ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинобар сабаби аз ҳайати Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани корхонаҳои саноати сабук ва комплекси мудофиа ва бо мақсади танзими хароҷоти молиявии таъминоти дастгоҳи марказии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи замигардидаи идора ва сектори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Низомномаи он тасдиқ карда шавад.
Шумораи коргарони дастгоҳи марказии кумитаи мазкур ба миқдори 45 воҳид муқаррар карда шавад.
2. Ба мақомоти Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат дода шавад, ки се муовини раис, аз ҷумла як муовини аввал ва дар ҳайати ҳафт нафар шахс коллегия дошта бошад.
3. Муқаррар гардад, ки таъминоти дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеъ дар асоси шартнома бо роҳ монда шавад.
Аз рӯи шароити музди меҳнат коргарони дастгоҳи марказӣ ба коргарони иттиҳодияхои истеҳсолӣ баробар карда мешаванд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити маблағҳои сафарҳои хизматии дастгоҳи морказии кумитаро муайян намоянд.
5. Лимити нигоҳдории мошинҳои сабукрави хизматӣ ба микдори 4 воҳид тасдиқ карда шавад.
6. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мувофиқи тартиби мукарраргардида масъалаи ба кумитаи мазкур додани ҳуқуқи идораи оперативии саҳмияҳои давлатиро дар фондҳои оинномавии ҷамьиятҳои саҳомии истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ баррасӣ ва ҳал намояд.
7. Муқаррар карда шавад, ки Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таъсис додани фондҳои иловагиро, ғайр аз фонди музди меҳнат.
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 маи соли 1995 № 376 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 26 маи соли 1997 № 237
ш. Душанбе
* Замимаҳо дар матни забони русӣ оварда шудааст.