ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ ДАВЛАТӢ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 1998 "Дар бораи мақомоти амнияти давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 10, мод. 107; № 23-24, мод. 358) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 3, 6, 12, бандҳои 13 ва 24 моддаи 19 калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" тағйир дода шавад.
2. Дар сарсатри дуюми қисми якуми моддаи 8, сарсатри чоруми қисми якуми моддаи 9, қисмҳои якуму дуюми моддаи 10 калимаи "территориявии" ба калимаи "минтақавии" иваз карда шавад.
3. дар моддаи 15:
дар сарсатри сеюми қисми якум калимаи "инженерию" ба калимаи "муҳандисию" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 18:
дар банди якум калимаҳои "Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
дар банди шашуми қисми якум калимаҳои "Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйир дода шавад, баъд аз калимаҳои "Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 22:
дар моддаи 22 қисми якум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"Хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти давлатӣ ҳуқуқи бо худ гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани яроқ ва ҳамчунин истифодаи воситаҳои махсусро доранд".
Қисми якуми моддаи 22 мувофиқан қисми дуюм ҳисобида шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
12 майи соли 2001 № 1