Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикиотон
аз 26 маи соли 1997 № 237
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.10.1999с. № 445)
1. Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон /минбаъд "Кумита"/ мақоми ҷумҳуриявии идораи давлатии саноат буда, зимни фаъолияташ ба Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.
2. Қумита ба саноат роҳбарӣ менамояд ва барои вазъ, тараққии минбаъдаи соҳа, пешрафти илму техника ва сатҳи техникии истеҳсолот, сифат ва қобилияти рақобат доштани маҳсулот ва барои пурратар қонеъ гардондани талаботи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти соҳа ҷавобгар аст.
3. Кумита мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиотон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амал мекунад.
4. Кумита кори худро барои муҳокима ва қабули қарорҳо аз рӯи ҳамаи масъалаҳои роҳбарӣ ба соҳа дар заминаи дастаҷамъӣ ташкил намуда, масъулияти шахсии мансабдоронро барои вазъи бахши кор ва иҷрои супоришҳои муайян муқаррар мекунад.
5. Кумита дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба соҳаи ба зиммааш гузошташуда бевосита роҳбарӣ мекунад, вазифаҳоро муайян менамояд, иттиҳодияҳо, комбинатхо, корхонаҳо, фабрикаҳои истеҳсолии давлатиро /минбаъд - "корхонаҳо"/ дар соҳаи саноати металлургия, химия, маъдан, электроника ва электротехника, мошинсозӣ ва коркарди фузулот, ҳамчунин муассисахои таълимӣ ва ташкилотҳои дигари ба нақшаи идораи он дохилбударо идора мекунад.
6. Кумита барои ӯҳдадориҳои корхонаҳои ба нақшаи идораи Кумита дохилбуда ва корхонаҳо барои ӯхдадориҳои Кумита ҷавобгар нестанд, ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди миёни тарафҳо вуҷуд доштани мувофиқатномаҳои дахлдор.
7. Вазифаҳои асосии Кумита:
- фаъолият ба манзури истеҳсоли маҳсулотро зиёд кардани корхонаҳои соҳа, беҳтар сохтани сифати он ва баланд бардоштани қобилияти рақобаткунӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини талаботи хоҷагии халқ ба маҳсулоти истеҳсолию техникӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ ба молҳои истеъмоли халқ;
- таҳлил ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудани таклифҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани нақшаи идора, таҷдид ва густариши корхонаҳои фаъол, ба мақсад мувофиқ будани сохтани корхонаҳои нав ва ҷойгир намудани намояндагиҳои корхонаҳои фаъоли саноатӣ, истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои табиии Тоҷикистон, тарҳрезии дурнамои дарозмуддати тараққии соҳа;
- таҳлил ва муайян намудани талаботи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба маҳсулоти истеҳсолию техникӣ, мол, хизматрасонии соҳа ва пешбинии вазъи тараққии минбаъдаи он;
- ҳамаҷониба тараққӣ ва такмил додани робитаҳои хориҷии иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии корхонаҳои тобеи Кумита бо ҳамкорони хориҷӣ, расондани кӯмак ҷиҳати дар бозори ҷаҳонӣ фурӯхтани маҳсулоти онҳо;
- тартиб ва татбиқи пешниҳодоти барои тараққии соҳа ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ва таъмини назорати истифодаи самарабахши онҳо;
- ташкили тарбия ва бозомӯзии кадрҳо, аз ҷумла дар хориҷа;
- бо хоҳиши корхонаҳои тобеъ дар мақомоти идораи давлатӣ ва ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо, судҳо ва ё ташкилотҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа муҳофизат намудани ҳуқуқу манфиатҳои ҳуқуқӣ, молӣ ва ғайримолии онҳо.
3. Кумита мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:
а/ мутобиқи вазифаҳои тараққиёти соҳа сиёсати пешқадами илмию техникӣ ва сармоягузориро пеш мегирад, ки ин истифодаи самарабахши нерӯи истеҳсолию иқтисодӣ ва истифодаи навъҳои нави техника ва технологияро таъмин мекунад;
б/ ҳангоми тартиб додани лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ба соҳаи саноати тобеи Кумита таклифҳо пешниҳод мекунад;
в/ фармоишгари тарҳрезии объектҳои нави саноатӣ ва таҳқиқи онҳо мешавад, барои бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудани ин сохтмонҳо мадад менамояд;
г/ дар асоси қонунҳои ҷумҳурӣ ба корҳонаҳо барои ҷорӣ намудани шаклҳои нави ташкили меҳнат ва додани музди он, гирифтани қарз, барои ба иҷора додан /супурдан/, ташкил /табдил/ додани шаклҳои дигари дастаҷамъии моликият ёрии амалию усулӣ мерасонад;
д/ кори корхонаҳои тобеашро аз нигоҳи иқтисодӣ таҳлил мекунад, самараи иқтисодӣ, хоҷагӣ ва бозоргонии онҳоро муайян менамояд, барои таҳкими вазъи молиявии онҳо ва рафьи пурраи зиёноварӣ, таъмини сатҳи даромаднокӣ, ки барои кор дар шароити иқтисоди бозорӣ зарур аст, чораҳо мебинад, аз тарафи онҳо риоя шудани интизоми молиявӣ ва ҳисоббаробаркунии давлатиро назорат мекунад;
е/ дар асоси аҳднома аз муассисаҳои молиявӣ ва кредитӣ кредит ва дигар қарзҳо мегарад;
ж/ таҷрибаи ичрои қонунро дар соҳаи худ ҷамъбаст намуда, барои такмили он пешниҳодот тартиб медиҳад ва онҳоро ҷиҳати баррасӣ манзури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мекунад;
з/ мувофиқи тартиби муқарраршуда:
- дар асоси ваколатҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз рӯи масъалаҳои саноат гуфтушунидҳои байналхалқӣ мегузаронад ва бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахдномаҳо, қарордодҳо ва созишномаҳои байналхалқӣ тартиб медиҳад ва ба имзо мерасонад;
- афзоиши оперативии захираҳои канданиҳои фоиданокро тасдиқ намуда, миқдори тасдиқ нагардидаи онҳоро аз баланси корхонаҳои тобеъаш хориҷ мекунад;
- маъалаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, рушди маркетинг ва рекламаро хал менамояд, аз рӯи масъалаи зиёд кардани номгӯи маҳсулоти корхонаҳои тобеаш пешниҳодҳо мекунад ва онҳоро амалӣ месозад;
- бо ширкатҳо, бонкҳо ва шахсони дигари ҳуқуқию вокеии хориҷӣ робита менамояд, бо онҳо созишнома мебандад ва додугирифт мекунад, пешниҳодотро дар мавриди сохтани корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор медиҳад;
- ярмаркаҳо, намоишгоҳҳо, музоядаҳо ташкил менамояд, барои ривоҷи робитаҳои мустақими истеъмолкунандагон бо истеҳсолкунандагон, ҳамчунин барои ривоҷи савдои фирмавӣ кӯмак мекунад;
- дар сохтани корхонаҳои шаклҳои мухталифи моликият, аз ҷумла корхонаҳои муштарак якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ, дар фаъолияти онҳо ва тараққии заминаи моддию техникӣ иштирок менамояд, ба фондҳои оинномавии онҳо маблағ ва ҳақ мегузорад;
- аз корхонаҳои таҳти идора Кумита қарордошта гузориши оморӣ ва ҳисобдорӣ мегирад, аз рӯи навъҳои фаъолияти Кумита ҳисоботи умумӣ ва балансҳо тартиб медиҳад ва онҳоро манзури мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия менамояд;
- дар бонкҳо ҳисобномаҳо, аз ҷумла ҳисобномаҳои асъорӣ мекушояд;
- мутобиқи қонунгузории ҷорӣ дар мамлакатҳои хориҷӣ корхонаҳо, ҳамчунин сохторҳои ҳисоби хоҷагии иқтисодии хориҷӣ ва намояндагиҳои Кумитаро таъсис медиҳад, таҷдид менамояд, барҳам медиҳад ва низомномаҳои /оинномаҳои/ онҳоро тасдиқ мекунад;
- дар ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии корхонаҳои тобеаш иштирок мекунад;
и/ ҳамроҳи Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатии ҷумҳурӣ масъалаҳои тартиби таъмини давлатии маҳсулот, мол ва захираҳои моддӣ ва маводи хомро барои эҳтиёҷоти умумии давлат баррасӣ менамояд;
к/ мутобиқи қонун ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони корхонаҳои тобеи Кумитаро интихоб, таъин менамояд /бо онҳо қарордод мебандад/ ва онҳоро аз вазифа сабукдӯш менамояд.
9. Ба Кумита Раис, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад, роҳбарӣ мекунад ва таъиноти вай дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Раиси Кумита муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.
Муовинони Раис ба бахшҳои ба зиммаашон гузошташудаи кор роҳбарӣ менамоянд, фаъолияти идораю шӯъбаҳоро танзим мекунанд, бо супориши Раис корҳои дигарро ба ҷо меоранд. Вазифаҳои байни муовинонро Раис тақсим мекунад.
Раиси Кумита барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва иҷрои вазифаҳои худаш шахсан ҷавобгар аст, вай андозаи масъулияти муовинони Раис ва роҳбарони сохторҳоро барои роҳбарӣ ба соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти Кумита, ҳамчунин барои кори корхонаҳои тобеи Кумита муқаррар менамояд.
10. Дар Кумита аз ҷумлаи Раиси Кумита /Раиси коллегия/ ва муовинони Раис, аз рӯи вазифаҳояшон, ҳамчунин аз ҷумлаи коркунони дигари роҳбарикунандаи Кумита коллегия таъсис меёбад.
Аъзои коллегияи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Коллегияи Кумита дар ҷаласаҳои мунтазам доиршавандааш масъалаҳои зайлро мавриди баррасӣ қарор медиҳад:
- барномаи фаъолияти Кумита, ҳамчунин ҷараёни иҷрои он, самтҳои асосӣ ва барномаҳои комплексии мақсадноки тараққии соҳа;
- ҳисоботи роҳбарони корхонаҳои тобеи Кумита ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ва татбиқи вазифаҳои худашон;
- пешниҳодот ва лоиҳаи санадҳои меъёрӣ, санадҳои дигари муҳим ва масъалаҳои дигари марбут ба салоҳияти Кумита.
11. Қарорҳои коллегия, чун қоида, бо фармонҳои Раиси Кумита амалӣ мешаванд. Дар сурати сар задани ихтилофи назар миёни Раиси Кумита ва аъзои коллегия Раис қарори худро татбиқ намуда, аз хусуси ихтилофот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, аъзои коллегия дар навбати худ метавонанд фикрашонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кунанд.
12. Кумита дар асоси қонунҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳудуди салоҳияташ фармону дастуруламал ва асноди меъёрию ҳуқуқиро дар шакли қарорҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки корхонаҳои тобеи Кумита бояд онҳоро ҳатман иҷро кунанд ва онҳоро тафтиш менамояд
Кумита дар мавридҳои зарурии муқарраркардаи қонун ҳамроҳи вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ ва бо маслиҳати онҳо фармонҳо ва дастуруламалҳо ва асноди меъёрию ҳуқуқиро дар шакли қарорҳо мебарорад
13. Барои баррасии пешниҳодот оид ба самтҳои асосии тараққиёти илму техника, муайян кардани сиёсати асосноки техникии соҳа, додани тавсияҳо ҷиҳати истифода ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои навтарини илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар Кумита аз ҷумлаи олимони намоён, муатахассисони моҳир, навоварони истеҳсолот, намояндагони ҷамъиятҳои илмию техникӣ ва ташкилотҳои дигар шӯрои илмию техникӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати шӯрои илмию техникӣ ва низомномаи онро раис тасдиқ мекунад.
14. Сохтор ва шумораи дастгоҳи марказии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Ҷадвали штатии дастгоҳи марказии Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
15. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мебошад.