ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати шаш моҳ Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва қабул намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2008 № 451
ш. Душанбе