Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008, № 160 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол ва фурӯши пахта"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол ва фурӯши пахта

Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади содда кардани механизми хариду фурӯши нахи пахта ҷиҳати дастгирии коркардкунандагони дохилии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, № 223 "Дар бораи такмили механизми истеҳсол ва фурӯши пахта" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- аз банди 9 калимаҳои "ба истиснои пахтае, ки мувофиқи қарордодҳои басташудаи фючерию форвардӣ ба фурӯш бароварда шудаанд" хориҷ карда шаванд;

- аз банди 11 калимаҳои "агар ба шартномаҳои оид ба истеҳсол ва фурӯши пахта ва қарордодҳои фючерии басташуда мухолиф набошад" хориҷ карда шаванд;

- банди 14 дар таҳрири зайл ифода гардад:

- "Фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта аз рӯи қарордодҳои мустақими хариду фурӯш, бо риояи расмиёти муқарраргардида анҷом дода мешавад.";

- аз банди 16 калимаҳои "ба воситаи Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;

- банди 17 хориҷ карда шавад;

- аз банди19 сархати 2 хориҷ карда шавад.

- бандҳои 18, 19, 20 мутобиқан ба бандҳои 17, 18, 19 иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 апрели соли 2008 № 160

ш. Душанбе