Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 381 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, №11, моддаи 510; соли 2006, №3, моддаи 164) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 1. Мақсадҳо ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.

Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

танзими муносибатҳои иқтисодӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

таъмини асосҳои ҳуқуқии дастгирӣ ва рушди истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

муайян намудани принсипҳои асосӣ, самтҳои истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об.".

2. Дар тамоми матни Кодекси амалкунанда калимаи "кӯпрукҳо" ба калимаи "пулҳо" иваз карда шавад.

3. Ба Кодекс моддаи 4 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 4 (1). Заминҳои фонди давлатии об

Заминҳои фонди давлатии об аз заминҳои зери дарё, кӯл, обанбор, пиряхҳо, ботлоқзор, шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, пойгоҳҳо, чоҳҳои амудӣ, иншооти гидротехникӣ, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, роҳҳо, пулҳо, иморатҳо ва дигар объектҳои инфраструктураи соҳаи мелиоратсия ва захираҳои об, инчунин заминҳои барои минтақаи муҳофизатии об таъиншуда иборат мебошанд.

Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об, ки зери иншооти хоҷагии об (шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо), шабакаҳое, ки аҳамияти аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа доранд, инчунин иншооти ирригатсионие, ки қитъаи замини як субъекти хоҷагидориро таъмин менамояд, метавонанд таҳти истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври муваққатӣ ё доимӣ, пурра ё қисман қарор дошта бошанд.

Тартиби додани заминҳои фонди давлатии об барои истифода дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

4. Дар моддаи 6:

ба модда сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;

тасдиқи тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозат барои истифодаи махсуси об;";

сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум, понздаҳум. шонздаҳум, ҳабдаҳум ва ҳаждаҳум мутобиқан сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нӯҳум, даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум, понздаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум, ҳаждаҳум, нуздаҳум ва бистум ҳисобида шаванд;

сархатҳои панҷум, шашум ва ёздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

"таҳия ва қабули барномаҳо ва лоиҳаҳои давлатӣ оид ба истифодабарии мақсаднок, ҳифзи захираҳои об дар доираи ташаккули обтаъминкунии аҳолӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, соҳилмустаҳкамкунӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳои хоҷагии об;

танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарифи хизмати обрасонӣ, аз ҷумла тафриқаи (дифферентсиатсияи) он бо назардошти арзиши аслии хизматрасонӣ;

тасдиқи тартиби ташаккул ва истифодабарии фонди об, меъёрҳо ва реҷаи истифодаи он.".

5. Ба моддаи 7 сархати ҳафтум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;";

сархати ҳафтум сархати ҳаштум ҳисобида шавад.

6. Сархати чоруми моддаи 58 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла сармоягузориҳо барои рушди системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ воридшаванда.".

7. Моддаи 133 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

Моддаи 133. Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об

Вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд: баҳисобгирии миқдории истифодаи об;

назорати ҳолат ва тағйирёбии сифати об;

санҷиш ва назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об;

муайян намудани мувофиқати нишондиҳандаҳои миқдор ва сифати обҳо ба талаботи меъёрӣ; мониторинг.".

8. Ба моддаи 136 қисмҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагагии об аз инҳо иборат аст:

- Феҳристи давлатии субъектҳои хоҷагии об;

- Феҳристи давлатии объектҳои дорои аҳамияти муҳими стратегӣ.

Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".

Қисми дуюм қисми чорум ҳисобида шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

20 марти соли 2008 № 381

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

6 марти соли 2008 № 462

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш.Душанбе

26 декабри соли 2007 № 824