Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2002 № 79
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон
1. Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (минбаъдКомиссия) мақоми доимоамалкунандаи машваратии байниидоравие мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти татбиқи дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳо (минбаъд - мақомоти манфиатдор) доир ба татбиқи ӯҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, таъсис ёфтааст.
2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонун) ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Тоҷикистон пазируфташуда ва ҳамин Низомномаро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.
3. Вазифаи асосии Комиссия мусоидат кардан ба таъмини татбиқи ӯҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.
4. Бо мақсади ба иҷро расонидани вазифаи асосӣ ба Комиссия корҳои зерин супорида мешаванд:
ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти манфиатдор доир ба татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
таҳия намудани гузоришҳои миллӣ дар бораи рафти татбиҳи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои пешниҳод ба мақоми дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, мусоидат дар мутобиқ сохтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори онҳо мебошад;
тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат кардан дар тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ё ҳамроҳ шудани ҷумҳурӣ ба чунин шартномаҳо;
омӯхтан ва баҳо додан ба ҳолати қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мутобиқат намудани он бо меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
баҳо додан ба самарабахшии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
баррасии пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор ва таҳияи хулосаҳои машваратӣ дар масьалаи ташаккули мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати масъалаҳои марбут ба татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон;
мусоидат намудан дар интишори маълумот доир ба ҳуқуқи инсон;
анҷом додани таҳқиқотҳо, таҳия намудани пешниҳодҳо дар соҳаи татбиқ ва такмили минбаъдаи меъёрҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон;
ба амал баровардани фаъолиятҳои муштарак ва ҳамкориҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои ғайридавлатии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон;
ба амал баровардани назорати иҷрои қарорҳое, ки Комиссия қабул кардааст.
5. Комиссия ҳуқуқ дорад:
ба тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳоро дар бораи самтҳои асосӣ ва шаклҳои татбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон манзур намояд;
ба мақомоти манфиатдор супориш диҳад, ки риояи ҳуқуқи инсон, барқарор намудани ҳуқуқҳо ва озодиҳои халалдоршударо таъмин созад;
дар маҷлисҳои худ гузориши шахсони мансабдори мақомоти манфиатдорро дар хусуси вазъияти риояи ҳуқуқи инсон дар ташкилотҳои тобеъи онҳо шунавад;
гурӯҳҳои корӣ, комиссияҳои экспертиро барои баргузории экспертиза ва таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳукуки инсон, инчунин татбиқи бевоситаи меъёрҳои ҳуқуқи инсон таъсис диҳад;
ба тартиби муқарраргардида барои кор дар Комиссия кормандони мақомоти манфиатдорро ҷалб созад;
аз мақомоти манфиатдор маводҳоро гирад, ки марбут ба масъалаҳои доираи салоҳияти Комиссия мебошанд.
6. Қарорҳои Комиссия, ки дар доираи салоҳиятҳои дар ин Низомнома пешбинишуда қабул гардидаанд, иҷрояшон барои тамоми мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад.
7. Ҳайати Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ҳайати Комиссия бо пешниҳоди Раиси Комиссия ворид карда шуда аз тарафи Комиссия тасдиқ карда мешаванд. Бо мақсади таъмини иштироки васеи аҳли ҷамъият дар кори Комиссия намояндагии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳайати Комиссия мумкин аст, ки давра ба давра иваз карда шавад.
Раиси Комиссия:
роҳбарии фаъолияти Комиссияро ба амал мебарорад;
дар мувофиқат бо аъзои Комиссия рӯзномаи кории маҷлиси Комиссияро муайян менамояд;
дар муносибат бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалие, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият доранд, аз Комиссия намояндагӣ мекунад.
Котиби масъули Комиссия:
бо қарори Комиссия таъин карда мешавад;
ба кори Котиботи Комиссия роҳбарӣ мекунад;
корҳои тайёрӣ ба маҷлисҳои Комиссияро анҷом медиҳад;
назорати бевоситаи иҷрои қарорҳои Комиссияро ба амал мебарорад;
ҳамкориҳоро бо мақомоти дахлдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият дошта ба роҳ мемонад;
супоришҳои дигари Раиси Комиссияро ба иҷро мерасонад.
8. Коргузорӣ, тайёр кардани мавод барои маҷлисҳои Комиссия, ташкили фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва комиссияҳои экспертиро Котибот ба амал мебарорад, ки вазифаҳояш ба Котиби масъули Комиссия вогузор мегардад.
Муросилот дар масъалаҳои ба доираи салоҳияти Комиссия мансубдонисташуда аз тариқи Котиботи Комиссия ба амал бароварда мешавад.
9. Комиссия кори худро мувофиқи дастур ва нақшаҳои солонаи тасдиқгардида ба роҳ мемонад. Маҷлисҳои Комиссия бо тақозои зарурат, вале на камтар аз як бор дар ним сол гузаронида мешаванд.
10. Комиссия салоҳияти ҳуқуқии қабули қарорҳоро дар шароите, ки дар маҷлисҳои он на камтар аз ду сеяки аъзои Комиссия иштирок кунанд, дорад.
Қарорҳои оид ба масъалаҳои ба салоҳияти он мансубдошта бо аксарияти оддии овозҳои аъзои иштирокдори Комиссия қабул карда мешаванд.
Қарорҳои Комиссия ба мақомоти манфиатдор дар шакли иқтибос аз протоколҳои маҷлисҳои Комиссия расонида мешаванд.
11. Дар кори Комиссия бо ҳуқуқи машваратии овоз мумкин аст, ки намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва ҳокимияти судӣ, мақомоти прокуратура, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолият доранд, иштирок намоянд.