×

Конвенсия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон аз 9 декабри соли 2007

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Конвенсия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

(ки минбаъд "Давлатҳои Аҳдкунанда" номнда мешаванд),

бо нияти бастани Конвенсияи оид ба пешгирӣ намудани андозбандии

дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя ва бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ҳар ду кишвар ба мувофиқати зайл расиданд:

Фасли 1 Доираи истифодабарии Конвенсия

Моддаи 1 Ашхосе, ки нисбаи онҳо Конвенсия татбиқ карда мешавад

Конвенсияи мазкур нисбати он шахсоне истифода бурда мешавад, ки дар яке ё ҳарду Давлати Аҳдкунанда резидент мебошанд.

Моддаи 2 Андозҳое, ки нисбаи онҳо Конвенсия татбиқ карда мешавад

1. Конвенсияи мазкур нисбат ба андозҳои аз даромад ва сармоя, ки аз номи Давлатҳои Аҳдкунанда ё воҳидҳои сиёсии он, ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ситонида мешаванд, сарфи назараз шакли ситонидани онҳо татбиқ карда мешавад.

2. Андозҳо аз даромад ва сармоя, ҳамаи андозҳое ҳисобида мешаванд, ки аз маҷмӯъи _ даромад, маҷмӯъи сармояи умумӣ, ё аз қисмҳои алоҳидаи даромад ва сармоя ситонида мешаванд, аз ҷумла андоз аз даромадҳо, аз мусодираи амволи манқул ва ғайриманқул, андозҳо аз маблағи умумии музди меҳнат ва подош, ки корхонаҳо мепардозанд, инчунин андозҳои даромад аз болоравии арзиши сармоя.

3. Ба андозҳои дар ҳоли ҳозир амалкунандае, ки амали ин Конвенсия татбиқ мегардад, аз ҷумла мансубанд:

а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);

- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

- андоз аз амволи ғайриманқул;

(ки минбаъд "андозҳои Тоҷикистон" номида мешаванд);

б) дар Туркманистон:

- андоз аз фоидаи (даромади) шахсони ҳуқуқӣ;

- андози даромад аз шахсони воқеӣ;

- андоз аз амволи корхонаҳо;

- пардохти замин;

(ки минбаьд "андозҳои Туркманистон" номида мешаванд).

4. Конвенсия ҳамчунин нисбати ҳама гуна андозҳои ба ин наздик ва аз рӯи хислаташон монанд, ки баъди ба имзо расидани Конвенсияи мазкур ба иловаи андозҳои мавҷуда ё ки бар ивази онҳо ситонида мешаванд, мавриди татбиқ қарор мегирад. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бояд якдигарро аз ҳар гуна тағйиротҳои назарраси дар қонунгузориҳои андозии онҳо ба амал омада, бохабар созанд.

Фасли 2 Муқаррарот

Моддаи 3 Муқаррароти умумӣ

1. Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур ба ҷуз дар мавриде, ки матн маънои дигареро надиҳад:

а) Истилоҳи "шахс" маънои шахси воқеъӣ, ширкат ва ҳар кадом дигар иттиҳодияро дорад;

б) Истилоҳи "ширкат" маънои ҳама гуна иттиҳодияи корпоративӣ ё дигар ташкилотҳоро дорад, ки барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун иттиҳодияи корпоративӣ дониста мешавад;

в) Истилоҳи "корхона" маънои баамалбарории ҳар гуна намуди фаъолиятро дар бар мегирад.

г) Истилоҳи "корхонаи Давлати Аҳдкунанда" ва "корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда" мутаносибан маънои корхонаеро, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда идора менамояд ва корхонаеро, ки резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда идора мекунад, дорад;

д) Истилоҳи "ҳамлу нақли байналмилалӣ" маънон ҳама гуна боркашониҳоро тавассути киштӣ ё тайёра, нақлиёти роҳи оҳан ё автомобилӣ дорад, ки корхонаи мақомоти воқеии роҳбарикунанда, ки дар яке аз ин Давлатҳои Аҳдкунанда қарор дорад истифода мебарад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки киштӣ ё тайёра, нақлиёти роҳи оҳан ё автомобилӣ танҳо байни маҳалҳои қаламрави Давлати дигари Аҳдкунанда истифода мегардад;

е) Истилоҳи "мақомоти салоҳиятдор":

(о дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон - маънои Вазорати молия ва ё намояндаи ваколатдори онро дорад;

(и) дар мавриди Туркманистон - маънои Вазорати иқтисод ва молия ва Хадамоти давлатии андоз ва ё намояндаи ваколатдори онро дорад.

ж) Истилоҳи "шахси миллӣ" дорои маънои зайл аст:

(!) ҳама гуна шахси воқеие, ки шаҳрванди Давлати Аҳдкунанда мебошад;

(!!) ҳама гуна шахси ҳуқуқӣ, ширкат ё ассотсиятсия, ки мувофиқи қонунгузории ҷории Давлати Аҳдкунанда ин мақоми худро гирифтааст;

з) Истилоҳи "фаъолият" маънои расонидани хизматҳои касбӣ ва дигар фаъолияти мустақилро дорад;

и) Истилохи "Тоҷикистон" маънон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми ба маънои ҷуғрофӣ истифодабари қаламрави он, обҳои дохилӣ, фазои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар он ҷо ҳуқуқҳои мустақил ва доираи ҳуқуқашро, аз ҷумла ҳуқуқи истифодабарии конҳо ва захираҳои табииро, мувофиқи меъёри ҳуқуқҳои :байналмӣлалӣ ва он ҷое, ки қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ба амал барорад;

к) Истилоҳи "Туркманистон" маънои сарҳади Туркманистон, аз ҷумла минтақаҳои географӣ (хушкӣ, обӣ ва ҳавоӣ)-ро дорад, ки "Туркманистон метавонад ҳуқуқҳои мустақил ва доираи ҳуқуқҳояшро мувофиқи ҳуқуқҳои байналмилалӣ ба амал барорад;

2. Дар мавриди истифодаи, ин Конвенсия аз ҷониби Давлати Аҳдкунанда, ҳар истилоҳе, ки дар он муайян нашудааст, агар аз ҳамин матн мазмуни дигар барнаояд, ҳамон мазмунро медиҳад, ки қонунгузории ҳамин Давлат нисбати андозҳое муқаррар намудааст, ки ин Конвенсия нисбати онҳо татбиқ мешавад, аҳмияти истилоҳ тибқи қонунғузории андози ҳамин Давлат нисбат ба аҳмияти ҳамин истилоҳ дар дигар соҳаҳои қонунгузории ҳамин Давлат бартарӣ дорад.

Моддаи 4 Резидент

1. Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур истилоҳи "резиденти Давлати Аҳдкунанда", маънои ҳар шахсеро дорад, ки мувофиқи қонунгузории ин Давлат дар он Давлат дар асоси маҳали доимии истиқомат, маҳали доимии буду бош, маҳали идоракунӣ ё ҳама гуна омилҳои хусусияти шабеҳ мавриди андозбандӣ қарор мегирад, инчунин ҳамин Давлат ва воҳидҳои сиёсии он ё мақомоти ҳокимияти маҳаллии онро дар мегирад. Вале ин истилоҳ ҳар шахсеро, ки бояд дар ин Давлат танҳо аз даромад аз манбаъ ё сармояи дар ин Давлат доштааш андозбандӣ гардад, дар бар намегирад.

2. Дар ҳолате, ки мувофиқи муқаррароти банди 1 ин модда шахси воқеӣ резиденти ҳарду Давлати Аҳдкунанда бошад, мақоми вай ба тариқи зайл муайян карда мешавад:

а) шахс резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки дар он маҳалли истиқомати доимӣ дорад; агар ван дар ҳар ду Давлат маҳалли истиқоматии доимӣ дошта бошад, пас вай резиденти ҳамон Давлате дониста мешавад, ки вай дар он ҷо робитаҳои нисбатан зичи шахсӣ ва иқтисодӣ (маркази манфиати ҳаётӣ) дошта бошад;

б) агар Давлатеро, ки шахс дар ба маркази манфиати ҳаётӣ дошта бошад, муайян кардан ғайриимкон бошад, ё ки вай дар хеҷ яке аз ин Давлатҳо маҳалли истиқомати доимӣ надошта бошад, пас вай резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки вай маъмулан истиқомат мекунад;

в) агар вай маъмулан дар ҳарду Давлат истиқомат кунад ё ки дар ҳеҷ яке аз ин Давлатҳо истиқомат накунад, он гоҳ вай резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки шахси миллии он мебошад;

г) агар вай шаҳрванди ҳар ду Давлат бошад, ё шахси миллии ҳеҷ яке аз онҳо набошад, онгоҳ мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда масъалаи резидентии чунин шахси воқеиро бо розигии ҳамдигар ҳал мекунанд.

3. Дар мавриде, ки тибқи муқаррароти банди 1 ин модда, шахс, шахси воқеӣ набуда, резиденти ҳарду Давлати Аҳдкунанда бошад, вай танҳо резиденти ҳамон Давлате ҳисобида мешавад, ки маҳалли воқеии идоракунии он дар он ҷо қарор дошта бошад.

Моддаи 5 Намояндагии доимӣ

1. Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур истилоҳи "намояндагии доимӣ" маънои маҳали доимии фаъолиятро дорад, ки тавассути вай фаъолияти соҳибкории корхона пурра ё қисман ба амал бароварда мешавад.

2. Истилоҳи "муассисаи намояндагӣ " инҳоро дар бар мегирад:

а) маҳалли идоракунӣ;

б) филиал, шӯъба;

в) идора;

г) фабрика;

д) устохона; ва

е) кон, чоҳи нафту газ, кон ё маҳали дигари истиҳроҷи захираҳои табиӣ.

3. Истилоҳи "намояндагии доимӣ" ҳамчунин инҳоро дар бар мегирад:

а) майдончаи сохтмонӣ ё ки объектҳои сохтмонй, васлкунӣ, ҷамъсозӣ, хизматрасониҳои вобаста ба назорати иҷрои ин корҳо, агар хизматрасониҳои вобаста ба чунин майдонча, объект ё чунин фаъолият ба муддати бештар аз шаш моҳ идома ёбанд;

б) хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои машваратии корхона тавассути хизматчиён ё дигар кормандон, ки корхона ба ин мақсад ба киро мегирад (барои як ё якчанд объектҳо) дар Давлати Аҳдкунанда дар муддати як ё якчанд давраҳо бештар аз 6 моҳ бештар аз 90 рӯз дар муддати ҳама гуна давраҳои дувоздаҳмоҳа давом кунад.

4. Сарфи назар аз муқаррароти бандҳои пештараи ин модда истилоҳи "намояндагии доимӣ" дар бар намегирад:

а) истифодабарии иншоотҳо ва таҷҳизотҳо танҳо ба мақсади нигоҳдорӣ, намоиш ё интиқоли молҳо ва ё маснуоти ба ин корхона тааллуқдошта;

б) нигаҳ доштани захираҳои молҳо ва маснуоти ба ин корхонаҳо тааллуқдоштаро танҳо ба мақсади анбор кардан, намоиш ё интиқол додан;

в) нигаҳ доштани захираҳои молҳо ё ки маснуоти ба ин корхонаҳо тааллуқдошта фақат танҳо бо мақсади коркарди онҳо аз тарафи дигар корхонаҳо;

г) нигаҳ доштани маҳалли фаъолияти доимӣ танҳо ба мақсади хариди молҳо ё ки маснуот ё барои ҷамъоварии маълумот барои корхона;

д) нигаҳ доштани ҷои фаъолияти доимӣ танҳо ба мақсади амалӣ сохтани реклама, таъминоти иттилоот, ҷӯстуҷӯи илмӣ, ин ё он фаъолияти ҷанбаи омодагӣ дошта ва ё хислати кӯмакрасонӣ дошта барои ҳамин корхона;

е) нигаҳ доштани ҷои фаъолияти доимӣ танҳо ба мақсади амалӣ сохтани бандубасти гуногуни фаъолиятҳои дар зербандҳои аз а) то д) ҳамин банд зикршуда ба шарте, ки маҷмӯи фаъолияти ин маҳали фаъолияти доимӣ, ки дар натиҷаи чунин баҳдубаст ба вуҷудоянда ҷанбаи омодагӣ ва ё хислати кӯмакрасонӣ дошта бошад.

5. Сарфи назар аз муқаррароти бандҳои 1 ва 2, агар шахсони дигари, назар ба агенти ҳуқуқи мустақилонадошта, ки нисбати вай дар банди 6, гуфта мешавад, аз номи корхона амал карда, маъмулан дар Давлати Аҳдкунанда ваколати ҳуқуқи бастани қарордодҳоро аз номи ҳамин корхонаҳо дошта бошад ё истифода намояд, пас чунин корхона ҳамчун корхонаи дорои муассисаи доимӣ дар ҳамин Давлат дониста мешавад, нисбати ҳамагуна фаъолияте, ки ин ашхос барои корхона анҷом медиҳад, агар фаъолияти чунин шахс, ба фаъолияти дар банди 4 маҳдуд нашавад, ва ин фаъолият ҳарчанд, ки таввасути ҷои фаъолияти доимӣ амалӣ гардад ҳам, мувофиқи муқаррароти ин банд маҳали фаъолияти доимиро ба намояндагии доимӣ табдил намесозад.

6. Корхонаи Давлати Аҳдкунанда ҳамчун корхонаи дорои намояндагии доимӣ дар Давлати дигари Аҳдкунанда танҳо ба он хотир ҳисобида намешавад, ки вай фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳамин Давлат таввассути брокер, агенти комиссионӣ ё ки агенти дигари мақоми мустақил дошта анҷом медиҳад, ба шарте, ки чунин ашхос дар доираи фаъолияти маъмулии худ амал кунад.

7. Дар ҳақиқат ширкате, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, ширкати резиденти Давлати дигари Аҳдкунандаро зери назорат мегирад ё зери назорати он қарор мегирад ё ки фаъолияти соҳибкориро дар ҳамон Давлати дигар (таввасути намояндагии доимӣ ё ба тариқи дигар) амалӣ месозад, яке аз ин ширкатҳоро мустақилона ба намояндагии доимии ширкати дигар табдил намедиҳад.

Фасли 3 Аздозбандии даромад

Моддаи 6 Даромад аз амволи ғайриманқул

1. Даромади ба даст овардаи резиденти Давлатҳои Аҳдкунанда аз амволи ғайриманқул (аз ҷумла, даромад аз хоҷагии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал), ки дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарор дорад, метавонад дар Давлати дигар мавриди андозбандӣ қарор гирад.

2. Истилоҳи "амволи ғайриманқул" ҳамон маъноеро дорад, ки ба қонунгузориҳои Давлатҳои Аҳдкунанда, ки амволи мавриди баррасӣ дар қаламрави он ҷойгир аст. Ин истилоҳ, дар ҳама ҳолат, амволи ёрирасонро нисбати амволи ғайриманқул, ҳайвонот ва таҷҳизотҳои дар хоҷагии кишоварзӣ ва ҷангал мавриди истифода қарор дошта, ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи моликияти замин, узуфрукт амволи ғайриманқул, инчунин ҳуқуқи пардохтҳои тағирёбанда, ва танзимшаванда ба сифати ҷуброн барои коркард ё ки ҳуқуқи коркарди захираҳои табиӣ, манъбаҳо ва дигар канданиҳои табииро дарбар мегирад. Киштиҳои баҳрӣ ва тайёраҳо, нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти роҳи оҳан ба сифати амволи ғайриманқул дониста намешаванд.

3. Муқаррароти банди 1 ҳамин модда нисбати даромадҳо аз истифодаи мустақими амволи ғайриманқул, ба иҷора додан ё истифодаи амволи ғайриманқул дар шакли дигар, татбиқ карда мешавад.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 3 ҳамин модда, инчунин нисбат ба даромадҳо аз амволи ғайриманқули корхона ва ба манфиати шахсӣ истифодагардида, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Моддаи 7 Фоида аз фаъолияти соҳибкорӣ

1. Фоидаи корхонаи Давлати Аҳдкунанда танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин корхона дар Давлати дигари Аҳдкунанда аз тариқи намояндагии доимӣ дар он ҷо қарор дошта фаъолияташро амалӣ насозад. Агар корхона фаъолияташро тавре, ки дар_боло зикр гардид, амалӣ созад, даромади корхона метавонад дар Давлати дигар андозситонӣ шавад, лекин танҳо дар он қисмате, ки ба чунин намояндагии доимӣ тааллуқ дорад.

2. Бо назардошти муқаррароти банди 3 ҳамин модда агар корхонаи Давлати Аҳдкунанда фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунанда аз тариқи намояндагии доимии дар он ҷо қарордошта амалӣ созад ё сохтааст, пас дар ҳар кадом Давлати Аҳдкунанда ба чунин намояндагии доимӣ даромад мансуб мегардад, ки вай метавонисг ба даст оварад, ба шарте, ки вай ҳамчун корхонаи мустақил ё ҷудогона буда, фаъолияти ба он монандро дар шароити шабеҳи он, комилан мустақилона аз корхонае, ки намояндагии доимии он мебошад, анҷом медод.

3. Ҳангоми муайян кардани фоидаи намояндагии доимӣ нигоҳ доштани хароҷотҳои бо мақсади фаъолияти ин намояндагии доимӣ равоншуда, аз ҷумла хароҷотҳои идоравӣ ва умумии маъмурӣ, сарфи назар аз он ки ин хароҷотҳо дар Давлати Аҳдкунандае, ки онҷо намояндагии доимӣ қарор дорад, сарф шудааст ё берун аз он иҷозат дода мешавад.

4. Агар дар Давлатҳои Аҳдкунанда муайннамудани фоидае, ки ба намояндагии доимӣ дар асоси тақсимоти мутаносиби маблағи умумии фоидаи корхона дар сохторҳои гуногуни тобеи он таҷрибаи маъмулӣ бошад пас ҳеҷ ҳолати дар банди 2 ҳамин модда буда, ба Давлати Аҳдкунанда муайян намудани фоидаи андозбандишавандаро тавассути чунин тақсимот манъ намекунад; усули интихоб намудани тақсимот бояд натиҷаҳои мувофиқ ба принсипҳои дар ин модда ҷойдоштаро диҳад.

5. Ҳеҷ гуна фоида ба сабаби танҳо хариди молҳо ё маснуот барои корхона, ки намояндагии доимӣ анҷом медиҳад, ба ҳисоби ҳамин намояндагии доимӣ гузаронида намешавад.

6. Барои максадҳои бандҳои пешина фоидаи ба намояндагии доимӣ таалуқдошта, ҳар сол бо як усул муқаррар карда мешавад, ба шарте, ки барои тағъир додани ин тартиб ягон хел асоси маҳкам ва эътимоднок вуҷуд надошта бошад.

7. Агар фоида навъҳои даромади дар моддаҳои дигари ин Конвенсия ба таври ҷудогона баррасишавандаро дар бар гирад, пас муқаррароти моддаи мазкур ба муқаррароти ин моддаҳо дахолат намекунад.

Моддаи 8 Ҳамлу нақли байналмилалӣ

1. Фоидаи ба даст овардаи корхонаи Давлати Аҳдкунанда аз истифодаи киштиҳо, тайёраҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ танҳо дар Давлати аввал зикргардида танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда, ки он ҷо маҳали воқеии мақомоти роҳбарикунандаи корхона қарор дорад андозбандӣ мешавад.

2. Агар ҷои ҳақиқии ташкилоти роҳбарикунандаи ширкати баҳрӣ дар дохили киштӣ ҷойгир шуда бошад, он гоҳ он ба ҳамон Давлати Аҳдкунандае мансуб мебошад, ки дар бандари он киштӣ муқимӣ мебошад, дар сурати набудани бандари муқимӣ - дар Давлати Аҳдкунанда, шахси истифодабарандаи киштии мазкур резиденти он Давлати Аҳдкунанда мебошад.

3. Муқаррароти бандҳои 1 нисбати даромади ҳосилаи резиденти Давлати Аҳдкунанда аз иштирок кардан дар расонидани хизматҳо дар корхонаҳои муштарак ё, ки ташкилоти байналмиллалии истифодабарии воситаҳои нақлиёт, мавриди истифода қарор мегирад.

4. Бо мақсади моддаи мазкур фоидаи ба даст овардаи корхона яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда аз истифодабарии киштиҳои баҳрӣ ва ҳавоӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ фоида гирифтан аз истифодабарии нигоҳдорӣ ё ба иҷора додани контейнерҳоро (аз ҷумла трейлерҳо ва дигар таҷҳизотҳо барои кашонидани контейнерҳо) дар бар мегирад, агар чунин фоида нисбат, ба фоидае, ки дар банди 1 ҳамин модда мубодила мешавад, ёридиҳанда бощад.

Моддаи 9 Корхонаҳои муттаҳидкардашуда

1. Агар:

а) корхонаи Давлати Аҳдкунанда ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунӣ, назорат ва ё сармояи корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда ширкат намояд; ё

б) худи ҳамин ашхос ба таври мустақим ё ғайримустақим дар идоракунӣ, назорат ё сармояи корхонаи яке аз Давлати Аҳдкунанда, инчунин корхонаи Давлати дигари Аҳдкунанда иштирок намояд;

ва дар ҳар кадом ҳолат байни ин корхонаҳо дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва молиявии онҳо шароит муҳайё ё муқаррар карда мешавад, ки аз муносибатҳои дар байни ду корхонаи мустақил вуҷуд дошта фарқ кунанд, пас ҳаргуна фоидае, ки бояд ба яке аз ин корхонаҳо хисоб карда шавад, вале бо назардошти чунин муносибатҳо гузаронида нашудааст, метавонад ба фоидаи корхонаи мазкур дохил карда шуда, мавриди андозбандӣ қарор дода шавад.

2. Агар Давлати Аҳдкунанда ба фоидаи ин Давлат фоидаеро дохил карда, мутаносибан андозбандӣ мекунад, фоидае, ки нисбати он корхонаи Давлати Аҳдкунандаи дигар барои он дар ҳамин Давлати дигар андозбавдӣ шудааст ва фоидаи бо чунин тарз дохилкардашуда фоидае мебошад, ки метавонист ба корхонаи Давлати аввал зикршуда ҳисобида шавад, чуноне ки агар муносибати байни ду корхона тавре бошад, ки байни ду корхонаи мустақил мавҷуданд, дар ин ҳолат ин Давлати Аҳдкунандаи дигар ба маблағи андози аз ин фоида гирифташаванда тасҳеҳи зарурӣ ворид мекунад. Ҳангоми муайян кардани чунин тасҳеҳот бояд дигар муқаррароти ин Конвенсия ба инобат гирифта шавад ва мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҳамдигар машварат гузаронанд.

Моддаи 10 Дивидентҳо

1. Дивидендҳои щиркате, ки резиденти яке аз Давлати Аҳдкунанда буда ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мепардозад, мумкин аст дар ҳамин дигар Давлат андозбандӣ шавад.

2. Вале, чунин дивидендҳо мумкин аст, инчунин дар он Давлати Аҳдкунанда, андозбандӣ шавад, ки резиденти он ширкате мебошад, ки дививдендҳоро мувофиқи қонунгузории ҳамин Давлат мепардозад, аммо агар соҳиби воқеии дивидендҳо бошад, пас андози ситонидашаванда ва бояд аз 10 фоизи маблағи умумии дивидендҳо зиёд бошад.

Ин банд ба андозбандии ширкат нисбат_ба фидаҳое, ки аз он дивидендҳо пардохта мешавад, дахолат надорад.

3. Истилоҳи "дивидендҳо" ҳангоми истифода дар ҳамин модда маънои даромад аз саҳмияҳо, саҳмияҳои саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саҳмияҳои муассисаҳо ё дигар ҳуқуқҳоро, ки ӯҳдадории қарзӣ нестанд ва барои иштирок дар тақсимоти фоида ҳуқуқ медиҳанд, ки бояд чунин даромад аз саҳмияҳо, тибқи қонунгузории ҳамон Давлат, ки ширкати тақсимкунандаи фоида резиденти он мебошад, таҳти чунин танзими андозӣ қарор гиранд.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда дар мавридҳое истифода намешаванд, агар соҳиби воқеии дивидендҳо резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунандае анҷом диҳад, ки дар он ширкате, ки тавассути намояндагии доимии дар он ҷо қарор дошта дивиденд месупорад, аз пойгоҳҳои доимӣ ва холдинги (соҳибмулки) дар он ҷо воқеъгардида, ки ба онҳо дивиденд пардохта мешавад ва воқеан ҳам ба чунин намояндагии доимӣ алоқаманд мебошанд, хизматҳои мустақили шахсиро расонад ё расонда бошад. Дар чунин ҳолат муқаррароти моддаи 7 ё моддаи 14 мавриди истифода қарор дода мешавад.

5. Дар мавриде, ки ширкат резиденти Давлати Аҳдкунанда буда, аз Давлати дигари Аҳдкунанда фоида ё даромад ба даст оварад, ин Давлати дигари Аҳдкунанда метавонад аз дивидендҳои ин ширкат пардозанда андоз наситонад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки чунин дивидендҳо ба резиденти ин Давлати дигари Аҳдкунанда, ё ки агар холдинге (соҳибмулке), ки ба онҳо дивидендҳо пардохта мешаванд, воқеан ҳам ба намояндагии доимии дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда қарор дошта, мансуб бошанд, инчунин аз даромади тақсимнашудаи ширкат андоз ситонида намешавад, ҳатто агар дивидендҳо пардохта шаванд ё фоидаи тақсимнашуда пурра ё қисман аз даромад ё фоидаи дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда ба вуҷуд омада, иборат бошад.

Моддаи 11 Фоизҳо

1. Фоизҳое, ки дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба амал омада ва ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда пардохта мешаванд, мумкин аст дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ карда шаванд.

2. Аммо аз чунин фоизҳо дар Давлати Аҳдкунандае, ки он ҷо пайдо мешаванд ва мувофиқи қонунгузории ҳамин Давлат андоз гирифта мешавад, вале агар соҳиби воқеии ин фоизҳо резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда бошад, пас андози дар чунин ҳолат ситондашаванда набояд аз 10 фоизи маблағи умумии фоизҳо зиёдтар бошад.

3. Сарфи назар аз муқаррароти банди 2, фоизҳое, ки ба даст меоянд,

а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон ё Бонки миллии Туркманистон мепардозанд, аз андозҳои Тоҷикистон озод карда мешаванд;

б) дар Туркманистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бонки миллии Тоҷикистон мепардозанд, аз андозҳои Туркманистон озод карда мешаванд.

4. Истилоҳи "фоизҳо" ҳангоми истифода дар ҳамин модда маънои дорои даромад аз ҳама намуд ӯҳдадориҳои қарзӣ мебошад, сарфи назар аз таъминот бо ипотека ва сарфи назар аз ҳуқуқи иштирок дар фоидаи қарздор, аз ҷумла, даромад аз қоғазҳои қиматноки давлатӣ ва даромад аз вомбаргҳо ё ӯҳдадориҳои қарзӣ, аз ҷумла мукофотҳо ва бурдҳои ин коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо ё ӯҳдадориҳои қарзӣ. Барои мақсадҳои ин модда ҷаримаҳо барои сари вақт анҷом надодани пардохтҳо ба сифати фоизҳо баррасӣ карда намешаванд.

5. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда дар ҳолате истифода бурда намешавад, ки агар соҳиби воқеии фоизҳо резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияти соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом диҳад ва фоизҳо таввасути намояндагии доимии дар он ҷо қарор дошта ташкил меёбад, ё ки дар ин Давлати дигари Аҳдкунанда хизматҳои бевоситаи шахсиро тавассути пойгоҳи доимии он ҷо буда, анҷом мешавад ва ӯҳдадориҳои қарзӣ, ки дар асоси онҳо фоизҳо пардохта мешавад, ҳақиқатан ҳам ба чунин намояндагии доимӣ ё ки пойгоҳи доимӣ таалуқ дошта бошад. Дар чунин маврид, муқаррароти моддаҳои 7 ё 14 ҳамин Конвенсия вобаста ба ҳолат мавриди истифода қарор мегиранд.

6. Чунин ҳисобида мещавад, ки фоизҳо дар Давлати Аҳдкунанда ҳамон вақт ташаккул меёбанд, агар пардохткунанда резиденти ҳамин Давлат бошад. Вале агар шахси пардозандаи фоизҳо, сарфи назар аз он ки вай резиденти Давлати Аҳдкунанда ҳаст ё не, дар Давлати Аҳдкунанда намояндагии доимӣ ё ки пойгоҳи доимӣ дорад, дар робита бо сабабҳое ки қарз пайдо шудааст ва фоиз пардохта мешавад ва чунин фоизҳоро муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ пардохт мекунад, пас чунин шуморида мешавад, ки фоизҳо дар ҳамон Давлат ташкил меёбанд, ки он ҷо намояндагии доимӣ ва пойгоҳи доимӣ қарор доранд.

7. Агар дар ҳолати мавҷуд будани муносибатҳои махсус миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии фоизҳо, ё ки байни ҳардуи онҳо ва шахси дигари сеюм, маблағи умумии фоизҳои ба ӯҳдадориҳои қарзӣ таалуқдошта, ки дар асоси онҳо пардохта мешавад, аз микдори маблағе, ки бояд миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии фоизҳо дар мавриди мавҷуд набудани ин муносибатҳо мумкин буд, мувофиқ кунонида шавад, зиёд бошад, пас муқаррароти ҳамин модда танҳо дар мавриди маблағи дар охир қайдкардашуда истифода бурда мешавад. Дар чунин ҳолат қисми зиёдатии пардохт мутобиқи қонунгузории ҳар кадом Давлатҳои Аҳдкунанда бо назардошти дигар муқаррароти ин Конвенсия мавриди андозбандӣ қарор мегирад.

Моддаи 12 Роялтӣ

1. Роялти дар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ташаккулёфта ва ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда пардохташаванда метавонад дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда мавриди андозбандӣ қарор гирад.

2. Аммо, чунин роялти метавонанд дар Давлати Аҳдкунанда, ки онҳо ташаккул меёбанд, тибқи қонунгузориҳои ҳамин Давлат таҳти андозбандӣ қарор гирад, вале, агар гиранда соҳиби воқеии роялти бошад, пас андози бо чунин тариқ ситонидашаванда, набояд, аз 10 фоизи ҷамъи умумии роялти зиёдтар бошад.

3. Истилоҳи "роялти" дар ин модда маънои ҳар намуди пардохтеро дорад, ки 6а сифати подош барои истифода, ё пешниҳоди ҳуқуқи истифода аз ҳуқуки муаллифӣ барои асари бадеӣ, санъат ё илм, аз ҷумла таъмини барномаи кинофилмҳо ва телефилмҳо ё сабтҳо барои радио ва ё телевизион шунавонӣ, ё тори радифӣ, кабелӣ, оптикии радиошунавонӣ ё технологияи ба ин монанд барои шунавонидани оммавӣ истифодашаванда, наворҳои магнитӣ, дискҳо, дискҳои лазерӣ, барномаҳои компютерӣ, ҳар гуна патентҳо, аломати тиҷоратӣ, дизайн, моделҳо, нақшаҳо, формулаҳои махфӣ ва протсессҳо ё таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ё барои маълумоти вобаста таҷрибаи саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмӣ доштаро, дар бар мегирад.

4. Муқаррароти бандҳои 1 ва 2 ҳамин модда мавриди истифода қарор намегирад, агар соҳиби воқеии роялти резиденти ягон Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияти соҳибкориашро дар Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом диҳад, ки он ҷо роялти тавассути намояндагии доимӣ дар он ҷо қарордошта, ташаккул меёбад, ё ки хизматҳои бевоситаи шахсиро дар ҳамин Давлат аз тариқи пойгоҳи доимии дар он ҷо қарор дошта мерасонад, ҳуқуқ ё амволе, ки нисбати онҳо роялти супорида мешавад, дар воқеъ ба чунин намояндагии доимӣ алоқаманд бошад. Дар чунин ҳолат, муқаррароти моддаҳои 7 ва ё 14 вобаста ба шароит, мавриди истифода қарор мегирад.

5. Чунин ба ҳисоб меравад, ки роялти дар Давлати Аҳдкунанда ба миён меояд, агар пардохткунанда резиденти ҳамин Давлат бошад. Вале, агар шахси пардохткунандаи роялти новобаста аз он, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда ҳаст ё не дар Давлати Аҳдкунанда намояндагии доимӣ ва ё пойгоҳи доимӣ дорад ва вобаста ба он ӯҳдадории пардохт кардани роялти пайдо шӯдааст, ва пардохти чунин роялтиро ҳисоб карда мешавад, ки чунин роялти дар ҳамон Давлате ба вуҷуд меояд, ки дар он муассисаи доимӣ ё пойгоҳи доимӣ вуҷуд дорад.

6. Агар дар ҳолати мавҷуд будани муносибатҳои махсус миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии роялти, ё ки байни ҳардуи онҳо ва шахси дигари сеюм, маблағи роялти пардохташуда ё ҳисобкардашуда барои истифода, ҳуқуқ ё ки иттилоот таалуқ дошта ва дар асоси онҳо пардохта мешавад аз маблағи маслиҳатшуда миёни пардохткунанда ва соҳиби воқеии роялти зиёдтар бошад, он гоҳ дар сурати набудани ин гуна муносибатҳо муқаррароти ин модда танҳо нисбати маблағи охирин мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар чунин маврид қисми барзиёди роялтии пардохташуда ё ҳисоб карда шуда тибқи қонунгузориҳои андози ҳар кадом Давлати Аҳдкунанда бо назардошти ҳатмии дигар муқаррароти ин Конвенсия мавриди андозбандӣ қарор мегирад.

Моддаи 13 Афзоиши арзиши моликият

1. Даромади гирифтаи резиденти Давлати Аҳдкунанда аз бегона кардани амволи ғайриманқули дар моддаи 6 ҳамин Конвенсия муайян шуда ва дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарор дошта, метавонад дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ карда шавад.

2. Даромад аз бегона кардани амволи манқуле, ки қисми таркибии амволи тиҷоратии намояндагии доимиро ташкил медиҳад, ки корхонаи як Давлати Аҳдкунанда дар Давлати Аҳдкунандаи дигар дорад, ё амволи манқули ба пойгоҳи доимӣ таалуқ дошта, дар ихтиёри резиденти як Давлати Аҳдкунанда ва дар Давлати Аҳдкунандаи дигар воқеъ аст, барои мақсадҳои расонидани хизматҳои мустақилонаи шахсӣ, аз ҷумла даромадҳо аз бегона кардани ҳамин намояндагии доимӣ (дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо ҳамаи корхона) ё чунин пойгоҳи доимӣ метавонад дар ҳамин Давлати дигар таҳти андозбандӣ карор гирад.

3. Даромадҳои аз бегона кардани киштиҳои баҳрӣ ва тайёраҳо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомабилӣ, ки дар ҳамлу нақли байналмиллалӣ, истифода мебарад, ва аз амволи манқули марбут ба истифодаи чунин, киштиҳои баҳрӣ ва тайёраҳо танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда, ки он ҷо маҳали воқеии мақомоти, роҳбарикунандаи корхона қарор дорад андозбандӣ карда мешавад.

4. Даромад аз бегона кардани ҳар гуна амвол, ки дар бандҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур зикр наёфтаанд, танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ карда мешаванд, ки резиденти он шахси мусодиракунандаи амвол мебошад.

Моддаи 14. Хизматҳои мустақилонаи шахсӣ

1. Даромади ба даст овардаи резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда барои хизматрасонии касбӣ ё фаъолияти ба ин монанди хусусияти мустақилонадошга, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолате, ки агар вай дар Давлати дигари Аҳдкунанда барои амалӣ кардани чунин фаъолият пойгоҳи доимӣ дошта бошад. Агар ӯ чунин пойгоҳи доимӣ дошта бошад, пас вай метавонад дар Давлати дигари Аҳдкунанда танҳо аз рӯи ҳамон қисми даромаде, ба пойгоҳи доимӣ таалуқ дорад, андоз супорад.

2. Истилоҳи "хизматрасониҳои касбӣ" аз ҷумла фаъолияти мустақилонаи илмӣ, адабӣ, ҳунарӣ, таълимӣ ё омӯзгорӣ, инчунин фаъолияти мустақилонаи табибон, ҳуқуқшиносон, муҳандисон, меъморон, табибони дандон, муҳосиб ва аудиторонро дар назар дорад.

Моддаи 15 Хизматҳои мутеъонаи шахсӣ

1. Бо назардошти муқарраротҳои моддаҳои 16, 18, 19 ҳамин Конвенсия музди меҳнат, подош ва дигар подошҳои шабеҳ, ки резиденти Давлати Аҳдкунанда дар робита бо кироякорӣ ба даст меорад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад, агар чунин кироякорӣ дар Давлати Аҳдкунандаи дигар анҷом дода нашавад. Агар кироякорӣ ба ҳамин тариқ амалӣ гардад, подоши чунин тарз ба даст овардашуда танҳо дар ҳамин Давлати дигар андозбандӣ мегардад.

2. Сарфи назар ба муқаррароти банди 1, подоше, ки резиденти яке аз Давлати Аҳдкунанда дар робита бо "кироякорӣ" дар Давлати дигари Аҳдкунанда ба даст овардааст, танҳо дар давлати аввал зикршуда андозбандӣ мегардадад, агар:

а) шахси подошгиранда ҳамчун кироякор дар Давлати дигари Аҳдкунанда дар муддати як давра ё давраҳо, ки дар маҷмӯъ на бештар аз 183 шабонарӯз аст, дар давоми ҳар гуна давраи дувоздаҳмоҳа қарор дорад; ва

б) подош аз тарафи кирокунанда ё аз номи кирокунандае, ки резиденти Давлати дигар намебошад, пардохта шавад; ва

в) хароҷотҳои барои пардохти подошро намояндагии доимӣ, ки кироякунанда дар Давлати дигар дорад, намепардозад.

3. Сарфи назари аз муқаррорати пешинаи ҳамин модда музди меҳнат ва монанди ин дигар подошҳое, ки резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда вобаста ба кироякорӣ, аз истифодаи киштиҳои баҳрӣ ё ҳавоӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ба: даст меоранд, метавонанд дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда, ки маҳали идоракунии корхона дар он ҷо қарор дорад, андозбандӣ гарданд.

Моддаи 16 Подоши директорон

Подоши директорон ва дигар пардохтҳои шабеҳ, ки резиденти як Давлати Аҳдкунанда ба сифати узви шӯрои директорони ширкат мегирад, ки резиденти Давлати Аҳдкунандаи дигар мебошад, метавонад дар ҳамин дигар Давлат андозбандӣ карда шавад.

Моддаи 17 Ҳунармандон ва варзишгарон

1. Сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 14 ва 15 ҳамин Конвенсия даромаде, ки резиденти яке аз Давлати Аҳдкунанда ба сифати корманди санъат, ба монанди ҳунарманди театр, кино, радио ва телевизион, мусиқинавоз ва ба сифати варзишгар аз фаъолияти шахсӣ дар дигар Давлати Аҳдкунанда ба даст меоваранд, метавонад дар ҳамон Давлати дигари Аҳдкунанда, андозбандӣ карда шавад.

2. Агар даромад аз фаъолияти шахсии корманди санъат ва варзишгар на ба худи корманди санъат ё варзишгар, балки ба шахси дигар ҳисоб карда шавад,_ пас ин даромад метавонад, сарфи назар аз муқаррароти моддаҳои 7, 14 ва 15, дар ҳамон Давлати Аҳдкунандае андозбандӣ гардад, ки дар он ҷо корманди санъат ва варзишгар фаъалият менамояд.

Моддаи 18 Нафақапулӣ

Бо дарназардошти муқаррароти банди 2 моддаи 19 ҳамин Конвенсия, нафақа ва дигар пардохтҳои шабеҳ, ки барои собиқаи кори кироя ба резиденти Давлати Аҳдкунанда пардохта мешавад, танҳо дар ҳамон Давлат андозбандӣ мешавад.

Моддаи 19 Хизмати давлатӣ

1. а) Музди меҳнат, подошҳо ва дигар пардохтҳои шабеҳ ба истиснои нафақапулӣ, ки Давлатҳои Аҳдкунанда ё воҳидҳои сиёсӣ-маъмурии он, ё мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба шахсони воқеӣ барои хизматрасонии ба ҳамин Давлат ё барои воҳидҳои сиёсӣ-маъмурии он ё барои мақомоти ҳокимиятҳои махалии он мепардозад, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мегардад;

б) Вале, чунин подошҳо, танҳо дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ мешаванд, агар ин хизматрасонӣ дар ҳамин Давлати дигар анҷом дода шуда, шахси воқеӣ резиденти ҳамин Давлат бошад, ва ӯ:

(!) шахси миллии ҳамин Давлат бошад, ё

(!!) танҳо бо мақсади чунин хизматрасонӣ резиденти ҳамин Давлат нашудааст.

2. а) Ҳама гуна нафақае, ки Давлати Аҳдкунанда ё ки воҳидҳои маъмурию ҳудудии он ё мақомоти ҳокимияти маҳаллии он ё аз фондҳои таъсисдодаи онҳо ба щахси воқеӣ барои хизматрасонӣ, ки ба ҳамин Давлати Аҳдкунанда ё воҳидҳои сиёсӣ маъмурии он ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти он мепардозад, танҳо дар ҳамин Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мегардад.

б) Вале чунин нафақа, танҳо дар Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ мегардад, ки агар шахси воқеӣ резидент ё шахси миллии ҳамин Давлат бошад.

3. Муқаррароти моддаҳои 15, 16 ва 18 ҳамин Конвенсия нисбати подошҳо ва нафақа барои хизмат, ки барои иҷрои фаъолияти соҳибкории Давлати Аҳдкунанда ё воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти ҳокимияти маҳаллии он анҷом медиҳад, татбиқ мегардад.

Моддаи 20 Донишҷӯён

Пардохтҳои мегирифтаи донишҷӯён, аспирантҳо, ё таҷрибаомӯзоне, ки бевосита қабл аз омадан ба яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда мебошанд ё буданд ва дар Давлати аввал зикршуда танҳо ба мақсади гарифтани таҳсилот ё гузаштани таҷрибаомузӣ қарор доранд ва пардохтҳое, ки барои нигоҳдории худ, таҳсилот ва таҷрибаомӯзӣ мегиранд, агар манбаъҳои чунин пардохтҳо берун аз ҳудуди ин Давлат қарор дошта бошанд, дар ҳамин Давлат андозбандӣ намегарданд.

Моддаи 21 Даромадҳои дигар

1. Намудҳои даромадҳои резиденти Давлати Аҳдкунанда, сарфи назар аз манбаи пайдоиши онҳо, ки дар моддаҳои қаблии Конвенсияи мазкур зикр нагардидаанд, танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешаванд.

2. Муқаррароти банди 1 нисбати даромадҳо, ба истиснои даромадҳо аз амволи ғайриманқули пешбининамудаи банди 2 моддаи 6 татбиқ намегардад, агар гирандаи чунин даромадҳо резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда буда, фаъолияги соҳибкориро дар Давлати дигари Аҳдкуканда тавассути намояндагиҳои дар он ҷо доимӣ ҷойгиршуда анҷом медиҳад ё дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда хизматрасонии мустақими шахсиро тавассути пойгоҳи даимии дар он ҷо қарор дошта анҷом додааст ва ҳуқуқҳо ё моликият, ки дар робита ба онҳо даромад гирифтааст ҳақиқатан ҳам ба чунин намояндагии доимӣ ё ки пойгоҳи доимӣ алоқаманд мебошад. Дар чунин ҳолат муқаррароти моддаи 7 ё 14 мавриди истифода қарор мегирад.

Фасли 4 Андозбандии сармоя

Моддаи 22 Сармоя

1. Сармоя дар шакли амволи ғайриманқули дар моддаи 6, ки ба резиденти Давлати Аҳдкунанда тааллуқ дошта ва дар Давлати дигари Аҳдкунанда қарор дорад, метавонад дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ гардад.

2. Сармоя дар шакли амволи манқул, ки қисми амволи тиҷоратии намояндагии доимии корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунандаро ташкил медиҳад ва он дар Давлатҳои дигари Аҳдкунанда ҷойгир аст, ё ки амволи манқули ба пойгоҳи доимӣ тааллуқдошта, ки дар ихтиёри резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда бо мақсади расонидани хизматҳои бевоситаи шахсӣ мавҷуд аст, метавонад дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда андозбандӣ гардад.

3. Сармоя дар шакли нақлиёти баҳрӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ё нақлиёти автомобилӣ, ки дар ҳамлу нақли байналмилалӣ истифода мешаванд, инчунин дар шакли амволи манқули марбут ба фаьолияти ин воситаҳои нақлиёт, ки ба корхонаи Давлати Аҳдкунанда таалуқ доранд, танҳо дар ҳамон Давлати Аҳдкунанда андозбандӣ мешаванд.

4. Ҳамаи дигар ҷузъҳои сармояи резиденти Давлати Аҳдкунанда танҳо дар ҳамин Давлат андозбандӣ мешавад.

Фасли 5 Усули пешгирии андозситонии дукарата

Моддаи 23 Пешгирӣ кардани андозситонии дукарата

1. Агар резиденти Давлати Аҳдкунанда даромад ба даст орад ё сармояеро соҳиб бошад, ки тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур метавонад дар Давлати дигари Аҳдкунанда таҳти андозбандӣ қарор гирад, Давлати Аҳдкунандаи дар аввал зикршуда иҷозат медиҳад:

(!) аз маблағи андоз аз даромади ин резидент маблағи баробар ба андози даромади дар ҳамин Давлати дигари Аҳдкунанда пардохташуда, ҳисоб карда бароварда шавад;

(!!) аз маблағи андоз аз сармояи ин резидент маблағи баробар ба андози сармояи дар ҳанин Давлати дигар пардохташуда, ҳисоб карда бароварда шавад.

Ҳаҷми андозе, ки тибқи муқаррароти дар боло зикршуда ҳисоб карда мешавад, набояд аз андозе, ки барои ҳамин гуна даромад бо фоизҳои амалкунандаи Давлати аввал зикргардида бояд ҳисоб карда шавад, зиёд бошад.

2. Агар резиденти Давлати Аҳдкунанда даромад ба даст орад, ё ки сармояеро соҳиб бошад, ки онҳо тибқи муқаррароти Конвенсияи мазкур метавонад дар Давлати дигари Аҳдкунанда таҳти андозбандӣ қарор гирад, пас Давлати аввал зикргардида метавонад ин даромад ва ё сармояро ба пойгоҳи андозбандӣ ворид намояд, вале танҳо ба мақсади муқарраркардани ҳаҷми андоз барои чунин даромади дигар ва ё сармоя, чунон ки дар ин Давлат мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад.

3. Агар мувофиқ ба ҳар як муқаррароти Конвенсияи мазкур даромади гирифтаи резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар ҳамин Давлат аз андоз озод бошад, ҳамин Давлат метавонад ҳангоми ҳисоб кардани маблағи андози қисми боқимондаи даромад ё сармояи ин резидент даромад ё сармояи аз пардохти андоз озод кардашударо ба инобат гирад.

Фасли 6 Муқаррароти махсус

Моддаи 24 Маҳдуд накардани ҳуқуқҳо

1. Шахсони миллии яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда нисбат ба андозсупориҳо ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои шахсони миллии Давлати дигари Аҳдкунанда фароҳам шудааст, наметавонанд таҳти ҳама гуна андозсупориҳои вазнинтар ё ӯхдадориҳои вобаста ба он, аз ҷумла нисбати резиденсия қарор гиранд. Сарфи назар аз муқаррароти моддаи 1 ҳамин Конвенсия чунин муқаррарот нисбати шахсе, ки резиденти як ё ҳарду Давлати Аҳдкунанда нестанд, татбиқ мегардад.

2. Шахсони бе шаҳрвандӣ, ки резиденти яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда мебошанд, наметавонад дар Давлати дигари Аҳдкунанда нисбат ба андозсупориҳо ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои шахсони бешаҳрванди Давлати дигари Аҳдкунанда фароҳам шудааст, таҳти ҳама гуна андозсупориҳои вазнинтар ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он қарор гиранд, қисман нисбати резидентсия низ.

3. Андозбандии намояндагии доимӣ, ки корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда дар Давлати дигари Аҳдкунанда дорад, набояд дар Давлати дигар нисбати андозсупории корхонаи ҳамин Давлати дигар, ки ба чунин навъи фаъолият машғул аст, номусоидтар бошад. Муқаррароти моддаи мазкур набояд чунин маънидод карда шавад, ки ин як Давлати Аҳдкунандаро вазифадор месохта бошад, ки ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда имтиёзи шахсӣ, бе ҳисобгирӣ ё тахфифи андозситониро дар асоси ҳуқуқи шаҳрвандӣ ё ки ӯҳдадории оилавӣ, ки онҳо ба резидентҳои худашон медиҳанд, пешниҳод намояд.

4. Ба истиснои ҳолатҳое, ки муқаррароти банди 1 моддаи 9, банди 7 моддаи 11 ё банди 6 моддаи 12, татбиқ мегардад, фоизҳо, роялтӣ ва намудҳои дигари пардохтҳо, ки корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда нисбат ба резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда анҷом медиҳад, бояд бо мақсади муайян кардани фоидаи андозбандишавандаи чунин корхонаҳо тибқи ҳамон шароитҳо ҳисоб карда мешавад, ки агар онҳо нисбати резиденти Давлати Аҳдкунандаи аввал зикр шуда пардохта шуда бошанд. Ҳамчунин хар гуна карзҳои корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда бояд бо мақсади муайян кардани сармояи андозбандишавандаи ин корхона чуноне ҳисоб карда шавад, ки он нисбат ба резиденти Давлати Аҳдкунандаи аввал зикргардида сурат мегирад.

5. Корхонаи яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда, ки сармояи он пурра ё қисман ба як ё якчанд резиденти Давлати дигари Аҳдкунанда марбутанд ё аз тарафи он ё онҳо мустақим ё ғайримустақим назорат карда мешаванд, набояд дар Давлати Аҳдкунандаи аввал зикргардида таҳти ягон андозсупориҳо ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он, ки тибқи ҳамин ҳолат барои чунин корхонаи Давлати Аҳдкунандаи аввал зикргардида фароҳам шудааст, таҳти ҳама гуна андозсупориҳои вазнинтар ё ӯҳдадориҳои вобаста ба он қарор гиранд.

6. Новобаста ба муқаррароти моддаи 2 ҳамин Конвенсия, муқаррароти моддаи мазкур ба ҳамаи шакл ва намуди андозҳо мавриди истифода қарор мегирад.

Моддаи 25 Расмиёти ба мувофиқа омадан

1. Агар шахс чунин шуморад, ки амали як ё ҳарду Давлатҳои Аҳдкунанда ба он оварда расонад ё расонад, ки андозбандии он хилофи муқаррароти ҳамин Конвенсия гардад, шахс, сарфи назар аз воситаҳои ҳимоявии пешбининамудаи қонунгузории миллии ин Давлатҳои Аҳдкунанда, метавонад парвандаи худро ба мақомотҳои салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда, ки вай резиденти он мебошад ё агар он дар ҳолати таҳти амали банди 1 моддаи 24, қарор гирад, ба мақомоти салоҳиятдори ҳамон Давлати Аҳдкунанда, ки вай шахси миллии он мебошад, барои баррасӣ ирсол, дорад. Ариза бояд дар мӯҳлати се сол аз лаҳзаи огоҳиномаи аввал дар хусуси амале, ки боиси андозбандии хилофи муқаррароти ҳамин Конвенсия мегардад, пешниҳод карда шавад.

2. Мақомоти салоҳиятдор, агар эътирозро асоснок ҳисобанд кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва агар худашон мустақилона ба қарори қаноатбахш омада натавонанд, онро дар мувофиқа бо мақоми салоҳиятдори Давлати дигари Аҳдкунанда бо мақсади роҳ надодан ба андозсупории хилофи муқаррароти Конвенсияи мазкур, ҳал кунанд. Ҳама гуна мувофиқаи ба даст омада, сарфи назар аз ҳар гуна маҳдудияти муввақатӣ, ки қонунгузориҳои миллии Давлатҳои Аҳдкунанда пешбинӣ намудаанд, бояд иҷро карда шавад.

3. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда кӯшиш менамоянд, ки бо мувофиқаи мутақобила ҳама гуна масъалаҳоро, ки ҳангоми тафсир ё истифодаи муқаррароти Конвенсияи мазкур ба миён меоянд, ҳал намоянд. Ӣнчунин онҳо метавонанд бо мақсади бартараф намудани андозситонии дукарата ҳолатҳоеро, ки Конвенсияи мазкур пешбинӣ накардааст бо ҳамдигар машварат намоянд.

4. Мақомоти салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда бо мақсади ба даст овардани мувофиқа ва ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷумла ташкил кардани комиссияи муттаҳид, ки метавонанд худи мақомотҳои салоҳиятдор ё намояндагонашон аъзои он бошанд оид ба моҳияти муқаррароти бандҳои қаблӣ метавонанд бо ҳам робитаи мустақим дошта бошанд.

Моддаи 26 Табодулоти иттилоот

1. Мақомотҳои салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда иттилооти вобаста ба андозро, ки барои татбиқи муқаррароти Конвенсияи мазкур ё қонунгузориҳои миллии Давлатҳои Аҳдкунанда, аз номи Давлатҳои Аҳдкунанда, воҳидхои сиёсӣ-маъмурии онҳо ё мақомотҳои ҳокимиятҳои маҳаллии онҳо истифода мегардад, ба ҳамон андозае татбиқ мегардад, ки андозбандиҳо тибқи нн қонунгузорӣ хилофи ҳамин Конвенесия нестанд, мубодила хоҳанд кард. Табодули иттилоот бо муқаррароти моддаи 1 ва 2 ҳамин Конвенсия маҳдуд намешавад. Ҳар гуна иттилооте, ки мақомоти салоҳиятдори Давлати Аҳдкунанда ба даст меорад, ба монанди иттилооти дар доираи қонунгузориҳои миллии ҳамин Давлати Аҳакунанда ба даст омада махфӣ ҳисобида мешавад ва танҳо метавонад ба ҳамон ашхос ва мақомот (аз ҷумла, судҳо ва мақомотҳои маьмурӣ), ки ба ҳисоб, ҷамъоварӣ, ситонидани иҷборӣ ё ҷустуҷӯи судӣ, ё баррасии сафедкунӣ оид ба андозҳо машғуланд ва нисбати онҳо ҳамин Конвенсия истифода мешавад, хабар дода мешавад. Шахсон ва ё мақомоти дар боло зикршуда ин иттилоотро метавонанд танҳо барои ҳамин мақсадҳо истифода намоянд. Онҳо ин иттилоотро метавонанд дар ҷараёни мурофиаи судӣ ё ҳангоми қабули қарорҳои судӣ фош намоянд.

2. Ба ҳеҷ ваҷҳ муқарарроти банди 1 ҳанин модда набояд ҳамчун ӯҳдадор намудани яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда ба тариқи зерин тафсир кард ашавад:

а) чораҳои маъмурие гузаронанд, ки хилофи қонунҳо ё амалияи маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда бошад; б) иттилоотеро пешниҳод намоянд, ки онро мувофиқи қонунгузорӣ ё дар ҷараёни амалияи маъмулии маъмурии ин ё он Давлати Аҳдкунанда гирифтан мумкин нест;

б) иттилоотеро пешниҳод намоянд, ки метавонад ягон сирри савдо, соҳибкорӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва касбӣ, ё раванди тиҷоратиро фош намояд ё иттилооте диҳад, қи ошкор сохтани он хилофи сиёсати давлат мебошад.

Моддаи 27 Кӯмак дар ҷамъоварии андозҳо

1. Мақомотҳои салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда вазифадоранд дар ҷамъоварии андозҳо, якҷоя бо фоизҳо, харҷҳо, ҷаримаҳои шаҳрвандии вобаста ба чунин андозҳо, ки дар моддаи мазкур ҳамчун "талаботи даромад" номида мешаванд, бо ҳамдигар кӯмак расонанд.

2. Дархостҳо дар бораи расонидани кӯмакҳои мақомотҳои салоҳиятдори Давлатҳои Аҳдкунанда дар ҷамъоварии талаботи даромад тасдиқи чунин мақомотро, ки мувофиқи қонунгузории ҳамин Давлат талаботи даромад қатъӣ муайян карда шудааст, дар бар мегирад. Бо мақсади моддаи мазкур талаботи даромад қатъӣ муайяншуда мебошад, агар Давлати Аҳдкунанда тибқи қонунгузории миллии худ ҳуқуқи ҷамъоварии талаботи даромадро дошта бошад ва андозсупоранда ҳуқуқи боз доштани чунин ҷамъовариро надошта бошад.

3. Талаботи даромади Давлатҳои Аҳдкунанда, ки барои ҷамъоварии мақомоти салоҳиятдори Давлати Аҳдкунандаи дигар қабул карда шудааст, дигар Давлат ҳамчун чунин талаботе, ки талаботи даромади ҳамин Давлат буда мувофиқи муқаррароти қонунҳои он ба ҷамъоварии андозҳои он дахл дорад, ҷамъоварӣ мекунад.

4. Маблағи андозҳои ҷамъ кардаи мақомоти салоҳиятдори Давлати Аҳдкунанда мувофиқи моддаи мазкур ба мақомоти салоҳиятдори дигар Давлати Аҳдкунанда равона қарда мешавад. Хароҷотҳои вобаста ба расонидани кӯмак дар ҷамъоварии андозҳо сарфшуда аз тарафи Давлати аввал зикршуда пӯшонида мешавад ва ҳамаи ҳароҷотҳои ногаҳонӣ ба зимаи худи дигар Давлат гирифта мешавад.

5. Мутобиқи моддаи мазкур кӯмак дар ҷамъоварии андозҳо ба Давлати Аҳдкунанда нисбати андозсупоранда расонида намешавад дар он қисме, агар талаботи андоз ба давраи мӯҳлате, ки андозсупоранда резиденти ин ё он дигар Давлати Аҳдкунанда намебошад, таалуқ дошта бошад.

6. Сарфи назар аз муқаррароти моддаи 2 Конвенсияи мазкур, муқаррароти ин мода нисбати ҳама гуна намуди андозҳо татбиқ карда мешавад, ба истиснои пардохт ва боҷҳои гумрукӣ.

7. Ҳеҷ чиз дар моддаи мазкур ҳамчун маҷбуран ӯҳдадор кардани ҳар кадом аз Давлатҳои Аҳдкунандаро дар бораи қабули қоидаҳои маъмурӣ шарҳ дода намешавад, чунин хусусият аз онҳое, ки ҳангоми ҷамъоварии андозҳои худ тафовут доранд, ё онҳое ки мухолифи сиёсати Давлати он мебошанд татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 28 Кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва Хадамоти консулӣ

Ҳеҷ яке аз муқаррароти Конвенсияи мазкур ба имтиёзҳои андозии кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо, ки ба онҳо тибқи меъёрҳои умумии ҳуқуқҳои байналмилалӣ ё муқаррароти созишномаҳои махсус фароҳам оварда шудаанд, дахолат намекунад.

Фасли 7 Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 29 Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо

Ба Конвенсияи мазкур бо мувофиқаи муштараки Давлатҳои Аҳдкунанда метавонад, тағйироту иловаҳо ворид гардад, ки онҳо бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонопазири Конвенсияи мазкур ҳисобида мешаванд ва тибқи муқаррароти моддаи 30 Конвенсияи мазкур эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 30 Этибор пайдо кардан

Конвенсияи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирин дар бораи аз тарафи Давлатҳои Аҳдкунанда анҷом дода шудани тамоми расмиёти зарурии дохилидавлатӣ, ки эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад ва муқаррароти татбиқ карда мешавад.

а) нисбати андозҳои аз манбаҳои даромад ситонидашаванда, ки аз якуми ё баъди якуми январи (моҳи Туркменбошӣ) соли тақвимии пас аз соли эътибор пайдо кардани ин Конвенсия фарорасанда пардохта ё ба ҳисоб гирифта мешаванд;

б) нисбати дигар андозҳо аз даромад ва андозҳо аз сармоя барои соли андозбандишаванда, ки аз якуми ё баъди якуми январи (моҳи Туркменбошӣ) соли тақвимии пас аз эътибор пайдо кардани Конвенсия фарорасанда пардохта мешаванд.

Моддаи 31 Қатъи фаъолият

Конвенсияи мазкур то замоне эътибор дорад, ки агар яке аз Давлатҳои Аҳдкунанда амали онро қатъ насозад. Ҳар кадоме аз Давлати Аҳдкунанда метавонад баъди 5 соли эътибор пайдо кардани ин Конвенсия амали онро бо роҳи дипломатӣ, бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ дар бобати бекор кардани амали он дар муддати на дертар аз 6 моҳи ба охир расидани ҳар як соли тақвимии баъди муддати панҷсолаи эътибор пайдо кардани он оянда, қатъ намояд. Дар чунин ҳолат Конвенсия амали худро бозмедорад;

а) нисбати андозҳои аз манбаъҳои даромад ситонидашаванда, ки якуми ё баъди якуми январи (моҳи Туркменбошӣ) соли тақвимии баъди соли фиристодани огоҳинома дар бораи қатъи амали ин Конвенсия пардохта ё ба ҳисобгирифта мешаванд; ва

б) нисбати дигар андозҳои аз даромад ва сармоя дар давраҳои андозбандӣ ситонидашаванда, ки аз якуми январи (моҳи Туркменбошӣ) соли тақвимии баъди соли супоридани огоҳинома оид ба қатъи амали Конвенсия пардохта мешаванд.

Конвенсия дар шаҳри Ашқобод "9" декабри (моҳи Битараплики) соли 2007 дар ду нусхаи асл ҳар нусха ба забонҳои тоҷикӣ, туркманӣ ва русӣ, ки эътибори баробари ҳуқуқӣ доранд ба имзо расидааст.

Дар сурати ихтилофи назар ҳангоми тавзеҳи Конвенсия ба матни русӣ афзалият дода мешавад

АЗ ҶОНИБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АЗ ҶОНИБИ ТУРКМАНИСТОН