ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини фаъолияти Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори дастгоҳи марказии Кумита тасдиқ карда шавад.
Шумораи коркунони дастгоҳи марказии Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 воҳид, аз ҷумла 9 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, бодарназардошти ҳайати хизматрасон муқаррар карда шавад.
2. Ба кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовини Раиси Кумита, аз ҷумла як муовини аввал ва иборат аз 5 нафар ҳайати мушовира дошта бошад.
3. Меъёри автомобилҳои хизматии Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 4 адад муқаррар карда шавад.
4. Муқаррар шавад, ки таъминоти коркунони дастгоҳи марказии Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пасандози корхонаҳои тобеъ, ки баъди пардохти андозҳо боқӣ мемонад, дар асоси меъёрҳои тақсими фоида сурат мегирад.
5. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили амволи манқул ва ғайриманқули қисмҳоеро, ки ба ихтиёри Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, мувофиқи тартиби муайяншуда ташкил кунад.
6. Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеи хиёбони Рӯдакӣ 22, (ошёнаи 3) ш. Душанбе ҷойгир карда шавад.
7. Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодотро дар бораи даровардани тағйироту илова ба санадҳои дахлдори Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намояд.
8. Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати мудифиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланси тақсимотро то вазъи 1 январи соли 1997 мувофиқи назми муайяншуда тартиб диҳанд ва онро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 14 апрели соли 1997 № 167
ш. Душанбе