×

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015 аз 30 июни соли 2007, № 334

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2007 № 334

тасдиқ шудааст

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи БИД дар солҳои 2007-2015

Рӯйхати ихтисорот

БИД - Бемории ишемиявии дил

БМА ТУТ - Бюрои минтақавии Аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ

БМН - Беморхонаи марказии ноҳиявӣ

БОР - Бонки Осиёии рушд

БУ - Бонки умумиҷаҳонӣ

ВМ - Вазорати маориф

ВТ ҶТ - Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМКБ - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

ДДТТ - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

ДТИБКТТ - Донишгоҳи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон

ИШИ - Иттисоли шохрагу иклил,

ЁТТ - Ёрии тиббии таъҷилӣ

КАТС - Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

ММД - Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

МСШ - Маркази саломатии шаҳрӣ

МСД - Маркази саломатии деҳот

МҶКБД - Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил

МҶИҶДР ва ҚС - Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина

МТД - Маркази тибби далелнок

НТҶ - Ноқияҳои тобеи ҷумҳурӣ

ОХ - Омилҳои хатар

ПИТПБ - Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқикотии пешгирии бемориҳо

РДАҶТ - Рӯйхати дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТУТ - Ташкилоти умумиҷахонии тандурустӣ

ТҲС - Ташаккулли ҳаёти солим

ТД - Тибби далелнок

ТИ - Такмили ихтисос

ТҒД - Ташкилотҳои ғайридавлатӣ

ТҒДЗ - Ташкилоти ғайридавлатии занҳо

ФШ - Фишорбаландии шарёнӣ

ФБА - Фонди байналмилалии асъор

ФО - Фонди Оғохон

ШМА - Штатҳои Муттаҳидаи Амрико

ХС - Хунгардиши сунъӣ

ХС ЛПЗБ - Холестерин липопротеиди зичиашон баланд

ХС ЛПЗП - Холестерин липопротеидҳо зичиашон паст

ХС ЛПЗНП - Холестерин липопротеиди зичиашон ниҳоят паст

ҶТ - Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭКГ - Электрокардиография

МУҚАДДИМА

Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил (минбаъд Барнома) мутобиқи раванди ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси хуҷҷатҳои бунёдии зерин таҳия карда шудааст:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" Душанбе, 1997

- Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010. Душанбе, 2002

- Барномаи ТУТ оид ба бемориҳои дилу раг дар Аврупо. БМА/ТУТ, Копенгаген, 1984

- Нақши CINDI дар ҳалли масъалаҳои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ. ТУТ/БМА Копенгаген, 1981

- Саломатии аҳолӣ ва тандурустӣ дар ҶТ дар солҳои 2003-2005 Душанбе, 2006

- Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе,2002

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, 30 апрели соли 2007

Мачмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2004, тибқи нишондиҳандаи ФБА 309,6 $ ШМА ба ҳар сар аҳолиро ташкил медод (ММД дар соли 1999178,2). Шумораи бекорони ба қайд гирифташуда (дар охири соли 2004)45,4 ҳаз. нафар, ки 2 фоиз аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ коршоямро ташкил медиҳад. Қариб 60 фоиз ахолии ҶТ худро ба табақаи камбизоат мансуб медонад (Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ, соли 2002), аз ин лиҳоз, дигаргунсозии сохтори иқтисодиёт ва мутобиқ кардани он ба шароити бозоргонӣ аҳамияти хоса пайдо намуд. Пастшавии вазъи дахлдори саломатии аҳолӣ барои дарки зарурати шадид ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади мӯътадилгардонӣ ва беҳтарсозии ҳолати баамаломада мусоидат намуд. Барои амалӣ намудани ҳадафи мазкур бо дастгирии ТУТ "Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010" қабул карда шудааст, ки дурнамои рушди соҳаро муайян намуда, ба таъмини шароити баробар ба хизматрасонии тиббӣ, ки ба талабот ва эҳтиёҷоти табақаҳои камбизоати аҳолӣ бо роҳ додани афзалият ва таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ҷавобгӯ аст, нигаронида шудааст. Хадамоти КАТС бо роҳи таҷдиди сохтор ва баррасии дубораи вазифаҳо, азнавтақсимнамоии захираҳои соҳаи тандурусгӣ, ҷорӣ намудани тибби оилавӣ, бозомӯзии кормандон, беҳтарнамоии инфраструктураи моддӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминот бо доруворӣ, маснуоти мавриди истифодаи тиббӣ мустаҳкам карда мешавад. Мақсади дастрасии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо мебошад. Дар чунин шароит зарурати ҳатмии таҳия ва татбиқи барномаҳои миллии пешгирӣ, ки ба паст намудани сатҳи афзоиши беморшавӣ, маъюбшавӣ ва фавти аҳолӣ ба миён омад.

Таҳлили вазъи воқеӣ

Соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таназзули калони иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз сар гузаронид, ки ба авзои муноқишавӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва гузариши ,ногаҳонӣ, ба иқтисоди бозоргонӣ алоқаманд аст. Дар солҳои 1992-1997 аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун рафтани миқдори зиёди мутахассисони варзидаи хадамоти дилшиносӣ, дилпизишкон ва омӯзгорон мушоҳида гардид. Ҳамзамон, сатҳи муҷаҳҳазгардонии моддию техникӣ ва таъминоти дорувории хадамоти КАТС якбора паст гардид. Аз ҳам гусастани равобити муқаррарии иқтисодӣ, аз он ҷумла, алоқаҳои байналмилалӣ, паст рафтани истеҳсолот ва душвориҳои молиявии назаррас, боиси паст шудани сатҳи ҳимояи иҷтимоии табақаҳои камбизоаттарини аҳолӣ гардиданд. Тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷахонии Тандурустӣ (ТУТ - 2004. Isuf Kalo, М.В., PhD, Regional Advister Quality of Health Sistems Programme) хароҷоти умумии сарикасӣ дар соҳаи тандурустӣ (бо дбллари ШМА) дар Тоҷикистон солҳои 1997/2001 6/6 доллар мебошад, дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда дар Қирғизистон 21/12 доллар, Узбекистои 27/27 доллар, Туркманистон 28/57доллар, Қазоқистон - 44/44 доллар ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур аз давлатҳои Аврупоӣ ҳам кам буда, ҳатто дар Словенияи нав аз низоъ баромада ба 712/821 доллар баробар мебошад. Нишондиҳандаи дигари воқеӣ фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мебошад, ки ба соҳаи миллии тандурустӣ равона карда шуда, дар Тоҷикистон (соли 2001) - 3,3., дар ӯзбекистон - 3,6, Қиргизистон - 4,0, Туркманистон4,1 ва дар Словения 8,4 (ТУТ) фоизро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи охирини омории ТУТ(с.2005) фоизи ММД, ки воқеан ба соҳаи тандурустии ҶТ сармоягузорӣ мешавад зиёда аз 1 фоизро ташкил медиҳад.

Бо сабабҳои комилан воқеӣ, бештар сабабҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии муайяншуда, нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ бад шуд. Бахусус ин ба сатҳи беморшавӣ ва фавт аз бемориҳои дилу рагҳо дахл дорад.

Тамоми мушкилоти шадиди бамиёномода, қабл аз ҳама мушкилоти ба кӯмаки фаврии хадамоти дилшиносӣ дар сатҳи КАТС дахлдошта, наметавонанд бидуни сармоягузории фаврӣ ба соҳаи тандурустӣ ҳал гарданд. Минтақаҳои афзалиятнок дар ин самт - ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон дониста мешаванд.

Агар дар ҷумҳуриҳои алоҳида (Россия) солҳои охир камшавии шумораи аҳолӣ ба назар расида бошад (Ю.Н. Беленков, 2005), дар Тоҷикистон новобаста аз таъсири омилҳои муҳоҷират, шумораи аҳолӣ тамоил ба афзоиш дорад. Ҳамин тарз, шумораи миёнаи аҳолии доимии Тоҷикистон (ҳаз.нафар) аз 6188,3 (соли 2000) то 6920,3 (соли 2005), яъне 11,8 фоиз зиёд шудааст. Дар баробари ин суръати баланди афзоиши фавти умумӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Барои мисол, ин нишондиҳанда дар соли 2000 то 4,3 (22,8 фоиз) ва дар соли соли 2003 то 4,7 (9,3 фоиз) афзудааст. Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда соли 1999, 3,5 ба 1000 нафар аҳолиро ташкил намуда, дар соли 2002 бошад 4,5 (22,2 фоиз), соли 2003 5,0 (назар ба соли 199942,8 фоиз) афзудааст. Дар сохтори фавти умумӣ бемориҳои андоми хунгардиш ҷои аввалро ишғол менамоянд (40 фоиз аз ҳама сабабҳои фавт).

Ба ҳолати мавҷудаи ногувор, инчунин дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон (Бохтар, Норак, Сарбанд, Темурмалик, Панҷ, А.Ҷомӣ, Н.Хисрав, Хуросон, Ховалинг, Балҷувон, Шӯробод, Мӯминобод) ва 8 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Шаҳринав, Варзоб, Файзобод, Роғун, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод), 7 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Ванҷ, Ишкошим, Дарвоз, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон), 5 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (Қайроққум, Табошар, Шаҳристон, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ) набудани дилпизишкон таъсири манфии худро мерасонад. Дар айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 190 нафар шахсони воқеӣ ба ҳайси дилпизишк фаъолият доранд: дар сармуассиса ва муассисаҳои табобатии ш. Душанбе - 76 нафар; вилояти Хатлон34 нафар; вилояти Суғд - 67 нафар; ВМБК - 8 нафар; ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 5 нафар.

Дар баробари ин, таъминот бо дилпизишкон аз ҳама камтар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (0,04 ба 10. хаз. аҳолӣ) ва дар вилояти Хатлон (0,11 ба 10 ҳаз. аҳолӣ) ба қайд гирифта щудааст, ки мутапосибан 7,5 ва 3 маротиба аз нишондиҳандаи умумиҷумҳуриявӣ (0,3 ба 10. ҳаз. аҳолӣ), камтар мебошад. Нишондиҳандаҳои гирифторшавии аҳолӣ ба бемории узвҳои хунгард ва фавт дар сатҳи баланд қарор доранд.

Ҳамин тавр, гирифторшавии аввалия ба бемориҳои андомҳои хунгардиш дар маҷмӯъ, дар ҶТ аз 839,3 ба 100. ҳаз. аҳолӣ (с.2000) то 1073,8 (соли 2003) ва 975,4 (соли 2005) ё ин, ки 16,2 фоиз афзудааст. Ин нишондиҳанда дар ш. Душанбе дар як сол 18%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ10,4 фоиз, вилояти Хатлон - 7,1 фоиз зиёд шудааст: Ба ҳисоби аҳолии калонсол бошад, гирифторшавии аввалия ба бемориҳои дилу рагҳо (соли 2004) дар сатҳи ҷумҳурӣ ба 2355,2 ба 100. ҳаз. аҳолӣ рост меояд. Дар сохтори мубталоии аввалия ба бемориҳои андоми хунгардиш (соли 2004) ҷои аввалро фишорбаландии шарёнӣ - 629,0 ба 100 ҳаз. аҳолӣ (26,7 фоиз), ҷои дуввумро БИД -306,9 ба 100 ҳаз. аҳолӣ (13, фоиз), атеросклероз - 187,3, бемориҳо рагзоди майна - 120,8 -ро ташкил медиҳад. Бемориҳои зикргардида (52,8 фоиз дар сохтори бемориҳои андомҳои хунгардиш) дар маҷмӯъ мубталоии аввалия ба бемориҳои аидоми хунгардиш ва фавтро муайян менамоянд. Аз ин лиҳоз, яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустии ҶТ бемориҳои дилу рагҳо буда, дар байни онҳо БИД бо саҳми асосӣ доштан ҳам дар сохтори умумии фавт ва ҳам дар фавт аз бемориҳои андоми хунгардиш фарқ мекунад.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар кишвар ҳарсола 2500 нафар беморон ба амалиёти реваскуляризатсионӣ ва 4000 нафари дигар бошанд ба стентгузорӣ ниёз доранд. Дар баробари ин, қайд намудан лозим аст, ки барои табобат ва барқарорнамоии саломатии гурӯҳи беморон маблағҳои калон лозим мебошад.

Муолиҷаи ҷарроҳии бемории рагҳои дил ба яке аз намудҳои захираталаб ва пурқимати ёрии тиббӣ мансуб буда, расонидани ёрии ҷарроҳиро барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ маҳдуд менамояд, зеро маблағҳои ҷудошавандаи буҷети давлатӣ барои таъминоти муолиҷаи ҷарроҳии беморони эҳтиёҷдошта хеле нокифоя мебошад.

Тибқи тавсияҳои ТУТ (Барнома CINDI) бо ҳамзамон мукаммал намудани ёрии махсусгардонидашудаи таъҷилӣ, захираҳои асосии мавҷударо ба барномаҳои хусусияти пешгиридошта бояд сарф намуд.

Мақсад ва вазифаҳо:

Мақсади асосии Барнома - паст намудани суръати афзоиши бсморшавӣ, фавт ва мафобшави аз бемории ишемиявии дил (БИД).

Вазифаҳои Барнома аз инҳо иборатанд:

1. Баланд бардоштани сатҳи маърифати мутахасиссони КАТС ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи БИД.

2. Беҳтар намудани сифати ташхис, ошкор намудан ва расонидани ёрии таъҷилӣ ба беморони дилу рагҳо дар сатҳи КАТС ва бахши бистарнамоӣ тавассути таҳия ва татбиқи дастурамал ва протоколҳои клиникӣ тибқи талаботи тибби ба далел асосёфта.

3. Баланд бардоштани сифат ва дастрасии расонидани ёрии махсусгардонидашудаи кардиологӣ ва дилҷарроҳӣ ба аҳолӣ.

4. Беҳтар намудани заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои КАТС ва бахши бистаринамоӣ оид ба расонидани ёрӣ ба беморони гирифтори БИД.

Барнома аз 7 қисми асосӣ иборат мебошад:

1. Ташкили Маркази ҳамоҳангсозӣ ва Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ, ҷаласаҳои машваратӣ ва семинарҳо оид ба тақсимоти вазифаҳо, назорати иҷрои онҳо, ҳамкории байнисоҳавӣ, ҷустуҷӯи манбаъҳои маблағгузорӣ (ташкилотҳои донорӣ ва сарпарастон).

2. Ташкили барномаи омӯзишӣ дар мавзӯи: "Пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи БИД ва дигар бемориҳои дилу рагҳо дар Тоҷикистон".

3. Ташкил ва гузаронидани скрининг ва мониторинги омилҳои хатари БИД дар минтақаҳои гуногуни ҶТ. Ислоҳоти ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва омории хадамоти дилшиносӣ.

4. Ташкил ва дастгирии Маркази миллии иттилооти - Маркази захиравии тибби ба далел асосёфта. Таъмини мониторинг ва татбиқи

5. Ташкил ва гузаронидани чораҳои оммавӣ, ки ба тағйирёбии омилҳои хатари БИД нигаронида шудаанд,

6. Барқарорсозӣ ва рушди хадамоти ёрии таъҷилӣ ба беморони дилу рагҳо дар сатҳи КАТС.

7. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди ёрии дилҷарроҳӣ ба гирифторони БИД.

I. Ташкил намудани марказ ва шӯроҳои иҷроияи ҳамоҳангсозӣ барои татбиқи Барнома

Мақоми роҳбарикунанда - Маркази ҳамоҳангсозии ҷумҳуриявӣ оид ба идора ва татбиқи Барномаи миллӣ.

Муассисаҳои пойгоҳӣ - Маркази ҷумҳуривии бемориҳои дил, марқазҳои вилоятии бемориҳои дил, Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси синна ДДТТ ба номи Абӯали ибни Снно ва ДТИБКТТ.

Барои амалисозии Барнома гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати мутахассисони МҶБД, МИҶҶДР ва ҚС, кормандони кафедраи дилшиносӣ бо курси фармакологияи клиникавии ДТИБКТТ ва кафедраи ҷарроҳии №2 ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маркази ҷумҳуриявӣ ва марказҳои вилоятии ташаккули ҳаёти солим, ПИТПБ, сармутахасстсони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода мешаванд.

Барои татбиқи Барнома созмон додани панҷ шӯрои ҳамоҳангсозии минатқавт дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ба нақша гирифта мешавад. Дар ҳайати Шӯроҳои ҳамоҳангсозии минтақавӣ сармутахассисони раёсатҳои тандурустии шаҳру вилоятӣ, роҳбарони муассисаҳои шифоӣ ва пешгирӣ, инчунин дилпизишкон ва дилҷарроҳони нисбатан варзида, мутахассисони дигар шомил мегарданд.

II. Ташкили Барномаи омӯзишӣ дар мавзӯи "Пешгирии бемориҳои дилу рагҳо дар Тоҷикистон"

Таҳлили вазъи воқеӣ оид ба дараҷаи таъминот бо захираҳои кадрӣ ва сатҳи тахассусии онҳо нишон медиҳад, ки дар айни ҳол кадрҳои баландихтисоси дараҷаи тахассуси дилпизишкӣ ва пизишкони амалияи оилавӣ дошта дар соҳа намерасанд. Ин зарурияти таҳия ва татбиқи Барномаҳои муосири омӯзиширо, ки қисмҳои зеринро дар бар мегиранд, тақозо менамояд:

- тайёр намудани мутахассисрни варзида аз ҳисоби дилпизишкон, роҳбарони хадамоти тандурустӣ барои ворид намудани технологияи муосир, Барномаҳои пешгирӣ дар байни аҳолӣ (барномаҳои CINDI - ТУТ), дар асоси тибби бо далел асосёфта;

- баланд бардоштани сатҳи дониш иа таҷрибаи тахассусии мутахассисон - табибон ва тавассути он пешгирии беморин дилу рагҳо дар сатҳи фардӣ, гурӯҳӣ ва иҷтимоӣ.

Дастгирии марказҳои тибби оилавӣ ва саломатии аҳолӣ (табибони КАТС) тавассути такмили ихтисос ва гузаронидани семинарҳои ба тибби далелнок асосёфта оид ба пешгирии бемориҳои дилу рагҳо, аз он ҷумла БИД.

Унсури асосии Барномаи омӯзишӣ инҳоянд: ташкил ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ (дудаҳагӣ) бо фарогирии 40 нафар мутахассисони ҶТ аз ҳисоби дилпизишкон, мутахассисони тибби оилавӣ, роҳбарони соҳаи тандурустии тамоми манотиқи кишвар, инчунин устодони ДТИБКТТ ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ҷалб намудани ташкилотҳои-байналмилалӣ ва намояндагони Маркази ҳамоҳангсозии барномаи CINDI/ ТУТ (Бюрои минтақавии Аврупоии ТУТ, Копенгаген) оид ба ташкил ва ҷорӣ намудани чорабиниҳои популятсионӣ, гузаронидани таҳқиқоти скрининг ва мониторинг, баҳогузории фаъолият ва тадбиқи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар самти барномаҳои пешгирӣ.

Зимнан, ҳангоми татбиқи барномаи омӯзишӣ, ҳайати асосии ба ҷараёни таълим ҷалбшаванда инҳо мебошанд:

1. Муовинони сартабибон оид ба корҳои дасгириву ташкилии МҶКБД, МҶИҶДР ва ҚС, Марказҳои вилоятӣ ва байниноҳиявии бемориҳои дили Хуҷанд, Қӯргонтеппа, Хоруғ, Кӯлоб ва ш.Душанбе, мутахассисони масъули МСШ ва МСД.

2. Дилпизишкон ва табибони оилавии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

3. Устодони риштаи дилшиносӣ ва тибби оилавии ДТИБКТТ, риштаи тибби оилавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Татбиқи барномаи омӯзишии ба тарбияи беҳдошти аҳолӣ нигаронидашуда, ошкорсозӣ ва пешгирии омилҳои нисбатан паҳнгаштаи хатар, ки дар ояндаи наздик рафъ ё назорат кардан имконпазир аст, аҳамияти хеле муҳим доранд. Ин самти фаъолияти мақомоти тандурустӣ ва табибони таҷрибаомӯз ниҳоят ғайрисамарабахш анҷом дода мешавад. Чорабиниҳои пешгирӣ дар байни аҳолӣ ввбаста ба ин дар якчанд самт гузаронида мешаванд: сӯҳбатҳои фардӣ, дарс бо гурӯҳҳои начандон калон ба таври семинарҳои нақшавӣ бо додани маводи таҳиягардидаи иттилоотӣ ва таъсиррасони ба қишрҳои-васеи аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори умум анҷом дода мешаванд. Сӯҳбатҳои фардӣ барои аз байн бурдани омилҳои хатар, ки дар шахсони алоҳида (тамокукашӣ, ғизои нодуруст, фарбеҳӣ, камҳаракатӣ, гиперхолестеринемия ва ғ.) муайян шудаанд, равона карда мешавад. Ин ба зиммаи пизишкони амалияи умумии КАТС, табибони оилавӣ ва пизишкёрон вогузор мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои оммавӣ, ҳамзамон бо баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба омилҳои хатари бемориҳои асосии андоми хунгардиш тавассути мунтазам гузаронидани семинарҳо бо гурӯҳҳои муташаккили аҳолӣ (хоҷагиҳои фермерӣ, мактабҳо, фабрикаҳо, автобазаҳо ва ғайра) анҷом дода мешавад.

Семинарҳое, ки барои баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба навъҳои омилҳои хатар аз тарафи табибони оилавӣ якҷоя бо дилпизишкони маҳаллӣ (БМН, МВБД) ва мутахасиссони марказҳои ташаккули ҳайёти солим гузаронида мешавад.

III. Ташкил ва гузаронидани скрининг ва мониторинги омилҳои хатари бемориҳои дилу рагҳо

Скрининги аҳолӣ ва мониторинги омилҳои хатари бемориҳои дилу рагҳо аз тарафи пизишкон - мутахассисони Марказҳои вилоятии бемориҳои дил ва бахшҳои бемориҳои дили БМН, марказҳои ташаккули ҳаёти солим ва мутахассисони КАТС таввасути дастурамалҳои аз тарафи мутахассисони риштаи дилшиносӣ ва эпидимиологияи клиникии ДДТИБКТТ таҳия шуда, гузаронида мешавад. Таҳлили ахбор оид ба мониторинги омилҳои хатар, хисоботхои оморӣ мунтазам ба Вазорати тандурустии ҶТ ва Кумитаи ҳамоҳангсози БМА ТУТ (барномаи CINDI) пешниҳод карда мешавад. Усулҳои санҷиш иборатанд аз: 1.Пурсишнома 2. Чен намудани фишори шарёнӣ бо истифода аз сфигмоманометри симобӣ бо стандарти хоси тадқиқотҳои эпидимиолоҷӣ (А.Н. Бриттов 1983, ва ғ.). Шахсони фишори шарёниашон зиёда аз 140 мм.ст.сим. (нишондоди систоликӣ) ва 90 мм.ст.сим. (диастоликӣ) такроран баъд аз 2 - 4 ҳафта барои чен намудани ФШ даъват карда мешаванд. 3. Антропометрия. 4. Сабти ЭКГ. Гузаронидани санҷишҳои мазкур тибқи стандарти тасдиқгардида сурат мегиранд.

Таҷзияи спектри чарбу бо методхои стандартӣ гузаронида мешавад. Триглисеридҳо бо Grafnetter (L.Clarson 1963), холестерини умумӣ бо усули Хуангу (L. Abel, 1952; D. Fredrikson 1971), холестерини липопротеиди зичиашон баланд, (ХС ЛПЗБ) бо усулҳои дар боло зикршуда баъд аз таҳшин намудани холестерин липопротеиди зичиашон паст (ХС -ЛПЗП) ва бисёр паст (ХС - ЛПЗБП).

Натиҷаҳои ба даст омада тибқи меъёрҳои ТУТ тасниф карда мешаванд, Ҳамчунон ташхиси саҳеҳ ва эҳтимолии БИД дар асоси маҳакҳои мавҷуда муайян карда мешаванд.

IV. Ташкил ва дастгирии Марказӣ ва дастгирии Маркази миллии иттилоотӣ Маркази ҷумҳуриявии тиббӣ ба далел асосёфта. Таъмини мониторинг ва баҳодиҳии фаъолияти Барнома

Ҳалли комилан дурусти масъалаҳои мавҷуда ва ҳамроҳ кардани ҶТ ба технологияи муосири пешгирии бемориҳои дилу рагҳо бидуни ташкил намудани марказҳои тибби ба далел асосёфта дар назди ДТИБКТТ ва ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ғайриимкон мебошад. Ин Марказҳо метавонанд дар асоси доимӣ, аз як тараф, ҷиҳати ҷамъ овардан ва таҳлил намудани ахбороти аз минтақаҳои ҶТ воридгашта оид ба мониторинги омилҳои хатари бемориҳои махсусан паҳнгашта кӯмак расонанд, аз тарафи дигар, дар ҳамоҳангсозии фаъолият ва густариши робитаҳои беруна, дар навбати аввал бо Маркази ҳамоҳангсозии Барномаи CINDI/ТУТ, нақши беандоза муҳим бозанд. Ҳамчунон, ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи натиҷаю иттилооти ба даст овардашуда шафофияти равобити дохиливу хориҷиро таъмин намуда, мубодилаи фаврии маълумот дастрас мегардад. Ташкил ва фаъолияти самараноки марказҳои захиравии тибби ба далел асосёфта аз шартҳои зерин вобаста аст:

- ҷудо намудани 4 басти омӯзгорӣ (120 хонанда / сол: 12 моҳ: 2,5 (индекс к/м) - 4,0 басти омӯзгорӣ) + 2,0 басти кормандони техникӣ;

- ташкили лабораторияи таҳсиливу аёнӣ дар назди МҶБД ва кафедраи дилшиносии ДТИБКТТ (2,0 басти лаборантӣ, 1- басти лаборанти калон, 1 басти пизишки биохимиявӣ, 1 - басти омӯзгор);

- таъмин ва ҷиҳозонидани коргоҳи таҳсиливу айёнӣ тибқи талаботҳои муосир. Лаборатория бояд бо таҷҳизоти озмоишии зарури барои гузаронидани тахлили фаврии қанди хун, спектри чарбуи хун, гузаронидани антропометрия (қад, вазн, андозаи гирди камар ва рони пойҳо, ғафсии чарбуи зери пӯст), қайди СБД ва фишори шарёнӣ таъмин бошад. Асбобҳои аёнӣ ба мисли муляжҳои ғизоҳо барои ҳисоб намудани миқдори калораж, чарбу, холестерин, углеводҳо (аз он ҷумла қандҳои содда) ва сафеда зарур мебошанд. Инчунин, маҷмӯи ҷадвалҳо ва номограммҳо барои ҳисоб намудани арзиши ғизо, тарозуи таҳлил ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани таҳлили сифатӣ - миқдории маҳсулоти хӯрокворӣ зарур аст.

V. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳамагонӣ ва рушди хадамоти барқарорнамоии саломатии беморони дилу раг 

Бо дарназардошти маълумоти бадасговардашуда оид ба скрининги аҳолӣ ва мониторинги омилҳои хатари бемориҳои андоми хунгардиш, барномаи дахолат, ҷиҳати бартараф намудани омилҳои хатарнок таҳия карда мешавад (тамокукашӣ, фишорбаландии шарёнӣ, майхорагӣ, гиперхолестеринемия, гипертриглитсеридемия, фарбеҳӣ ва ғ.).

Вобаста ба ин амалисозии корҳои зерин зарур аст:

1. Таҳияи дастури амалӣ барои муайян намудан ба баҳодиҳии фишори баланд, миқдори баланди холестерин ва назорати пайвастаи онҳо, муайян намудани вазни зиёди бадан, омили камҳаракатӣ.

2. Гузоштани постерҳо барои табибон ва аҳолӣ барои тарғиби аёнӣ ва ташкили мубориза бар зидди омилҳои хатар.

3. Аз нав ҷиҳозонидани базаи моддию - техникии марказҳо ва бахшҳои барқарорнамоии саломатӣ.

VI. Барқарорсозӣ ва рушди хадамоти ёрии таъҷилӣ ба беморони дилу раг дар сатҳи КАТС

Базаи моддиву техникии хадамоти дилшиносии кишвар дар маҳалҳо хароб буда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.

Мавҷуд набудани таҷҳизоти зарурӣ дар маҳалҳо (утоқҳои дилпизишкӣ, дармонгоҳҳои марказии ноҳиявӣ ва вилоятии бемориҳои дил, аз он ҷумла дар бахшҳои наҷотдиҳӣ) имконияти расонидани ёрии таъҷилӣ дар сатҳи протоколҳои қабулшудаи ҳозиразамон таъмин намесозад. Мавҷуд набудани нақлиёти санитарӣ расонидани ёрии саривақтӣ ва таъҷилии самаранокро ба беморони БИД душвор мегардонад. Фоизи баланди фавт ҳангоми сактаи дил ва дигар ҳолатҳои таъхирнопазири бемориҳои дилу рагҳо далели тасдиқкунандаи ин қазия мебошад. Танҳо дар сурати аз нав ҷиҳозонидани базаи моддию техникӣ ва таъминот бо доруворӣ, имконият медиҳад дар ҳама марҳилаҳои расонидани ёрии амалӣ (аз сатҳи КАТС огоз намуда) ба беморони дилу раг, ҳолати мавҷударо тағйир дод.

VII. Ҷорӣ намудани технологияи муосир ва рушд ҷиҳати табобати ҷароҳии дил ба беморони мубталои БИД

Бемории ишемиявии дил яке аз ҷойҳои намоёнро дар сохтори фавт аз бемориҳои дилу рагҳо ишғол менамояд. Дар сурати бесамар будани табобати консервативӣ ва ҷараёнӣ оризаноки ин беморӣ, гузаронидани муолиҷа бо усули ҷарроҳии стентгузорӣ ва иттисоли шоҳрагу иклилӣ зарур мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, ки бо тавсияи Ассотсиатсияи кардиологони Амрико гузаронида шуд, ҳар сол дар кишвар 6500 нафар ба муолиҷаи дилҷарроҳӣ ниёз доранд.

Ёрии дилҷарроҳӣ дар Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина ва Маркази вилоятии бемориҳои дил дар ш.Хуҷанд ба роҳ монда шудааст. Дар айни ҳол, дар МИҶҶДР ва ҚС ташхиси шуоии (Доплер ЭхоКГ, ангиокардиография, коронарография) бемории ишемиявии дил мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунон, ҷарроҳии антиопластика ва стентгузории иклилӣ, -имлантатсияи ЭКС бомуваффақият ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи дигар бо сабабҳои серхарҷӣ, қимматӣ ва нокифоя будани маблағҳои буҷавӣ амалиётҳои мазкур хеле кам гузаронида мешаванд. Набудани таҷҳизоти ташхисотии электрофизиологӣ ва асбобҳои криодеструктивӣ, криоаблатсияи тахиаритмияҳо дар мавриди БИД - ро ғайриимкон мегардонанд. Иттисоли шоҳрагу иклилӣ бо истифода аз технологияи муосир низ бо сабабҳои набудани таҷҳизоти зарурӣ гузаронида намешавад. Набудани кардиомониторҳои бисёрсоҳавӣ ва таҷҳизотҳо барои истифодаи контрпулсатсияи дохилишоҳрагӣ назорат ва муолиҷаи беморонро баъд аз ҷарроҳӣ мушкил мегардонад. Қобили қайд аст, ки БИД ва ҷараёни оризаноки он бештар дар байни ҷавонон ва аҳолии қобили меҳнат паҳн гаштааст. Ин ҳолат қатъиян талаб менамояд, ки истифодаи васеъ намудҳои муолиҷаи БИД тавассути ҷарроҳӣ ва дастрас будани ҷарроҳӣ бо таҷҳизоти муосири техникии тиббӣ барои ҳама табақаҳои аҳолӣ ба роҳ монда шавад. Барои татбиқи бомуваффақияти Барнома рӯйхат -регистри беморони ниёзманди муолиҷа таввасути ҷарроҳӣ тартиб дода шуда, зиёд намудани маблағгузории мақсадноки буҷавӣ ва бо таҷҳизоти ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ, ҷиҳозонида шудани МҶИҶДР ва ҚС низ мувофиқи мақсад мебошад.

Истифодаи васеи таҷҳизоти муосири дар боло номбаршуда, стентгузаронии иклилӣ, усулҳои ҷарроҳии номураттабии кори дил ва иттисоли шоҳрагу иклилӣ имконият медиҳад, ки сифати муолиҷа беҳтар гашта, давомнокии умри беморон дароз карда шавад ва сатҳи маъюбшавӣ ва фавти беморони БИД низ паст мегардад.

Механизми татбиқи самтҳои асосии Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсад: Паст намудани сатҳи афзоиши беморӣ, фавт ва маъюбшавӣ аз бемории ишемиявии дил (БИД).

Самтҳои афзалиятнок: Ошкор намудани омилҳои хатар ва муайян намудани нишондодҳои воқеии фарогирӣ, мониторинги гирифторшавӣ ба БИД, авориз ва фавт, ҷорӣ намудани технологияи муосир.

Нишондиҳандаҳо: Сатҳи фарогирии омилҳои хатар, мубталоии аввалияи БИД ба таври кул ва намудҳои алоҳидаи он, миқдори сактаи дил ва сактаи бо фавт анҷомида, фавт аз сактаи дил дар беморхонаҳо, нишондоди маъюбшавӣ аз БИД.

Омилҳои эҳтимолии хатар: Нарасидани кадрҳои баландихтисос ва сатҳи пасти дараҷаи тахассусӣ, сатҳи пасти таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории нокифоя.

1. Барномаи омӯзишӣ

+---------------+---------+Т--------+-----+-------+--------+---------ҷ
|Накшаи стратеги|Масъулини|Ҳамкорони|Замон|Натиҷаи|Нишонди-| Манбаи  |
|ва фаъолият    |ичроиш   |эҳтимолй |     |ниҳоӣ  Жҳанда   |иттилоот |
+---------------+---------+---------+-----+----Р--+--------+---------+
|1.Тадбики ТД   |ВТ ЧТ, ВМ|   ТУТ,  |2007-|Тахия  | Фоизи  | Натичаи |
|дар тахсили    |  ДДТТ   |Здравплюс|2012 |ва тат-|чавобхои|монито-  |
|мунтазам       | ДТИБКТТ,|  СОРОС  |     |бики   | дуруст |ринги    |
|               | коллечи | Идораи  |     |барно- | оид ба |дониши   |
|               |  тибби  |  Суис,  |     |махои  |пурсиши |ибтидои, |
|               |         | Лоихаи  |     |омузиши|дониш ва|мархилави|
|               |         |  Сино   |     |оид ба |тачрибаи|ва нихои |
|               |         |         |     |ТД.    | амали  |         |
|               |         |         |     |Татбики| оид ба |         |
|               |         |         |     |барно- |   ТД   |         |
|               |         |         |     |маи    |        |         |
|               |         |         |     |омузиши|        |         |
|               |         |         |     |семи-  |        |         |
|               |         |         |     |нархо  |        |         |
|               |         |         |     |ва     |        |         |
|               |         |         |     |сиклхои|        |         |
|               |         |         |     |ТИ     |        |         |
+---------------+---------+---------+-----+-------+--------+---------+
|2.Дастгири дар |ВТ ЧТ,   | Лоихаи  |2007-|Бархур-|Ч-микдо-| Натичаи |
|сатхи КАТС МШС,|  ДДТТ   |  Сино,  |2012 |дори ва|ри ТИ   |монито-  |
|МШД оид ба     | ДТИБКТТ,|  БУ,БРО |     |мукам- |гирифта-|ринги    |
|пешгирии БИД   |МСШ № 1  |         |     |мал    |гон,    |гузаштаи |
|               |Душанбе  |         |     |гардо- |З-шумо- |ТИ       |
|               |         |         |     |нидани |раи     |         |
|               |         |         |     |тачриба|умумии  |         |
|               |         |         |     |оид ба |табибони|         |
|               |         |         |     |пешги- | КАТС   |         |
|               |         |         |     |рии БИД|        |         |

|3.Омузонидани  |ВТ ЧТ  ва|Кумаки   |2007-|Бархур-|Ч-микдо-| Натичаи |
|мураббиён,усули|сохторхои|поллиати-|2009 |дори ва|ри      |монито-  |
|гузаронидани   |он       |вии СОРОС|     |мукам- |мурабби-|ринги    |
|скринингхо ва  |         |         |     |мал    |ёни ТИ  |гузаштаи |
|дахолати       |         |         |     |намуда-|гузашта,|ТИ       |
|хамагони       |         |         |     |ни     |З-микдо-|         |
|               |         |         |     |тачриба|ри      |         |
|               |         |         |     |       |умумии  |         |
|               |         |         |     |       |мураб-  |         |
|               |         |         |     |       |биён    |         |

|4.Курси кутох- |ВТ ЧТ  ва|Здравплюс|2007-|Такмили|Ч-микдо-|Микдори  |
|муддати омузиши|сохторхои| ФБС     |2012 |дониш  |ри сер- |сертифи- |
|мутахассисон   |он       |         |     |ва     |тификат |катхои   |
|пешгирии БИД   |         |         |     |малака |гирифта-|гузаштаи |
|оиди техноло-  |         |         |     |оид ба |гон,    |ТИ       |
|гияи нав ва ТД |         |         |     |чори   |З-микдо-|         |
|               |         |         |     |намуда-|ри мута-|         |
|               |         |         |     |ни тех-|хассисо-|         |
|               |         |         |     |нологи-|ни сохаи|         |
|               |         |         |     |яи нав |касби   |         |
|               |         |         |     |       |мазкур  |         |

|5.Маълумотнокии|ВТ ЧТ  ва|БОР,БУ   |2007-|Баланд |Ч-микдо-|Микдори  |
|ахоли (сатхи   |сохторхои|Хазинаи  |2015 |бардош-|ри сер- |сертифи- |
|иттилооти)     |он,      |Огохон,  |     |тани   |тификат |катхои   |
|               |мактабхо,|Лоихаи   |     |сатхи  |гирифта-|гузаштаи |
|               |омузишго-|Сино     |     |маълу- |гон,    |ТИ       |
|               |хи касби |         |     |мотно- |З-микдо-|         |
|               |техники, |         |     |кии    |ри мута-|         |
|               |расонахои|         |     |ахоли, |хассисо-|         |
|               |хабари   |         |     |такмили|ни сохаи|         |
|               |         |         |     |малакаи|касби   |         |
|               |         |         |     |бехдош-|мазкур  |         |
|               |         |         |     |ти     |        |         |
|               |         |         |     |ахоли  |        |         |

2. Ташкил ва гузаронидани скрининг ва мониторинги омилҳои хатари БИД дар манотиқи гуногуни ҶТ

|1.Ташкил ва    |ВТ ЧТ, ВМ|Здравплюс|2007-|Маркази| Фоизи  |Хисобот  |
|дастгирии      |  ДДТТ   |  СОРОС, |2009 |захира-|мутоикат|оиди     |
|маркази илми-  | ДТИБКТТ |   БОР,  |     |вии ТД |ба захи-|фаъолияти|
|иттилооти      |         | Идораи  |     |       |рахои   |пурсамари|
|(МЗТД)         |         |  Суис,  |     |       |таъми-  |маркази  |
|               |         |         |     |       |ноти    |захирави |
|               |         |         |     |       |ашёи.   |         |
|               |         |         |     |       |Мачмуи  |         |
|               |         |         |     |       |талабот-|         |
|               |         |         |     |       |хои МТД |         |

|2.Дастгири дар |ВТ ЧТ,   |Идораи   |2008-|Лабора-|Вохидхои|Хисобот  |
|тахияи         |  ДДТТ   |Суис,    |2010 |торияи |функсио-|оиди     |
|дастурамалхо   | ДТИБКТТ |ТГД+ТГЗД |     |омузиши|нали ва |фаъолияти|
|               |         |         |     |аёни   |захира- |пурсамари|
|               |         |         |     |       |хои ашёи|маркази  |
|               |         |         |     |       |        |захирави |

|3.Скрининг ва  |Чамъияти |ТГД      |2008-|Далел- |Ч-микдо-|Хисобот  |
|мониторинги ОХ |дилпизиш-|Панорама,|2015 |нок на-|ри нафа-|аз нати- |
|БИД (омилхои   |кони ЧТ, |ММТ,     |     |мудани |рони аз |чаи      |
|зарарноки рухи)|Чамъияти |хамкории |     |нишон- |ташхис  |монито-  |
|               |табибони |байнисо- |     |додхои |гузашта,|ринг     |
|               |оилави ва|хави     |     |омори  |дар мин-|         |
|               |хамширахо|         |     |оид ба |така,   |         |
|               |Чамъияти |         |     |ОХ БИД |З-микдо-|         |
|               |терапевт-|         |     |       |ри      |         |
|               |хо ва    |         |     |       |умумии  |         |
|               |педиатр- |         |     |       |ахоли   |         |
|               |хои ЧТ,  |         |     |       |        |         |
|               |Ташкилот-|         |     |       |        |         |
|               |хои      |         |     |       |        |         |
|               |чамъияти |         |     |       |        |         |

3. Рушди сатҳи сифати расонидани ёрии тиббии таъҷилӣ ба беморони БИД дар марҳилаи КАТС

|1.Таъминоти    |ВТ ЧТ ва |   БОР,  |2008-|Таъми- | Фоизи  |Таъминоти|
|моддиву техники|сохторхои|   ТУТ   |2015 |ноти   |мутоби- |ашёии    |
|ЁТТ дар мархи- |он       |(стан-   |     |дурусти|кат ба  |бахшхои  |
|лаи КАТС       |         |дартхои  |     |моддиву|стан-   |амалку-  |
|               |         |тачхи-   |     |техники|дартхои |нандаи   |
|               |         |зоти)    |     |       |минимали|КАТС     |
|               |         |         |     |       |умуми-  |         |
|               |         |         |     |       |чахони  |         |

|2.Татбики РАДЧТ|ВТ ЧТ ва |БОР, ФО  |2007-|Таъми- |Фоизи   |Монито-  |
|ва формуляри ЧТ|сохторхои|Идораи   |2015 |ноти   |давохои |ринги    |
|дар КАТС       |он,      |СУИС     |     |дуруст |аз      |тахлили  |
|               |Маркази  |         |     |бо     |таъин-  |хуччаихои|
|               |иттило-  |         |     |доруво-|шуда аз |РАДЧТ    |
|               |отии     |         |     |ри     |РАДЧТ ЧТ|         |
|               |дорувори,|         |     |       |мутобики|         |
|               |МТД      |         |     |       |формуля-|         |
|               |         |         |     |       |ри тибби|         |

|3.Ташкил ва    |ВТ ЧТ  ва|Барномаи |2007-|Баланд |Тахияи  |Хисобот  |
|гузаронидани   |сохторхои|СИНДИ-ТУТ|2015 |бардош-|барномаи|ва       |
|дахолати       |он,Вазо- |ТГД-     |     |тани   |таъмин- |монито-  |
|хамагони       |ратхои   |Панорама,|     |сатхи  |кунандаи|ринг     |
|               |фарханг  |Хамкории |     |маълу- |сатхи   |         |
|               |ва маориф|байнисо- |     |мотно- |ками    |         |
|               |кумитаи  |хави     |     |кии    |омили   |         |
|               |варзиш,  |         |     |ахоли, |хатар   |         |
|               |корхонаи |         |     |паст   |        |         |
|               |вохиди   |         |     |кардани|        |         |
|               |давлатии |         |     |омилхои|        |         |
|               |"Хурокво-|         |     |хатари |        |         |
|               | ри"     |         |     |инкишо-|        |         |
|               |         |         |     |фи     |        |         |
|               |         |         |     |бемори |        |         |

|4.Рушди хада-  |ВТ ЧТ  ва|Иттифоки |2007-|Паст   |Фисади  |Хисоботи |
|моти баркарор- |сохторхои|касабаи  |2015 |кардани|маъюб-  |омори    |
|намоии бнморони|он,Вазо- |корман-  |     |мухлати|шави ва |мувофики |
|дилу рагхо     |ратхои   |дони тиб |     |корно- |мухлати |варакахои|
|               |фарханг  |         |     |шоями  |корношо-|корношо- |
|               |ва маориф|         |     |ва     |ями     |ями      |
|               |кумитаи  |         |     |маъюб- |        |         |
|               |варзиш,  |         |     |шави   |        |         |
|               |корхонаи |         |     |       |        |         |
|               |вохиди   |         |     |       |        |         |
|               |давлатии |         |     |       |        |         |
|               |"Хурокво-|         |     |       |        |         |
|               | ри"     |         |     |       |        |         |

4. Мукаммал гардонидани ёрии дил ҷарроҳии госпиталӣ

|1.Тахияи ва    |МЧБД,    |   БОР,  |2008-|Тавсифи|Самараи | Натичаи |
|фехристи       |МВБД,    |сектори  |2015 |сифат- |гайрика-|монито-  |
|беморони БИД-и |МЧИЧДР ва|хусуси   |     |ноки ва|ноатбах-|ринг ва  |
|ба чаррохи     |КС       |         |     |шумораи|ши      |скрининг |
|ниёздошта      |         |         |     |беморон|табобат |         |

|2.Истифодаи    |МЧИЧДР ва|"Clinical|2008-|Бехтар-|Фоизи   | Натичаи |
|васеи стентгу- |КС ва    |prospekt"|2015 |шавии  |фароги- |хисобот  |
|зории беморони |бахши    |сектори  |     |сифати |рии КАГ,|ва мони- |
|БИД            |дилчарро-|хусуси   |     |зиндаги|стенгу- |торинг   |
|               |хии СВБД |         |     |ва     |зори ва |         |
|               |ш.Хучанд |         |     |дароз- |иттисоли|         |
|               |         |         |     |умрии  |шохрагу |         |
|               |         |         |     |беморон|иклил   |         |

|3.Чори намудани|МЧИЧДР ва|         |2009-|Назми  |Фоизи   | Натичаи |
|ТЭФ ва табобати|КС ва    |         |2015 |устувор|кардио- |хисобот  |
|чаррохии       |бахши    |         |     |ва     |версияхо|ва мони- |
|аритмияи дил   |дилчарро-|         |     |дурусти|        |торинг   |
|               |хии МВБД |         |     |дил    |        |         |
|               |ш.Хучанд |         |     |       |        |         |

|4.Чори намудани|МЧИЧДР ва|"Clinical|2008-|Сатхи  |%       | Натичаи |
|муолича тавас- |КС ва    |prospekt"|2015 |дастрас|чаррохии|хисобот  |
|сути чаррохии  |бахши    |сектори  |     |будани |гузаро- |ва мони- |
|пешгирии БИД   |дилчарро-|хусуси.  |     |самараи|нидашу- |торинг   |
|БИД (ИШР)      |хии МВБД |Чамъияти |     |иктисо-|даи ИШР |         |
|бидуни ХС      |ш.Хучанд |дилчарро-|     |ди     |дар дили|         |
|(of f pump)    |         |хони     |     |       |фаъо-   |         |
|               |         |хоричи   |     |       |лиятку- |         |
|               |         |кишвар   |     |       |        |         |

|5.Ташаккули    |ВТЧТ,    |Ташкилот |2008-|Сафар- |Микдори | Натичаи |
|равобити       |макомоти |ва       |2015 |барна- |чаласа- |хисобот  |
|байналмилали   |ичроияи  |агентии  |     |моии   |хои гу- |ва мони- |
|оид ба         |махаллии |дастгирии|     |маблаг-|зарони- |торинг   |
|масъалахои БИД |хокимияти|сохаи    |     |хои    |дашудаи |         |
|               |давлати  |тандурус-|     |донори |хамо-   |         |
|               |         |ти тавас-|     |тавас- |хангсо- |         |
|               |         |сути тат-|     |сути   |зи ва   |         |
|               |         |бики бар-|     |инкишо-|агентии |         |
|               |         |номахо   |     |фи     |ТГД     |         |
|               |         |дар ЧТ,  |     |шартно-|        |         |
|               |         |ТГД      |     |махо ва|        |         |
|               |         |         |     |мемо-  |        |         |
|               |         |         |     |ран-   |        |         |
|               |         |         |     |думхо  |        |         |