Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2008 № 451
тасдиқ шудааст
Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шароити ҷаҳонишавии иттилоотии иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, минтақабандии он, ки шаклҳои бештари хушдордиҳандаи таъсири иттилоотиро касб мекунад, зарурати нигоҳдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, таъмини амнияти онҳо аз тариқи таҳияи ҳуҷҷати консептуалии муайянкунандаи сиёсати давлатӣ дар ин соҳа - консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ (минбаъд Консепсия) ба миён омадааст.
Сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатии хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатиро дар соҳаи иттилоот муайян менамояд.
Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи назариёти расмии давлат ба мақсад, вазифа, усулҳо ва самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи иттилоот мебошад.
Консепсия мақсаду вазифа ва объектҳои сиёсати иттилоотии давлатӣ, самт ва механизмҳои асосии амалӣ намудани онро ҷиҳати таъмини рушди сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккул ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешомади наздик муайян менамояд.
Консепсия ба таъмини идоракунии босамари давлатӣ бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию тахлилии муосири дастгирии қабули қарорҳои идоракунӣ, рушди устувори иқтисодӣ, афзалиятнокии манфиатҳои давлатӣ ва амнияти миллӣ равона карда мешавад.
Заминаи ҳуқуқии Консепсияро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма", "Дар бораи иттилоотонӣ", "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ", "Дар бораи иттилоот", "Дар бораи ҳифзи иттилоот", "Дар бораи имзои электронии рақамӣ". Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон", Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадхои меъёрии ҳуқуқие, ки соҳаи иттилоотию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунанд, ташкил менамоянд.
Объектҳои сиёсати иттилооти муносибатҳои иттилоотии ҷамъиятӣ ё муносибатҳои байни субъектҳое, ки ба ҷамъоварӣ, ташаккул, таҳлил, интишор ва истифодаи иттилоот ба манфиати шахсият, ҷомеа ва давлат машғуланд, яъне воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва амнияти иттилоотӣ мебошанд.
Субъектҳои сиёсати иттилоотӣ шахсони ҳуқуқӣ (мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибони воситаҳои ахбори омма ва ғайра), шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлат мебошанд.
I. Муқаррароти асосии Консепсия
1.1. Сиёсати давлатии иттилоотӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма, унсурҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилооти дастраси умум, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи амнияти миллиро дар бар мегирад.
Сиёсати давлатии иттилоотӣ маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ташкилии давлат аст, ки ҳадафи он таъмини ҳуқуқи конститутсионии дастёбии шаҳрвандон ба иттилоот мебошад. Он манфиатҳои шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратиро инъикос менамояд ва ба инобат мегирад.
Консепсия ба эътирофи принсипҳои шаффофият, баробарии манфиатҳо, системанокӣ, самтгирии иҷтимоӣ ва дастгирии давлатӣ, ки дар Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян гардидаанд, асос ёфтааст.
Ҳадафи стратегии дарозмуддати сиёсати иттилоотӣ бунёди ҷомеаи демократии иттилоотӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад.
Сиёсати иттилоотӣ масъалаҳои гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба марҳилаи сифатан нави идоракунӣ тавассути таъмини ҳамаи иштирокчиёни сиёсати иттилоотӣ бо иттилооти саривақтӣ, пурра ва мӯътамад, бо роҳи ислоҳоти пайдарпаи истеҳсолоти иттилоотӣ дар системаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ҳал менамояд.
Сиёсати иттилоотӣ ин қобилият ва имконияти таъсиррасонии субъектҳои сиёсат ба шууру зеҳни одамон, рафтору фаъолияти онҳо тавассути иттилоот ба манфиати давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
1.2. Миқдор, сифат ва дастрасии захираҳои иттилоотӣ аз бисёр ҷиҳат сатҳи тараққиёти мамлакат, мавқеи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян менамоянд ва бешубҳа нишондиҳандаи асосии ин мавқеъ дар даҳсолаҳои аввали асри XXI мегарданд.
Бинобарин самтҳои стратегии сиёсати давлатии иттилоотӣ чунинанд:
- ташкил, рушд ва таъмини амнияти захираҳои давлатии иттилоотӣ;
- истифодаи васеи технологияҳои иттилооти дар идоракунии давлатӣ ва дар идораи системаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ғайра;
- эҷод, дастгирӣ ва такмили нуфузи иттилоотии Тоҷикистон бо роҳи истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ;
- ҳифзи манфиатҳои иттилоотии давлат, таъмини амнияти иттилоотии давлат, дифоъ аз ҳамлаҳои иттилоотӣ, таҳдидҳо ва амалиёти дигар, бартарафсозии онҳо;
- воридшавӣ ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ.
1.3. Вазифаҳои афзалиятноки давлат дар татбиқи Консепсия инҳоянд:
- ташкили механизми самаранок ва такмили идоракунии давлатии захираҳои иттилоотӣ;
- таъмини талаботи иттилотии ҷомеа ва афрод;
- ташкили заминаҳои иттилоотии рушди ҷамъиятии устувор ва босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳалли масъалаҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ бо роҳҳои зерин ба даст меоянд:
- иттилоотонии сохторҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмону муассиса ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият;
- ташкил ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии давлатӣ ва таъмини дастёбии васеъ ва озод ба онҳо, инчунин таъмини шаҳрвандон бо иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ;
- рушди воситаҳои ахбори оммаи мустақили дорои тамоюли иҷтимоӣ;
- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии бунёди ҷомеаи иттилоотӣ. Заминаи идоракунии иттилоотии давлат ва бунёди ҷомеаи кушодаро захираҳои иттилоотӣ, яъне маҷмӯи маълумоте, ки дар раванди рушд ва фаъолияти амалии одамон барои истифодаи гуногунчанбаи он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва идоракунӣ андӯхта мешавад, ташкил менамояд. Захираҳои иттилоотӣ ҳамчун захираҳои моддӣ иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии давлатро муайян менамоянд. Захираҳои иттилоотӣ такрористеҳсолшаванда буда, метавонанд объектҳои воридоту содирот, рақобат, инчунин объектҳои тасарруфи сиёсӣ ва иқтисодӣ бошанд.
Эҷоди стратегияи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ аз таҳлили вазъи воқеии захираҳои иттилоотии вобаста ба заминаҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии давраи гузариш бармеояд ва дорои хусусиятҳои зерин мебошад:
- номувофиқии сатҳи рушди инфраструктураҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба талаботи ҷомеа;
- набудани маблағгузории буҷетии захираҳои иттилоотии мавҷуда ва бунёди захираҳои иттилоотии нав;
- вуҷуд надоштани саноати истеҳсоли воситаҳои техникӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ, вобастагии бозори иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои техникии инхисороти ҷаҳонӣ ва мутобиқан ба ин - набудани заминаи маҳаллии васли таҷҳизоти электронӣ, аз ҷумла комютерҳо, аз ҳисоби қисмҳои воридотӣ;
- набудани системаи омӯзиши муттамарказ ва ташаккули афкори омма тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
- таҳия нашудани заминаи ягонаву томи ҳуқуқӣ ва маъноии майдони иттилоотӣ;
- сатҳи нокифояи муҷаҳҳазгардонии иттилоотию коммуникатсионии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ;
- мавҷуд набудан ё инкишофи сусти шабакаҳои минтақавӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ.
Хусусияти вазъи кунунии захираҳои иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи пасти рушд ва дар марҳалаи андӯхтан, танзим ва ташаккул қарор доштани онҳо мебошад. Заминаҳои маълумоти мавҷуда, маҷмӯаҳои иттилоотии электронӣ, хазинаҳои китобхонаю бойгониҳо ва ғайра аз маҳсулоти барномавии аз хориҷа харидоришуда дар асоси барномаҳои мутобиқгардонидашуда бунёд ёфтаанд. Дараҷаи истифодаи захирҳои иттилоотӣ барои таъминоти талаботи ҷомеаи Тоҷикистон бо сабаби арзиши хеле зиёди захирҳои тиҷоратӣ барои истифодан оммавӣ, вуҷуд надоштани дастгоҳи маълумотдиҳӣ ва васоити раҳнамои захираҳои иттилоотӣ ва ғайра ниҳоят дар сатҳи паст қарор дорад.
Яке аз шартҳои зарурии рушди фазои иттилоотӣ компютерикунонии оммавӣ (хонагӣ) мебошад, ки имконияти густариши фазои иттилоотӣ ва дастёбии васеъ ба захираҳои иттилоотиро таъмин намуда, заминаи муоширати аҳолиро бо ҳокимият фароҳам меорад.
Сиёсати иттилоотӣ ба таъмини дастрасии табақаҳои васеи аҳолӣ ба иттилооти воқеӣ оид ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ, ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, санад ва меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсии шаҳрвандон, инчунин робитаи мустақим ва мутақобилаи байни ҷомеа ва мақомоти ҳокимият равона шудааст. Бо дарназардошти муҳимии ин самт, якҷоя бо ин воситаҳои ахбори оммаи анъанавӣ, хусусан рӯзнома, телевизион ва радиои маҳаллиро ривоҷ додан зарур аст.
II. Роҳҳои татбиқи Консепсия
2.1. Татбиқи Консепсия аз хусусиятҳои мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аст. Дар Тоҷикистон бозори технологияҳо, маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотию коммуникатсионӣ тадриҷан ташаккул ёфта, шумораи компютерҳои шахсӣ ва муштариёни шабакаҳои озоди ҷаҳонӣ меафзояд. Шабакаи миллии алоқа ва шабакаи моҳворавӣ босуръат вусъат меёбад ва таъминоти аҳолӣ бо воситаҳои мобилии алоқа амалӣ мегардад. Иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши бонкӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт, алоқа, маориф, фарҳанг ва ғайра идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз маблағҳои кофӣ ва имконияти истеҳсолӣ барои тавлид ва рушди мустақили инфраструктураи иттилоотию коммуннкатсионии миллиро дар ихтиёр надошта, бо ин технология ва маҳсулоти барномавии кишварҳои дигарро ҷалб менамояд. Чунин вазъ андешидани тадбирҳои таъҷилиеро тақозо менамояд, ки ба рушди афзалиятнок ва ҳифзи захираҳои иттилоотии кишвар дар шароити васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ равона карда мешаванд.
2.2. Дар раванди татбиқи Консепсияи мазкур оид ба рушди инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияю снстемаҳои иттилоотӣ ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии иттилоотӣ танзими давлатӣ нақши асосиро мебозад. Танзими давлатӣ самтҳои зеринро дар бар мегирад:
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки амалисозии муқаррароти асосии Консепсияро таъмин менамоянд;
- маблағгузории буҷетии системаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, таъминоти иттилоотӣ ва захираҳои иттилотии мақомоти ҳокимият, ҳифзи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии афзалиятнок;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсолкунандаи ватанӣ ҷиҳати рушди бахши хизматрасонии иттилоотии гуногунҷабҳа ба аҳолӣ, аз ҷумла ташкил намудани системаи тиҷорати электронӣ, иттилоотонии рӯзгор ва фароғат;
- таҳияи тадбирҳо ҷиҳати рушди компютеркунонии оммавӣ (хонагӣ) ва амалӣ намудани онҳо;
- мушаххасан муайян намудани ваколатҳо оид ба татбиқи сиёсати иттилоотӣ миёни мақомоти ҷумҳуриявиву маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти худидораи маҳаллӣ аз тариқи танзими қонунгузорӣ ва меъёрии воситаҳои ахбори омма ва иттилоотонӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ташаккул ва рушди фазои иттилоотӣ, аз ҷумла муайян намудани сохторҳои ташкилӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият барои иҷрои ин вазифа;
- ташкили системаи мушоҳидаи (мониторинги) вазъ ва фаъолияти инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионии давлатӣ;
- муайян намудани сиёсати давлатӣ нисбат ба харидории давлатӣ ва истифодаи техника ва маҳсулоти барномавии воридотӣ, интихоби кушода ва озоди технология дар асоси озмун ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои давлатии иттилотонӣ;
- ташкил ва рушди системаи мутамаркази давлатии тарбияи кадрҳои илмӣ ва муҳандисӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.
Ташаккули фазои иттилоотӣ компютерикунонии васеи равандҳои коркарди иттилоот дар тамоми соҳаҳои фаъолият ва истифодаи фаъоли системаҳои коммуникатсионии мубодилаи иттилоотиро талаб менамояд.
2.3. Зарурати қонеъ гардондани талаботи иттилотии давлат ва ҷомеа нақши махсуси воситаҳои ахбори оммаро муайян менамояд. Онҳо амалан имкониятҳои номаҳдуди пешбурди сиёсати иттилоотию психологӣ ва нуфузи иттилоотии давлатро доранд.
Вазифаи асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ нисбат ба воситаҳои ахбори омма татбиқи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие мебошад, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд.
Тахия ва татбиқи шаклу усулҳои муосири кор бо воситаҳои ахбори омма ба ташаккул, рушд ва интишори арзишҳои маънавии ба манфиатҳо ва анъанаҳои фарҳангию таърихии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ боис мегарданд. Воситаҳои ахбори омма бояд ба баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳо ва фарҳанги миллии асили Тоҷикистон мусоидат кунанд.
Барои ҳалли ин масъалаҳо ҳимояи давлатии воситаҳои ахбори омма ниҳоят муҳим буда, ба онҳо имконият медиҳад, ки ҳамчун воситаи воқеии ташкили муносибатҳо байни аҳолӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, инъикосгари манфиатҳои давлат, тиҷорат, рушди фарҳанг ва воситаи робитаи байни онҳо хизмат намоянд.
Воситаҳои ахбори оммаи муосир на танҳо рӯйдодҳои ҷаҳониро ба таври фаврӣ инъикос менамоянд, балки бештар бо таҳлили иттилоот, саракунии пешакӣ ва мақсаднок ҷудо карда гирифтани он машғуланд. Ба туфайли ин воситаҳои ахбори омма воситаи пуриқтидори таъсиррасонӣ ба шуури одамон мебошанд.
Ҳоло гиреҳи бисёр масъалаҳои ҳалталабе, ки бо озодии дастрасии журналистон ба иттилоот, бо ҳифзи ҳуқуқии сирри шахсӣ дар воситаҳои ахбори омма, ҳифзи шаҳрванд ва ҷомеа аз иттилооти бардурӯғ ва беинсофонаи тариқи воситаҳои ахбори омма интишоршаванда алоқаманданд, кушода нашудаанд. Воситаҳои ахбори омма вазифаҳои маърифатӣ ва вазифаҳои нигоҳдориву рушди фарҳанги миллиро ба пуррагӣ иҷро наменамоянд.
Ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии чӣ ҷумҳуриявӣ ва чӣ маҳаллӣ низ масъалаи ҳалталаби муҳим аст. Барои табақаҳои васеи аҳолӣ дастрасии иттилооти воқеиро дар бораи рафти ислоҳоти иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, санаду меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ва хусусии шаҳрвандонро ба танзим медарорад, таъмин намудан зарур аст. Масъалаи марказҳои иттилоотии махсусро, ки ба ҳайси миёнарави сохторҳои ҳокимият ва аҳолӣ хидмат мекунанд, ҳал намудан лозим аст.
Ғайр аз ин, танзими давлатии матбуот, воситаҳои ахбори оммаи чопӣ (рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, агентиҳои иттилоотӣ) ва электронӣ (телевизион, радио, сайтҳои интернетӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамдигар ҷудоанд (Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио). Ин ба ҳамоҳангсозии самараноки фаъолияти матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар амалигардонии сиёсати иттилоотии давлатӣ монеъ шуда метавонад.
Дар асоси вазъи бавуҷудомада, муқаррароти консептуалии номбаршуда ва бо дарназардошти таҷрибаи дар ин соҳа андӯхташуда тадбирҳои аввалиндараҷаи сиёсати иттилоотии давлат дар ин самт инҳоянд:
- таъсиси мақомоти ягонаи идораи давлатӣ оид ба танзими фаъолияти матбуот, телевизиону радио, коммуникатсияи омма бо дарназардошти татбиқи ислоҳоти системаи идораи давлатӣ;
- қабул ва амалӣ намудани Барномаи фарогирии пурраи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои телевизион ва радиоҳои давлатии ҷумҳуриявиву маҳаллӣ;
- роҳ надодани тобеъгардонии воситаҳои ахбори омма ба манфиатҳои вазъии ҳокимият, тиҷорат, гурӯҳи шахсон ва имконияти таъсиррасонии онҳо ба воситаҳои ахбори омма (фишори бевосита, таъмини воситаҳои ахбори омма бо иттилооти нопурра, номуайян, тағйирдодашуда ё бардурӯғ, фиреби маҳз, пешгирии пурзӯр шудани таъсироти вазъӣ ба воситаҳои ахбори омма ва ғайра);
- такмили қонунгузорӣ дар қисми кафолати озодии сухан ва иттилоот, интишори озоди иттилооти оммавӣ, роҳ надодан ба таблиғи зӯроварӣ ва тахаммулнопазирӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, таъмини гуногунандешӣ дар воситаҳои ахбори омма, дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, роҳнамоии воситаҳои ахбори омма ба усулҳои бунёдии сиёсати иттилоотӣ;
- роҳ надодан ба табдили воситаҳои ахбори омма ба олоти истифодаи ғаразноки технологияҳои таъсиррасонии иттилоотӣ ба аҳолӣ, барномакунонии муҷаддади одам, фосиқшавии маънавӣ ва фасоди ахлоқии ӯ, пешгирии найрангбозии иттилоотӣ, ки эҳсосоти тангназарона, нигилистӣ ва дигар эҳсосоти барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайри қобили қабулро ташаккул медиҳад;
- муқовимат ва бартарафсозии ҳамла ва ғасби иттилоотию психологӣ ва иттилотию фарҳангӣ ва дигар амалҳои тахдидовар;
- фароҳам овардани шароити ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва технологӣ барои аз ҷониби воситаҳои ахбори омма самаранок иҷро шудани вазифаи расондани иттилооти воқеӣ ба аҳолӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ ва давлат;
- танзими ҳуқуқии ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи иттилоотӣ;
- таҳияи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои давлат, ҷомеа ва афроди алоҳидаро таъмин менамоянд;
- ҳалли масъалаҳои рушди фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявиву маҳаллии давлатӣ, мавқеъгирӣ нисбат ба воситаҳои ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ;
- таъмини таҳрири ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда дар соҳаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма мувофиқан бо тағйирёбии шароити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- риояи қатъии меъёрҳои луғавии забони давлатӣ, роҳ надодан ба вайронкунии онҳо, талқини эҳтироми онҳо дар воситаҳои ахбори омма.
2.4. Бо дарназардошти густариши рӯзафзуни шабакаҳои компютерӣ, хусусан Интернет, таъсири маводи шабакавӣ ба афкор ва шуури омма, истифодаи самараноки ин фазои иттилоотӣ ба шохаи муҳими сиёсати иттилотии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад. Дар ин самт сиёсати иттилоотӣ ба ҳалли вазифаҳои зерин равона карда мешавад:
- ҳавасмандкунии ташкил ва рушди шабакаҳои соҳавин миллӣ ва системаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла фаъолияти он провайдерҳое, ки дастрасии интернетро таъмин намуда, ба истифодабарандагон аз гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ эҳтиёҷманди аҳолӣ имтиёзҳо медиҳанд;
- таҳияи сиёсати давлатӣ оид ба васеъ намудани домени tj;
- дастгирии технологияҳои интернетӣ ва соҳибкорӣ дар қисми тоҷикистонии Интернет;
- густариши ҳузури мақомоти давлатӣ дар Интернет аз тариқи истифодаи шаклҳои гуногуни шабакавӣ (сайтҳо, порталҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра);
- таъмини ташкили робитаи тарафайн бо аҳолӣ, таъсис ва рушди бахши тоҷикистонии Интернет барои хизматрасонии электронӣ ба аҳолӣ;
- такмил ва рушди системаи қонунгузории иттилоотӣ ва фишангҳои амалисозии он, ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар сохаи иттилоотӣ.
Сиёсати иттилоотӣ ҳамчунин бояд захираҳои дигар системаҳои иттилоотиро истифода барад. Барои комилан татбиқ намудани сиёсати иттилоотӣ муҳим аст:
- тақсими ваколатҳо оид ба соҳибӣ ва ихтиёрдории захираҳои иттилоотии давлатӣ дар байни мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ;
- таҳия ва такмили таъмини меъёрии ҳуқуқӣ, молиявию иқтисодӣ ва ташкилии системаи идоракунии захираҳои иттилоотӣ ва фишангҳои татбиқи он;
- бунёди феҳристи давлатии хизматрасониҳои давлатие, ки тавассути воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъминоти барномавии махсусгардондашудаи умдаи дохилиидоравӣ расонда мешаванд;
- ҳалли масъалаҳои рушди инфраструктураҳои истеҳсол ва ба аҳолӣ пешкаш намудани маҳсулоту хизматрасонии иттилоотӣ;
- қабули меъёрҳои ягонаи мақбули нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди иттилоот, заминаи амалиётии мустақили ягонаи таъминоти барномавӣ;
- харидории системаҳои иттилоотию таҳлилии қобили қабул ва мутобиқгардонии онҳо дар соҳаи ҷамъоварву интишори иттилооти илмию техникӣ ва илмию оммавӣ;
- таъсис ва такмили захираҳои иттилотии маърифатию фарҳангии дастраси умум ва технологияи дастрасӣ ба онҳо (манбаъ ва бонкҳои иттилоотӣ, бойгониву китобхонаҳои электронӣ ва ғайра), иттилоотонии муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ, идораҳои матбуоти даврӣ, нашриётҳо, ба таври васеъ ҷорӣ намудани воситаҳои полиграфии электронӣ ба амалияи табъу нашр;
- ташкили шабакаҳо ва марказҳои маърифатии махсусгардонидаи бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир (барномаҳои таълимии компютерӣ, телевизиони кабелӣ ва моҳворавӣ, таҷҳизоти мултимедиавӣ ва ғайра) ҷиҳозонидашуда, истифодаи имкониятҳои телевизион барои ташкили барномаҳои омӯзишӣ, пахши махсусгардонида, ташкили шабакаи васеи марказҳои фарҳангию иттилоотӣ ва иттилоотию фароғатӣ дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи ташаккул ва рушди фазои иттилоотӣ;
- таъсиси системаи мониторинги ҳолат ва фаъолияти инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки татбиқи муқаррароти асосии Консепсияро таъмин менамоянд;
- ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба рушди инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- суръат бахшидан ва ба анҷом расондани ташкили ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар амалияи мақомоти ҳокимият истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир, дастрасии шаҳрвандон ба иттилоотӣ расмии мӯътамад, имкониятҳои нав барои ҳамкории мақомоти ҳокимият бо ҳамдигар, аҳолӣ, тиҷорат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатиро таъмин менамояд.
III. Сиёсати иттилоотӣ дар шароити экспансияи иттилоотӣ
3.1. Дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир метавонад номувофиқатӣ ва чун натиҷа мухолифати манфиатҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот ба амал ояд. Ихтилофи манфиатҳо дар ин соҳа пайваста ба сурати мухолифати иттилоотӣ инъикос мегардад, ки он шаклҳои таҳдидро касб менамояд. Таҳдиди иттилоотӣ, ҳамчун амали тарҳрезишуда, аз истифодаи ҳадафноки восита ва усулҳои махсус барои таъсир ба захираҳои иттилоотӣ ва ҳимояи захираҳои иттилоотии худӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ё тактикии худ иборат аст.
Фаъолиятҳои иттилоотии ҳадафноки берунӣ ва/ё дохилӣ ва тадбирҳои хусусияти ғасбкунидошта метавонанд барои манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатарнок бошанд. Ин ҳолатҳоро метавон ҳамчун вазъияти махсус арзёбӣ намуд ва онҳо бояд зимни татбиқи Консепсия ба инобат гирифта шаванд. Вазъияти махсуси иттилоотӣ дар иншооту ниҳодҳои иттилоотӣ метавонад ҳангоми пайдоиши хатари беруна, ғасби иттилоотӣ, ҳамчунин ҳангоми офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда, амалҳои террористӣ, ҳолатҳое, ки бо амалҳои барои ҷомеа хатарнок ба вуқӯъ пайвастаанд ва ғайра ба миён оянд. Пайдоиши чунин вазъият вобаста ба афзудани ошкории иттилооти ҷомеа, ки дар натиҷаи боло рафтани сатҳи ошкории захираҳои иттилоотии давлатӣ ва рушди ниҳодҳои демократӣ ба амал меоянд, низ аз эҳтимол дур нест. То андозае беҳудудии ошкории иттилооти системаи идоракунии давлат метавонад боиси тахриби устувории он ва қисман аз даст додани идораи вазъият гардад, ки он дар шароити рушд надоштани технолгоияҳои иттилоотию идоракунӣ, мумкин аст сабаби бесарусомонҳо гардад. Дар маҷмӯъ ин ҳама боиси аз даст рафтани назорат аз болои система мегардад.
3.2. Ҳангоми татбиқи Консепсия бояд хусусиятҳои идоракунии иттилоотӣ дар вазъияти махсус ба хотири пешгирии ҳамин гуна таҳдидҳо ба инобат гирифта шаванд. Дар идоракунии иттилоотии давлат идоракунии иттилоот дар вазъияти махсус нақши аз лиҳози стратегӣ муҳимро мебозад. Сиёсати иттилоотии давлатӣ дар соҳаи идоракунии иттилоот дар вазъияти махсус бояд сиёсати махсуси таъминоти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои иттилоотиро дар бар гирад, ки ба он вазифаҳои зерин вогузор мешаванд:
- таъмини бе осеб нигоҳ доштани система ва захираҳои давлатии иттилоотӣ, инчунин воситаҳое, ки кори онҳо, фаъолияти мутақобилаи байни худ, аҳолӣ ва ташкилотҳоро таъмин менамояд;
- таҳияи санадҳои меъёрие, ки фаъолиятро оид ба нигоҳдории иттилооти давлатӣ дар вазъияти махсус танзим менамоянд;
- мунтазам гузарондани санҷишу тамринҳо бо нишон додани вазъияти махсус;
- ташкили механизми расонидани иттилоот ва нигоҳдории он дар минтақаҳои вазъияти махсус;
- ташкил ва тақвияти таъмини пахши мунтазами барномаҳои телевизион ва радиои ватанӣ дар минтақаҳои наздисарҳадие, ки дар он таъсири иттилоотии мақсаднок ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба чашм мерасад;
- муҳайё сохтани заминаҳои меъёрӣ ва техникие, ки дорои маводи иттилоотии намунавӣ барои фаъолияти зудамал ва пурмаҳсул дар вазъияти махсус мебошанд;
- омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи ҷахонии сиёсати иттилоотӣ дар вазъияти махсус;
- баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии амнияти аҳолӣ;
- танзими ҷараёнҳои иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори омма ва коммуникатсияи омма;
- маҳдудкунии таносуби реклама ва мӯҳтавои асосӣ дар воситаҳои иттилоотӣ (рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, фазои интернетӣ ва ғайра).
3.3. Бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аксуламал ба амалҳои таҷовузи иттилоотию психилогӣ ва амалиёти таъсири иттилоотию психологидошта андешидани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофик, аст:
- ташаккули сиёсати иттилоттии ҳамоҳангшудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- мустақиман расондани иттилооти аҳамияти ҷамъиятидошта ба аҳолӣ тавассути шабакаҳои воситаҳои ахбори омма ба мақсади баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба ҳокимият ва пешгирии найрангбозиҳо бо афкори омма нисбат ба ҳокимият аз тариқи воситаҳои ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ ё васоити дигари иттилоот;
- мутобиқсозии Консепсияи мазкур, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар шароити таъсири рӯзафзун ва баъзан пешгӯинашавандаи омилҳои муосири рақобати геополитикӣ, ҷахонишавӣ ва шаклҳои шадиди муқовимати иттилоотӣ.
Бо дарназардошти сатҳи баланди диндории аҳолии Тоҷикистон бояд бозори иттилоотии дохилӣ аз маҳсулоти чопӣ, видео ва аудиои экстремистӣ ва пастғоя, ки зӯроварӣ, тундравӣ, таассуб, эҳсосоти инқирозӣ ва дигар зуҳуроти ба афкори аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегонаро талқин мекунад, ба ҷудоиандозии ҷомеа аз рӯйи мансубияти миллӣ, мазҳабӣ ё аломатҳои дигар равона карда мешавад, озод ва ҳимоя гардад.
Бозори иттилоотии ватаниро ҳамчунин бояд аз воридоти ҳадафманди маҳсулоти чопии пастсифат, аз ҷумла тарғибкунандаи фисқу фуҷур, ки барои рукнҳои маънавию мафкуравии ҷомеаи Тоҷикистон хатарнок мебошанд, ҳифз намудан зарур аст.
IV. Таъминоти иттилоотии амнияти давлатӣ
4.1. Сиёсати иттилоотӣ бо сиёсати давлатии иттилоотии таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми амнияти иттилоотӣ, ки Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, зич алоқаманд аст.
Низоми амнияти иттилоотӣ ба таъмини нигоҳ доштани сирри давлатӣ ва асрори дигар, ҳимояи захираҳои иттилоотӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ аз таъсири иттилоотие, ки барои амнияти давлатӣ хатарнок мебошанд, равона карда мешавад.
Проблемаҳои вобаста ба имкониятҳои истифодаи воситаҳои иттилоотию равонии таъсиррасонӣ, ки он ҷанбаи таҳдидҳои имконпазир ба амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад, таваҷҷӯҳи махсусро касб менамояд. Масъалаи ҷиддие, ки таҳлили амиқ ва таваҷӯҳи доимиро тақозо дорад, ҳимояи иттилоотӣ дар робита бо ҷоришавии мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ тавассути шабакаҳои байниминтақавӣ ва глобалӣ аст.
Консепсия ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ ва таъмини амнияти захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсиониро пешбинӣ мекунад.
4.2. Татбиқи Консепсия дар доираи иштироки самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои кушодаи глобалӣ дар назар дорад:
- ташкили мониторинг ва пешгӯии талаботҳои мухталиф, мубодилаи иттилоотӣ тавассути шабакаҳои байналмилалӣ;
- таҳияи усулҳо ва тавсияҳои умумӣ оид оа пешбурди сиёсати мувофиқашуда ҷиҳати харидории воситаҳои барномавию техникӣ ва коммуникатсионии хориҷӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои аҳамияти стратегидошта;
- танзими ҳуқуқии равандҳои мубодилаи иттилоотӣ тавассути шабакаҳои кушодаи глобалӣ, инчунин ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва масъулияти истифодабарандагон ва феҳристи иттилоот, ки интиқоли он тавассути ин шабакаҳо манъ аст;
- иштироки фаъол дар барномаҳои инкишофи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- тадриҷан воридшавӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ мутобиқи талаботи воқеӣ ба мубодилаи байналмилалии технологияҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳои иттилоотӣ, имкониятҳои иқтисодиву технологӣ;
- таъмин ва риояи сатҳи матлуби амнияти иттилоотӣ зимни пайвастан ба шабакаҳои байналмилалӣ;
- таҳияи фишангҳои мубодилаи иттилоотӣ дар фазои имкониятҳои эълоннашудаи воситаҳои компютерӣ, иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномавӣ;
- такмил ва рушди низоми амнияти шахсӣ ва иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ, бартарафсозии амалу тадбирҳои иттилоотии хатарафзо.
Дар чорчӯбаи самтҳои номбаршуда ва таҷрибаи мусбии мамлакатҳои тараққикарда дар ин соҳа ба сифати тадбирҳои аввалиндараҷа, бо дарназардошти татбиқи ислоҳоти системаи идораи давлатӣ, таъсиси сохтори махсуси ташкилие, ки барои таҳияи сиёсат ва амалигардонии корҳо оид ба таъмини амнияти иттилоотии мамлакат, аз ҷумла назорати ҳолат дар соҳаи амнияти мубодилаи иттилоотии байнидавлатӣ, ҳамоҳангсозии тадбирҳои вазорату идораҳо оид ба пешгирии таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ, инчунин ташкили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ин масъалаҳо ваколатдор, зарур аст.
Татбиқи сиёсати иттилоотии мақсаднок имкон медиҳад, ки мамлакат аз экспансияи иттилоотӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мӯҳтамали кишварҳои мутараққӣ ҳимоя гардад ва ҳамчунин:
- вазифаи воридшавии шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии миллӣ ва корпоративӣ ба шабакаҳои кушодаи ҷаҳонӣ бо дарназардошти ҳимояи захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотӣ ҳаллу фасл шавад;
- таҳдиди истифодаи технологияҳои иттилоотии нав ба ҳайси силоҳи иттилоотӣ ва хатари терроризми иттилоотӣ пешгирӣ гардад.
V. Сиёсати иттилоотию нуфузии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5.1. Дар шароити кунунии рушди ҷаҳонӣ технологияҳои иттилоотӣ харчӣ васеътар ва амиқтар ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим (сиёсат, иқтисодиёт, маориф, илм, фарҳанг ва ғайра) ворид шуда, ба ташаккули шахсият, тарзи зиндагӣ, низоми муносибатҳои байни афрод таъсир мерасонанд. Иттилоот ба захираи муҳими стратегии ҷомеа табдил меёбад ва ба ин сабаб сифати ҳаёт, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, низоми маориф аз рӯи сатҳ ва такомули истифодаи захираҳои иттилоотӣ муайян карда мешавад.
Дар чунин шароит нуфузи давлат ҳамчун унсури муҳими сиёсати давлатии иттилоотӣ, ки ба рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъсир мерасонад, ба технологияҳои иттилоотӣ бештар вобаста аст.
Консепсия таҳия, қабул ва амалигардонии сиёсати иттилоотию нуфузии давлатро пешбинӣ менамояд.
Нуфузи давлат аз фаъолияти мураттаб ва муназзаме иборат аст, ки талошу нерӯи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаи илмӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратиро ҳидоят ва муттаҳид месозад.
Таъсирноктарин ва босамартарин воситаи эҷоди нуфуз ва таъмини он матбуот ва воситаҳои ахбори омма мебошанд. Матбуоти даврӣ, радио, телевизион, захираҳои фазои интернетӣ дар маҷмӯъ муҳимтарин ниҳоди иҷтимоӣ буда, бо сабаби оммавӣ будан, теъдоди зиёди нашр, мудовимот ва афзоиш дорои имкониятҳои васеъ ва қудратӣ таъсир ба ташаккули афкор ва шуури омма маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ин ниҳод бояд фишанги асосии татбиқи сиёсати иттилоотию нуфузи давлат бошад.
5.2. Барои татбиқи сиёсати давлатии нуфузи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тадбирҳои зерин андешида шаванд:
- таъсиси маркази ягонае, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ҷиҳати истифодаи иттилоот дар роҳи амалигардонии сиёсати нуфузи иттилоотӣ масъул аст. Аз таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда хулоса кардан мумкин аст, ки таъсиси чунин марказ бо роҳи мустаҳкам намудани потенсиали сохтори дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад аст;
- таъсиси рӯзномаи ҳаррӯзаи оммавӣ бо забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар (вобаста ба талаботи ҷомеа), бо нархи дастрас;
- истифодаи густурдаи имкониятҳои мубодилавии шабакаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ барои тавсеаи фазои иттилоотӣ;
- дар шабакаҳои глобалӣ ва минтақавӣ ташкили ҳузури он-лайн, конфронсҳои аудио ва видеои интернетӣ, омӯзиши афкори омма, нашри мавод;
- таъмини дастрасии воситаҳои ахбори омма барои шаҳрвандон аз тариқи интишори рӯзномаҳои пуриттилову хушсифат ва арзон кардани хизматрасонии почта;
- таҳия ва такмили воситаҳои эҷод ва муаррифии нуфуз, яъне маҷмӯи технологияҳои рекламавӣ, сиёсӣ ва пиар оид ба коркарди консепсияи сиёсати иттилоотии таъмини нуфузи мамлакат барои хориҷиён бо дарназардошти хусусият ва навъҳои фарҳангҳои миллӣ.
VI. Xулоса
Дар марҳилаи кунунӣ иттилоот яке аз нерӯҳои истеҳсолии асосӣ ва манбаи ҳаётан муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон захираю низомҳои иттилоотии худиро барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ва эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд истифода мебарад.
Тоҷикистон стратегияи худро дар бобати гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ бо дарназардошти воқеиятҳои мавҷуда бунёд мекунанд.
Дар муқоиса бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт рушди телекоммуникатсия дар Тоҷикистон бо суръати баланд идома дорад ва ин имкон медиҳад, ки ба ташаккули бобарори инфрастрктураи хизматрасониҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба аҳолӣ итминон намоем.
Консепсия ба ҳимояи иттилоотии самтҳои афзалиятноки стратегии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика (гидроэнергетика), саноати кӯҳӣ ва бахши аграрӣ равона карда мешавад.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги воситаҳои ахбори омма дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа ва афзоиши таъсири онҳо ба афкори аҳли ҷомеа Консепсия дахолати бевоситаи давлатро ба танзими фаъолияти матбуот, радио ва телевизион тавассути татбиқи ҳамин Консепсия ва дар доираи Конститутсия пешбинӣ мекунад.
Дар соҳаи сиёсат нисбат ба воситаҳои ахбори омма давлат бояд кафолатҳои озодии сухан ва иттилоот, инчунин дастрасии озоди шаҳрвандон ба иттилооти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллиро таъмин намояд.
Татбиқи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои навро ба макомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ҷиҳати мунтазам ба аҳолӣ расонидани иттилоот оид ба ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, марказҳои матбуотӣ, марказҳои робитаҳои ҷамъиятӣ ва ғайра фароҳам хоҳад овард.
Таҳия ва такмили пайвастаи қонунгузорӣ, фишангҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии танзими муассири муносибатҳои ҳамаи субъектҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар зимни татбиқи ҳуқуқи иттилоотии онҳо ва ташкили низоми назорати мустақил ва ошкоро аз болои фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, ниҳодҳо, марказҳо ва хадамоти омӯзиши афкори омма ва робита бо аҳолиро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар соҳаи иттилоот ва ҳимояи ҷомеа ва шаҳрвандон аз таҳдидҳои вобаста бо эҳтимоли истифодаи технологияҳои иттилоотии навин аҳамияти аввалиндараҷа касб менамояд.
Барои ҳадафҳои ҳамин Консепсия дар марҳилаи кунунии татбиқи сиёсати иттилоотии давлат истифодаи вазифаҳои коммуникативӣ, иҷтимоӣ ва геополитикии фазои иттилоотӣ хеле муҳим аст. Коммуникативӣ будан тавассути иртиботи фаромарзӣ, мубодилавӣ ва мобилии субъектҳои гуногуни фаъолият муҳити мубодилаи иттилоотиро фароҳам меоварад. Иҷтимоӣ будан ҳайати ҷомеаро тағйири шакл дода, ба ин васила хислат ва мӯҳтавои муносибатҳои ҷамъиятиро дигаргун месозад. Вазифаи геополитикии фазои иттилоотӣ аз тариқи бунёди захираҳои иттилоотӣ аҳамияти захираҳои дигар (табиӣ, инсонӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, тиҷоратӣ)-ро тағйир дода, фазои нави муносибатҳои геополитикиро эҷод мекунад.
Татбиқи Консепсия барои пешоянди наздик ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотию фарҳангиро ҳамчун шарти зарурии ваҳдати сиёсӣ ва маънавии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон ва вуруди кишварро ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ таъмин менамояд.