Низомномаи қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 1 апрели соли 2008, № 168

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2008 № 168

тасдиқ шудааст

Низомномаи қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ

1. Қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мақоми доимоамалкунанда мебошад, ки Тарафи Тоҷикистонро дар комиссияҳои байниҳукуматӣ муаррифӣ намуда, кори худро мутобиқи созишномаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон имзошуда, ҳамчунин Низомномаи мазкур анҷом медиҳад.

2. Қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ (минбаъд - ҚТКБҲ номида мешавад) фаъолияти худро бо мақсадҳои зерин амалӣ менамояд:

- муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ бо дарназардошти вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини алоқамандии стратегияи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бозсозии сохтории иқтисодиёти он, муносибати маҷмӯӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва татбиқи шартномаҳои имзошуда, ки манфиат ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар доранд;

- афзун намудани самараи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо роҳи муайян кардани самтҳои ояндадор ва такмили шаклҳои чунин ҳамкорӣ, ки таъмиқи минбаъдаи мутақобилаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хоҷагии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияи пешқадамро таъмин менамояд;

- ҷалби сохторҳои соҳибкории тоҷикистонӣ дар вусъати ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварҳои хориҷӣ.

3. ҚТКБҲ таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, фаъолияти худро дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин муассисаҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ амалӣ мегардонад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба мақсадҳои зикргардидаи комиссияҳои байниҳукуматӣ, ки ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои ӯҳдадориҳоро аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор, ки аз санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ ва созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бармеоянд, амалӣ намуда, дар доираи ваколати худ:

- таҳияи пешниҳодҳоро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар асоси таҳлил ва баҳодиҳии ҳолати имрӯзаи иқтисодӣ, имкониятҳои рушди минбаъда ташкил намуда, ҳамчунин пешниҳодҳое, ки аз доираи соҳибкорон ва мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, коркард менамояд;

- омодакунӣ ва татбиқи созишномаҳои байниҳукуматии тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, барномаҳои дарозмӯҳлати ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ, иҷрои қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ қабул шуда, ба Тарафи Тоҷикистон дахл доранд, назорат мебарад;

- назорати иҷрои Протоколи қаблӣ, фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар амалӣ кардани самтҳои асосии ҳамкорӣ ширкат меварзанд ва ҳамчунин қисми тоҷикистонии мақомоти кории комиссияҳои байниҳукуматиро (зеркомиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ) бо ҷалби сохторҳои соҳибкорӣ ҳамоҳанг месозад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд ва ҳангоми зарурат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин доираи соҳибкорони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии комиссияҳои байниҳукуматӣ машварат медиҳад;

- маводи заруриро барои гузаронидани ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ (ҷамъбасти иҷрои Протоколи қаблӣ, таҳияи пешниҳодҳоро ба лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласа ва Протоколи ҷаласаи навбатӣ), дар мувофиқа бо Раиси қисми тоҷикистонии Комиссияи марбут омода намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

4. ҚТКБҲ ҳуқуқ дорад:

- дар доираи салоҳияти худ қарорҳои заруриро қабул карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки ҳалли онро тақозо дорад, таклиф пешниҳод намояд;

- ҳангоми зарурат дар мувофиқа бо қисмҳои хориҷии комиссияҳои байниҳукуматӣ, гурӯҳҳои кориро аз ҳисоби намояндаҳои вазорату идораҳои соҳавӣ, доираи соҳибкорон, муассисаҳо ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мушаххас ва лоиҳаҳои ҳамкориҳо ташкил намояд;

- аз вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида аз намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод ва иттилооти заруриро дархост намояд ва ба даст орад;

- бо иштироки роҳбарон ва коршиносони вазорат, идора ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин доираи соҳибкорон ҷаласаҳоро доир намояд;

- бо тартиби муқарраршуда ё бо мусоидати қисмҳои хориҷии комиссияҳои байниҳукуматӣ ба ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ муроҷиат намояд;

- вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони доираи соҳибкоронро барои омода намудани ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ ҷалб намояд;

- ҳамкориҳои зичро бо қисмҳои хориҷии комиссияҳои байниҳукуматӣ ба роҳ монда ва дастгирӣ намуда, дар баррасии фаврии пешниҳодҳои аз онҳо ё ба воситаи онҳо расида, дархостҳо ва муроҷиатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндаҳои доираи соҳибкорон оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти комиссияҳои байниҳукуматӣ ба онҳо мусоидати зарурӣ намояд ва дар баробари ин аз чунин мусоидати ҷониби қисмҳои хориҷии комиссияҳои байниҳукуматӣ бархурдор бошад.

5. Ташкили фаъолияти ҚТКБҲ.

ҚТКБҲ аз раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзои қисми тоҷикистонии комиссия, аз ҷумла сафир, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари дахлдор иборат мебошад.

ҚТКБҲ-ро аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ роҳбарӣ менамояд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Дар ҳолате, ки ҚТКБҲ-ро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ нанамояд, он гоҳ муовини раиси ҚТКБҲ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо раиси ҚТКБҲ мебошад.

ҚТКБҲ аз ҷониби Раиси ҚТКБҲ, вобаста ба доираи масъалаҳои муҳокимашаванда бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Бо дарназардошти зарурати таъмини таҳияи маҷмӯӣ ва салоҳиятноки масъалаҳои асосӣ, ки ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварҳои хориҷӣ дахл доранд, бо назаргирии миқёс ва махсусиятҳои чунин ҳамкорӣ ва ҳамчунин мавқеи давлати хориҷӣ оид ба ҳайати эҳтимолии қисми хориҷии комиссияи байниҳукуматӣ ба ҳайати ҚТКБҲ намояндагони вазорату идораҳо, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки ба масъалаҳои робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои илмию техникӣ машғуланд, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ дохил карда мешаванд.

6. Раиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматии дахлдор:

- ҚТКБҲ-ро ташкил мекунад;

- ҷаласаҳои ҚТКБҲ-ро мегузаронад, рӯзномаи ҷаласа ва дастури кориро омода менамояд ва қарорҳои протоколиро ба имзо мерасонад;

- омода намудани ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматиро дар бахши вобаста ба масъалаҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ ва таъминоти дигари ҷаласаҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ташкил менамояд;

- ба кори котиби масъул ҷиҳати омода намудани ҳисобот ва таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ, ки барои татбиқи аҳдномаҳои ҳосилшуда равона гардидаанд, инчунин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам (на камтар аз як маротиба ҳар се моҳ) пешниҳод намудани маълумот оид ба иҷроиши муқаррароти протоколии ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ барои омода намудани супоришҳои дахлдор ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ назорат мебарад.

7.Ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар назди ҚТКБҲ гузошта шудаанд, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо раисони комиссияҳои байниҳукуматӣ, гурӯҳҳои кории ҚТКБҲ таҳти роҳбарии котиби масъул ташкил карда мешаванд.

Котибони масъули комиссияҳои байниҳукуматӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси сана ва маҳали баргузории ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ таклифҳо манзур намуда, бо раисони ҚТКБҲ лоиҳаи ҷадвали баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматиро барои соли оянда мувофиқа намуда, онро ҳамасола (на дертар аз 15 декабр) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Пеш аз баргузории ҷаласаи навбатии комиссияҳои байниҳукуматӣ барои коркард ва мувофиқаи лоиҳаи протоколҳо, дар мувофиқа бо ҳукуматҳои Тарафҳо ва раисони комиссияҳои байниҳукуматӣ, ҷаласаи гурӯҳи кории ҳар ду қисми комиссияҳои байниҳукуматӣ дар ҳудуди Тарафе гузаронида мешавад, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматиро мегузаронад.

Котибони масъули комиссияҳои байниҳукуматӣ таҳияи маводи заруриро барои гузаронидани ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ таъмин менамоянд, ҳамчунин корро вобаста ба омода кардани дархостҳо ба вазорату идора, муассиса ва ташкилотҳо, фиристодани муроҷиатномаҳо ба ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории мутақобила дар доираи фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ, ҷалби вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони доираи соҳибкорон ба кори комиссияҳои байниҳукуматӣ анҷом медиҳанд.

8. Ҳамаи масъалаҳои ташкилиро оид ба гузаронидани ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ вазорат ё идорае ба зимма мегирад, ки роҳбараш Раиси Комиссияи байниҳукуматӣ мебошад (таҳия ва мувофиқа қардани Барномаи ташриф, сенарияи баргузории ҷаласа, қабул ва гусели ҳайати намояндагон, барномаи фарҳангӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ, таъмин бо маводи дафтардорию техникӣ ва ғайра).

9. Маблағгузории хароҷоти вобаста ба гузаронидани ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ ва мақомоти кории онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазироӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутақобилаи аъзо ва коршиносони қисми хориҷии комиссияҳои байниҳукуматӣ бо тартиби муқарраршуда амалӣ мегардад.

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 1 апреля 2008 года №168

Положение о таджикистанской части межправительственных комиссий со странами зарубежья по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству

1. Таджикистанская часть межправительственных комиссий по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству со странами зарубежья является постоянно действующим органом, который представляет таджикскую Сторону в межправительственных комиссиях и проводит свою работу в соответствии с подписанными Республикой Таджикистан торгово-экономическими и научно-техническими соглашениями, а также настоящим Положением.

2. Таджикистанская часть межправительственных комиссий (далее именуемая - ТЧМПК) осуществляет свою деятельность в целях:

- создания благоприятных условий для развития взаимовыгодного сотрудничества между Правительством Республики Таджикистан и Правительством зарубежных стран в торгово-экономической и научно-технической областях, исходя из задач социально-экономического развития Республики Таджикистан;

- обеспечения увязки стратегии внешнеэкономической деятельности Республики Таджикистан со структурной перестройкой ее экономики, комплексного подхода при разработке проектов сотрудничества и реализации достигнутых договоренностей, учитывающих интересы и возможности Республики Таджикистан;

- повышения эффективности сотрудничества между Правительством Республики Таджикистан и Правительством зарубежных стран, в том числе путем выявления перспективных направлений и совершенствования форм такого сотрудничества, обеспечивающих дальнейшее углубление взаимосвязи экономики Республики Таджикистан с мировым хозяйством, привлечения иностранных инвестиций и передовых технологии:

- привлечения таджикских предпринимательских структур к расширению сотрудничества между Правительством Республики Таджикистан и Правительством зарубежных стран.

3.ТЧМПК работает под руководством Правительства Республики Таджикистан и осуществляет свою деятельность в координации с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерством иностранных дел Республики Таджикистан и другими заинтересованными министерствами и ведомствами Республики Таджикистан, а также с коммерческими и некоммерческими организациями.

Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан для достижения указанных целей межправительственных комиссий, осуществляющее координацию и контроль исполнения органами государственной власти и хозяйствующими субъектами обязательств, вытекающих из международно-правовых актов в сфере внешнеэкономического сотрудничества и соглашений по торгово-экономическому и научно-техническому сотрудничеству, в рамках своих полномочий:

- организует подготовку предложений по перспективным направлениям сотрудничества между Республикой Таджикистан и странами зарубежья на основе анализа и оценки текущей экономической ситуации, возможностей дальнейшего развития, а также прорабатывает предложения, поступающие от деловых кругов и компетентных органов Республики Таджикистан;

- контролирует подготовку и реализацию межправительственных торгово-экономических и научно-технических соглашений, долгосрочных программ сотрудничества между Республикой Таджикистан и зарубежными странами, выполнение принимаемых на заседаниях межправительственных комиссий решений в части, касающейся таджикистанской Стороны;

- мониторинг выполнения предыдущего Протокола, осуществляет координацию деятельности министерств, ведомств и организаций Республики Таджикистан участвующих в реализации основных направлений сотрудничества, а также таджикистанской части рабочих органов межправительственных комиссий (подкомиссий, рабочих групп), привлекая предпринимательские структуры;

- информирует Правительство Республики Таджикистан и при необходимости консультирует государственные органы исполнительной власти, а также деловые круги Таджикистана по вопросам, связанным с подготовкой к предстоящим заседаниям межправительственных комиссий;

- по согласованию с Председателем таджикистанской части соответствующей Комиссии разрабатывает материалы необходимые для проведения межправительственных комиссий (подытоживание предыдущего Протокола, подготовка предложений в проекты Повестки дня и Протокола предстоящего заседания) и представляет в Правительство Республики Таджикистан.

4.ТЧМПК имеет право:

- принимать в пределах своей компетенции необходимые решения и вносить в Правительство Республики Таджикистан предложения по вопросам, требующим его решения;

- создавать при необходимости, по договоренности с зарубежными частями межправительственных комиссий, рабочие группы из представителей отраслевых министерств, ведомств, деловых кругов, предприятий и научно-исследовательских организаций Республики Таджикистан для проработки конкретных вопросов и проектов сотрудничества;

- запрашивать и получать от министерств, ведомств и организаций Республики Таджикистан, а также в установленном порядке от зарубежных представительств Республики Таджикистан необходимые материалы и информацию;

- созывать совещания с участием руководителей и экспертов министерств, ведомств и организаций Республики Таджикистан, а также деловых кругов;

- обращаться в установленном порядке или при содействии зарубежных частей межправительственных комиссий в правительственные и неправительственные организации зарубежных стран по вопросам, связанным с деятельностью межправительственных комиссий;

- привлекать заинтересованные министерства и ведомства Республики Таджикистан, представителей деловых кругов к подготовке заседаний межправительственных комиссий;

- налаживать и поддерживать тесные рабочие контакты с зарубежными частями межправительственных комиссий, оказывая им необходимое содействие в оперативной проработке поступающих от них или через них предложений, запросов и обращений государственных органов власти, представителей деловых кругов по вопросам, касающимся компетенции МПК, при этом получая аналогичное содействие со стороны зарубежных частей межправительственных комиссий.

5. Организация деятельности ТЧМПК.

ТЧМПК состоит из председателя, заместителя председателя, ответственного секретаря и членов таджикской части комиссии, включая посла, торгового представителя Республики Таджикистан в соответствующей стране.

ТЧМПК возглавляется членом Правительства Республики Таджикистан или его заместителем, которые утверждаются постановлениями Правительства Республики Таджикистан, по представлению Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан и согласованию с заинтересованными министерствами и ведомствами Республики Таджикистан.

В случае, если ТЧМПК не возглавляет Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан, то заместителем председателя ТЧМПК является заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан, по согласованию с председателем ТЧМПК.

ТЧМПК формируется председателем ТЧМПК, в зависимости от круга обсуждаемых вопросов, по представлению заинтересованных министерств и ведомств Республики Таджикистан и по согласованию с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан.

Исходя из необходимости обеспечения комплексной и компетентной проработки основных вопросов, касающихся торгово-экономического и научно-технического сотрудничества между Правительством Республики Таджикистан и правительствами зарубежных стран, с учетом масштабов и специфики такого сотрудничества, а также позиции зарубежного государства по возможному составу зарубежной части межправительственной комиссии, в состав ТЧМПК включаются представители министерств и ведомств, ответственные работники Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан, Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, занимающиеся вопросами внешнеэкономических связей и научно-технического сотрудничества, а также представители предпринимательских кругов.

6. Председатель таджикистанской части соответствующих межправительственных комиссий:

- формирует ТЧМПК;

- проводит заседания ТЧМПК, готовит повестку дня и регламент работы и подписывает протокольные решения;

- организует подготовку заседаний межправительственных комиссий в части, касающейся вопросов организационного, технического, материального, финансового и другого обеспечения заседаний, проводимых на территории Республики Таджикистан;

- контролирует ответственного секретаря по подготовке отчетов и внесению предложений в Правительство Республики Таджикистан по результатам заседаний межправительственных комиссий, направленных на реализацию достигнутых договоренностей, а также предоставлению в Правительство Республики Таджикистан регулярной (не реже одного раза в квартал), информации о ходе реализации протокольных решений межправительственных комиссий, для подготовки соответствующих поручений государственным органам власти.

7.Для обеспечения выполнения задач, стоящих перед ТЧМПК в Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан с участием представителей заинтересованных министерств, ведомств и государственные органы власти создаются, по согласованию с председателями указанных комиссий, рабочие группы ТЧМПК во главе с ответственными секретарями.

Ответственные секретари межправительственных комиссий готовят, по согласованию с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан, предложения о сроках и месте проведения заседаний межправительственных комиссий и представляют ежегодно (до 15 декабря) в Правительство Республики Таджикистан, согласованный с председателями ТЧМПК проект графика проведения заседаний межправительственных комиссий на очередной год.

Накануне проведения очередного заседания межправительственных комиссий, для доработки и согласования проектов протоколов, проводится по согласованию с правительствами Сторон и председателями межправительственных комиссий совещание рабочих групп обеих частей межправительственных комиссий на территории Стороны, проводящей очередное заседание межправительственной комиссий.

Ответственные секретари межправительственных комиссий обеспечивают подготовку материалов, необходимых для проведения межправительственных комиссий, а также ведут работу, связанную с подготовкой запросов в министерства, ведомства, учреждения и организации направлением обращений в правительственные и неправительственные организации зарубежных стран по вопросам двустороннего сотрудничества в рамках деятельности межправительственных комиссий, привлечением заинтересованных министерств, ведомств и государственных органов власти и представителей деловых кругов к работе межправительственных комиссий.

8. Все организационные вопросы по проведению межправительственных комиссий берёт на себя министерство или ведомство руководитель, которого является председателем межправительственных комиссий (разработка и согласование Программы пребывания, сценария проведения, встречи/проводы делегаций, культурная программа, памятные подарки, обеспечение оргтехникой и канцтоварами и т.д.).

9. Финансирование расходов, связанных с проведением заседаний межправительственных комиссий и их рабочих органов на территории Республики Таджикистан, приемами в Республики Таджикистан на условиях взаимности членов и экспертов иностранных частей межправительственных комиссий, осуществляется в установленном порядке.