Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2008 № 173
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.03.2017 № 136)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, мақсад, усул, низом, салоҳият ва масъулияти тарафҳоро оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
2. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Комиссия) аз ҷониби тарафҳои шарикии иҷтимоӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд .
II. Мақсадҳои асосӣ ва вазифаҳои Комиссия
3. Мақсадҳои асосии Комиссия:
- ҳангоми таҳияи услубҳои асосии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ ба назар гирифтани манфиатҳои мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи итттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо роҳи сари вақт танзим намудани муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ гирифтани пеши роҳи баҳсҳои меҳнатӣ дар сатҳҳои гуногун;
- мусоидат ба танзими қарордодҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ.
4. Вазифаҳои Комиссия инҳоянд:
- гузаронидани музокироти коллективӣ ва таҳия намудани лоиҳаҳои созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ;
- таъмини ҳамкории баробарҳуқуқӣ миёни шарикони иҷтимоӣ дар вақти кор карда баромадани принсипҳои умумии ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ;
- назорати раванди иҷрои созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ, бартарафсозии мухолифати дар рафти иҷрои онҳо бавуқӯъомада, инчунин танзими масъалаҳои созишномаҳои соҳавӣ, ки аз рӯи онҳо мувофиқа ба даст наомадааст;
- рушди шарикии иҷтимоӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ;
- ҳал намудани баҳсҳои (муноқишаҳои) меҳнатӣ;
- гузаронидани машваратҳои сетарафаи (дутарафаи) пешакӣ ва муқокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ;
- мувофиқасозии мавқеи тарафҳо доир ба самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ;
- густариши таҷрибаи шарикии иҷтимоӣ, иттилоотонии комиссияҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва комиссияҳои дигари танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар бораи фаъолияти Комиссия;
- омӯзиши таҷрибаи байналмилалии ширкат дар чорабиниҳое, ки бо созмонҳои дахлдори хориҷӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ гузаронида мешаванд, дар доираи Комиссияҳо гузаронидани машваратҳо оид ба масъалаҳои марбути ба тавсиб расонидан ва мавриди амал қарор додани меъёрҳои байналмилалии меҳнат.
III. Ҳуқуқҳои Комиссия
5. Комиссия ҳуқуқ дорад:
- иҷрои муқаррароти созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавиро аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, намояндагони иттифоқҳои касаба ва корфармоён назорат намояд;
- пешниҳодҳоро оид ба боздошт ё бекор кардани амали қарорҳои мақомоти идораи давлатӣ, иттиҳодияхои касабавӣ ва корфармоён, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, ки бо имкони сар задани ихтилофоти коллективӣ алоқаманд мебошад, манзур кунад;
- пешниҳодҳоро дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор ва дигар ашхосе, ки иҷрои аҳду паймони ҳосилгардида ва қарорҳои бобати амалӣ намудани ин аҳду паймонҳо қабулшударо таъмин накардаанд, ба вайронкунии тартиби баррасии баҳсҳои коллективи меҳнатӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ додаанд, манзур намоянд;
- таҳия ва тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ манзур намудани пешниҳодҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ;
- ба ҳаллу фасли баҳсҳои (муноқишаҳои) коллективӣ роҳбарон ва кормандони вазоратҳо (идораҳо), ассотсиатсияҳо, корпоратсияҳо ва дигар иттиҳодияҳо, муассисаҳо, мақомоти иттифоқҳои касаба ва коршиносонро ҷалб кунад;
- дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, соҳаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои бартарафсозии мухолифат оид ба созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ ва батанзимдарории баҳсҳои (муноқишаҳои) коллективии меҳнатӣ иттилооти зарурӣ гирад;
- бо тартиби мақарраршуда аъзои комиссия ва ташхисгаронро ҷиҳати шиносоӣ бо шароити меҳнат, вазъи иҷтимоию иқтисодии кормандон ва дигар мавод тибқи қонунгузорӣ ба иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, равон кунад;
- иштирок намудан дар гузаронидани ҷаласаҳои умумиҷумҳуриявӣ, конференсияҳо, конгрессҳо ва семинарҳо доир ба масъалаҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ.
6. Аъзои Комиссия Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегиранд ва ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти идораи давлатӣ, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияи корфармоён (соҳибкорон) барои гирифтани ҷавоби хаттӣ оид ба моҳияти масъалаҳои гузошташуда муроҷиат намоянд.
7. Комиссияҳо регламенти комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии дахлдорро таҳия ва тасдиқ мекунанд .
IV. Тартиби таъсисёбӣ ва фаъолияти Комиссия
8. Намояндагии иттиҳодияи намояндагони кормандон (иттифоқҳои касаба), иттиҳодияи корфармоён ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳайати тарафҳои Комиссия аз ҷониби ҳар яки онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад ва оинномаҳои ҷамъиятҳои дахлдор мустақилона муайян карда мешавад.
9. Комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Ҳайати Комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳо муайян ва тағйир медиҳанд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад .
10. Комиссияҳои сетарафаи (дутарафаи) соҳавӣ ва минтақавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ аз намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён иборат мебошанд. Ҳайати комиссияҳои сетарафаи (дутарафаи) соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро тарафҳо муайян ва тағйир медиҳанд ва аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад .
11. Намояндагони Тарафҳо аъзои Комиссия ба ҳисоб мераванд. Теъдоди аъзои Комиссия аз ҳар як тараф набояд аз 13 нафар зиёд бошад.
V. Тартиби қабули қарор аз ҷониби Комиссия
12. Қарор оид ба ҳама масъалаҳои аз ҷониби Комиссия баррасишаванда дар сурате қабулгардида ҳисобида мешавад, ки ба тарафдории он бештар аз 50 фоизи ҳайати тасдиқшудаи ҳар як тараф овоз дода бошад.
13. Тартиби қабули қарор аз ҷониби ҳар як тараф бо регламенти Комиссия муайян карда мешавад.
14. Аъзои бо қарори қабулгардида розинабудаи Комиссия ҳуқуқ доранд талаб кунанд, ки дар протоколи ҷаласаи Комиссия мавқеи махсуси онҳо қайд карда шавад.
15. Ҳаллу фасли баҳсҳо ва муноқишаҳои коллективии меҳнатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
16. Комиссияи сетарафа (дутарафа) дар сурати муроҷиати муштараки тарафҳо метавонад баҳсҳои (муноқишаҳои) коллективии меҳнатиро баррасӣ намояд. Дар ин маврид қарори Комиссия барои онҳо ҳатмӣ мебошад.
17. Иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба ва корфармоёни (соҳибкорони) дар комиссияи сетарафа (дутарафа) намояндагӣ надошта ҳуқуқ доранд, ки ба Комиссия дар хусуси бо ширкати онҳо дар ҷаласаи он баррасӣ гардидани масъалаи пешниҳоднамудаашон муроҷиат намоянд.
VI. Ҳамоҳангсозоии Комиссия
18. Фаъолияти Комиссияи сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комиссия, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, ҳамоҳанг месозад .
19. Фаъолияти комиссияҳои сетарафаи (дутарафаи) соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро раис ё муовини намояндагии мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ки узви комиссияҳои номбаршуда намебошанд, ҳамоҳанг месозад.
20. Ҳамоҳангсози Комиссия:
- фаъолияти Комиссияро ба роҳ мемонад, ба ҷаласаҳои он раисӣ мекунад;
- ҳайати гурӯҳи кориро тасдиқ мекунад;
- ба мувофиқасозии мавқеи тарафҳо мусоидат мекунад;
- ба регламент, нақшаи кор ва қарори Комиссия имзо мегузорад;
- котиботи Комиссияро роҳбарӣ менамояд;
- бо мақсади таҳия намудани тавсияҳо доир ба рушди шарикии иҷтимоӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва комиссияҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ оид ба созишномаҳои басташаванда ва басташуда, ки танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ маҳсуб меёбанд, маълумот дархост намояд ;
- барои иштирок дар кори Комиссия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияи корфармоён, ки аъзои Комиссия нестанд, инчунин олимон, мутахассисон ва дигар намояндагони ташкилотҳоро даъват мекунад;
- дар мувофиқа бо иттиҳодияи иттифоқҳои касаба, иттиҳодияи корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аъзои Комиссияро барои иштирок дар ҷаласаҳои иттиҳодияҳо ва мақомоти номбурда, ки масъалаҳои танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро баррасӣ менамоянд, равон мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ дар давраи байни ҷаласаҳои Комиссия бо ҳамоҳангсозони тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳое, ки ҳаллу фасли фавриро талаб мекунанд, машваратҳо доир намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бораи фаъолияти Комиссия гузориш медиҳад;
- Комиссияро аз тадбирҳои дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад;
- дар бораи иштироки намояндагони иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияи корфармоён дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои бо тарафҳо мувофиқашударо қабул мекунад.
21. Ҳамоҳангсози Комиссия ба фаъолияти тарафҳо дахолат наменамояд ва дар овоздиҳӣ иштирок намекунад.
VII. Ҳамоҳангсозони тарафҳо
22. Фаъолияти ҳар як тарафро ҳамоҳангсози тарафҳо ба роҳ мемонад.
23. Ҳамоҳангсозони тарафҳо, ки иттиҳодияи иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияи корфармоёнро намояндагӣ мекунанд, аз ҷониби тарафҳои мазкур интихоб карда мешаванд.
24. Ҳамоҳангсози ҳар як тараф бо супориши он ба ҳамоҳангсози Комиссия оид ба лоиҳаҳои нақшаи кори Комиссия, рӯзномаҳои ҷаласаҳои он, ҳайати шахсии намояндагони тараф дар гурӯҳи корӣ пешниҳод манзур менамояд, Комиссияро аз тағйир ёфтани ҳайати шахсии тарафҳо огоҳ мекунад, бо мақсади муайян намудани мавқеи онҳо нисбати масъалаҳои ба баррасии Комиссия пешниҳодшуда, машварати намояндагони тарафҳоро доир мекунад.
25. Ҳамоҳангсози ҳар яке аз тарафҳо бо супориши он ҳуқуқ дорад, ки ба Комиссия оид ба гузаронидани ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия пешниҳод манзур кунад. Дар ин маврид ҳамоҳангсози Комиссия вазифадор аст дар мӯҳлати ду ҳафта аз рӯзи ворид шудани пешниҳоди мазкур ҷаласаи Комиссияро даъват намояд.
26. Ҳамоҳангсози ҳар яке аз тарафҳо барои иштирок дар кори Комиссия мутобиқан намояндагони иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатиро, ки аъзои Комиссия намебошанд, инчунин олимон, мутахассисон ва намояндагони дигар ташкилотҳоро даъват менамояд.
Положение о трехсторонних комиссиях по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 17.03.2017г.№136)
I. Общие положения
1. Настоящее положение разработано в соответствии с Трудовым кодексом Республики Таджикистан и определяет цель, метод, порядок, компетенцию и ответственность сторон по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан
2. Трехсторонние (двухсторонние) комиссии по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан (далее Комиссия) образуются сторонами социального партнерства в целях защиты трудовых прав и социально-экономических интересов граждан Республики Таджикистан.
II. Основные цели и задачи Комиссии
3. Основные цели Комиссии:
- во время разработки основных методов регулирования социальнотрудовых отношений на уровнях республиканском, территориальном и отраслевом учитывать интересы органов управления государственной власти, Федерации независимых профсоюзов Таджикистана и Объединения работодателей Республики Таджикистана;
- путем своевременного регулирования социально-трудовых отношений воспрепятствовать возникновению трудовых споров на разных уровнях;
- содействовать урегулированию договоров социально-трудовых отношений.
4. Задачами Комиссии являются:
- проведение коллективных переговоров и подготовка проектов генеральных, отраслевых и территориальных соглашений;
- обеспечение равноправного сотрудничества между социальными партнерами во время разработки основных принципов регулирования социально - трудовых отношений на республиканском, территориальном и отраслевом уровнях;
- осуществление контроля за ходом выполнения генерального, отраслевых и территориальных соглашений, разрешение разногласий, возникших в ходе их выполнения, а также урегулирование вопросов отраслевых соглашений, по которым не достигнуто согласие; развитие социального партнерства на республиканском, террриториальном и отраслевом уровнях;
- разрешение трудовых споров (конфликтов);
- проведение предварительных трехсторонних (двухсторонних) консультаций и обсуждение проектов нормативных правовых актов Республики Таджикистан по социально-трудовым вопросам;
- согласование позиций сторон по основным направлениям социальной политики;
- распространение опыта социального партнерства, информирование отраслевых, территориальных и иных комиссий по регулированию социально-трудовых отношений о деятельности Комиссии;
- изучение международного опыта участия в мероприятиях, проводимые с соответствующими зарубежными организациями в области социально-трудовых отношений и социального партнерства, проведение в рамках Комиссии консультации по вопросам, связанным с ратификацией и применением международных трудовых норм.
III. Права Комиссии
5. Комиссия имеет право:
- осуществлять контроль за выполнением условий генерального, отраслевых и территориальных соглашений органами государственного управления, представителями профессиональных союзов и работодателями;
- вносить предложения о приостановлении или отмене действия решений органов государственного управления, объединение профсоюзов и работодателей, а также предприятий, учреждений и организации, независимо от форм собственности, связанных с возможностью возникновения трудовых конфликтов;
- вносить предложения о привлечении к ответственности должностных лиц и иных лиц, не обеспечивших выполнения достигнутых соглашений и решений, принятых во исполнение этих соглашений, допустивших нарушения действующего законодательства Республики Таджикистан порядка рассмотрения коллективных трудовых споров;
- разработка и предоставление предложений о регулировании социально-трудовых отношений органам государственной власти по нормативных правовых актов Республики Таджикистан;
- привлекать к работе по разрешению коллективных споров (конфликтов) руководителей и работников министерств (ведомств), ассоциаций, корпораций и других объединений, предприятий, органов профсоюзов, экспертов;
- получать информацию о социально-экономическом положении регионов, отраслей, объединений, предприятий, учреждений и организаций, необходимую для рассмотрения вопросов по разрешению разногласий по генеральному, отраслевым и территориальным соглашениям и урегулированию коллективных трудовых споров (конфликтов);
- направлять в установленном порядке членов комиссии и экспертов в объединения, предприятия, учреждения, организации, расположенные на территории Республики Таджикистан независимо от форм собственности для ознакомления с трудовыми и социально-экономическими условиями работников и другими материалами в соответствии с законодательством;
- участвовать в общереспубликанских собраниях, конференциях, конгрессах и семинарах по вопросам социально-трудовых отношений и социального партнерства.
6. Члены Комиссии руководствуются настоящим положением, имеют право обращаться в органы государственного управления, профсоюзные органы, объединение работодателей (предпринимателей) и получать письменный ответ по существу поставленных вопросов.
7. Комиссии разрабатывают и утверждают регламенты соответствующих трехсторонних (двухсторонних) комиссии по регулированию социально-трудовых отношений.
IV. Порядок создания и деятельности Комиссии
8. Представительства объединения представителей работников (профессиональных союзов), объединения работодателей и органов государственной власти в составе сторон Комиссии определяется каждым из них самостоятельно в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, регулирующим их деятельность и уставами соответствующих объединений.
9. Республиканская трехсторонняя комиссия по регулированию социально - трудовых отношений в Республикеи Таджикистан состоит из представителей Правительства Республики Таджикистан, Федерации независимых профсоюзов Таджикистана и Объединения работодателей Республики Таджикистан. Состав Республиканской трехсторонней комиссии по регулированию социально-трудовых отношений в Республике Таджикистан определяется и заменяется сторонами и утверждается Правительством Республики Таджикистан.
10. Отраслевые и территориальные трехсторонние (двухсторонние) комиссии по регулированию социально-трудовых отношений состоят из представителей соответствующих органов государственной власти, представительных органов работников и работодателей. Состав отраслевых и территориальных трехсторонних (двухсторонних) комиссий по регулированию социально-трудовых отношений определяется и заменяется сторонами и утверждается соответствующими органами государственной власти.
11. Представители Сторон являются членами Комиссии. Количество членов Комиссии от каждой из сторон не может превышать 13 человек.
V. Порядок принятия решения Комиссии
12. Решение по всем вопросам, рассматриваемым Комиссией, принимается, если за него проголосовало более 50 процентов утвержденного состава каждой из сторон.
13. Порядок принятия решения каждой стороной определяется регламентом Комиссии.
14. Члены Комиссии, которые не согласны с принятым решением, вправе требовать занесения их особого мнения в протокол заседания Комиссии.
15. Разрешение коллективных трудовых споров и конфликтов осуществляется в порядке, предусмотренном действующим законодательством Республики Таджикистан.
16. Трехсторонняя (двухсторонняя) комиссия может рассматривать коллективные трудовые споры (конфликты) в случае совместного обращения сторон. При этом решение Комиссии является для них обязательным.
17. Объединение профсоюзов и предприниматели (работодатели), не представленные в трехсторонней (двухсторонней) комиссии, имеют право обратиться в Комиссию с просьбой рассмотреть поставленные ими вопросы на ее заседании с их участием.
VI. Координаторы Комиссии
18. Работу трехсторонней комиссии по регулированию социальнотрудовых отношений в Республике Таджикистан координирует заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан, который не является членом комиссии от Правительства Республики Таджикистан.
19. Работу отраслевых и территориальных трехсторонних (двухсторонних) комиссий по регулированию социально-трудовых отношений координирует, председатель либо заместитель соответствующего органа государственной власти, не являющимися членами указанных комиссий.
20. Координатор Комиссии:
- организует деятельность Комиссии, председательствует на ее заседаниях;
- утверждает состав рабочих групп;
- оказывает содействие в согласовании позиций сторон;
- подписывает регламент Комиссии, планы работы и решения Комиссии;
- руководит секретариатом Комиссии;
- с целью разработки предложения о развитии социального партнерства запрашивает у исполнительных органов государственной власти и комиссии по регулирования социально-трудовых отношений информацию о заключаемых и заключенных соглашениях, регулирующих социально - трудовые отношения;
- приглашает для участия в работе Комиссии представителей объединений профессиональных союзов, объединений работодателей и исполнительных органов государственной власти, не являющихся членами Комиссии, а также ученых и специалистов, представителей других организаций;
- направляет по согласованию с объединениями профессиональных союзов, объединениями работодателей и исполнительными органами государственной власти членов Комиссии для участия в проводимых указанными объединениями и органами заседаниях, на которых рассматриваются вопросы, связанные с регулированием социально трудовых отношений;
- проводит в пределах своей компетенции в период между заседаниями Комиссии консультации с координаторами сторон по вопросам, требующим принятия оперативных решений;
- информирует Правительство Республики Таджикистан, органы государственной власти о деятельности Комиссии;
- информирует Комиссию о мерах, принимаемых Правительством Республики Таджикистан в области социально-трудовых отношений;
- принимает согласованное со сторонами решение об участии на заседаниях Правительства Республики Таджикистан представителей профессиональных союзов и объединений работодателей.
21. Координатор Комиссии не вмешивается в деятельность сторон и не принимает участия в голосовании.
VII. Координаторы сторон
22. Деятельность каждой из сторон организует координатор стороны.
23. Координаторы сторон, представляющие объединения профессиональных союзов и объединения работодателей, избираются указанными сторонами.
24. Координатор каждой из сторон по ее поручению вносит координатору Комиссии предложения по проектам планов работы Комиссии, повесткам ее заседаний, персональному составу представителей стороны в рабочих группах, информирует Комиссию об изменениях персонального состава стороны, организует совещания представителей стороны в целях уточнения их позиций по вопросам, внесенным на рассмотрение Комиссии.
25. Координатор каждой из сторон по ее поручению вправе вносить координатору Комиссии предложение о проведении внеочередного заседания Комиссии. В этом случае координатор Комиссии обязан созвать заседание Комиссии в течение двух недель со дня поступления указанного предложения.
26. Координатор каждой из сторон приглашает для участия в работе Комиссии соответственно представителей объединений профессиональных союзов, объединений работодателей и соответствующих органов государственной власти, не являющихся членами Комиссии, а также ученых, специалистов и представителей других организаций.