Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010 аз 31 декабри соли 2002, № 524

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2002 № 524

тасдиқ шудааст

Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010

Рӯйхати кӯтоҳмуддат

БАҶ - Бемории алоқаи ҷинсӣ

БҶКС - Беморхонаи Ҷумҳуриявии Клиникии Сил

БЦЖ - Батсиллаи Кальметту Герен

ВИЧ - Вируси норасогии бадан

ДТИКТ - Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони тиб

ДЗБС - Доруҳои зидди бемории сил

ДОТС - Табобати кӯтоҳмуддати таҳти назорати

Н - Изониазид

ИДМ -Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ

ШМА - Штатҳои Муттаҳидаи Америка

МБС - Микобактерияи сил

МБС - Маркази мубориза бар зидди бемории сил

МТП - Муассисаҳои табобатию пешгирӣ

НТҶ - Ноҳияҳои тобеи ҷумҳури

Z - Пиразинамид

R - Рифампицин

S - Стрептомицин

ТF - Ташкилоти ғайридавлатӣ

ТЯМД - Таблеткаи якҷоя бо миқдори доимӣ

ТТН - Табобати таҳти назоратӣ

ТУТ - Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ

БҲГШ - Бемории хроникии ғайрисилии шуш

Е - Этамбутол

ЮНИСЕФ - Фонди кӯдаконаи Созмони Милали Мутаҳид

ЮСАИД - Агентии инкишофи байналмилалии Амрико

МУҚАДДИМА

Бемории сил имрӯз яке аз масъалаҳои глобалии рӯз мебошад. Ҳолати эпидемиологии бемории сил чунон шиддат ёфтааст, ки моҳи апрели соли 1993 Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хавфи бемории силро барои тамоми ҷаҳониён эълон кард.

Дар айни ҳол аз 3 як ҳиссаи аҳолии дунё бо микобактерияи сил сироят ёфтаанд. Ҳар сол дар ҷаҳон 9 млн. нафар одамон дафъаи аввал ба ин беморӣ гирифтор шуда, қариб 3 млн. нафар одамон аз ин беморӣ мефавтанд. Аз соли 1995 сар карда дар мамлакатҳои Европаи марказӣ ва шарқӣ, бисёрии Иттиҳоди Давлатҳои мустақил шумораи беморӣ ва фавт аз хеле афзуд.

Бадшавии ҳолати эпидемиологии бемории сил дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Ба ҳиссаи давлатҳои тараққикунанда 95%-и беморони бори аввал ба қайд гирифташуда ва 98%-и фавт аз ин беморӣ дар байни аҳолӣ рост меояд. Қариб 75% беморони сил ба қайд гирифта шуда шахсони синни қобили меҳнат (аз 15 то 55 сола занҳо, 15-60 сола мардҳо) мебошанд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои беморӣ ва фавт аз бемории сил минтақаи Осиёи Марказӣ дар байни Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ҷои намоёнро ишғол менамояд.

Дар байни Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи беморшавии сил аз ҳама беш дар соли 2001 дар Қазоқистон - 155,7, Қирғизистон_- 127.3, дар Туркманистон - 82,3 (нишондиҳандаи соли 2000) ва дар ӯзбекистон 73.3 ба 100 000 аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тоҷикистон аз ҷумлаи мамлакатҳоест, ки бемории сил барои давлат ва ҷамъият яке аз масоили ҷиддӣ мебошад. Ҳар сол аз рӯи нишондиҳандаи омори аз 2800 то 3500 ҳолатҳои нави беморӣ ба қайд гирифта мешавад ва ин нишондиҳандаҳои тамоюли зиёдшави дорад, хусусан дар байни маҳкумшудагони муассисаҳои ислоҳотию меҳнатӣ.

Ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, назорати бемории сил дар ҳудуди умум имконпазир аст. Мувофиқи тавсияи ТУТ стратегияи мубориза бар зидди бемории сил - ДОТС, яъне табобати кӯтоҳмуддати зери назоратӣ, инчунин усули ғайрифаъоли пайдо намудани беморон (ташхиси микросроскопии балғам), шиддати вазъи мавҷударо паст менамояд.

Ин фоидабахштарин стратегия буда, натиҷаи баланди табобат ва сарфакориро дар 148 мамлакати ҷаҳон собит намудааст.

Ҳолати умумӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати географи хусусиятҳои ба худ хос дошта 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил дода аз маҳалаҳои хурду пароканда бо зичии гуногуни аҳолӣ иборат мебошад. Дар деҳот зиёда аз 70% аҳолӣ зиндагӣ мекунад.

Дар мамлакат 6.250 000 аҳолӣ ҳаёт ба сар мебарад. Нишондиҳандаҳои таваллуд баланд буда (27.2 ба 1000 аҳолӣ), афзоиш табиӣ бошад 22,1 ба 100 000 аҳолӣ (соли 2001) ташкил медиҳад.

Таркиби аҳолии ҷумҳуриро 41.8% (2.611.261) кӯдакони синни то 15 сола, 50% (3.118.945) занҳо аз ин миқдор занони синни қобили таваллуд 50% (1539762) ташкил медиҳанд (соли 2001).

Нишондиҳандаҳои гирифтории бемории сил аз рӯи ҳисоботи омор ба 100.000 аҳолӣ аз 27,8 дар соли 1996 то 56.6 дар соли 2001 ва зиёдшавии фавт аз 5,8 дар соли 1996 то 7,0 дар соли 2001 ба 100000 аҳолӣ зиёд гардид.

Аммо фаъолияти аслии гирифторшавӣ ба бемории сил 5-6 маротиба аз нишондодҳои омор зиёд мебошад. Нншондиҳандаҳои соли 2001 дар шаҳри Кӯлоб - 159.6; Қӯрғонтеппа - 91.8; ноҳияи Мастчоҳ -81.8, ш.Душанбе 74.5, ноҳияи Бохтар - 61.6 ва Ҷ.Расулов - 59.2 ба 100.000 аҳолӣ аз ин шаҳодат медиҳад.

Ҳолати ба вуҷуд омада дар мамлакат нисбати бемории сил чорабиниҳои фавриро талаб менамояд, зеро ҳақиқатан таҳдиди бехатарии солимии аҳолӣ ба миён омадааст.

Ҳалли масоили мазкур ба зиммаи соҳаи мубориза бар зидди бемории сил, ки аз Маркази ҷумҳурии мубориза бар зидди бемории сил, Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемории сил (БЧКС), 3 маркази вилоятӣ, 5 шаҳрӣ ва 50 ноҳиявии мубориза бар зидди бемории сил ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ гузошта шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2160 кат барои хизмат расонидан ба беморони сил амал мекунад. Аз онҳо Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемории сил ва Беморхонаи зидди сили Деҳмойи вилояти Суғд дар бинои замонавӣ буда, боқимонда беморхонаҳо дар биноҳои мувофиқ карда шуда ҷойгир шудаанд. Кариб 60% биноҳои беморхонаҳо таъмири капиталиро талаб менамояд. Таъминот бо таҷҳизотҳо ва дастгоҳҳои тиббӣ паст аст. Ҳамаи 68 дастгоҳи флюорографии мавҷуда (58 стационарӣ ва 10 сайёр) фарсуда гашта, баъзеи онҳо корношоям мебошанд. Ба ғайр аз Маркази мубориза бар зидди бемории сили ҷумҳурӣ ва марказҳои вилоятию ноҳияҳои таҷрибавӣ (ш.Душанбе ва ноҳияи Ленин), дигар ноҳияҳо бо микроскопи бинокулярӣ таъмин нестанд.

Дар баробари масоилҳои мубрами мавҷуда, ки ба заминаи сусти моддию техники вобаста аст, сатҳи пасти таъминоти мутахассиси соҳаи мазкур ба назар мерасад, аз ҷумла 22 ноҳия мутахассиси силшинос (фтизиатр) ва 42 ноҳия духтурони лаборант надоранд, ки ин масоилро боз ҳам душвор мегардонад. Таъминот бо фтизиатрҳо дар ҷумҳурӣ 0,3 ба 10 000 аҳолӣ рост меояд, аз он ҷумла дар ш. Душанбе - 0.7, ВМКБ - 0.5, вилояти Суғд - 0.3, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ (НТМ) -0,2-ро ташкил медиҳад.

Асоснокии барнома

Бинобар ба анҷом расидани мӯҳлати "Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-2000 ва давом ёфтани шиддати баланди ҳолати эпидемиологии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти таҳияи барномаи нав барои солҳои оянда ба миён омад.

Дар соли 2001 ҳолати умумии бемории сил дар ҷумҳури аз рӯи нишондодҳо ба ҳисоби 100 000 аҳолӣ чунин аст: беморшавӣ -- 55.6; касалманди- 185.8; фавт-7,0.

Дар таркиби фавтидагон аз бемории сил 31.4% бемороне мебошанд, ки камтар аз як сол дар қайди диспансери буданд. Дар соли 2001 сили ғайришуш 7.2 ба 10000 аҳолӣ ташкил дод.

Дар айни замон дар Марказҳои мубориза бар зидди бемории сили Ҷумҳурӣ 11.600 беморони сил дар қайд мебошанд. Аз 3509 бемори дар соли 2001-ум ба қайд гирифта шуда 52.9%-ро шакли деструктивии бофтаҳои шуш, аз ин 48.0% хориҷкунандаи микобактерияи сил, 7,0% шаклҳои хроникии бемории сил ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии беморон 36,9% (1296 занҳо), аз ин 82.1% (1065) занони синни қобили таваллуданд. Шаклҳои деструктивии бемории сил дар байни занон 59.0% ташкил дода аз ин 49.0% хориҷкунандаи микобактерияи сил мебошанд. Беморшавии кӯдакони аз 0 то 14-сола 8.8 ба 100 000 кӯдак рост омада, аз ин 0.7% гирифтори шакли деструктивии бемории сил мебошанд.

Сабабҳои асосии ногувории ҳолати эпидемиологии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

1.Пастравии сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ, камбизоатӣ, зиёд гаштани бекорон, нарасидани хӯроки серғизо, рух додани ҳолати фавқулода, нашъамандӣ ва афзоиши бемориҳои сирояткунанда.

2.Нишондодҳои демографи , афзоиши босуръати аҳолии ҷумҳурӣ (22,1), шумораи зиёди бозгашти муҳоҷирони иҷборӣ аз минтақаҳои аз ҷиҳати эпидемиологи ногувори бемории сил.

3.Номуносибии хизматрасонии соҳаи сил, нокифоя будани мутахассисони ихтисосманд, сатҳи пасти дониши духтурони шабакаи умумитиббӣ оиди дарёфти бармаҳал, тарзи ташхис, табобати беморони сил дар муассисаҳои тиббию профилактикии ғайрисилӣ.

4.Истифодаи нопурраи усули дастраси ташхиси бактериоскопи.

5.Норасогии таъминоти лавозимоти ташхиси (микроскопи бинокулярӣ, маҳлулҳои кимиёвӣ, туберкулин, пленкаҳои аксбардорӣ).

6.Норасогии доруворӣ зидди бемории сил (рифампицин, изониазид, этамбутол, стрептомицин, пиразинамид).

7.Бесамарии табобат дар натиҷаи қабули як намуди доруи сил (монотерапия), ки дар натиҷа ба пайдоиши шаклҳои устувори микобактерияи сил оварда беморро ба фавт мерасонад.

8. Норасогии қайдгири ва ҳисоботҳои оморӣ.

Сабабҳои дар боло зикр ёфта боиси зиёд шудани шумораи беморон, афзоиши шаклҳои хроники сили шуш ва ғайришуши пайдоиши шаклҳои паҳнгаштаю вазнини бемории сил пастшавии фоидабахшии табобат гардид. Ҳамаи ин ба инкишофи шаклҳои ба доруҳо устувори (МРД) микобактерияҳои сил ва афзоиши шакли музмини бемории сил, ки дар натиҷа ба бадшавии нишондодҳои асосии омории касалмандӣ, беморшавӣ ва фавт аз бемории сил мерасонад.

Дар ҷумҳури таъсири муҳити зист (экологӣ) ба вазъи эпидемиологию рафти табобат, нопурра омухта шудааст.

Барои беҳтар намудани ҳолати эпидемиологии бемории сил дар ҷумҳурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.06.1996 қарори № 271 дар бораи "Барномаи миллии мубориза бар зидди бемориҳои сил дар солҳои 1996-2000" қабул намуд. Бо мақсади ҷорӣ намудани ин Барнома диспансерҳои зидди сили ба марказҳои мубориза бар зидди бемории сили: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ (фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.98 №172 "Дар бораи табдил додани диспансерҳои зидди сили ба марказҳои мубориза бар зидди бемории сил") табдил дода шудаанд ва барномаҳои минтақавии мубориза бар зидди бемории сил то соли 2000 таҳия карда шуданд.

Тайёр намудани мутахассис асоси амалӣ гаштани чорабиниҳои "Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 1996-2000" ҳисоб меёфт. Бо ин мақсад ба барномаи тайёр намудани донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сиио ва ДТИКТ соли 1997 асосҳои стратегияи ДОТС, ворид карда шуд. Дар давраи солҳои 1996-2000 зиёда аз 1798 нафар кормандони тиб омӯзонида шуданд, ки он на танҳо аз мутахассиси соҳаи сил иборат буда, балки сарварон, духтурони оилавӣ, кормандони миёнаи тиб, лаборантҳо ва шӯъбаҳои умумӣ шомил буданд. Омӯзишро мутахассисони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқии Хазинаи Оғохон, СОРОС, Ҷамъияти Олмонии ҳамкории техникӣ, ЮСАИД, Хоуп гузарониданд.

Яке аз воситаҳои пешгирии бемории сил ин дар байнн кӯдакони то синни яксола гузаронидани эмкунӣ бо вакцинаи БЦЖ мебошад. Ин нишондод аз 93,3% дар соли 1996 то 98,3% дар соли 2001 афзуд.

Ташхиси флюорографӣ дар байни гурӯҳи "зери хавф"-и аҳолӣ гузаронида мешавад, ки фарогирии он дар ҷумҳурӣ солҳои 1996-2001 ба миқдори 8,4% афзуд (33,6 то 42,0%).

Барои ташхис бо усули бактериоскопи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ТУТ ва Ҷамъияти Олмонии ҳамкории техникӣ дар давоми солҳои 1996-1997 марказҳои мубориза бар зидди бемории сили ҷумҳурявӣ, вилоятӣ, БЧКС ва Беморхонаи сили кӯдаконаи ш.Душанбе бо микроскопҳои бинокулярӣ ва лавозимоти ташхиси таъмин намуд.

Ба ғайр аз ин бо мақсади омӯхтани ҳолати эпидемиологии бемории сил дар хоҷагиҳои Хоҷа Сартез ва А.Сино ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, экспедицияи ташхиси гузаронида шуд.

Барои дар амал тадбиқ намудани "Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-2000" ҳамагӣ 20 млн. доллари ШМА лозим буд, аз буҷет ҳамагӣ 500.863 доллари ШМА, маблағгузории ташкилотҳои байналхалқӣ бошад 22940 доллари ШМА ва ҳамагӣ дар 5 сол 2.529.000 доллари ШМА, яъне 12,6% аз маблағи пешбинишуда, ташкил намуд. Аз ҷумла барои таъмини доруворӣ дар 5 сол 329 195 доллари ШМА ҷудо гардидааст, ки он 36,6%-и талаботро (900.000 доллари ШМА) ташкил медиҳад. Бо назардошти таъминоти нокифояи маблағузории "Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-2000" на ҳама вазифаҳои гузошташудаи барнома амалӣ гаштанд, аз ҷумлаи беморони бори аввал ба қайд гирифта шуда 50,0% бо доруҳои зидди сили таъмин гардиданд, фоиданокии табобати онҳо аз 56,0% то ба 78,0% баланд гардид, агарчи мувофиқи барнома 85.0% ба нақша гирифта шуда буд.

Аз сабаби норасоии воситаҳои ташхисию лаборатори (микроскопҳои бинокулярӣ, моддаҳои кимиёвӣ ташхиси) ва мутахассис дарефти беморони сил бо усули ташхиси бактериоскопи ба ҷои 70%-и нақша аз 30% то 42%-ро ташкил дод.

Натиҷаҳои ба даст омада зарурияти сиёсат ва иҷрои стратегияи давлатии ягонаро, ки ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил дар ҷумҳурӣ бо ҷори намудани стратегияи ДОТС, ки бо назардошти таҷрибаи андӯхта оид ба идоракунии масоили бемории сил таҳия шудааст, тақозо менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои барнома

Боздоштани бадшавии минбаъдаи ҳолати эпидемиологии бемории сил, паст намудани гирифтори ба бемории сил, кам намудани касалмандӣ, маъюбият, фавт, паҳншавии сироят ва пешгири намудани пайдоиши шакли устувори ангезандаи ин беморӣ бо роҳи ҷори намудани роҳҳои камхарҷи ташхис ва табобат.

Вазифаҳои асосии мубориза бар зидди бемории сил инҳоянд:

Дар соли 2006 дарёфти 70,0% беморони гирифтори сили сирояткунандаи шуш, бо мақсади кам кардани сатҳи сироят ва муолиҷаи 85% беморони гирифтор ба сили сирояткунанда, ки бори аввал ба қайд гирифта шудаанд.

Барои тадбиқ намудани вазифаҳои зикршуда лозим аст;

- маблағгузории мутаасил "Барномаи мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2003-2010-ум", аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ;

- таъмин намудани муассисаҳои зиддисилии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва муассисаҳои умумитиббӣ дар ҳама сатҳо то соли 2005-ум, бо микроскопҳои бинокулярӣ ва моддаҳои кимиёвии ташхисӣ, моддаҳои ғизои микобактерияи сил барои муайян кардани шакли устувори МБС;

- таъмин намудани марказҳои мубориза бар зидди бемории сили ҷумҳури ва вилоятӣ бо бронхоскопҳо, факс, ксероксҳо, воситаи нақлиёт барои гузаронидани мониторингҳо мувофиқи тавсияи ДОТС;

- баланд бардоштани сатҳи дониши коркунони муассисаҳои умумитиббӣ оиди бемории сил, бо роҳи гузаронидани семинарҳо;

- кам намудани шаклҳои вайроншудаи бофтаҳои шуш, пошхӯрда, музмини бемории сил ва беҳтар намудани дарёфтӣ сили пардаи сар;

- омӯзиши лаборантҳо ва коркунони муассисаҳои умумитиббӣ усули бактериоскопии ташхис ва ташкили муайян намудани беморони сил мувофиқи тавсияи ТУТ;

- амали намудани ташхиси бактериоскопи барои муайян намудани микобактерияи сил дар байни гурӯҳи "зери хавф" қарор дошта: беморони музмини ғайрисилии шуш (БМГШ), шахсони бо беморони сили шуш дар тамос буда ва онҳое, ки хавфи гирифторшавӣ ба бемории сил доранд, дар шароити статсионарӣ ва муассисаҳои амбулаторӣ, мувофиқи тавсияи стратегияи ДОТС;

- таъмин намудани ташхиси флюорогрифии ҳар солаи гурӯҳи "зери хавф" (диабети қанд, БМГШ, нашъамандон, беморони гирифтори захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта), ки балғам хориҷ намекунанд;

- таъмини фарогирии 95%-и тифлони то 1 сола бо вакцинаи БЦЖ;

- ҳар сол дастрас намудани на кам аз 50 литр туберкулин дар шакли маҳлули меъёрии 2ТЕ;

- таъмини эмгузаронии такрориро дар синни 6-7 ва 15-16 солагӣ, баъд аз ташхиси туберкулини;

- таъмини доимии дорувори зидди сил дар тамоми марказҳои муборизаи бар зидди сил ва захираи камнашавандаи 6 моҳаи он, мувофиқи стратегияи ДОТС;

- риоя намудани мӯҳлати табобат аз тарафи табибон ва беморон мувофиқи тавсияи ТУТ, табобати кӯтоҳмуддати таҳти назоратӣ;

- таъмини назорати қатъи барои масрафи мақсадноки дорувори зидди сил, ки чи аз ҳисоби буҷет ва ё тибқи ёрии башардӯстона ба даст оварда шудааст;

- манъ намудани истифодаи доруҳои зидди сил барои табобати беморон муассисаҳои табобатии умумӣ, ба ғайри беморони гирифтори сил;

- манъ намудани фурӯши озоди доруҳои зидди сили дар дорухонаҳо;

- ба нақша дохил намудани сохтмони Маркази сили вилоятӣ дорои 100 кат дар шаҳри Қурғонтеппа ва барои 100 кат дар шаҳри Душанбе;

- риояи қатъии қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар муассисаҳои зидди сил, ки бо ошкорсозии бемории сил бо усули ДОТС (бактериоскопи) машғуланд, таъмин карда шавад;

- таъмини муттасили табобати беморон ҳангоми аз муассисаҳои зидди сили ба табобати амбулатори гузаронидан;

- ҳамкории доимӣ бо коркунони ветеренарӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ барои муайян намудани бемории сил дар байни ҳайвоноти соҳаи давлатӣ ва шахси ҷоннок карда шавад;

- кам намудани гирифтории аҳолӣ бо сили ғайришуш бо роҳи пурзӯр намудани чораҳои санитарию зидди эпидемиологӣ дар минтақаҳо аз ҷиҳати бемории сил ногувор ва баланд бардоштани дониши дигар мутахассисон (терапевтҳо, урологоҳҳо, невропатологҳо, гинекологҳо, офтальмологҳо ва ғ.), дар масоили бемории сил;

- то охири соли 2006 дастрас намудани 5 дастгоҳи флюрографии сайёр ва то охири соли 2010 ба 10 адад расонидан миқдори онҳо;

- таъмини ҳатмии бурдани ҳуҷҷатҳои ба қайдгири ва ҳисоботи, инчунин пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои оморӣ.

Сиёсат ва стратегия

Сиёсат ва дурнамои "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" дар асоси дастури ТУТ ва таҷрибаи умумиҷаҳонӣ, нишондодҳои эпидемиологи хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

Сиёсати барнома ба тариқи зайл сурат мегирад:

1.Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дастгири намудани "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010".

2.Ҳамкории ҳаматарафа бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади дастгирии онҳо дар амали намудани "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010".

3.Дарёфти беморон ҳангоми муроҷиат ба муассисаҳои тандурусти бо хости худ (усули пасиви)-бо роҳи микроскопияи балғам барои дарёфти МБС ва ё муоинаи флюорографи гумонбар будагони балғам надошта.

4.Табобати меъёрӣ бо курси кӯтоҳмуддати табобати ҳамаи беморони хориҷкунандаи микробҳои сил мувофиқи категорияашон, ки бори аввал дарёфт шуданд ва беморони такроран бемориашон авҷ гирифта аст.

5.Эҷоди сохтори мураттаби таъмини мутаасили ҳамаи намудҳои доруҳои асосии зидди сили (изониазид, рифампицин, пиразинамид, этамбутол, стрептомицин ва ғаира).

6.Эҷоди сохтори мураттаби маниторинг, баҳо додани чорабиниҳои барнома ва пешгирию ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта.

Стратегияи барнома:

1.Дастгирии кафолатноки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳама сатҳои амали намудани Барнома. Ин дастгири бояд таъминоти маблағгузории устувори дохилӣ ва хориҷии самтҳои асосии Барномаро дар бар гирад.

2.Инкишофи тайёр намудани мутахассис оид ба идораи Барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳияҳо дар заминаи муассисаҳои асосӣ.

3.Такмили системаи омор оид ба масъалаҳои бемории сил.

4.Ташкили курсҳои омӯзиши оид ба ташхис ва табобати стандартии беморони сил.

5.Тартиб додани барнома оиди тайёр намудани мутахассис, ки ҳамаи ҷанбаҳои Барномаро дар бар гирад ва тартиб додани нақшаи омӯзиши мутахассисони соҳаи фтизиатрӣ, умумитиббӣ ва духтурони оилавӣ.

6.Ташкили ҳамаҷонибаи лабораторияҳо (микроскопи), таъмин намудан бо лавозимоти ташхиси ва лаборантҳо.

7.Сохтори нуқтаҳои хизматрасонии муолиҷавӣ дар муассисаҳо кӯмакӣ аввалияи тиббию санитарӣ, ки дар он ба курсҳои кӯтоҳмуддати табобати зери назорати кормандони тиб ва омӯзиши беморон бартарият дода мешавад.

8.Таъминот мунтазам ба доруҳои зидди бемории силӣ ва маводи ташхисӣ.

9.Тартиб додани нақшаи амали намудани идораи қисмҳои асосии Барномаи мазкур.

10.Истифодаи навтарини дастовардҳои илмӣ барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил.

11.Ҳамкори бо ташкилотҳои байналмилалӣ.

Ташкил ва намудҳои фаъолият

Аз сабаби хусусиятҳои давлатӣ доштани "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳбарии умумӣ ва танзими барномаро ҳамоҳангсози милли (роҳбар) дар шахсияти Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои тандурустӣ ва муовини он - Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонанд.

Дар қисми тандурустӣ, роҳбарии "Барномаи оиди мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" бо сарварии муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттасадии соҳа, Идораи ташкили хизматрасонии тиббӣ, Шӯъбаи санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи сохторҳои дахлдор ва марказҳои мубориза бар зидди бемории сил сурат мегирад.

Дар сатҳи вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ роҳбарии "Барномаи оиди мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" аз тарафи муовинони сарварони вилоят, шаҳр ва ноҳия, ки назорати хизмати тандурустиро ба ӯҳда доранд амали мегардад. Муовинони онҳо сардорони идораҳои (мудирони шӯъбаҳо) нигоҳдории тандурустии ҳокимияти иҷроия дар маҳаллҳо (хукуматҳо), сардухтурони шаҳру ноҳияҳо мебошанд.

Барои амали намудани самтҳои асосии стратегияи Барнома дар ҷумҳурӣ Маркази мубориза бар зидди бемории сил (ММС) ташкил дода шудааст, ки фаъолияти онро низомномааш муайян мекунад.

Барои амалӣ намудани самтҳои асосӣ ва идораи "Барномаи оиди мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2003-2010" дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳамоҳангсози, ташкил дода шудааст (координация, назорат ва натиҷагири).

Иҷроиши "Барномаи оиди мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" дар ҳамкори бо ташкилотҳои байналмилали амалӣ гардонида мешавад.

Тайёр намудаин мутахассис

Тайёр намудани мутахассисон шарти асоси дар амал тадбиқ намудани чорабиниҳои "Барномаи оиди мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" мебошад.

Тайёр намудани мутахассис бояд аз рӯи нақшаи маъмул гузаронида шавад. Омӯзиши асосии мутахассис дар Донишкадаи давлатии тиббӣ Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ДДТТ), Коллеҷу омӯзишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб (ДТИКТ), бо роҳи баланд бардоштани ихтисос сурат мегирад.

Омӯзиши кормандони тиб дар масъалаи бемории сил аз ду қисм иборат аст:

1.Тайёрии то дипломӣ:

- омӯзиши донишҷӯён дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар коллеҷу омӯзишгоҳи тибби:

2. Тайёрии баъди дипломӣ:

а) баланд бардоштани тахассус, семинарҳои соҳавӣ барои:

- роҳбарони "Барномаи мубориза бар ҷидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" дар сатҳои гуногун;

- тайёр намудани духтурони соҳаи сил, оилавӣ, кӯдакон, соҳаи беҳдоштӣ, ҷарроҳон, урологҳо, занон, шикастабандон ва коргарони миёнаи тиб;

б) тайёрии махсус:

- духтурон-лаборантҳо оид ба усули муайян намудани микобактерияи сил (МБС);

- рентгенологҳо - муайян намудани сили роҳи нафас ва ғайришуш;

- мутахассиси соҳаи сил, кеонотологҳо - дар масъалаҳои эмкунӣ ва пешгирии беморӣ;

- кормандони миёнаи тиб - оид ба омӯзиши методи туберкулинодиагностика, эмкунӣ ва моякубии БЦЖ ва курси кӯтоҳмуддати табобат вобаста бо категорияи бемории сил.

Системаи иттилоотӣ

Системаи иттилоотии "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" ҳама нишондиҳандаҳоро дар бар гирифта, барои идоракунӣ ва мониторинг равона карда шудааст.

Мақсади асосии фаъолияти системаи иттилоотӣ дар он аст, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани ҳисоботи ягонаро дар бар гирад. (фор. ТБ 01, 03, 04, 05, 06, 07, 08, 09, №8).

1.Банақшагирӣ ва бақайдгирии муоинаи иммунологи бо туберкулин (проба Манту 2ТЕ).

2.Нақшаи муоинаи флюографии аҳолӣ аз гурӯҳи хавфнок, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои санитарию эпидемиологӣ тартиб дода мешавад. Нақшаи мазкур аз ҷониби ҳукуматҳои маҳалли (ҳукуматҳо) тасдиқ карда мешавад.

3. Ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ оид ба қайд ва назорати беморӣ:

- маълумот дар бораи бемори сили нав ба қанд гирифта шуда (ф.39у);

- маълумоти фаврӣ дар бораи бемории сирояткунанда (ф.59):

- маълумот дар бораи беморе, ки бори аввал ташхиси бемории сил собит гаштааст (ф.89у);

4. Варақаи қайди тиббии бемори сил ТБ-01 барои ҳар як бемори-бори аввал ба қайд гирифташуда, дар давоми табобати статсионарӣ ва амбулаторӣ пур карда мешавад.

Баъди ҷавобшудан аз табобатхонаҳо варақи мазкур (формаи ТБ-01) ба дасти бемор бо мақсади давом додани табобат дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ, дода мешавад. Дар сурати гум кардани ин варақаи тиббӣ он аз сари нав барқарор карда мешавад.

5. Дафтари ба қайдгирии бемории сил ТБ-03 дар вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо дар муассисаҳои зидди сили бурда мешавад ва нусхаи он дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ, ки бемор дар он ҷо табобат мегирад, нигоҳ дошта мешавад. Ин дафтар ҳар моҳ бо дафтари ба қайдгирии лаборатори (формаи ТБ-04) муқоиса карда мешавад.

6.Дафтари қайди лаборатори формаи ТБ-04 дар ҳар лаборатория бурда мешавад ва ҳамаи ташхиси микробиологӣ дар он ба қайд гирифта мешавад.

7.Роҳхат барои муайян намудани МБС дар балғам ТБ-05.

8.Роҳхати махсус барои ташхис ва натиҷаи ташхиси кишти МБС дар моддаи махсус барои муайян намудани устувории МБС ба антибиотикҳо.

9.Ҳисоботи кварталӣ дар бораи шахсони бори аввал ба бемории сил гирифторшуда ва аз нав хурӯҷ карда (рецидив) - ф.ТБ-07.

10. Ҳисоботи кварталӣ дар бораи натиҷаи табобати беморони силе, ки 12-15 моҳ пеш ба қайд гирифта шудаанд ф.ТБ-08.

11. Форма №8-ҳисоботи солона, "Ҳисоби беморони бори аввал ба қайд гирифта шуда аз рӯи ҷинс ва синну солашон."

12.Системаи иттилоотӣ, назорати таъмини мутахассис ва тайёр намудани онҳо, дараҷаи таъминот бо дастгоҳҳо, нақлиёт ва дорувориро дар бар мегирад. Диққати махсус ба беморони бори аввал дарёфтшуда, натиҷаи табобати зери назоратии онҳо дар ҳамаи ҳолатҳо вобаста ба гурӯҳи бемориашон дода мешавад.

Таҳқиқотҳо ва коркардҳои илмӣ

Ҳангоми тадбиқ намудани "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" дар заминаи муассисаҳои зидди сили, кафедраи сили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар муассисаҳои манфиатдори ҷумҳурӣ, корҳои илмӣ гузаронида мешаванд.

Мақсади асосии тадқиқот муайян намудани самарабахши чорабиниҳои бар зидди бемории сил барои дар амал татбиқ гаштани барномаи ДОТС, дар сурати зарурият кор карда баромадани тавсияҳои иловагӣ барои такмили он.

Бо ин мақсад бояд аз рӯи мавзӯҳои зерин кор бурда шавад:

1.Омӯзиши сохтори намудҳои нави клиникии беморони сили дафъаи аввал ба сил гирифтор гашта дар асоси ташхиси бактерископӣ.

2.Омӯзиши самарабахшии муолиҷаи кимиёвии кӯтоҳмуддати зериназоратӣ, тибқи нишондоди ДОТС вобаста ба намудҳои беморӣ ва фоиданокии иқтисодии он (пешниҳодоти ТУТ).

3.Омӯзиши ҳолати беҳдошти дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хусусиятҳои ҷараёни клиникии шаклҳои бори аввал ошкор гардидаи сил.

Мониторинг ва баҳодиҳӣ

1. Мониторинги қайди беморони сил, ки бори аввал ба қайд гирифта шудаанд: форма ТБ 03.

2. Мониторинги ташхиси лабораториявӣ: форма ТБ 04, натиҷаи таҳқиқи кишти МБС ва устувории он ба антибиотикҳо форма ТБ-06.

3.Мониторинги фоидабахшии табобати беморон аз рӯи намудҳо ба воситаи ташхиси бевоситаи балғам ТБ 05.

4.Мониторинги беморони сили бори аввал ба қайд гирифта шуда, ки МБС хориҷ намекунанд бо сили ғайришуш, тибқи ташхиси рентгенологӣ.

5.Мониторинги такроран гирифторшавӣ ба бемории сил.

6.Мониторинги таъсири номатлуби доруворӣ зидди сил ба беморон.

7.Мониторинги таъминот бо доруворӣ зидди сил ва истифодаи самараноки он.

8.Мониторинги тарзи нигоҳ доштани дорувори зидди сил барои эҳтиёт.

9.Мониторинги ба қайдгирӣ, рафти табобати беморон то сиҳатёбӣ (ҳуҷҷатгузорӣ) ТБ 01.

10.Мониторинги ҳуҷҷатгузории омори ТБ 07, 08.

Фаъолияти якҷоя бо дигар барномаҳо

- Барномаи миллии пешгирии ВИЧ/СПИД/БППП

- Барномаи миллии тарзи ҳаёти солим

- Барномаи миллии ҳуқуқ ва саломатии репродуктивӣ

- Стратегияи ТУТ/ЮНИСЕФ оид ба якҷоя бурдани бемориҳои синни кӯдакӣ

Сафарбарии иҷтимоӣ

Мақсади сафарбарии иҷтимоӣ ин ҷалби ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, сохторҳои давлатӣ, динӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони тиббӣ ҳаммасоҳавӣ барои ҳалли вазифаҳои вобаста ба масоили сил мебошад.

Стратегияи амалисозии сафарбарии иҷтимоӣ иборат аст:

- дар тайёр ва чопи нашрияҳои методӣ оид ба бемории сил барои кормандони тиб, динӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи умумӣ;

-дар таъмин намудани маълумотнокии аҳолӣ оиди бемории сил бо ёрии васоити ахбори умум.

Ҳамкориҳои байнисоҳавӣ

Вазорати тандурустӣ

- Аз навсозии соҳаи хизматрасонии зидди сили мувофиқи Консепция ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба интегратсияи соҳаи хизматрасонии зидди сили бо муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ равона шудааст.

- То соли 2006 барномаи ДОТС дар тамоми ҷумҳурӣ ворид карда шавад.

- Аз ҳисоби 1 бар 50000 нафар аҳолӣ лабораторияҳои ташхиси созмон дода шуда, бо микроскопҳои бинокулярӣ ва маводҳои кимиёвӣ ташхиси таъмин карда шаванд.

- Таъмини муттасили 5 намуди асосии доруҳои зидди сили амалӣ карда шавад.

- Мунтазам гузаронидани омӯзиши кормандони тиб аз рӯи стратегияи ДОТС.

- Ҷорӣ намудани назорати доими (мониторинг) аз рӯи иҷроиши "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010".

- Ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва муолиҷаи бемории сил, ки ТУТ ва Иттифоқи байнамиллалии мубориза бар зидди бемории сил ва бемориҳои шуш тавсия медиҳанд.

Вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ

- Муоинаи флюорографии шахсони ба маҳбас гирифта шуда ташкил карда шавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани чунин шароит шахсони гумонбаршуда дар утоқҳои ҷудогона нигоҳ дошта шуда барои ошкорсозии сил муоина карда шаванд.

- Беморони мубталои сил дар шӯъбаҳои ҷудогона аз дигар маҳбусон табобат карда шаванд.

- Ба омори давлати нишондодҳои бемории сил дар маҳбасхонаҳо дохил кардашуда, дар ҳолати ошкор намудани сил ба марказҳои зидди бемориҳои сил, барои ёрии махсус ва таъмини доруворӣ зидди сил маълумот дода шавад.

- Роҳҳои ирсол намудани маълумот пас аз озод шудани маҳбуси мубталои бемории сил ба ҷои истиқомат, созмон дода шавад.

Вазорати маориф

- Курсҳои кӯтоҳмуддати хониши кӯдаконе, ки ба бемории сил гирифторанд ва табобат мегиранд, таҳия карда шавад.

- Дар барномаи таҳсили хонандагон соатҳои дарси оиди пешгирии бемории сил ҷорӣ карда шавад.

Вазорати кишоварзӣ

- Оид ба беҳгардонии ташхиси бемории сил дар байни ҳайвонот чораҳои мушаххас андешида ва қонуни соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.

Вазорати иқтисод ва савдо

- Маблағгузории чорабиниҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ ва пешгирии бемории сил бо назардошти таъминоти моддӣ, таҳқиқӣ ва омӯзиши кормандони тиб таъмин карда шавад. Дар нақшаи маблағгузории "Барномаи оиди мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" пешбинӣ карда шавад.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

- ҳифзи иҷтимоии беморон ва маюбони сил таъмин карда шавад

Вазорати молия

- Маблағгузории ташхис, табобат ва пешгирии бемории сил таъмин карда шавад.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ

- Бо назардошти шароитҳои маҳаллӣ "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003- 2010" мутобиқ гардонида шуда, чораҳои зидди бемории сил аз буҷаи маҳалли маблағгузорӣ карда шавад.

Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ

- Ҷойҳои кори беморони мубталои сил нигоҳ дошта шавад.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Дар телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани барномаи алоҳида, оиди пешгирии бемории сил дар байни аҳолӣ.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

- Дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои бемории сил, ҳар як шахс вазифадор аст, ҳарчи зудтар ба муассисаи муолиҷавӣ барои ташхиси ва табобати саривақти муроҷиат намояд.

Ҳамкории байналмиллалӣ:

- бо вазоратҳои тандурустии ДММ оид ба мубодилаи иттилоотҳо ва ҳамкории илмӣ:

- бо Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ - оид ба ёрии техникӣ, молиявӣ ва маслиҳатӣ;

- бо намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон оиди мубодилаи иттилоот бо давлатҳои Аврупо ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ - Хазинаи глобалӣ оиди мубориза бар зидди бемории вараҷа, сил ва СПИД, СОРОС, ЮСАИД , ёрии техникию таълимотӣ.

Қисми иқтисодӣ

Амали намудани "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010", ки ба паст намудани сатҳи бемории сил, кам намудани фавт аз ин бемори, кам намудани шумораи беморони сили ба доруҳои зидди сили устувор равона карда шудааст. Танҳо дастгирии молиявии ҳамаи узвҳои он аз ҷониби давлат ва манбаҳои беруна амали гаштанаш мумкин аст.

Маблағ барои харидории маводҳои техникӣ, ташхисӣ, дорувор, ҷиҳозоти тиббӣ, нақлиёт, барои гузаронидани чораҳои табобатию пешгирӣ, ахборот ва мониторинг.

Маблағ барои амалӣ намудани чораҳои зерин лозиманд:

1. Харидории дастгоҳҳо, асбобҳои тиббӣ ва маводҳои ташхиси (замимаи 2);

2. Таъмини доруворӣ ( замимаи 3);

3. Сохтмон ва таъмири муассисаҳои зиди силӣ;

4. Ба сохторҳои ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо лозим аст, ки барои дар навбати аввал таъмин намудани беморони гирифтори сили шакли гузаранда дошта, ки барои атрофиён хавфи сирояти дорад бо манзили алоҳида таъмин карда шаванд.

5. Харҷи молиявӣ дар як сол 818125 дол. ШМА дар 8 сол 65445000 дол. ШМА ташкил медиҳад.

Шаклҳои робита

Ҳамкориҳои дохили: бо стансияҳои санитарию эпидемиологӣ, муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ, муассисаҳои илмӣ, илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои маҳаллии мубориза бар зиди бемориҳои сил (вилоятӣ, шаҳрӣ. ноҳиявӣ), дар назди Вазорати тандурусти Шӯрои ҳамоҳангсози ташкил карда шудааст.

Ҳамкориҳои беруна:

- бо вазоратҳо, идораҳо ва дигар ташкилотҳо, ки барои амали намудани "Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010" манфиат доранд. Барои кори пурмаҳсули онҳо Кумитаи ҳамоҳангсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.