Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008
№ 191 тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ ба амал мебарорад.
2. Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.
3. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар корхонаю муассисаҳо анҷом медиҳад.
4. Вазорат вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ;
- таҳияи барномаҳо ва дурнамои истеҳсолот, ки истифодаи самараноки иқтидори кишоварзии мамлакатро таъмин менамоянд;
- ташкили мониторинги истеҳсолот ва даромаднокии истеҳсолоти кишоварзӣ, муайян намудани тамоюлҳои рушд;
- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо, меъёрҳо, нормативҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ;
- мониторинги риояи стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо, меъёрҳо, гузаронидани таҳлили нишондиҳандаҳои асосии омории истеҳсолоти кишоварзӣ;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани назорати воридот, содирот, истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти кишоварзӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба рушди корҳои сслексионӣ, тухмипарварӣ, дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ, ҳифзи растаниҳо, истифодаи пестисидҳо ва дигар заҳрхимикатҳо дар мубориза бо зараррасонҳои кишоварзӣ, механизатсия, таъмини рушди истеҳсолоти кишоварзӣ. аз ҷумла пахта ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ;
- дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, таҳияи тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот, иҷрои корҳои кишоварзӣ;
- баҳодиҳии комплексӣ ва пешгӯии вазъи кишоварзӣ, таъмини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ бо иттилооти дахлдор;
- дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои ӯҳдадориҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок дар конвенсияҳои байналмилалӣ ва шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ ба ӯҳдаи худ гирифтааст;
- мусоидат ба ҷалби инвеститсияҳо ба соҳаи кишоварзӣ.
II. Ваколатҳо
5. Ба зиммаи Вазорат ваколатҳои зерин гузошта шудаанд;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои дарозмуддат, миёнамуддат ва кӯтоҳмуддати рушди соҳаи кишоварзӣ;
- расонидани кӯмаки методию ташкилӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷм ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, таҳияи тавсияҳо оид ба ҷорӣ намудани усулу тарзҳои нав ва самарабахши истеҳсолот, селексияи растаниҳо, парвариши чорвои зотӣ, парранда, моҳӣ, занбӯри асал, истифодаи техникаи замонавӣ, пестисидҳо ва воситаҳои дигари муҳофизати растаниҳо;
- гузаронидани мониторинги вазъи ҷории истеҳсолот ва хароҷоти қиёсии корхонаҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, даромад ва зарар;
- таҳияи тадбирҳое, ки ба ташаккул ёфтани бехатарии озуқавории мамлакат, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд;
- ҳамоҳангсозии корҳои тухмипарварӣ, муайян ва минтақабандӣ намудани навъ ва намудҳои серҳосилтарин ва сифатноктарини зироатҳои кишоварзӣ, чорвои зотӣ, моҳӣ, парранда ва занбӯри асал, таҳияи усулҳои парвариши онҳо ва пешниҳоди тавсияҳои дахлдор ба корхонаҳои кишоварзӣ, фароҳам овардани шароит барои мутобиқи эҳтиёҷот таъмин намудани истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ бо маводи босифати тухмӣ, кӯчат, ниҳол, моҳича, оилаи занбӯр ва ҷавонаҳои чорвои зотӣ;
- таҳияи пешниход ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ ва сармояҳои ҷалбгардидаи барои корхонаҳои кишоварзӣ ҷудогардида, мониторинги истифодаи самараноки онҳо, таҳияи пешниҳодот ҷиҳати баланд бардоштани таъминоти бозори дохилӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти бахши кишоварзӣ;
- таҳияи пешниҳод оид ба такмили сохтори идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ, оид ба фароҳам овардани шароитҳои мусоиди бозорӣ (ташкилӣ, содиротию воридотӣ, андозбандӣ, мелиоративӣ, нақлиётӣ, қарзӣ ва дигар), кам намудани талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ;
- ҷалб намудани сармоягузории хориҷию ватанӣ барои рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ ва рақобат, ташаккули бозори дохилии истеҳсолоти кишоварзӣ;
- ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи замин, заҳрхимикатҳо, нуриҳои маъданӣ ва технологияҳои муосир;
- таъмин намудани риояи талаботи карантини растанӣ ва ҳайвонот, фитосанитарӣ ва коркарди химиявии онҳо;
- бо тартиби муқарраргардида гузаронидаи озмоиши давлатии навъҳои зироатҳо ва зоту ҷинсҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, хифзи ҳуқуқи муаллифии селексионерҳо, додани шаҳодатномаи муаллифӣ ва патентҳо барои дастовардҳои селексионӣ, таҳияи пешниҳод ҷиҳати минтақабандии зироатҳо ва ҳайвоноти кишоварзӣ, пешбурди феҳристи давлатии зироатҳо ва ҳайвоноти кишоварзӣ, ки барои парвариш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд;
- таъминоти методӣ, иттилоотӣ ва машваратии мақомоти идораи давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорие, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд;
- дар якҷоягӣ бо Агенти стандартизатсия, метеорология сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани сертификати мутобиқати сифат ва маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ;
- таъмини рушд ва такомули хизматрасонии истеҳсолию техникӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии олоту техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизоти фермаҳои чорводорӣ;
- мутобиқи аҳдномаҳои лизингӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудани техникаи нави кишоварзӣ;
- иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии кадрӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- амалӣ намудани фаъолияти байналмилалӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ;
- омода ва нашри ҳарвақтаи маърӯзаҳо ва ҳисоботи миллӣ оид ба вазъи кишоварзӣ;
- таҳия ва таъмини иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии мақсадноки рушд ва барқарорсозии соҳаҳои кишоварзӣ, якҷоя бо мақомоти дахлдор иштирок намудан дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва минтақавии вобаста ба масъалаҳои кишоварзӣ;
- таҳия ва тасдиқи самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ва лоиҳавию ҷустуҷӯӣ (аз ҷумла ташкил ва гузаронидани онҳо), бунёди технологияи нави пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ;
- дар доираи салоҳияти худ иҷро намудани фармоиши давлатӣ ва таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ;
- дар масъалаҳои ба салоҳияташ дахлдор таҳия ва тасдиқ намудани тавсияҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва усулӣ оид ба кишоварзӣ, инчунин стандартҳои соҳа (бо қайди минбаъдаи давлатии онҳо мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- бо тартиби муқарраршуда амалӣ намудани ҳамоҳангсозии ташкил ва таъмини фаъолияти системаи комплексии мониторинги кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- бо тартиби муқарраршуда иштирок дар ташкили захираи давлатии иттилоотӣ, ки маълумоти вазъи кишоварзӣ, захираҳои истеҳсолӣ ва истифодаи онҳоро дар бар мегирад, инчунин иштирок дар ташкили системаҳои иттилоотӣ;
- дар доираи салоҳияти худ иҷро намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бо тартиби муқарраршуда бастани шартномаҳои байналмилалӣ ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иштирок дар ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, андозбандӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ;
- мувофиқа намудани ҷойгиршавии хоҷагиҳои давлатӣ ва дигар иншооти давлатии таъиноти кишоварзӣ;
- расонидани кӯмаки техникию методӣ ба корхонаҳо, субъектҳои хоҷагидор дар бунёд ва парвариши ниҳолҳзорҳои муҳофизатии ҷангалӣ ва ташкили гармхонаҳо;
- иштирок дар ташкили системаи умумии доимоамалкунандаи тарбия ва маърифати кишоварзии аҳолӣ, ба роҳ мондани корҳои таблиғоти дониш дар соҳаи кишоварзӣ бо дигар вазорату идораҳо, инчунин шаҳрвандон.
6. Вазорат мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои фаъолияти асосии зеринро таъмин менамояд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоҳо дар системаи ягонаи соҳаи кишоварзӣ;
- дархости ахбор аз вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва хоҷагиҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ доир ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти худ мувофиқи тартиботи муқарраргардида;
- ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси шӯроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва дигар шӯрою комиссияҳо, коллективҳои муваққатии илмӣ (эҷодӣ), гурӯҳҳои ташхисӣ ва корӣ;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани дархостҳо барои маблаггузории татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои давлатӣ ва маблағгузории фаъолияти ғайритиҷоратии муассисаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ;
- иштирок дар таҳия ва ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, андозбандӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ;
- гузаронидани аудит ва ба мақомоти молиявии дахлдор пешниҳод намудани хулосаҳо оид ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетии ҷудошудаи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тобеи Вазорат;
- бо тартиби муқарраргардида муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, бо мақомоти идораи истеҳсолоти кишоварзии давлатҳои хориҷӣ бастани шартномаҳои байниидоравӣ, анҷом додани муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, амалӣ намудани экспертизаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва шартномаҳо оид ба истеҳсолоти муштараки маҳсулоти кишоварзӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳое, ки дар тобеи Вазорат қарор доранд;
- дар доираи маблағҳои буҷетии ҷудошуда анҷом додани фармоишҳо барои иҷрои корҳои экспертӣ, лоиҳакашӣ, илмию тадқиқотӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ;
- иштирок дар таҳия ва тасдиқи ҳисоботи давлатии омории соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва пешниҳод кардани маълумот;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
III. Фаъолияти ташкилӣ
7. Вазоратро бо тартиби муқарраргардида Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
Вазир муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Тақсими ӯҳдадориҳо байни муовинони Вазир бо фармони Вазир анҷом дода мешавад.
8. Дар Вазорат ҳайати мушовара иборат аз Вазир (раис), муовинони Вазир ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ташкил карда мешавад. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз Вазир ва муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармонҳои Вазир амалӣ карда мешаванд.
9. Вазир:
- барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардида ва амалисозии сиёсати давлатии соҳа масъулияти шахсӣ ба ӯҳда дорад;
- роҳбарии умумии фаъолияти Вазоратро ба амал бароварда, кори онро ташкил медиҳад, ҷиҳати иҷрои корҳо фармон содир мекунад;
- доираи маъсулияти муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардида, муқаррар мёнамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорат раёсатҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияхо инчунин оинномаҳои корхонаву муассисаҳо ки бо замимаи 4 тасдиқ шудаанд (ба истиснои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг") тасдиқ менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида кормандони Дастгоҳи марказии Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони хадамот, ки дар Нақшаи идоракунии Вазорат пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" таклиф пешниҳод менамояд;
- бо пешниҳоди роҳбарони хадамот ва ташкилотҳои системаи Вазорат, муовинони онҳо ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳбарони мақомоти маҳаллии системаи худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- дар доираи шумораи кормандон, сохтор, фонди музди меҳнати кормандонро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон муқаррар менамояд, инчунин ҷадвали воҳиди корӣ, сметаи хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи марказии Вазорат ва корхонаҳои тобеи худро тасдиқ мекунад;
- нақшаи кории ҳарсола, нишондиҳанда ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти сохторҳои системаи Вазорат, ташкилоту мақомоти вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мекунад;
- ҳайати мушовараро роҳбарӣ менамояд;
- кормандони шоистаро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд;
- дигар ваколатҳои барои Вазорат муқарраргардидаро анҷом медиҳад.
10. Барои ҳалли масъалаҳои илмию техникӣ дар назди Вазорат Шӯрои илмию техникӣ ташкил мешавад, ки роҳбарии Шӯро ба ӯҳдаи Вазир гузошта мешавад.
11. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи худ, бланкҳо, мӯҳрҳо ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.
12. Суроғаи ҳуқуқии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанбе хиёбони Рӯдакӣ 44.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008 № 191
тасдиқ шудааст
СОХТОРИ Дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 08.10.2012 № 570)
Роҳбарият
Раёсати растанипарварӣ
Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ
Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ
Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ
Раёсати молия ва муҳосибот
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ
Раёсати корҳо
Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ
Шӯъбаи сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ
Шӯъбаи матбуот ва иттилоот
Шӯъбаи аудити дохилӣ ()
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008 № 191
тасдиқ шудааст
НАҚШАИ идоракунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти назорати давлатии байторӣ
Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ
Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ
Раёсатҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008 № 191
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташкилотҳои истеҳсолию тиҷоратӣ
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, паррандаҳо, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати паррандапарварии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати меваю сабзавотпарварии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон"
Хориҷ карда шуд
Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ "Асали Тоҷикистон"
Хориҷ карда шуда
Хориҷ карда шуд
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар "Тоҷикниҳолпарвар"
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикдеҳқоншифо"
Корхонаи воҳиди давлатии "Идораи рӯзномаи "Табиат ва ҳаёт" ва маҷаллаи "Кишоварзӣ ва ҳифзи табиат"
Корхонаи воҳиди давлатии "Мадад"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"
Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии "Мубориза бар зидди малах"
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатаи ҷумҳуриявии "Асппарвар" ()
Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии "Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию тадқиқотии меҳнат"
Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ"
Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар"
Муассисаи давлатии "Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ" ва муҳофизати навъҳо"
Муассисаи давлатии "Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон"
Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво
Муассисаи давлатии "Зотпарвар"
Муассисаи давлатии "Трести чарогоҳу мелиоративӣ"
Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ
Муассисаи давлатии "Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ"
Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ
Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008
№ 191 тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009 № 139, аз 29.04.2009 № 277)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ ба амал мебарорад.

Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинӣ
Раёсати молия ва муҳосибӣ
Раёсати чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ
Раёсати илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ
Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ
Раёсати сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ
Раёсати корҳо
Шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ()
Шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
Шӯъбаи аудити дохилӣ
Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008
№ 191 тасдиқ шудааст
НАҚШАИ идоракунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти назорати давлатии байторӣ
Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ
Бозрасии назорати давлатии тухмӣ
Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ
Раёсатҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2008
№ 191 тасдиқ шудааст
НОМГӯИ ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташкилотҳои истеҳсолию тиҷоратӣ
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, паррандаҳо, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати паррандапарварии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Саноати меваю сабзавотпарварии Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Дафтари хизматрасонии биноҳои маъмурӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ "Асали Тоҷикистон"
Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии ҷумҳуриявии "Шамъ"
Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашри "Кишоварз"