставка)-ҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои кормандони педагогии мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ муқаррар кардааст, пардохта мешавад.
4. Мӯҳлати рухсатии ҳарсолаи кормандони Маркази таълимӣ дар асоси Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Кормандони педагогӣ ва муҳандисӣ-педагогии Маркази таълимӣ аз тамоми имтиёзҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркунони педагогӣ муқаррар кардааст, бархӯрдоранд.
5. Ба собиқаи кории омӯзгорон, муҳандис-омӯзгорони Маркази таълимӣ фаъолияти онҳое, ки аз рӯи ихтисоси фанҳои таълимӣ дар корхонаю муассисаҳо кор кардаанд, дохил карда мешавад.

Тартиби соҳиб шудан ба ихтисос дар асоси дастури Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба имтиҳонҳои гузаришу хатмкунӣ" ва "Низомномаи аттестатсияи таълимгирандагони муассисаҳои таълими ибтидои касбӣ", ки аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.