ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои кумитаи металлу сангҳои қимматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Дар бораи таъсиси Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва номгӯи ташкилоту корхонаҳои тобеи Кумита тасдиқ карда шавад.
2. Ба Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Раис, аз ҷумла як муовини якум ва муовини оид ба низом, инчунин дар ҳайати 9 нафар коллегия дошта бошад.
3. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳо бо дарназардошти хайати хизматрасон ба миқдори 53 воҳид муқаррар карда шавад.
4. Лимити мошинҳои хизматии Кумитаи металлу, сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 5 воҳид муқаррар карда шавад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити сафарҳои хизматии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи металлу сангҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 октябри соли 1995 № 655
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Вопросы Комитета по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан
Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 13 сентября 1995 года № 337 "Об образовании Комитета по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемые Положение о Комитете по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан, структуру центрального аппарата и перечень предприятий и организаций, подведомственных Комитету.
2. Разрешить Комитету по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан иметь четырех заместителей, Председателя, в том числе, одного первого и заместителя по режиму, а также коллегию в составе 9 человек.
3. Установить численность работников центрального аппарата Комитета по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью в количестве 53 единиц, с учетом обслуживающего персонала.
4. Установить Комитету по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан лимит служебных автомашин в количестве пяти единиц.
5. Министерству финансов Республики Таджикистан совместное с Комитетом по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан определить лимит на служебные командировки работников центрального аппарата Комитета по драгоценным металлам и камнесамоцветному сырью при Правительстве Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 28 октября 1995 года № 655
г. Душанбе