Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2008, № 232 "Дар бораи ба баланси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани амволи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нафтрасон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба баланси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани амволи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нафтрасон"

Мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 89 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қарор мекунад:

1. Амволи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нафтрасон" ба баланси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

2. Банди 32 замимаи 3 Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 "Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007" тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба қабулу супоридани амволи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нафтрасон"-ро таъсис дода, супоридани амволи Ҷамъиятро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъмин намояд;

- ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2008 № 232

ш. Душанбе