Низомнома дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000, № 32

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2002 с. № 359 беэътибор дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 феврали соли 2000 № 32

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Низомномаи мазкур мутобиқи Кодекси Фазои Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки бо сабаби истифода бурдани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, ба танзим медарорад.

2. Вазоратҳо, идораҳою ташкилоте, ки фаъолияти онҳо бо истифода бурдани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, ё ин ки метавонанд ба бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ва дигар иншооти моддӣ таҳдид намоянд, аз рӯи масъалаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси Фазои Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди қонунгузории ҷумҳурӣ, ба Низомномаи мазкур ва Дастуруламали истифодаи он такя менамоянд. Дастуруламали оид ба татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро бо мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд.

3. Парвозҳои ҳавопаймоҳо, ҳамаи намудҳои тирандози, сар додани ракета, корҳои таркиши, инчунин дигар намудҳои фаъолиятҳое, ки бо бардоштан, бурдан ва фаровардани иншооти модди дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, ба фаъолиятҳое тааллуқ доранд, ки бо истифодабарии фазои ҳавои вобастаанд.

4. Фаъолиятҳое, ки бо истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, инчунин фаъолиятҳое, ки метавонанд ба бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо ва дигар иншооти моддӣ таҳдид намоянд, танҳо пас аз гирифтани иҷозати мақомоти дахлдори Системаи ягонаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва идораи ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати махсус бошад, пас аз иҷозати мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартибе, ки шартномаҳои татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян намудааст, иҷозат дода мешавад.

5. Барои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти дахлдор, ки дар ихтиёри худ авиатсия доранд, ба тартиби муқарраршуда пешниҳодҳоро доир ба сохтори фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноҳияю минтақаи ҷойгиршавии идораи ҳаракати ҳавои, минтақаи аэродромҳо, машқгоҳҳо, қитьаҳои махсус, роҳҳои ҳавои, хати парвози маҳалли, парвозҳои маршрутӣ ва ғайраҳо) таҳия менамоянд. Сохтори фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муайяннамудаи Дастуруламали татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия менамоянд ва бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда, онро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Истифодабарии роҳҳои ҳавои ва хати парвози маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ иҷозат медиҳанд. Номгуи роҳҳои ҳавоӣ ва хати парвози маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби истифодабарии онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон) якҷоя бо мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи граждани бо дарназардошти манфиатҳои дигар вазоратҳою идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мекунанд ва Фармондеҳи Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

6. Дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё дар баъзе минтақаҳои алоҳидаи он фаъолияте, ки дар моддаи 4 Низомномаи мазкур нишон дода шудааст, метавонад тамоман қать ё маҳдуд карда шавад. Чунин қатъкунӣ ё маҳдудкуниро мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қувваҳои Ҳарбии Ҳавои ва Мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба тартиби муайяннамудаи Дастуруламали татбиқи Низомнома "Дар бораи истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар менамоянд.

7.Риояи тартиби истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва реҷаи парвозҳои ҳавопаймоҳоро мақомоти идораи ҳаракати ҳавои ва мақомоти Қушунҳои Мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд, тафтиши вайрон кардани тартиби истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба тартиби муайяннамудаи Дастуруламали татбиқи Низомномаи мазкур сурат мегирад.

8. Парвози ҳавопаймоҳо, сарфи назар аз мансубияти идориашон, мутобиқи талаботи Кодекси Фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Дастуруламали татбиқи он, Қоидаҳои умумии парвози авиатсия дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои меъёрии тасдиқшуда дар тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мегардад.

Қоидаҳои умумии парвозҳои авиатсиони дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо мувофиқаи мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи граждани, дигар вазоратҳо ва идораҳои дахлдор таҳия гардида ва аз тарафи Фармондеҳи Қувваҳои Ҳарбии Ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд.

9. Парвози ҳавопаймоҳо дар нуқтаҳои аҳолинишин метавонад танҳо дар баландии иҷозатдодашуда, дар ҳолати вайрон шудани ҳавопаймо иҷрои фурӯдоӣ берун аз ҳудуди он, ё дар аэродроми наздиктарин иҷро карда шавад. Риоя накардани қоидаи нишондодашуда танҳо дар ҳолате рухсат дода мешавад, ки хати парвозу фурӯдоии дар аэродром ҷойгиршуда ба ҳавопаймо имконияти парвоз кардан, ё бе парвоз ворид шудан ба фурӯдоиро аз болои нуқтаи аҳолинишин надошта бошад.

Ташкил ва ҷойгиркунии майдончаҳои фурӯдоӣ барои чархболҳо, дар қаламрави шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми мавҷуд будани иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тартиби муқарраршуда бо мувофиқаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Парвозҳои намоишии ҳавопаймоҳо (бо мақсади нишон додани техникаи авиатсионӣ, партофтани парашутистҳо) дар болои нуқтаҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Ҳангоми зарурияти чунин парвозҳо дар ҳолати алоҳидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, бо тартиби муқарраршуда бо мувофиқаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад.

10. Ҳавопаймоҳо Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо долони ҷудошудаи махсуси ҳавои убур мекунанд. Убури Сарҳади Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз долонҳои дигари муқаррарношудаи ҳавоӣ танҳо бо иҷозати мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар дигар шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузори чизи дигарро пешбинӣ нанамоянд, иҷозат дода мешавад.

11. Тафтиши ҳодисаҳои авиатсиони бо ҳавопаймоҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Низомномаи тартиби тафтиши ҳодисаҳои авиатсиони бо ҳавопаймоҳои гражданӣ тасдиқнамудаи мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ иҷро карда мешавад.

Тартиби тафтиши ҳодисаҳои ҳавопаймоӣ бо ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Низомномае, ки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати амният ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян мекунад.

Тафтиши бо ҳам бархӯрдани ҳавопаймоҳо ва дигар ҳодисаҳои авиатсионӣ, агар дар ин ҳодисаҳо ҳавопаймоҳои вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда бошанд, мувофиқи Низомномаи тартиби тафтиши чунин ҳодисаҳо, ки мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаанд, сурат мегирад.

12. Вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита мувофиқи нишондоди банди 3 Низомномаи мазкур фаъолият доранд, ӯҳдадоранд роҳҳои алоқаро бо мақомоти Системаи ягонаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва идораи ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати истифодабарии фазои ҳавои, барои парвозҳои хавапаймоҳо, ба ғайр аз ин бо мақомоти Қушунҳои Мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд. Тартиби ташкили роҳҳои алоқаи нишондодашударо Дастуруламали татбиқи Низомномаи мазкур муайян менамояд.

13. Аэродромҳои гражданӣ, ки дар ихтиёри мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи граждани, кооперативӣ ва дигар ташкилоти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба ғайр аз аэродромҳои эҳтиёти, аэродромҳои барои таъмини корҳои авиатсионӣ ва майдонҳои фурӯдои дар тартиби муқаррарнамудаи Феҳрасти давлатии аэродомҳои граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд ба қайд гирифта шаванд, аэродромҳои граждании дар ихтиёри дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар феҳрасти ин вазорату идораҳо бояд ба қайд гирифта шаванд.

Аэродромҳои ҳарбӣ, сарфи назар аз мансубияти идориашон дар Феҳрасти давлатии аэродромҳои авиатсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд, ки роҳбарии онҳо ба ихтиёри мақомоти махсуси ваколатдори соҳаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.

Аэродромҳои муштараки вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро худи ҳамин ташкилотҳо ба қайд мегиранд, ки дар ихтиёрашон қарор доранд. Феҳрасти аэродромҳои муштаракро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ихтиёрашон аэродромҳои муштарак доранд, ӯҳдадоранд маълумоти заруриро ба вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои онҳо ҷудо карда мешаванд, барои қайди ин аэродромҳо диҳанд.

14. Аэродромхое, ки дар ихтиёри мақомоти махсуси ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соҳаи авиатсияи гражданӣ қарор доранд, ба сифати аэродромҳои эхтиётӣ барои ҳавопаймоҳо, сарфи назар аз мансубияти идориашон истифода бурда мешаванд. Аэродромҳое, ки дар ихтиёри дигар вазоратҳою идораҳо қарор доранд, бо қарори роҳбарони ин вазорату идораҳо метавонанд ба сифати аэродромҳои эҳтиёти барои ҳавопаймоҳо, сарфи назар аз мансубияти идорӣ ва давлатиашон ҷудо карда шаванд.

15. Сохтмон ва таъмири аэродромҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд ва бояд ба тартиби муқарраршуда бо Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дигар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шаванд.

16. Дар минтақаи аэродромҳо ҷобаҷокунии биноҳо, иморатҳо, хати алоқа, хати интиқоли ҷараёни барқи баландшиддат, радиотехника ва дигар иншооте, ки метавонанд бехатарии ҳавопаймоҳоро халалдар созанд, ё барои корҳои мӯътадили воситаҳои радиотехникии аэродромҳо мамоният мекунанд, бояд бо вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ихтиёрашон ҳаст, мувофиқа карда шаванд.

Ҷобаҷокунии иншоот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба ғайр аз минтақаҳои аэродромҳо), агар баландин онҳо зиёда аз 50 м бошад, бо мақомоти дахлдори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

Мувофиқаи ҷобоҷокунии иншооте, ки дар моддаи мазкур зикр шудааст, бояд то саршавии лоиҳаи корҳо сурат гирад. Номгӯи иншооте, ки мувофиқа мешаванд, баландтарин ва дурии ақалии онҳо аз аэродромҳо, роҳҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хати парвози маҳаллӣ ва маршрути парвозҳоро Дастуруламали татбиқи Низомномаи мазкур муайян менамояд.