Низомномаи Комиссияи батартибдарорӣ ва танзими муомилоти воситаҳои химиявӣ аз 16 июли соли 1997, № 325

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2003 с. № 92 беэътибор дониста шуд

Замима Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 июли соли 1997 № 325 

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи батартибдарорӣ ва танзими муомилоти воситаҳои химиявӣ

Ҳамин Низомнома мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат" ва "Дар бораи Назорати давлатии санитарӣ" бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таҳия шудааст.

1. Комиссияи батартибдарорӣ ва танзими муомилоти воситаҳои химиявӣ (минбаъд-Комиссияи химиявӣ) фаъолияти худро тибқи қонунгузории ҷорӣ, асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳдномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

Ба зиммаи Комиссияи химиявӣ тамоми масъулияти ҳолати дорувори химиявие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда мешавад, истифода ва ҷорӣ мегардад (воситаҳои ҳифзи растаниҳо, нуриҳо, пестицидҳо) гузошта мешавад.

2. Комиссияи химиявӣ дар ҳудуди салоҳияти худ:

низоми ягонаи бақайдгирӣ, санҷиш ва назорати воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳоро муқаррар менамояд;

ҳолати дорувори химиявӣ ва биологиеро, ки дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ истифода мешавад, назорат мекунад;

барои истеҳсол ва фурӯши дорувори химиявӣ ва биологӣ иҷозатномаҳо медиҳад;

бо ташкилотҳои байналхалқӣ, давлатҳои хориҷӣ ва кишварҳои ИДМ оид ба масъалаҳои истифодаи воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо ҳамкорӣ мекунад;

"Рӯйхати воситаҳои химиявӣ ва биологии мубориза бар зидди зараррасонандагон, касалиҳои растаниҳо ва алафҳои бегонаи барои истифода дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда"-ро тартиб медиҳад ва ба он тағьирот ворид мекунад;

квотаи истифодаи воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳоро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, муқаррар менамояд;

пешниҳодоти регистрантҳо ва Комиссияҳои давлатҳои ИДМ-ро дар мавриди гузаронидани санҷишҳо ва бақайдгирии дорувори химиявӣ ва биологӣ баррасӣ мекунад ва оид ба онҳо қарорҳо қабул менамояд;

ба ташкилоту корхонаҳо ва фирмаҳо дар хусуси ҳуқуқи онҳо дар мавриди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо хулосаҳо медиҳад.

3. Комиссияи химиявӣ доир ба воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, махзани маълумот ташкил медиҳад. Махзани маълумот дар бораи тамоми параметрҳои дорувори истифодашаванда, ҳамчунин оид ба қарордодҳои имзошаванда барои харидорӣ, самаранокии истифода ва дурнамои иқтисодӣ маълумотро дар бар мегирад.

4. Ҳангоми овардан ва аз тариқи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан тамоми ҳаҷми дорувори химиявӣ ва биологӣ аз муоинаи гумрукӣ гузаронида мешавад ва бояд сертификатеро, ки аз тарафи мақомоти дахлдори назорати давлат (фирма) ё истеҳсолкунанда (миёнарав) дода шудааст, дошта бошад.

5. Қарордодҳо, ахдномаҳо ва созишномаҳо оид ба воридот ва содироти дорувори химияви ва биологӣ аз тарафи ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд аз Экспертизаи давлатии экологӣ гузаронида шаванд ва бо Комиссияи химиявӣ мувофиқа карда шаванд.

6. Корхона, ташкилот ё фирмае, ки оид ба ворид намудани дорувори химиявӣ ва биологӣ қарордод ба имзо мерасонад, бояд номгӯи дорувор ва ҳаҷми онҳоро ба мувофиқаи Комиссияи химиявӣ расонад. Баъди имзои қарордод ташкилот ё фирма бояд рақами қарордод, маблағи пардохташаванда ва вақти таҳвилро хабар диҳад.

7. Анборҳои нигаҳдории дорувори химиявӣ ва дигар маводи зарарнок бояд ба талаботи санитарию экологӣ мутобиқат дошта бошанд. Ҳолати омодагии анборҳои қабули дорувори химиявӣ ҳар сол аз тарафи Комиссияи химиявӣ тафтиш карда мешавад ва оид ба натиҷаҳои тафтиш акт тартиб дода мешавад.

8. Воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо, нумӯяҳо (стимуляторҳо)-и инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар доруворӣ, ки ҷиҳати истифода дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, бояд ба таври ҳатмӣ дар шароити лабораторӣ аз санҷиши давлатӣ оид ба арзьёбии биологӣ ва токсикологӣ гузаронида шаванд ва дар сурати арзёбии мусбат ба қайд гирифта шаванд.

9. Пестицидҳо ва дигар воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо, ки баъди санҷиши лабораторӣ ва дигар санҷишҳо ба қайд гирифта шудаанд, ба "Рӯйхати воситаҳои химиявӣ ва биологии мубориза бар зидди зараррасонандагон, касалиҳои растаниҳо ва алафҳои бегонаи барои истифода дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда" дохил карда мешаванд.

10. Корхона, ташкилот ё фирмае, ки доруворро барои санҷиш пешниҳод кардааст, бо пешниҳоди Комиссияи химиявӣ дар мавриди гузаронидани санҷишҳо бо тартиби муқарраршуда аҳднома мебандад.

11. Санҷишҳои лабораторӣ, дигар навъҳои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ барои ба вуҷуд овардани навъҳои дорувори химиявӣ, биологӣ ва дигар доруворе, ки ба саломатии одамон ва муҳити зист бехатар аст, равона карда шудаанд.

12. Мӯҳлати амали бақайдгирй 3 сол муқаррар мегардад, ки баъди он пестицидҳо ва дигар воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Бақайдгирии пестицидҳо ё дигар дорувори химиявӣ метавонад ҳангоми ошкор шудани маълумоти нав доир ба хатарнокии онҳо то гузашти мӯҳлати зикршуда бекор карда ё мавқуф гузошта шавад.

13. Аз хориҷа харидан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифода ворид намудани пестицидҳое, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, манъ аст.

14. Корхона, ташкилот ё фирмае, ки воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳоро таҳвил медиҳад, вазифадор аст, ки истеҳсол ва таҳвили маҳсулотро мутобиқи асноди меъёрию техникии муқарраршуда кафолат диҳад.

15. Комиссияи химиявӣ ҷаласаҳои худро ба андозаи зарурат, аммо на камтар аз як дафъа дар як семоҳа доир менамояд. Комиссияи химиявӣ қарорҳои худро дар протоколҳо, актҳо, маълумотномахо ё дигар хулосаҳо ва пешниҳодот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти назораткунанда инъикос медиҳад.

16. Хароҷоти марбут ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои бақайдгирӣ ва бақайдгирии пестицидҳо ва дигар моддаҳои химиявии истифодашаванда аз ҳисоби регистрант пардохта мешавад.

17. Комиссияи химиявӣ ҳуқуқ дорад, ки аз рӯи далелҳои вайронкории фирмаҳо, корхонаҳо ва дигар мақомот ба ташкилотҳои байналхалқии назорати моддаҳои химиявӣ муроҷиат намояд.