Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июни соли 1995 № 435
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Қоидаи умумӣ
1. Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд Кумитаи органи ҷумҳуриявии идораи давлатӣ мебошад, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ буда, дар назди он барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда чавобгар аст.
2. Кумита дар фаъолияташ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои нормативии Маҷлиси Олӣ, фармон ва фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Кумита шахси юридикӣ буда, дар бонкҳо суратҳисоб, ҳисобномаи арзӣ ва мӯҳри бо нишон ва сабти номаш дорад.
4. Кумита ва дастгоҳаш аз ҳисоби даромади фаъолияти хоҷагидорӣ мустақилона нигоҳ дошта мешавад.
II. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА ӯҲДАДОРИҲО
5. Ҳадафҳои асосии Кумита инҳоянд;
- ҳаматарафа ба инкишофи иҷтимоӣ - иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмак расонидан;
- пурра ва мӯътадил гардонидани бозори молию ашъёии кишвар;
- таъмини ҳаматарафаи тараққии савдо, таъсири фаъолона ба истеҳсоли маводи ниёзи мардум ва маҳсулоти соҳаи истеҳсолию техникӣ, беҳтар намудани сифат ва номгӯи онҳо, ҳар чи пурра қонеъ гардонидани талаботи харидорӣ нисбати молу хизматрасониҳо;
- ташкили балансҳои талабот ва тақсими молҳо, ашъёи хом ва маҳсулот;
- тараққии муносибатҳои тиҷоратӣ бо ҳамаи субъектҳои тиҷоратӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идориашон;
- ташкили хариди озоди маҳсулот аз молистеҳсолкунандагон ва фурӯши он ба истеъмолкунандагон;
- таъмини фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратию миёнаравӣ, ташкили шабакаҳои муассисаҳои муштарак, ҷамъиятҳои суғуртавӣ, марказҳои тиҷоратӣ, биржаҳои молӣ, идораҳои брокерӣ, хонаҳои савдо, ширкатҳои аудиторӣ ва дигар ширкатҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумита мувофиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда корҳои зеринро иҷро мекунад:
- роҳбарии бевосита ба савдои яклухт, чакана, хӯроки умумӣ, таъмини моддӣ-техникии истеъмолкунандагон;
- якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро дар бозорҳои дохила ва беруна муайян мекунад;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукуматҳои мамлакатҳои хориҷӣ дар бораи ҳамкории муфид дар соҳаи савдо, истеҳсолот ва расонидани хизматҳо аҳднома ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад;
- муносибатҳои ба роҳ мондашударо бо молистеҳсолкунандагон тараққӣ дода, роҳҳои нави тиҷоратию иқтисодиро дар асоси манфиати мутақобила чӣ дар дохили ҷумҳурӣ, чӣ берун аз он ташкил мекунад;
- мустақилона додугирифти амволи (қарордод, аҳднома ва созишномаҳо)-ро баста, онро иҷро менамояд;
- якҷоя бо ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ дар ташкили барномаҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва ҳаҷми инвестицияи давлатӣ, баланс кардани онҳо бо захираҳои моддӣ, муайян намудани таркиб ва ҳаҷми эҳтиёҷоти давлатӣ барои таъмини маҳсулот ва мол иштирок намуда, ҷобаҷокунии онҳоро дар ҳар як муассисаҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ бо роҳи бастани қарордодҳо ва шартномаҳои бевосита бо молистеҳсолкунандаҳо, миёнаравони тиҷоратӣ, бо назардошти ширкатҳои хориҷӣ таъмин менамояд;
- пешниҳодҳоро дар бораи васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат ва мавод дар муассисаҳои ҷумҳурӣ, инкишофи таҳвилоти содиротӣ, харидҳои изофии захираҳои моддии воридотиро таҳия ва ба Ҳукумат пешкаш менамояд;
- захираи мобилизационӣ ба вуҷуд меорад, захираи суғуртавии маводи ниёзи мардум, захираҳои моддӣ-техникиро барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолати фавқулодда ва устуворшавии бозор ташкил менамояд;
- дар тайёр намудани шартномаҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ иштирок намуда, танзими таҳмилоти давлатиро нисбати иҷрои ӯҳдадориҳои мутақобила таъмин менамояд;
- барои содирот ва воридоти маҳсулоту мавод, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ муайян карда шудааст, лицензия ва ҳисса (квот) медиҳад;
- фаъолияти маркетингиро дар соҳаи савдо, истеҳсолот ва хизматрасонӣ ташкил ва амалӣ мекунад;
- якҷоя бо истеъмолкунандагони ҷумҳурӣ системаи ҷустуҷӯии минтақавӣ-маълумотдиҳиро ташкил намуда, дар асоси он хизматрасонии тиҷоратӣ-маълумотдиҳии истеъмолкунандагони ҷумҳуриро ба роҳ мемонад;
- аукцион ва намоишҳоро барои фурӯши маводи ниёзи мардум, маҳсулотҳои истеҳсолӣ-техникӣ ва захираҳои моддӣ ташкил ва мегузаронад;
- бо мақсади ҳимояи манфиати харидорон ба фаъолияти ҳаргуна сохторҳои ғайридавлатӣ, ки ба савдо ва савдою миёнаравӣ машғуланд, баҳои экспертӣ дода, дар ин бора ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот медиҳад;
- кори муассисаҳои савдоро доир ба риояи қоидаи савдо, нарх ва нархгузорӣ назорат мекунад;
- фаъолияти вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатиро дар мавриди иҷроиши стратегияи тиҷоратӣ-иқтисодии мамлакат ба ҳамдигар мутобиқ мекунад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои нормативӣ, ки принципҳо, механизми амалкунанда ва танзими давлатии бозори истеъмолиро муайян мекунад, иштирок мекунад;
- дар чорчӯбаи қонунгузории амалкунанда дастурамалу низомномаҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, доир ба танзими фаъолияти тиҷоратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо мебарорад, ки иҷрои он аз тарафи ҳамаи субъектҳои тиҷоратӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идориашон ҳатмӣ мебошад;
- дар муассисаҳо ва ташкилотҳои марбутааш ҳисоботи бухгалтериро ташкил мекунад, бо тартиби муқарраршуда ҳисоботҳои фаврии статистикӣ ва бухгалтерӣ мегирад, доир ба марказонидан ва автоматикӣ гардонидани корҳои ҳисоботӣ чорабиниҳо мегузаронад, ҳисоботҳои маҷмӯӣ ва балансҳоро таҳлил ва тасдиқ карда, дурустии онҳоро тафтиш мекунад, доир ба фаъолияти Кумита ҳисоботҳои маҷмӯӣ ва балансҳоро тартиб дода, ба органҳои идории ҷумҳуриявӣ бо тартиби аз тарафи қонун муқарраршуда пешниҳод мекунад;
- фаъолияти Ҷамъияти давлатии саҳомии "Сомониён", Ширкати давлатии "Нафтрасон", Ширкати давлатии "Тоҷиклес"-ро назорат ва бо ҳамдигар мутобиқ мекунад, аниқтараш номгӯи ашъёи хом, маҳсулот, мавод ва хизмати барои эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурбударо муайян мекунад, ҳаҷм ва мӯҳлати овардани онҳоро муқаррар намуда, нисбати воридоту содирот ва тартиби гузаронидани додугирифти амволӣ назорат мебарад.
III. ҲУҚУҚ
6. Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- додугирифти амволиро мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷо оварад, ҳуқуқи амволӣ ва ғайриамволӣ дошта бошад, ӯҳдадор бошад, дар суд ва суди иқтисодӣ даъвогар ва ҷавобгар бошад;
- ҳар гуна амалиётҳои содиротӣ-воридотиро дар хориҷа гузаронад, бо назардошти мубодилаи молӣ (клирингӣ), лизингӣ, миёнаравӣ, биржавӣ ва дигар амалиётҳо анҷом диҳад;
- мустақилона ё дар якҷоягӣ бо шахсони юридикии Тоҷикистон ва хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа муассисаҳои тиҷоратӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, аз ҷумла шакли холдингӣ бо ҳуқуқи шахси юридикӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд;
- мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа намояндагӣ, шӯъбаҳо ва дигар ҷузъҳои махсусгардонидашудаи тиҷоратӣ кушояд;
- аз ҳисоби худ ва маблағҳое, ки аз тарафи сокинони Тоҷикистон ва хориҷиён - шахсони юридикӣ ва воқеӣ ҷамъ оварда шудааст, бо шартҳои дар шартномаҳои тарафҳо муайянгардида бо пардохти фоиз қарз диҳад;
- ба фаъолияти фондҳои байналхалқӣ ва дигар ташкилотҳо иштирок ва ҳамкорӣ кунад, ба системаи бонкии байналхалқӣ дохил шавад;
- мутобиқи қонунгузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бонкҳои тиҷоратӣ ташкил кунад;
- аз ҳисоби худ мутахассисонро ба дигар мамлакатҳо ба сафари хидматӣ, таҷрибаомӯзӣ, такмили дониш, таҳсил ва барои шиносои бо фаъолияти ширкатҳо, бонкҳо, муассисаҳо, ҷамъоварии маълумотҳои зарурӣ, иштирок дар гуфтушунидҳо, намоишҳо, аукционҳо ва ба роҳ мондани алоқаҳои корӣ фиристад.
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа аукционҳо, намоишҳо гузаронад, дар биржаҳои молӣ, фондӣ ва арзӣ амалиётҳо анҷом диҳад;
- бо шабакаҳои хориҷии ЭВМ ва маълумотҳои бонкӣ алоқа барқарор менамояд, дар системаҳои маълумотдиҳии байналхалқӣ иштирок кунад;
- аз ҳисоби маблағҳои худ ва ҷалбшуда корҳои сохтмонӣ барад;
- ба бонкҳои хориҷӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон депозитҳо гузаронаду гирад, вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти худ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба ҳар шакли қабулшудаи байналхалқӣ метавонад кафолат диҳад ва гирад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонун маблағҳои арзии дар депозит бударо дар муассисаҳои кредитии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа бо фоизи тиҷоратӣ ҷобаҷо кунад, инчунин онҳоро ба дигар муассисаҳои даромаддиҳанда ба кор барад;
- ба сифати муассис ё иштирокчии консорциумҳо, ширкатҳои хоҷагидорӣ ва дигар кооперацияҳои ташкилшудаи хоҷагидорӣ баромад кунад;
- сармояи хориҷиро бо мақсади пурра кардани бозори молӣ, тезонидани тараққиёти молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҷалб намояд;
- аз вазоратҳо, идораҳо, истеъмолкунандагон ва молдиҳандаҳо ҳисоботи муқарраршударо дар бораи рафти бастани шартномаҳо, ҳаҷми истеҳсолот ва иҷроиши онҳо, инчунин дигар хел ҳисобот, ки пешниҳоди он дар ҳамин низомнома ва қонунгузории амалкунанда пешбинӣ шудааст, дастрас намояд;
- ба амволи давлатии ба ӯ вобасташуда салоҳияти идоракунии фаврӣ дорад.
IV. ИДОРА
7. Ба Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раис сарварӣ мекунад, ки ба ин вазифа тибқи тартиби муқарраргардида аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.
Раис муовинҳо дорад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вазифа таъин ва озод карда мешаванд.
Вазифаҳоро байни Раис ва муовинонаш Раис тақсим мекунад.
8. Раис:
ба фаъолияти ҳаматарафаи Кумита роҳбарӣ мекунад, онро ба ҳамаи муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо муаррифӣ карда, аз номи Кумита бе ваколатнома амал мекунад, мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба амволи Кумита роҳбарӣ карда, додугирифт ва дигар санадҳои юридикиро анҷом медиҳад, мувофиқи тартиби муқарраршуда дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар хел ҳисобҳо мекушояд, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда шахсан ҷавобгар аст, дараҷаи масъулиятнокии муовинони Раис, роҳбарони ташкилотҳо, раёсатҳо, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳоро нисбати фаъолияти ташкилоту муассисаҳои системаи Кумита муқаррар мекунад;
мутобиқи қонунгузории меҳнатӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарони муассисаҳою ташкилотҳои тобеъро ба кор қабул ва озод мекунад;
мувофиқи қонунгузории амалкунанда шакл ва тарзи пардохти музди меҳнатро муқаррар намуда, ҳаҷми изофапулӣ, мукофотҳо ва дигар пардохтҳои характери ҳавасмандкунӣ доштаро муайян мекунад;
дар доираи салоҳияташ фармонҳо, фармоишҳо ва дастурамалҳо бароварда, иҷрои онҳоро тафтиш менамояд;
Низомномаҳоро дар бораи бахшҳои таркибии Кумита, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеъ тасдиқ мекунад.
9. Дар Кумита коллегия дар ҳайати Раис (раиси коллегия), муовинони Раис мувофиқи вазифаашон ва дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳ ташкил карда мешавад. Ҳайати шахсии коллегия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
10. Коллегияи Кумита дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии савдои маводи ниёзи мардум, таъмини хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо маводи моддӣ-техникӣ, ташкили алоқаҳои байнидавлатӣ, иҷрои хизматҳои тиҷоратӣ-миёнаравӣ ва характери истеҳсолӣ дошта, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тайёрии кадрҳо ва дигар масъалаҳои бо фаъолияти Кумита алоқамандро дида мебарояд.
Қарори коллегия одатан бо фармонҳои Раис дар ҳаёт амалӣ мегарданд. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилоф байни Раис ва аъзоёни коллегия Раис аз ихтилофи ба миёномада Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ намуда, қарори худро дар амал татбиқ мекунад. Аъзоёни коллегия дар навбати худ метавонанд оид ба қарори худ ба Ҳукумат маълумот диҳанд.
11. Кумита муҳокимаи саривақтии пешниҳодҳо, аризаҳо ва шикояти шаҳрвандонро ташкил намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои дар онҳо зикршуда нисбати фаъолияти ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои тобеи Кумита чораҳо мебинад.
12. Сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Рӯйхати мансабҳои дастгоҳи марказии Кумита аз тарафи Раиси Кумита дар ҳудуди шумора ва фонди музди меҳнат тасдиқ карда мешавад.