Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 601
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 601 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Ба банди 6 сархати якум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"-таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиа;";
2. Ба банди 7 сархатҳои нав дар таҳрири зайл илова карда шаванд:
"- консепсия ва нақшаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;
- дар асоси намояндагӣ барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти (комиссияҳои) ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва Шӯрои ҳарбии фармондеҳи навъи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла байниидоравӣ таъсис диҳад, ҳангоми зарурат бо тартиби муқарраргардида мутахассисонро ҷалб менамояд.".
3. Дар сархати сенздаҳуми банди 10 баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ҳамчунин роҳнамо, дастурамал ва қоидаҳои танзимкунандаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро" илова карда шаванд;
4. Дар сархати чоруми банди 11 пас аз калимаҳои "фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои ", ҳамчунин сардори Раёсати разведкаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...