Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 № 378 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи суғурта" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №14, мод. 207; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №9. мод. 117, №23-24, мод. 333; соли 1999, №5, мод. 73; соли 2001, №4, мод. 179; соли 2005, №12, мод.635) тағйиру шюваҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун ба ғайр аз қисми дуюми моддаи 3,қисми дуюм ва ҷумлаи якуми қисми сеюми моддаи 9, ном ва қисмм дуюми моддаи 10, сатри дуюми қисми якуми моддаи 2, банди 11) қисми дуюми моддаи 13, номи боби III, ном ва матни моддаи 22, қисми сеюми моддаи 28, ном ва матни моддаи 29 калимаҳои "суғуртакунанда", "суғуртакунандаро", "суғуртакунандагон", "суғуртакунандагоне", "суғуртакунандаю", "суғуртакунандаҳо" мутаносибан ба калимаҳои "суғурташаванда", "суғурташавандаро", "суғурташавандагон", "суғурташавандагоне", "суғурташавандаю", "суғурташавандаҳо" ва калимаҳои "муассисаҳои суғурта" ба калимаи "суғуртакунандагон", калимаҳои "муассисаи суғурта" ба калимаи "суғуртакунанда", калимаҳои "муассисаи суғуртаро" ба калимаи "суғуртакунандаро", калимаҳои "амвол" ва "амволии" мутаносибан ба калимаҳои "молу мулк" ва "молумулкии" иваз карда шаванд.

2. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

полиси суғурта - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби суғуртакунанда дода мешавад ва бастани шартномаи суғуртаро тасдиқ мекунад;

суғуртакунӣ - фаъолиятест, ки ба таъмини ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз оқибатҳои ҳодисаҳои муаяйн, ғайричашмдошт (ҳолатҳои суғуртавӣ) аз ҳисоби фондҳои пулии аз пардохтҳои (ҳаққи аъзогӣ) ташкилёфтаи онҳо равона гардидааст;

суғуртакунанда - шахси ҳуқуқие, ки шакли ташкилию ҳуқуқии он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда, барои амалигардонии фаъолияти суғуртакунӣ ташкил ёфта, иҷозатнома гирифтааст;

суғурташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар шартмомаи суғурта яке аз тарафҳо буда, саҳмҳои суғуртавиро мепардозад ва мувофиқи қонун ё тибқи шартнома ҳангоми фаро расидани ҳодисаи суғуртавӣ дар доираи масъулияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад;

фоидагиранда - шахси дар шартномаи суғурта зикргардида, ки шартномаи мазкур ба фоидаи ӯ баста шудааст.".

3. Ба Қонун моддаи 2 (1) дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Моддаи 2 (1) Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.".

4. Қисмҳои сеюм ва шашуми моддаи 4 хориҷ карда шаванд.

5. Дар қисми шашуми моддаи 6 калимаи "тилофии" ба калимаи "талофии" ва калимаи "муносибан" ба калимаи "мутаносибан" иваз карда шавад.

6. Қисми дуюми моддаи 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Иттиҳодияҳои суғуртакунандагон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ" ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар асоси оинномаҳояшон фаъолият мекунанд.".

7. Дар қисми якуми моддаи 13 калимаи "санади" ба калимаи "полиси" иваз карда шавад.

8. Дар қисми чоруми моддаи 16 калимаи "додрас" ба калимаи "суд" иваз карда шавад.

9. Дар қисми якуми моддаи 18 ва қисми якуми моддаи 30 калимаҳои "шаҳрвандии" ва "шаҳрвандӣ" мутаносибан ба калимаҳои "граждании" ва "гражданӣ" иваз карда шаванд.

10. Дар банди 1) моддаи 22 калимаи "ибтидоӣ" ба калимаи "оинномавӣ" иваз карда шавад.

11. Дар ном ва матни моддаи 26 калимаи "балансҳои" ба калимаи "тавозуни" иваз карда шавад.

12. Дар ном ва матни моддаи 34 калимаҳои "байналхалқӣ" ва "байналхалқии" мутаносибан ба калимаҳои "байналмилалӣ" ва "байналмилалии" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

20 марти соли 2008 № 378

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

6 марти сали 2008 № 459

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

30 январи соли 2008 № 873