Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 2 Номгӯи вайрониҳо ва шароите, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани онҳо истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ аст, замима ба Муқаррароти умумии иҷозатдиҳӣ ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ва вазифаҳои ашхоси мансабдор дар бобати бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 565 "Дар бораи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, зербанди 2.4. бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2.4. Маҷмӯи идоракунӣ (Идораи суккон), агар аз тарафи чапи хатти сатҳи дарозии воситаи нақлиётро мутаносибан ҷудокунанда ҷойгир набошад.
Маркази чархи суккон агар муқобили маркази ҷойи нишаст ронанда чойгир набошад.";
2. Сархати дуюми банди 5 Тартиби бақайдгирии давлати воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ карда шудааст, дар тахрири зайл ифода карда шавад:
"Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба онҳо тааллуқдоштаро сарфи назар аз ҳолати техникиаш дар давоми панч шабонарӯз аз лаҳзаи убури сарҳад дар мақомоти гумрук ва дар мӯҳлати амали аломати бақайдгирии "Транзит" ё панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи харидорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт ё ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигар, ки боиси тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ мегарданд, дар воҳидҳои бақайдигирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ (минбаъд воҳидҳои бақайдгирӣ) аз қайд гузаронанд";
3. Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
ба Боби 38:
- дар сархати якуми зербанди 1 банди 6 баъд аз калимаҳои "ронандагӣ" калимаҳои "барои фаъолияти мусофиркашонӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ ба синни 21 расида бошад ва на камтар аз 3 сол собиқаи ронандагӣ дошта бошад илова карда шавад.";
- ба банди 7 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- риояи талаботи сархати якуми зербандн 1 банди 6 боби 38";
- ба банди 10 боби 48 сархати нав дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"- хулосаи мусбии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилоту муассисаҳои таълимии кадрҳои ронандатайёркунӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2008 № 179
ш. Душанбе