ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи мустаҳкам намудани бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади мустаҳкам намудани бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷумҳурӣ, беҳтар намудани ҳимояи объектҳои хоҷагии халқ, шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин аз сӯхтор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шаклҳои моликият:
а) дар муддати як моҳ бо мувофиқаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон планҳои тадбирҳои инженерию техникии барои солҳои 1995-1998 пешниҳоднамудаи корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои тобеъро ҷиҳати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, бо дарназардошти шароити мутобиқ, татбиқи автоматикаи зидди сӯхтор, беҳтар намудани таъмини об, сохтмони депоҳои сӯхтор, тақвияти бардошти сӯхтори конструкцияҳои иморатҳо ва иншоотҳо, даръёфти техникаи сӯхтор ҷамъбаст ва тасдиқ карда шаванд;
б) дар муддати се моҳ рӯйхати объектҳои махсуси аз ҷиҳати сӯхтор хатарнокро, ки ба ҷиҳозонидани воситаҳои автоматии пайдокунанда, хабардиҳанда ва хомӯшкунандаи сӯхтор зарурат доранд, таҳия ва барои ҷорӣ намудани воситаҳои мазкур дар солҳои 1995-1998 қабул карда, бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунанд.
в) имзои қарордодҳоро байни роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, идораҳои тобеъ, иттиҳодияи "Тоҷиксистемавтоматика" ва Идораи хадамоти давлатии "Охрана"-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати васл, хизматрасонии системаи зидди сӯхтор ва автоматикаи посбонӣ таъмин намоянд.
2. Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:
а) дар муддати се моҳ таҳия ва тасдиқи барномаҳои дурнамои сохтмони депоҳои сӯхтор ва ҳавзҳо, даръёфти техникаи сӯхтор ва воситаҳои сӯхторхомӯшкуниро дар колхозҳо ва совхозҳо барои солҳои 1995-1998 аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби саҳми ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон таъмин намуда, баҳри амалӣ гардонидани ин барномаҳо назорати доимӣ ҷорӣ кунанд;
б) дар назди мақомоти маҳаллии ҳокимият штабҳо доир ба ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳҳои ғайринизомии зидди сӯхтор ва умури наҷот аз фалокат таъсис диҳанд.
3. Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) чораҳои ҳарчи бештар қаноатманд гардонидани талаботи вазоратҳо, идораю муассисаҳои ҷумҳуриро ба воситаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва техникаи наҷот аз фалокат, плакатҳо, буклетҳо, ишораҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд, андешанд.
б) ҳар сол мувофиқи тартиби муқарраргардида Саридораи муҳофизат аз сӯхтор ва хадамоти наҷот аз фалокати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархосташон бо техникаи сӯхторхомӯшкунӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин намояд;
4. Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
имконоти дар яке аз корхонаҳои тобеъ сохтани корпусҳои сӯхторхомӯшкунӣ, гидрантҳои сӯхтор, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар таҷхизоти сӯхторхомӯшкунии мошину тракторҳоро мутобиқи дархости вазорату идораҳо, колхозу совхозҳо баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд;
дархости вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриро ҷиҳати тайёр кардани ранги ба оташ устуворро қонеъ намуда, дар ҳолати зарурат ҳамасола истеҳсоли онро дар заводи ранги минералии Исфара зиёд кунад.
5. Иттиҳодияи эҷодии истеҳсолии "Тоҷиккино"-и ҷумҳурӣ ҳангоми омода сохтани барномаҳои мавзӯи намоишномаҳо доир ба мавзӯи сӯхтор ба нақша гирифта, ҳамчунин филъмҳои ҳуҷҷатии ба мавзӯи сӯхторхомӯшкунӣ бахшидаро аз забони русӣ ба забони давлатӣ тарҷума намояд.
6. Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи бехатарии сӯхтор дар барномаҳои радио ва телевизион вақт ҷудо карда, аз ҳодисаҳои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, оқибатҳои он мардумро огоҳ намуда, дар хусуси тадбирҳое, ки ба муқобили гунаҳкорони масъули ташкилоту муассисаҳо андешида шудаанд, маълумот диҳад.
7. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми баррасии лоиҳаҳои нақша-дурнамоҳои сохтмони асосӣ пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷудо намудани маблағгузории мутамаркази марбута ҷиҳати харидории техникаи зиддисӯхтор, сохтмони депоҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба Саридораи муҳофизат аз сӯхтор ва хадамоти наҷот аз фалокати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Вазифаи фармоишдиҳандаи сохтмони иншоотҳои депои зиддисӯхтор ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
8. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи буҷет барои нигаҳдошти қисмҳои зиддисӯхторӣ, низомикунонидашуда ва хадамоти наҷот аз фалокати шаҳру шаҳракҳо, ки марказҳои муҳими маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, мутобиқи имконоти мавҷуда ва дархости асоснокгардидаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳо пешбинӣ намояд.
9. Ба вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти хусусияти истеҳсолот ва имконоти мавҷуда тавсия дода шавад, ки дар сохтори дастгоҳи марказӣ (бе зиёд кардани шумораи он) вазифаи инженери бехатарӣ аз сӯхторро дар назар гиранд.
10. Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи олии низомии Тоҷикистон тарбия намудани шумораи зарурии мутахассисон-инженерони соҳаи бехатарӣ аз сӯхторро ба роҳ монанд.
11. Ба маркази давлатии стандартизация ва метрологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, кк якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар мавриди ҷорӣ намудани стандартҳои бехатарӣ аз сӯхтор ёрии амалӣ расонад.
12. Ба раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо иҷозат дода шавад, ки дар назди қисмҳои сӯхторхомӯшкунӣ корхонаҳои хурди хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва корхонаҳо оиди бехатарӣ аз сӯхтор ташкил намоянд.
13. Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1988 № 335 "Дар бораи чораҳои минбаъд ҳам мустаҳкам намудани бехатарӣ аз сӯхтор дар РСС Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Каримов
аз 19 апрели соли 1995 № 269
ш. Душанбе