Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 106
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байторӣ ва карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2023 № 406)
1. Муқаррароти асосӣ
1. Низомномаи мазкур барои шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байторӣ ва карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд, таҳия карда шудааст .
2. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байторӣ ва карантинию фитосанитариро дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) амалӣ менамоянд, ҳуқуқи пӯшидани либоси хизматиро доранд
3. Иҷрои қоидаҳои Низомномаи мазкур барои ҳамаи шахсони мансабдор, ки либоси хизматӣ мепӯшанд, ҳатмӣ мебошад.
Ҳамаи либоси хизматӣ бояд ба намунаҳо ва тасвири муайянкардашуда мувофиқат намояд.
4. Намудҳои зерини либоси хизматӣ барои шахсони мансабдор муқаррар карда шудааст:
- идона (намояндагӣ);
- ҳаррӯза;
- махсуси саҳроӣ (барои мутахассисони раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ оид ба тафтиши борҳои таҳтиназоратӣ) .
Ҳар як намуди либоси хизматӣ ба тобистона ва зимистона ҷудо мешавад.
Эзоҳ: либоси хизматии зимистона бо қисмҳои таркибии либоси хизматии тобистона пӯшида мешавад. Қисмҳои таркибии либоси хизматии зимистона ҳам барои либоси идона (намояндагӣ) ва ҳам барои либоси хизматии ҳаррӯза як хел мебошад,
II. Либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байторӣ ва карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд
5. Идона (намояндагӣ)
Тобистона
Кӯлоҳ (фуражка), костюми (пиҷак бо шим) хокистарранги сафедтоб, куртаи сафед, галстуки сиёҳ, пойафзоли бесоқи сиёҳ.
Зимистона
Кӯлоҳи мӯинагии ранги сиёҳ, камзӯли (куртка) зимистонаи рангаш сиёҳи аз матои боронбоб дӯхташуда бо гиребони мӯинагӣ (мӯинаи гиребон бояд бо мӯинаи кӯлоҳ якхела бошад), гарданпечи (шарф ё кашне) рангаш сафед, костюми хокистарранги сафедтоби аз матои нимпашмин духташуда, куртаи сафед, галстуки сиёҳ, мӯзаи мардонаи сиёҳ, дастпӯшак.
6. Ҳаррӯза
Тобистона
Кӯлоҳ (фуражка), костюми (пиҷак бо шим) хокистарранги сиёҳ, камзӯл (куртка) бо шими хокистарранги сафедтоб, куртаи хокистарранги кабуд, галстуки сиёҳ, пойафзоли бесоқи сиёҳ.
Зимистона
Кӯлоҳи (шапка) мӯинагии рангаш сиёҳ, камзӯли (куртка) зимистонаи хокистарранги сиёҳтоби аз матои боронбоб дӯхташуда бо гиребони мӯинагӣ (мӯинаи гиребон бояд бо мӯинаи кӯлоҳ якхела бошад), гарданпечи (шарф ё кашне) сафед, костюми (пиҷак бо шим) хокистарранг аз матои нимпашмин дӯхташуда, куртаи хокистарранги кабудчатоб, галстуки сиёҳ, мӯзаи мардонаи сиёҳ, дастпӯшак.
7. Ҳангоми пӯшида гаштани либоси хизматӣ костюми (пиҷак) идона, бо орден, медал ё тасмачаи орденҳо, инчунин нишонҳои сарисинагӣ пӯшида мешавад.
Ҳангоми пӯшидани либоси харрӯза пиҷак бо тасмачаи орденҳо, медалҳо ва нишонҳои сарисинагӣ пӯшида мешавад.
8. Пӯшидан иҷозат аст:
Дар фасли тобистон пӯшидани либоси хизматии ҳаррӯза бе пиҷак ё камзӯл (куртка) бо куртаи сафед ё кабуди хираи остиндароз ё остинкӯтоҳ, галстук, кӯлоҳ (фуражка) ё кӯлоҳи расмӣ (пилотка); бо либоси хизматии тобистона дар фасли сармо ва бо либоси хизматии зимистона дар фасли гармо пӯшидани боронӣ (плащ) бо кӯлоҳ (фуражка) ё кепи.
9. Махсус (саҳроӣ).
Тобистона
Кӯлоҳи (кепи) хокистарранги сиёҳтоб, либоси тобистонаи кории хокистарранги сиёҳтоб, мӯза ё пойафзоли баландсоқ.
Зимистона
Кӯлоҳи мӯинагии сиёҳ, либоси кории хокистарранги сиёҳтоб, либоси саҳроии тобистонаи хокистарранги сиёҳтоб, мӯза ё пойафзоли баландсоқ, дастпӯшак, гарданпечи (кашне) хокистарранг.
ЛИБОСИ ХИЗМАТӢ БАРОИ ЗАНОН - ШАХСОНИ МАНСАБДОР, КИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРИРО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АНҶОМ МЕДИҲАНД
10. Идона (намояндагӣ).
Тобистона:
кӯлоҳи (шляпаи) моҳугии хокистарранги сиёҳтоб, костюми хокистарранги хира, нимтанаи (блузкаи) рангаш сафед, галстуки сиёҳ, пойафзоли сиёҳ;
Зимистона:
телпаки мӯинагӣ (шапка-кубанка), нимпалтои зимистона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари мӯинагӣ, гарданпечи рангаш хокистарранг, костюми хокистарранги хира, нимтанаи (блузка) сафед, галстуки сиёҳ, мӯзаи зимистонаи занонаи рангаш сиёҳ, дастпӯшак,
11. Ҳаррӯза:
Тобистона
кӯлоҳи (шляпа) моҳутии хокистарранги сиёҳтоб ё кулоҳи (пилотка) хокистарранги сиёҳтоб, костюми (пиҷак) хокистарранги сиёҳтоб, камзӯл бо нимкуртаи хокистарранги хира, нимтанаи хокистарранг, галстуки сиёҳ, пойафзоли сиёҳ;
Зимистона:
телпаки (кубанка) мӯинагӣ, нимпалтои зимистонаи астаримӯинадори аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб духташуда, гарданпечи (шарф) хокистарранг, костюми (пиҷак) хокистарранги сиёҳтоб, нимтанаи кабуди хокистарранг, галстуки сиёҳ, мӯзаи занонаи зимистонаи рангаш сиёҳ;
12. Ҳангоми пӯшида гаштани либоси хизматии идона ба камзӯлча (жикет) орденҳо, медалҳо ё тасмача барои орденҳою медалҳо, инчунин нишонаҳои сарисинагӣ часпонда мешавад.
Ҳангоми пӯшида гаштани либоси хизматии ҳаррӯза ба камзӯлча (жикет) тасмачаи орденҳо, медалҳо ва нишонҳои сарисинагӣ часпонда мешаванд.
13. Иҷозат дода мешавад:
дар давраи тобистон:
пӯшидани нимтанаи рангаш кабуди хира ё сафеди остиндароз ва ё остинкӯтоҳ, нимкурта (юбка), кӯлоҳ (пилотка)
14. Махсус (саҳроӣ):
тобистона:
кӯлоҳи пахтагини хокистарранги тобистона, мӯза ё пойафзоли баландсоқ;
зимистона:
телпаки (кубанка) мӯинагӣ, костюми (пиҷак) саҳроии зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб, мӯза ё пойафзоли баландсоқ, дастпӯшак, гарданпечи (кашне) хокистарранг;
15. Манъ аст:
- пӯшида гаштани либоси хизматӣ, пойафзол ва аломатҳои фарқкунандаи номаълум;
- ба либоси хизматӣ часпондани аломатҳои сарисинагие, ки хилофи Низомномаи мазкур мебошанд;
- омехта намудани қисмҳои таркибии либоси хизматии тобистонаю зимистона, инчунин либоси хизматию ғайрихизматӣ;
ТАСВИРИ ЛИБОСИ ХИЗМАТИИ ШАХСОНИ МАНСАБДОР, КИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРИРО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АНҶОМ МЕДИҲАНД
16. Ба шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, либоси хизматии рангҳои хокистарранги сиёҳтоб ва хокистарранги хира муқаррар карда шудааст.
17. Либоси хизматӣ аз қисмҳои таркибии зерин иборат мебошад.
САРУЛИБОСИ МАРДОНА:
камзӯли (куртка) зимистонаи аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб дӯхташуда бо астари мӯинагӣ;
боронии (плащ) хокистарранги сиёҳтоб;
костюми (камзӯл бо шим) идонаи (намояндагӣ) аз матои нимпашмини хокистарранги хира барои ҳайати олии роҳбарикунанда.
костюми (камзӯл бо шим) идонаи хокистарранги хира барои ҳайати калон ва хурд;
костюми (камзӯл бо шим) ҳаррӯзаи нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб;
костюми (камзӯл бо шим) нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб;
либоси саҳроии зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
либоси саҳроии тобистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
куртаи болоии остиндарози аз матои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
куртаи болоии остинкӯтоҳ аз матои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
телпаки мӯинагии ранги сиёҳ;
кӯлоҳи (фуражка) идонаи хокистарранги хира;
кӯлоҳи (фуражка) ҳаррӯза барои ҳайати олии роҳбарикунанда;
кӯлоҳи (фуражка) барои ҳайати калон ва хурд;
кӯлоҳи (кепи) аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳ дӯхташуда;
кӯлоҳи (пилотка) аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб дӯхташуда;
пойафзоли бесоқи ранги сиёҳ барои фаслҳои тобистону тирамоҳ;
мӯзаи зимистонаи (мӯинадор) ранги сиёҳ;
пойафзоли баландсоқ;
галстуки сиёҳ;
тасмаи чармин барои шими сиёҳ;
дастпӯшаки чармини сиёҳ;
гарданпечи (кашне) рангҳои сафед ва хокистарранг;
гарданпечи (шарф) хокистарранг;
сӯзанак барои галстук;
САРУЛИБОСИ ЗАНОНА:
палтои зимистонаи аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари мӯинагӣ дӯхташуда;
боронии (плащ) хокистарранги сиёҳтоб;
костюми (пиҷак бо нимкурта) идонаи (намояндагӣ) аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб дӯхташуда;
костюми (пиҷак бо нимкурта) ҳаррӯзаи аз матои нимпашмини хокистарранги хира дӯхташуда;
костюми (камзӯлча бо нимкурта) (куртка ва юбка) аз матои нимпашмини хокистарранги хира дӯхташуда;
либоси саҳроии тобистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
либоси сахроии зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
нимтанаи (блузка) остиндарози аз матои рангҳои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
нимтанаи (блузка) остинкӯтоҳи аз матои рангҳои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
кӯлоҳи (шляпа) моҳутии хокистарранги сиёҳтоб;
кӯлоҳи (пилотка) аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб дӯхташуда;
телпаки (кубанка) мӯинагии ранги сиёҳ;
галстуки сиёҳ;
пойафзоли сиёҳи тобистона ва зимистона;
мӯзаи зимистонаи (мӯинагӣ) сиёҳ;
пойафзоли баландсоқ;
дастпӯшаки чармини сиёҳ;
гарданпечи (кашне) сафед ё хокистарранг;
гарданпечи (шарф) якрангаи хокистарранг;
сӯзанак барои галстук;
18) Либоси хизматӣ барои мардон.
а) Пиҷаки дутарафаи тугмадори дӯхти муносиб бо чангаки ивазшавандаи паҳлӯгӣ, бо шаш тугмаи дутарафаи либоси хизматӣ, гиребон ва қисми поёнии ивазшавандаи гиребон (лацкан), гирдогирди гиребон мағзии ранги сабз, дар гиребон зардӯзии нуқрагун бо тасвири баргҳои булӯт - барои раиси Кумита ва бо тасвири баргҳои дарахти ғор - барои ҳайати роҳбарикунандаи олии дигар. Остинҳои дударза часпондашуда бо сариостини бараш 8 см, гирдогирди нӯги остин мағзии ранги сабз. Дар остини чап аломати сариостинии Кумита. Тарафҳои паҳлӯй часпонда дӯхташуда ва бо кисаҳои паҳлӯии уфуқии қапқоқдори аз дарун дӯхташуда. Астари шоҳӣ, дар тарафҳои паҳлӯӣ кисаҳои дарунӣ бо тасвири баргча. Дар китфи пиҷак аломатҳои фарқкунанда дӯхта мешавад
Шими шакли рости миёнаш часпондашудаи 8 ҳалқачадор барои гузаронидани тасма, ки бо тугма ва чангак ё ки ду тугма гузаронда мешавад. Тарафҳои пеши шим астари шоҳӣ доранд. Қад-қади дарзҳои пахлӯӣ бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст, ки гирдаш лампаси сабзи бараш 2 см дорад. Киссаҳои берунии паҳлӯӣ аз дарун дӯхташуда, ки назди лампас ҷой дода шудаанд. Дар тарафи ақиби рост кисаи аз дарун дӯхташудаи капқоқдор. Гулфики шим занҷиракдор.
б) Либоси мардонаи идона барои ҳайати калон ва хурд аз матои нимпашмини хокистарранги хира дӯхта мешавад. Пиҷаки ранги муносиби яктарафаи тугмадор, гиребон ва қисми поёнии гиребон ивазшаванда, дар гиребони пиҷак аломати нуқрагуни Кумита. Остинҳои дударза часпондашуда, дар дарзи оринҷии чоки остин бо ду тугмаи мувофиқи либоси расмӣ. Дар остини чап - аломати Кумита. Дарзи мобайнии ақиб бо чок тамом мешавад, тарафҳо бо дарзҳои паҳлӯӣ ва дарзи пеши миён, киссаҳои паҳлӯии уфуқии аз дарун дӯхташудаи қапқоқчадор. Астар аз матои шоҳӣ, аз ду тараф кисаҳои дарунӣ бо тасвири баргча. Дар китфи пиҷак аломатҳои фарқкунанда дӯхта мешаванд .
Шими шакли рости миёнаш часпондашудаи 8 ҳалқачадор барои гузаронидани тасма, ки бо тугма ё чангак гузаронда мешавад. Тарафҳои пеши шим бо астари шоҳӣ, дар миёнаш як чинча ва паҳлӯҳои пайвасткарда дорад. Киссаҳои берунии паҳлӯй аз пеш ва паҳлӯ дарзи ороишӣ доранд. Гирдогирди дарзи паҳлӯӣ бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Қисмҳои ақиб ду кӯки дарунии астарӣ дорад, дар қисми рости киссаи аз дарун дӯхташудаи чоркунҷа бо як тугма ва ҳалқаи овезон Гулфики шим занҷиракдор.
в) Костюми ҳаррӯза (камзӯл бо шим) аз рӯи дӯхташ ба либоси идона (намояндагӣ) монанд аст, вале аз матои хокистарранги сиёҳтоб дӯхта мешавад.
г) Костюми ҳаррӯза (камзӯл бо шим) барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад. Камзӯли яктарафаи бо занҷирак маҳкамшаванда, гиребони ивазшаванда, бо зеҳи (тасмачаи) ёзанда дар дарзҳои паҳлӯй ва астари дароз. Тарафҳои костюм бо чокҳои кӯтоҳ ва кисаҳои рӯйкаши қапқоқчадор. Киссаҳо чинмонанд қаткардашуда, масофаи байни чинҳо 3 см. Қисми ақиб бо чокҳои кӯтоҳ. Остинҳои якдарза бо саростини чокдор. Қапқоқҳои киссаҳо ва саростинҳо бо тугмаҳо бо тасвири аломати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд. Киссаҳои паҳлӯӣ аз дарун дӯхташудаи чоркунҷашакл ва занҷиракдор. Дар китфҳо погонҳои нақшдор - тасмача барои часпондани аломатҳои фарқкунандаи китфӣ. Барҳои камзӯл аз болои шим озод меистанд. Шим ба шими либоси ҳаррӯза монандӣ дорад. Камзӯл бо аломатҳои фарқкунандаи муқарраргардида пӯшида мешавад.
д) Либоси ҳаррӯзаи (камзӯл бо шим) пашмин барои ҳайати калон ва хурд аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад. Камзӯли яктарафа бо ҳалкаҳо барои 7 тугмаи либоси расмӣ бо гиребони ивазшаванда, зеҳи (тасмачаи) ёзанда дар дарзҳои паҳлӯи ва астари дароз. Аз пеш киссаҳои қапқоқдор. Киссаҳои қаткардашудаи чинмонанд, масофаи байни чинҳо 3 см. Қисми ақиб бо чинҳои кӯтоҳ. Остинҳои якдарза бо саростини чокдор. Халқаҳои киссаҳо, саростин ва миён бо тугмаҳои ба либоси расмӣ мувофиқ гузаронида мешаванд. Остини чап аломати саростинии Кумита дорад. Дар китфҳо погонҳо-тасмача барои часпондани аломатҳои фарқкунандаи китфӣ
Барои камзӯл аз болои шим озод меистад. Камзӯл бо аломатҳои фарқкунандаи муқараргардида пӯшида мешавад. Шим бо шими либоси ҳаррӯза монандӣ дорад.
ж) Камзӯли (куртка) зимистонаи мардона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари мӯинаи аслӣ ё сунъӣ дӯхта мешавад. Остинҳои часпондашуда. Дар остини чап аломати Кумита. Гиребони ивазшавандаи мӯинагии аслӣ: барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ - аз кароқули сиёҳ, барои ҳайати боқимонда аз мӯинаи сигейкаи ранги сиёҳ. Камзӯли (куртка) тарафҳои берунӣ ва даруниаш якранг. Занҷираки ниҳонӣ. Кисаҳои аз дарун дӯхташудаи қапқоқдор. Қисми болои ақиб бо дарз ҷудо карда шудааст. Аз пеш дарзҳо бо ҳалқачаҳо барои ду тугмаи либоси расмӣ. Дар поёни либос, дарзҳои ҷудокунандаи дарзи ороишӣ аз барҳояшон 0,1 0,5 см дур. Дар китфҳо погонҳо-тасмачаҳо барои аломатҳои фарқкунанда .
з) Куртаҳои болоӣ аз матои сафед ё кабуди хира дӯхташуда, гиребони ивазшаванда, киссаҳои дар бар часпондашудаи ҳалқачадор, миёни курта яклухт дӯхташуда бо тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ пеши курта аз боло то поён кушода. Қисми болоии ақиби курта бо дарз ҷудо карда шудааст. Остинҳои чокдор ва саростини часпондашуда ё саростинҳои рости кӯтоҳ. Пеши курта, ҳалқачаҳо, миён ва саростинҳо бо тугма гузаронда мешаванд. Дар китфи курта погонҳо-тасмачаҳо барои аломатҳои китфии фарқкунанда.
и) Кӯлоҳи (фуражка) идона барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ. Аз матоъе, ки либоси расмӣ дӯхта шудааст, тайёр карда мешавад. Таги байзагӣ ва чор паҳлӯи моҳутӣ ё бахмалии ранги кабуди лапардор. Гирдогирди таг - ва лаби болоии паҳлӯҳо бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Аз пеш нишонаи гирдаи металлӣ ва тарафҳои паҳлӯӣ дарзи нуқрагун бо тасвири шохчаҳои дарахти булӯт. (барои раиси Кумита) ва шохҳои дарахти гор (барои ҳайати дигари роҳбарикунандаи олӣ). Лапараки кӯлоҳ бо чарми сиёҳ лок задашуда ва аз таг бо матои хир (замша) ё матои пашмини ранги сиёҳ рӯйкаш карда шудааст. Қад-қади лаби берунии лапарак нақши нуқрагун бо тасвири баргҳои дарахти булӯт (барои раиси Кумита) ва дарахти ғор (барои ҳайати дигари роҳбарикунандаи олӣ) дӯхта шудааст. Лапарак аз боло ба паҳлӯи кӯлоҳ бо ресмони бофтаи нуқрагун ва ду тугмаи ба либоси расмӣ мувофиқ маҳкам мешавад. Дар болои кӯлоҳ аломати нуқрагуни Кумита дӯхта шудааст
к) Кӯлоҳи (фуражка) ҳаррӯза барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ. Ба кӯлоҳи расмии идона монандӣ дорад, рангаш хокистарранги сиёҳтоб, лапаракаш бедарз.
л) Кӯлоҳи (фуражка) барои ҳайати олӣ ва хурд. Аз ҳамон матое, ки либоси расмӣ дӯхта шудааст. Таги байзагӣ ва чор паҳлӯи моҳутӣ ё бахмалии ранги кабуди лапардор дорад. Гирдогирди таг ва бари болоии паҳлӯҳо бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Аз тарафи пеш аломати умумишаҳрвандӣ. Лапаракаш сиёҳи лок задашуда. Лапарак аз боло ба паҳлӯӣ кӯлоҳ бо ресмони нуқрагуни бофташуда бо ду тугмаи либоси расмӣ маҳкам мешавад, дар болои кӯлоҳ аломати нуқрагуни Кумита дӯхта мешавад .
м) Кӯлоҳи расмии ҳапалаки лапараш майдаи мардона (кепи), Аз матои либоси расмии болоии (боронӣ, камзӯли зимистона) хокистарранги сиёҳтоб дӯхта шудааст, лапараки андозааш миёнаи шакли гирд бо сокгардони бараш 5-6 см, ки аз чап ва рост бо қапқоқҳои аз боло бо ду тугма маҳкам шудааст. Аз пеши кӯлоҳ - нишони мувофиқи либоси расмӣ.
н) Кӯлоҳи (пилотка) намунаи ҳарбӣ аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоби ба тарафи чап қад-қади паҳлӯҳо бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Аз пеши кӯлоҳ - нишони умумишаҳрвандӣ ва аз рост нишони Кумита .
19. Либоси хизматӣ барои занон.
а) Костюми занонаи намояндагӣ (камзӯлча бо нимкурта ё камзӯлча бо шим) аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад.
Камзӯлчаи шакли мувофиқ, яктарафа, астардор, андак дароз, то гиребон бо чор тугмаи ба либоси расмӣ мувофиқ гузаронда мешавад. Гиребон ва қисми поёнии гиребон ивазшаванда, гиребон бо тасвири нишони нуқрагуни Кумита, барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ - гирди гиребон бо мағзии ранги сабз бо дарзи нуқрагуни тасвири баргҳои дарахти гор. Остинҳои дударза часпондашуда. Дарзи оринҷӣ чокдор бо ду тугмаи либоси расмӣ. Дар остини чап аломати сариостинии Кумита. Қисми ақиб дар мобайн дарз дорад, тарафҳои камзӯл аз пеш кӯки даруни астарӣ доранд, паҳлӯҳо часпондашуда, кисаҳои паҳлӯии уфуқии аз дарун дӯхташуда. Ба камзӯлча аломатҳои фарқкунандаи китфӣ часпонда мешаванд .
Нимкуртаи зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб бо астар, миёни дӯхташудаи яктугмадор, аз тарафи чап бо занҷирак гузаронда мешавад. Қисми ақиб аз мобайн бо чок тамом шуда, ду кӯки дарун астарӣ дорад, аз тарафи чап бо занчирак маҳкам мешавад.
Шими шаклаш рост, бо миёни часпондашудаи тугмадор, киссаҳои паҳлӯӣ аз тарафи пеши шим. Миёнаш бо занҷирак гузаронда мешавад. Миён 5 ҳалқача дорад: аз пеш назди 2 қатчаҳои нозук, аз ақиб дар болои дарзҳои паҳлӯӣ ва дарзи мобайнӣ.
б) Либоси ҳаррӯза (камзӯл ва нимкурта ё камзӯл бо шим) ба либоси идона (намояндагӣ) шабоҳат дорад, вале аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад.
в) Либоси ҳаррӯза (камзӯл бо нимкурта ё шим) аз матои хокистарранги сиёҳтоб дӯхта мешавад. Камзӯл яктарафаи занҷиракдор, бо гиребони лабгардон, тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ, бо астари дароз. Паҳлӯҳои камзӯл намудӣ, бо ду киссаи паҳлӯии баргмонанди моил. Камзӯл аз ақиб чинчаҳо дорад. Остинҳои якдарза бо саростинҳои пайвастшудаи чокдор. Дар остини чап аломати сариостинии Кумита. Саростинҳо бо тугмаҳои муносиби либоси хизматӣ гузаронда мешаванд. Дар китфҳо погончаҳо-тасмачаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ. Камзӯл бо аломатҳои фарқкунандаи намунаи муқарраршуда пӯшида мешавад. Нимкурта ва шим низ ба либоси расмии идона шабоҳат доранд .
г) Боронии (плащ) занона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо миёнбанди чангакдор дӯхта мешавад. Аз ду тарафи боронӣ киссаҳои аз дарун дӯхташудаи баргчадор, чинчаҳо ва тугмачаҳо гузарондашаванда. Аз ақиби дарзи мобайнӣ чин ва дарзчаҳо. Остинаш часпондашуда. Дар остини чап аломати сариостинии Кумита. Астари гармӣ аз миён поён. Занҷираки ниҳонӣ. Тарафҳо, чинчаҳо, баргчаҳо, гиребон аз барҳояшон 0,1-0,6 см дур - дарзи ороишӣ доранд. Дар китфҳо погончаҳо-тасмачаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ .
д) Палтои занонаи зимистона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари гарми муинагии аслӣё сунъӣ, гиребони лабгардони аз мӯинагии аслӣ ё сигейкаи сиёҳ. Нимпалтои ростшакли ранги муносиб. Аз пахлӯҳо чинчаҳои дарзӣ. Киссаҳо бо баргчаҳои часпондашуда. Аз ақиб дарзи мобайнӣ. Остини часпондашуда. Дар остини чап-аломати сариостинии Кумита. Занҷираки ниҳонӣ. Баргчаҳо, чинчаҳо, гиребон, пахлӯҳо, қисми поёнии палто, тасмача, остинҳо аз барҳо 0,1-0,5 см дур дарзи ороишӣ доранд. Дар китфҳо погончаҳо-тасмаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ .
е) Нимкуртаҳои (блузка) болоӣ
Остиндарози аз матои сафед ё хокистарранг дӯхташуда, гиребони лабгардони пайвастшуда, киссаҳои паҳлӯии аз боло дӯхташуда бо ҳалқачаҳо, миёни яклухт бо тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ. Пеши нимкурта то поён кушодаи барҳояш дӯхташуда. Қисми ақиб чинча дорад. Осгинҳои чок кардашуда ва сариостин тугмадор. Дар китфҳо погончаҳо-тасмаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
Остинкӯтоҳи аз матои сафед ё хокистарранг, гиребони лабгардони пайвастшуда, киссаҳои паҳлӯии аз боло дӯхташудаи ҳалқачадор, миёни яклухт бо тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ. Пеши нимкурта то поён кушодаи лабҳояш дӯхташуда. Қисми ақиб чинчадор. Пеши нимкурта (блузка) тугмаҳои бо ҳалқача гузарондашаванда. Дар китф погончаҳо тасмаҳо барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
ж) Кӯлоҳи (шляпа) занона. Аз матои моҳутӣ ё матои ба он монанд дӯхта мешавад, рангаш хокистарранги сиёҳтоб. Аз қалпоқи доирашакл ва лабҳо иборат аст. Поёни қалпоқ бо тасмаи парниёни ранги кабуди бараш 5-6 см часпонда мешавад. Аз пеш дар мобайни кӯлоҳ нишони умумишаҳрвандӣ часпонда мешавад.
з) Кӯлоҳи расмии (пилотка) намунаи ҳарбӣ аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб ва ба тарафи чап қад-қади паҳлӯҳо мағзии ранги сабз дӯхта мешавад. Аз пеш кӯлоҳи нишони умумишаҳрвандӣ ва аз рост аломати Кумита дорад .
20. Қисмҳои умумии либоси расмӣ.
а) Каллапӯши зимистона. Телпаки гӯшакдори муйинагии асли ранги сиёҳ. Аз пеш дар мобайни лапараки кӯлоҳ ё кубанка нишони мувофиқи нуқрагун часпонда мешавад.
б) Либоси саҳроии зимистонаи намунаҳои муқарраршудаи хокистарранги сиёҳ. Дар остини чап-аломати сариостинии Кумита. Дар китфҳо пагончаҳо-тасмачаҳо барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ .
в) Либоси саҳроии тобистонаи намунаҳои муқарраршудаи хокистарранги сиёҳтоб. Дар остини чап - нишони сариостинии Кумита. Дар китфҳо погончаҳо-тасмачаҳо барои аломатҳои-фарқкунандаи китфӣ .
г) Галстук аз матои ранги сиёҳ буда, ба талаботи мӯдҳои мардона ва занона ҷавоб медиҳад.
д) Тасмаи чармини ранги сиёҳи чангакдор барои шим дар шакли аломати Кумита .
е) Пойафзол. Пойафзоли бесоқи мардона. Пойафзоли занона, мӯзаи мардона ва занонаи мӯйинагии сиёҳ. Намунаҳои пойафзоли мавсимӣ ба талаботи мӯд ҷавобгӯ ҳастанд.
ж) Дастпушаки мӯйинагӣ ва чармини ранги сиёҳ.
з) Гарданпеч (кашне) аз матои якранги сафед ё хокистарранг.
и) Гарданпечи (шарф) якрангаи сафед ё хокистарранг.
к) Пойафзоли баландсоқи гарм ё тобистона.
л) Сӯзанак барои галстук бо нишони Кумита .
21. Нишони сарикулоҳӣ дорои рангҳои парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз бандинаи возеҳи нуқрагуни доирашакл, гирдаки дандонадори заркубӣ кардашуда иборат аст. Дар мобайни бандина доира бо давраҳои ҳаммаркази гирдҳояшон сабз ва мобайнашон сафед. Байни давраҳо бараки (бортик) ҷудокунандаи ранги зард.
Нишона метавонад аз алюминий, метали дигар ва қисмҳои ранга аз матоъ, пластик, зардӯзӣ бо риштаҳои ранга тайёр карда шавад.
Нишона бояд бо аломати Кумита, ки аз салиби ранги кабуд бо тасвири ҷом ва мори нуқрагун иборат аст, мувофиқат намояд. Салиб дар доираи нуқрагун тасвир ёфтааст. Аз поён доира бо баргҳои дарахти булут гирд карда шудааст. Аломати возеҳ аз алюминийи заррини анодӣ ё метали дигар тайёр карда мешавад. Сохтани аломат бо тариқи калобатунӣ, зардӯзӣ бо риштаҳои пластики гуногунранг мумкин аст. Се андозаи аломат муқаррар карда шудааст: 50 х 40 мм барои дар болои кӯлоҳ (фуражка), 30 х 30 барои кӯлоҳ (пилотка) ва 20 х 20 мм барои гиребони камзӯлчаҳо ва аломатҳои фарқкунандаи китфӣ. Аломатро дар рӯи гиребонҳо бо самти биссектриса дар масофаи 35 мм аз кунҷи гиребон то маркази аломат ҷой медиҳанд .
III. Аломатҳои фарқкунандаи шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байторӣ ва карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд
22. Ба сифати аломатҳои фарқкунанда аз рӯи вазифа барои шахсони мансабдори Кумита, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, аломатҳои фарқкунандаи китфӣ муқаррар карда шудаанд .
23. Аломатҳои китфӣ шакли чоркунҷа, тарафҳои паҳлуии мувозеҳ ва лаби болоии гирд дошта, дарозии онҳо 14-16 см ва барашон 5 см мебошад. Аломатҳои фарқкунанда аз матои ранги кабуд тайёр карда мешаванд. Таги аломатҳои фарқкунанда барои ҳайати олӣ аз шерози бофти махсус тайёр карда мешавад, таги аломатҳо барои ҳайати олӣ ва хурд суфта мебошад. Дар таги аломатҳо барои ҳайати олӣ ситораҳои зардӯзии байнашон нуқрагун бо андозаи 20 мм, таги аломатҳо барои ҳайати олӣ ду рахи кӯндаланги нуқрагуни 5-7 мм ва ситораҳои металии нуқрагуни андозаашон 20 мм ҷойгир карда мешаванд. Масофаи байни рахҳо 5 мм мебошад. Таги аломатҳои китфӣ барои ҳайати хурд аз як рахи кӯндаланги нуқрагун дар масофаи 10 мм аз лаби поёнии аломат иборат буда, дар болояш ситораҳои металии андозаашон 13 мм дорад. Ситораҳои аломатҳои китфӣ қад-қади рахи марказии аломати китфӣ ҷойгир мешаванд. Аломатҳои китфӣ гирдогирди лабҳо, ба ғайр аз лаби поёнӣ мағзӣ доранд. Дар қисми болоии аломатҳои китфӣ аломати Кумита ҷойгир аст. Аломатҳои китфӣ дар ду шакл тайёр мешаванд: аз рӯй дӯхташуда барои костюмҳои мардонаю занона ва остини ҷудошаванда барои қисмҳои дигари либоси расмӣ .
Аломатҳои фарқкунандаи китфӣ муқаррар карда мешаванд:
- барои раиси Кумита - 3 ситораи зардӯзии байнашон нуқрагун бо андозаи 20 мм;
- барои муовини якуми раиси Кумита - 2 ситораи зардӯзии байнашон нуқрагун бо андозаи 20 мм;
- барои муовини раиси Кумита - 1 ситораи зардӯзии байнаш нуқрагун бо андозаи 20 мм;
- барои сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита - 2 рахи кӯндаланг бо 3 ситорачаи андозаашон 20 мм;
- барои муовинони сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказии Кумита ва сардорони раёсатҳои Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 2 рахи кӯндаланг бо 2 ситорачаи андозаашон 20 мм;
- барои сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои дастгоҳи марказии Кумита, муовинони сардорони раёсатҳо ва сардорони шуъбаҳои раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардорони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - 2 рахи кӯндаланг бо 1 ситорачаи андозаашон 20 мм;
- барои сармутахассисони дастгоҳи марказии Кумита, мудирони бахшҳои раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони шуъбаҳои марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва сардорони нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт - 1 рахи кӯндаланг бо 4 ситорачаи андозаашон 13 мм;
- барои мутахассисони пешбари дастгоҳи марказии Кумита, сармутахассисони раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 1 рахи кӯндаланг бо 3 ситорачаи андозаашон 13 мм;
- барои мутахассисони дастгоҳи марказии Кумита, мутахассисони пешбари раёсатҳои Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сармутахассисони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт - 1 рахи кундаланг бо 2 ситорачаи андозааш 13 мм;
- барои мутахассисони раёсатҳои Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мутахассисони пешбари марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт - 1 рахи кундаланг бо 1 ситорачаи андозааш 13 мм;
- барои мутахассисони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт - 1 рахи кундаланг.
Барои фарқ намудани шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байторӣ ва карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд, хангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бо либоси хизматӣ ва махсуси расмӣ аломати сариостинии Кумита дар шакли сипари фосиладори нуқрагун бо таги хокистаранги сиёҳтоб, бо тасвири доираи нуқрагуни гирдаш сабзи салиби ранги кабуд часпонда мешавад. Дар мобайни салиб тасвири ҷоми нуқрагун бо мор ҷойгир карда шудааст. Аломат аз чанбараки баргҳои дарахти булути нуқрагун, дар қисми поён дар ҷои ҳамдигарро буридани чамбарак навиштаҷоти нуқрагун аз боло "Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз поён "Комитет продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан" иборат аст. Аломати сариостинӣ дар қисми берунии остини чап дар масофаи 80 мм аз нуқтаи болоии остин то аломат ҷойгир мешавад
IV. Тасвири нишони сарисангии Хадамоти назорати давлатии байторӣ
24. Нишони сарисинагии диаметраш 65 мм аз метали нуқрагун тайёр карда шуда, аз доираи дарунаш даврҳои ҳаммарказ иборат аст.
Гирди давраҳо дар таҳи сабз баргҳои мутаносиби дарахти булуг ва хӯшаи гандуми нуқрагун ҷойгир карда шудаанд, ки навиштаҷоти "Назорати давлатии байторӣ ва фитосанитарию карантинӣ" бо забони тоҷикӣ аз боло ва бо забони русӣ аз поён дорад. Дар мобайни нишон аломати Кумита, ки дар партави қирраноки шуъоҳои ранги парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, ҷойгир аст. Дар қисми ақиби нишон олати танзим барои ба либос часпондани он - пайвандаки рахпеч бо гайка ё сӯзанак. Нишон дар сина аз тарафи чап часпонда мешавад
V. Аз рӯйи мансаб ба гурӯҳҳо тақсим намудани шахсони мансабдори Кумита
25. Аз рӯйи мансаб шахсони мансабдори Кумита ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:
- раис, муовини якуми раис, муовини раиси Кумита - ҳайати роҳбарикунанда;
- сардорони раёсатҳо ва муовинони онҳо, сардорони шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказӣ ва мудирони бахши Кумита, сардорони раёсатҳои Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ - ҳайати калони нозиротӣ;
- сармутахассисон ва мутахассисони пешбари дастгоҳи марказии Кумита, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва сармутахассисони мақомоти ҳудудии бехатарии озуқаворӣ - ҳайати миёнаи нозиротӣ;
- мутахассисони дастгоҳи марказии Кумита, мутахассисони пешбар ва мутахассисони мақомоти ҳудудии бехатарии озуқаворӣ - ҳайати хурди нозиротӣ .
VI. Пӯшида гаштани лавозимоти либоси хизматӣ
28. Ҳайати роҳбарикунандаи олии хадамоти назорати давлатии байтории ҷумҳурӣ кӯлоҳи (фуражка) идонаи ҳаррӯзаро бо нишон ва зардӯзии нуқрагун мепӯшад; ҳайати олӣ ва хурд кӯлоҳро бо нишон мепӯшад. Ҳамаи шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, кӯлоҳи аломати ранги нуқрагундоштаро мепушанд. Масофаи аз лаби болоӣ то мағзии болоии кӯлоҳ - 5 мм мебошад.
Телпаки гӯшакдор, кубанка, кӯлоҳ (кепи) ва кӯлоҳ (шляпа) бо нишони якҷоякардашуда часпонда мешавад. Нишона ба телпаки гӯшакдор, кубанка аз пеш дар мобайни лабаки мӯинадор часпонда мешавад. Ба кепи нишон аз пеш дар мобайн часпонда мешавад. Ба шляпа нишон дар қисми пеш дар мобайни тасмача часпонда мешавад.
Дар кӯлоҳи расмӣ (пилотка) нишона часпонда шуда, аломати хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи рост аз мағзӣ болотар дар масофаи 5 см аз лаби пеши пилотка часпонда мешавад.
Пӯшидани:
- нимтанаи бо галстук бе пиҷак (камзӯл) дар давраи тобистон, дар даруни бино бошад, - тамоми сол;
- нимтанаи остинкӯтоҳ бо тугмаи болоии кушода, бе галстук, бе пиҷак (камзӯлча, камзӯл) дар хавои харораташ аз 20 дарача боло иҷозат дода мешавад. Нимтанаи остинкӯтоҳ бо аломатҳои китфӣ дар мавриди зарурӣ бо галстук пӯшида мешавад;
- галстукро бо сӯзанак байни тугмаҳои сеюм ва чорум аз боло ба курта маҳкам мекунанд.
VII. Пӯшида гаштани либоси хизматӣ бо орденҳо, медалҳо ва аломатҳои фарқкунанда
29. Дар ҳолати пӯшида гаштани либоси хизматии идона ба пиҷак ё камзӯлча аломатҳои махсуси фарқкунанда, инчунин дигар аломатҳои хизматию сарисинагӣ часпонда мешаванд.
Ҳангоми пӯшидани либоси хизматии харрӯза ба пиҷак ва камзӯлча аломатҳои махсуси фарқкунанда, тасмача бо орденҳою медалҳо, инчунин дигар аломатҳои хизматӣ ва фарқкунандаи сарисинагӣ часпонда мешаванд.
Нишонаи сарисинагӣ дар ҳамаи намудҳои либоси расмӣ аз тарафи чапи сина часпонда мешаванд
30. Аломатҳои фарқкунандаи махсус, орденҳо, медалҳо. тасмачаи ордену медалҳо, дигар нишонаҳои сарисинагӣ ба либоси расмӣ мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида часпонда мешаванд.
VIII. Меъёрҳои бо либоси хизматӣ таъмин намудани шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байторӣ ва карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------ҷ
|№ |Номгӯи қисмҳои таркибии либос| Миқдори |Мӯҳлати | № эзоҳ дар |
| | |либос барои |пӯшидан | мавриди |
| | |1 одам | | тақсим |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | 1. ЛИБОСИ РАСМӢ |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|1.|Камзӯли зимистонаи мардона бо| 1 дона | 4 сол | |
| |астари мӯинагӣ | | | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|2.|Палтои зимистонаи занона бо | | | |
| |астари мӯинагӣ | 1 дона | 4 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|3.|Боронӣ (плащ) | 1 дона | 3 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|4.|Сарулибоси намояндагӣ |1 сарулибос | 3 сол | 2 |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|5.|Сарулибоси ҳаррӯза |1 сарулибос | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|6.|Сарулибос (камзӯлча бо шим, | | | |
| |нимкурта) |1 сарулибос | 2 сол | 2 |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|7.|Либоси кории (саҳроӣ) | | | |
| |зимистона |1 сарулибос | 2 сол | 1 |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|8.|Либоси корӣ (саҳроӣ) | | | |
| |тобистона |1 сарулибос | 2 сол | 1 |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|9.|Куртаи болоӣ аз матои | | | |
| |рангаш сафеди остиндароз | | | |
| |ё остинкӯтоҳ |2 дона | 1 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|10|Куртаи болоӣ аз матои | | | |
| |хокистарранги кабудчатоби | | | |
| |остиндароз ё остинкӯтоҳ |4 дона | 1 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|11|Кӯлоҳи мӯйинагӣ |1 дона | 5 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|12|Кӯлоҳи (кубанка) муйинагӣ |1 дона | 5 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|13|Кӯлохи (фуражка) идона |1 дона | 5 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|14|Кӯлоҳи (фуражка) барои | | | |
| Жҳайати олӣ |1 дона | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|15|Кӯлоҳ (фуражка) барои | | | |
| Жҳайатҳои олӣ ва хурд |1 дона | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|16|Кӯлоҳи (шляпа) моҳутй |1 дона | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|17|Кӯлоҳ (кепи) аз матои боронӣ |1 дона | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|18|Кӯлоҳ (пилотка) |1 дона | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|19|Галстук |2 дона | 1 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|20|Тасмаи чармин барои шим |1 дона | 5 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|21|Дастпӯшаки чармини пашмӣ |1 ҷуфт | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|22|Гарданпеч (кашне) |2 дона | 5 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|23|Гарданлеч (шарф) |1 дона | 5 сол | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | | | | |
|24|Сӯзанак барои галстук |1 дона |бемӯҳлат| |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
| | 2. ПОЙАФЗОЛ |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|1.|Пойафзоли бесоқи мардонаи | | | |
| |тобистона, тирамоҳӣ |1 ҷуфт | 1 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|2.|Пойафзоли занонаи тобистона, | | | |
| |тирамоҳӣ |1 ҷуфт | 1 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|3 |Мӯзаи зимистонаи мардона | | | |
| |(мӯйинадор) |1 ҷуфт | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|4 |Мӯзаи зимистонаи занона | | | |
| |(мӯйинагӣ) |1 ҷуфт | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
|5 |Пойафзоли баландсоқ |1 ҷуфт | 2 сол | |
| | | | | |
+--+-----------------------------+------------+--------+-------------+
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 106
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи намунаи либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд
1. Муқаррароти асосӣ
1. Низомномаи мазкур барои шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, таҳия карда шудааст.
2. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро ба ӯҳда доранд, ҳуқуқи пӯшидани либоси хизматиро доранд.
3. Иҷрои қоидаҳои Низомномаи мазкур барои ҳамаи шахсони мансабдор, ки либоси хизматӣ мепӯшанд, ҳатмӣ мебошад.
Ҳамаи либоси хизматӣ бояд ба намунаҳо ва тасвири муайянкардашуда мувофиқат намояд.
4. Намудҳои зерини либоси хизматӣ барои шахсони мансабдор муқаррар карда шудааст:
- идона (намояндагӣ);
- ҳаррӯза;
- махсуси саҳроӣ (барои мутахассисони раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ оид ба тафтиши борҳои таҳтиназоратӣ).
Ҳар як намуди либоси хизматӣ ба тобистона ва зимистона ҷудо мешавад.
Эзоҳ: либоси хизматии зимистона бо қисмҳои таркибии либоси хизматии тобистона пӯшида мешавад. Қисмҳои таркибии либоси хизматии зимистона ҳам барои либоси идона (намояндагӣ) ва ҳам барои либоси хизматии ҳаррӯза як хел мебошад,
II. Либоси хизматии шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд
5. Идона (намояндагӣ)
Тобистона
Кӯлоҳ (фуражка), костюми (пиҷак бо шим) хокистарранги сафедтоб, куртаи сафед, галстуки сиёҳ, пойафзоли бесоқи сиёҳ.
Зимистона
Кӯлоҳи мӯинагии ранги сиёҳ, камзӯли (куртка) зимистонаи рангаш сиёҳи аз матои боронбоб дӯхташуда бо гиребони мӯинагӣ (мӯинаи гиребон бояд бо мӯинаи кӯлоҳ якхела бошад), гарданпечи (шарф ё кашне) рангаш сафед, костюми хокистарранги сафедтоби аз матои нимпашмин духташуда, куртаи сафед, галстуки сиёҳ, мӯзаи мардонаи сиёҳ, дастпӯшак.
6. Ҳаррӯза
Тобистона
Кӯлоҳ (фуражка), костюми (пиҷак бо шим) хокистарранги сиёҳ, камзӯл (куртка) бо шими хокистарранги сафедтоб, куртаи хокистарранги кабуд, галстуки сиёҳ, пойафзоли бесоқи сиёҳ.
Зимистона
Кӯлоҳи (шапка) мӯинагии рангаш сиёҳ, камзӯли (куртка) зимистонаи хокистарранги сиёҳтоби аз матои боронбоб дӯхташуда бо гиребони мӯинагӣ (мӯинаи гиребон бояд бо мӯинаи кӯлоҳ якхела бошад), гарданпечи (шарф ё кашне) сафед, костюми (пиҷак бо шим) хокистарранг аз матои нимпашмин дӯхташуда, куртаи хокистарранги кабудчатоб, галстуки сиёҳ, мӯзаи мардонаи сиёҳ, дастпӯшак.
7. Ҳангоми пӯшида гаштани либоси хизматӣ костюми (пиҷак) идона, бо орден, медал ё тасмачаи орденҳо, инчунин нишонҳои сарисинагӣ пӯшида мешавад.
Ҳангоми пӯшидани либоси харрӯза пиҷак бо тасмачаи орденҳо, медалҳо ва нишонҳои сарисинагӣ пӯшида мешавад.
8. Пӯшидан иҷозат аст:
Дар фасли тобистон пӯшидани либоси хизматии ҳаррӯза бе пиҷак ё камзӯл (куртка) бо куртаи сафед ё кабуди хираи остиндароз ё остинкӯтоҳ, галстук, кӯлоҳ (фуражка) ё кӯлоҳи расмӣ (пилотка); бо либоси хизматии тобистона дар фасли сармо ва бо либоси хизматии зимистона дар фасли гармо пӯшидани боронӣ (плащ) бо кӯлоҳ (фуражка) ё кепи.
9. Махсус (саҳроӣ).
Тобистона
Кӯлоҳи (кепи) хокистарранги сиёҳтоб, либоси тобистонаи кории хокистарранги сиёҳтоб, мӯза ё пойафзоли баландсоқ.
Зимистона
Кӯлоҳи мӯинагии сиёҳ, либоси кории хокистарранги сиёҳтоб, либоси саҳроии тобистонаи хокистарранги сиёҳтоб, мӯза ё пойафзоли баландсоқ, дастпӯшак, гарданпечи (кашне) хокистарранг.
ЛИБОСИ ХИЗМАТӢ БАРОИ ЗАНОН- ШАХСОНИ МАНСАБДОР, КИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРИРО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСГОН АНҶОМ МЕДИҲАНД
10. Идона (намояндагӣ).
Тобистона:
кӯлоҳи (шляпаи) моҳугии хокистарранги сиёҳтоб, костюми хокистарранги хира, нимтанаи (блузкаи) рангаш сафед, галстуки сиёҳ, пойафзоли сиёҳ;
Зимистона:
телпаки мӯинагӣ (шапка-кубанка), нимпалтои зимистона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари мӯинагӣ, гарданпечи рангаш хокистарранг, костюми хокистарранги хира, нимтанаи (блузка) сафед, галстуки сиёҳ, мӯзаи зимистонаи занонаи рангаш сиёҳ, дастпӯшак,
11. Ҳаррӯза:
Тобистона
кӯлоҳи (шляпа) моҳутии хокистарранги сиёҳтоб ё кулоҳи (пилотка) хокистарранги сиёҳтоб, костюми (пиҷак) хокистарранги сиёҳтоб, камзӯл бо нимкуртаи хокистарранги хира, нимтанаи хокистарранг, галстуки сиёҳ, пойафзоли сиёҳ;
Зимистона:
телпаки (кубанка) мӯинагӣ, нимпалтои зимистонаи астаримӯинадори аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб духташуда, гарданпечи (шарф) хокистарранг, костюми (пиҷак) хокистарранги сиёҳтоб, нимтанаи кабуди хокистарранг, галстуки сиёҳ, мӯзаи занонаи зимистонаи рангаш сиёҳ;
12. Ҳангоми пӯшида гаштани либоси хизматии идона ба камзӯлча (жикет) орденҳо, медалҳо ё тасмача барои орденҳою медалҳо, инчунин нишонаҳои сарисинагӣ часпонда мешавад.
Ҳангоми пӯшида гаштани либоси хизматии ҳаррӯза ба камзӯлча (жикет) тасмачаи орденҳо, медалҳо ва нишонҳои сарисинагӣ часпонда мешаванд.
13. Иҷозат дода мешавад:
дар давраи тобистон;
пӯшидани нимтанаи рангаш кабуди хира ё сафеди остиндароз ва ё остинкӯтоҳ, нимкурта (юбка), кӯлоҳ (пилотка)
14. Махсус (саҳроӣ):
тобистона:
кӯлоҳи пахтагини хокистарранги тобистона, мӯза ё пойафзоли баландсоқ;
зимистона:
телпаки (кубанка) мӯинагӣ, костюми (пиҷак) саҳроии зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб, мӯза ё пойафзоли баландсоқ, дастпӯшак, гарданпечи (кашне) хокистарранг;
15. Манъ аст:
- пӯшида гаштани либоси хизматӣ, пойафзол ва аломатҳои фарқкунандаи номаълум;
- ба либоси хизматӣ часпондани аломатҳои сарисинагие, ки хилофи Низомномаи мазкур мебошанд;
- омехта намудани қисмҳои таркибии либоси хизматии тобистонаю зимистона, инчунин либоси хизматию ғайрихизматӣ;
ТАСВИРИ ЛИБОСИ ХИЗМАТИИ ШАХСОНИ МАНСАБДОР, КИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БАЙТОРИРО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АНҶОМ МЕДИҲАНД
16. Ба шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, либоси хизматии рангҳои хокистарранги сиёҳтоб ва хокистарранги хира муқаррар карда шудааст.
17. Либоси хизматӣ аз қисмҳои таркибии зерин иборат мебошад.
САРУЛИБОСИ МАРДОНА:
камзӯли (куртка) зимистонаи аз матои боронбоби хокистарранги сиёҲтоб дӯхташуда бо астари мӯинагӣ; боронии (плащ) хокистарранги сиёҳтоб;
костюми (камзӯл бо шим) идонаи (намояндагӣ) аз матои нимпашмини хокистарранги хира барои ҳайати олии роҳбарикунанда.
костюми (камзӯл бо шим) идонаи хокистарранги хира барои ҳайати калон ва хурд;
костюми (камзӯл бо шим) ҳаррӯзаи нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб;
костюми (камзӯл бо шим) нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб;
либоси саҳроии зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
либоси саҳроии тобистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
куртаи болоии остиндарози аз матои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
куртаи болоии остинкӯтоҳ аз матои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
телпаки мӯинагии ранги сиёҳ;
кӯлоҳи (фуражка) идонаи хокистарранги хира;
кӯлоҳи (фуражка) ҳаррӯза барои ҳайати олии роҳбарикунанда;
кӯлоҳи (фуражка) барои ҳайати калон ва хурд;
кӯлоҳи (кепи) аз матои боронбоби
хокистарранги сиёҳ дӯхташуда;
кӯлоҳи (пилотка) аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб дӯхташуда;
пойафзоли бесоқи ранги сиёҳ барои фаслҳои тобистону тирамоҳ;
мӯзаи зимистонаи (мӯинадор) ранги сиёҳ;
пойафзоли баландсоқ;
галстуки сиёҳ;
тасмаи чармин барои шими сиёҳ;
дастпӯшаки чармини сиёҳ;
гарданпечи (кашне) рангҳои сафед ва хокистарранг;
гарданпечи (шарф) хокистарранг;
сӯзанак барои галстук;
САРУЛИБОСИ ЗАНОНА:
палтои зимистонаи аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари мӯинагӣ дӯхташуда;
боронии (плащ) хокистарранги сиёҳтоб;
костюми (пиҷак бо нимкурта) идонаи (намояндагӣ) аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб дӯхташуда;
костюми (пиҷак бо нимкурта) ҳаррӯзаи аз матои нимпашмини хокистарранги хира дӯхташуда;
костюми (камзӯлча бо нимкурта) (куртка ва юбка) аз матои нимпашмини хокистарранги хира дӯхташуда;
либоси саҳроии тобистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
либоси сахроии зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб;
нимтанаи (блузка) остиндарози аз матои рангҳои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
нимтанаи (блузка) остинкӯтоҳи аз матои рангҳои сафед ва кабуди хира дӯхташуда;
кӯлоҳи (шляпа) моҳутии хокистарранги сиёҳтоб;
кӯлоҳи (пилотка) аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб дӯхташуда;
телпаки (кубанка) мӯинагии ранги сиёҳ;
галстуки сиёҳ;
пойафзоли сиёҳи тобистона ва зимистона;
мӯзаи зимистонаи (мӯинагӣ) сиёҳ;
пойафзоли баландсоқ;
дастпӯшаки чармини сиёҳ;
гарданпечи (кашне) сафед ё хокистарранг;
гарданпечи (шарф) якрангаи хокистарранг;
сӯзанак барои галстук;
18) Либоси хизматӣ барои мардон.
а) Пиҷаки дутарафаи тугмадори дӯхти муносиб бо чангаки ивазшавандаи паҳлӯгӣ, бо шаш тугмаи дутарафаи либоси хизматӣ, гиребон ва қисми поёнии ивазшавандаи гиребон (лацкан), гирдогирди гиребон мағзии ранги сабз, дар гиребон зардӯзии нуқрагун бо тасвири баргҳои булӯт- барои сардори хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тасвири баргҳои дарахти ғор-барои ҳайати роҳбарикунандаи олии дигар. Остинҳои дударза часпондашуда бо сариостини бараш 8 см, гирдогирди нӯги остин мағзии ранги сабз. Дар остини чап аломати сариостинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тарафҳои паҳлӯй часпонда дӯхташуда ва бо кисаҳои паҳлӯии уфуқии қапқоқдори аз дарун дӯхташуда. Астари шоҳӣ, дар тарафҳои паҳлӯӣ кисаҳои дарунӣ бо тасвири баргча. Дар китфи пиҷак аломатҳои фарқкунанда дӯхта мешавад.
Шими шакли рости миёнаш часпондашудаи 8 ҳалқачадор барои гузаронидани тасма, ки бо тугма ва чангак ё ки ду тугма гузаронда мешавад. Тарафҳои пеши шим астари шоҳӣ доранд. Қад-қади дарзҳои пахлӯӣ бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст, ки гирдаш лампаси сабзи бараш 2 см дорад. Киссаҳои берунии паҳлӯӣ аз дарун дӯхташуда, ки назди лампас ҷой дода шудаанд. Дар тарафи ақиби рост кисаи аз дарун дӯхташудаи капқоқдор. Гулфики шим занҷиракдор.
б) Либоси мардонаи идона барои ҳайати калон ва хурд аз матои нимпашмини хокистарранги хира дӯхта мешавад. Пиҷаки ранги муносиби яктарафаи тугмадор, гиребон ва қисми поёнии гиребон ивазшаванда, дар гиребони пиҷак аломати нуқрагуни хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Остинҳои дударза часпондашуда, дар дарзи оринҷии чоки остин бо ду тугмаи мувофиқи либоси расмӣ. Дар остини чап - аломати хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дарзи мобайнии ақиб бо чок тамом мешавад, тарафҳо бо дарзҳои паҳлӯӣ ва дарзи пеши миён, киссаҳои паҳлӯии уфуқии аз дарун дӯхташудаи қапқоқчадор. Астар аз матои шоҳӣ, аз ду тараф кисаҳои дарунӣ бо тасвири баргча. Дар китфи пиҷак аломатҳои фарқкунанда дӯхта мешаванд.
Шими шакли рости миёнаш часпондашудаи 8 ҳалқачадор барои гузаронидани тасма, ки бо тугма ё чангак гузаронда мешавад. Тарафҳои пеши шим бо астари шоҳӣ, дар миёнаш як чинча ва паҳлӯҳои пайвасткарда дорад. Киссаҳои берунии паҳлӯй аз пеш ва паҳлӯ дарзи ороишӣ доранд. Гирдогирди дарзи паҳлӯӣ бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Қисмҳои ақиб ду кӯки дарунии астарӣ дорад, дар қисми рости киссаи аз дарун дӯхташудаи чоркунҷа бо як тугма ва ҳалқаи овезон Гулфики шим занҷиракдор.
в) Костюми ҳаррӯза (камзӯл бо шим) аз рӯи дӯхташ ба либоси идона (намояндагӣ) монанд аст, вале аз матои хокистарранги сиёҳтоб дӯхта мешавад.
г) Костюми ҳаррӯза (камзӯл бо шим) барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад. Камзӯли яктарафаи бо занҷирак маҳкамшаванда, гиребони ивазшаванда, бо зеҳи (тасмачаи) ёзанда дар дарзҳои паҳлӯй ва астари дароз. Тарафҳои костюм бо чокҳои кӯтоҳ ва кисаҳои рӯйкаши қапқоқчадор. Киссаҳо чинмонанд қаткардашуда, масофаи байни чинҳо 3 см. Қисми ақиб бо чокҳои кӯтоҳ. Остинҳои якдарза бо саростини чокдор. Қапқоқҳои киссаҳо ва саростинҳо бо тугмаҳо бо тасвири аломати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд. Киссаҳои паҳлӯӣ аз дарун дӯхташудаи чоркунҷашакл ва занҷиракдор. Дар китфҳо погонҳои нақшдор - тасмача барои часпондани аломатҳои фарқкунандаи китфӣ. Барҳои камзӯл аз болои шим озод меистанд. Шим ба шими либоси ҳаррӯза монандӣ дорад. Камзӯл бо аломатҳои фарқкунандаи муқарраргардида пӯшида мешавад.
д) Либоси ҳаррӯзаи (камзӯл бо шим) пашмин барои ҳайати калон ва хурд аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад. Камзӯли яктарафа бо ҳалкаҳо барои 7 тугмаи либоси расмӣ бо гиребони ивазшаванда, зеҳи (тасмачаи) ёзанда дар дарзҳои паҳлӯи ва астари дароз. Аз пеш киссаҳои қапқоқдор. Киссаҳои қаткардашудаи чинмонанд, масофаи байни чинҳо 3 см. Қисми ақиб бо чинҳои кӯтоҳ. Остинҳои якдарза бо саростини чокдор. Халқаҳои киссаҳо, саростин ва миён бо тугмаҳои ба либоси расмӣ мувофиқ гузаронида мешаванд. Остини чап аломати саростинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Дар китфҳо погонҳо-тасмача барои часпондани аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
Барои камзӯл аз болои шим озод меистад. Камзӯл бо аломатҳои фарқкунандаи муқараргардида пӯшида мешавад. Шим бо шими либоси ҳаррӯза монандӣ дорад.
ж) Камзӯли (куртка) зимистонаи мардона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари мӯинаи аслӣ ё сунъӣ дӯхта мешавад. Остинҳои часпондашуда. Дар остини чап аломати хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гиребони ивазшавандаи мӯинагии аслӣ: барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ - аз кароқули сиёҳ, барои ҳайати боқимонда аз мӯинаи сигейкаи ранги сиёҳ. Камзӯли (куртка) тарафҳои берунӣ ва даруниаш якранг. Занҷираки ниҳонӣ. Кисаҳои аз дарун дӯхташудаи қапқоқдор. Қисми болои ақиб бо дарз ҷудо карда шудааст. Аз пеш дарзҳо бо ҳалқачаҳо барои ду тугмаи либоси расмӣ. Дар поёни либос, дарзҳои ҷудокунандаи дарзи ороишӣ аз барҳояшон 0,1 0,5 см дур. Дар китфҳо погонҳо-тасмачаҳо барои аломатҳои фарқкунанда.
з) Куртаҳои болоӣ аз матои сафед ё кабуди хира дӯхташуда, гиребони ивазшаванда, киссаҳои дар бар часпондашудаи ҳалқачадор, миёни курта яклухт дӯхташуда бо тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ пеши курта аз боло то поён кушода. Қисми болоии ақиби курта бо дарз ҷудо карда шудааст. Остинҳои чокдор ва саростини часпондашуда ё саростинҳои рости кӯтоҳ. Пеши курта, ҳалқачаҳо, миён ва саростинҳо бо тугма гузаронда мешаванд. Дар китфи курта погонҳо-тасмачаҳо барои аломатҳои китфии фарқкунанда.
и) Кӯлоҳи (фуражка) идона барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ. Аз матоъе, ки либоси расмӣ дӯхта шудааст, тайёр карда мешавад. Таги байзагӣ ва чор паҳлӯи моҳутӣ ё бахмалии ранги кабуди лапардор. Гирдогирди таг- ва лаби болоии паҳлӯҳо бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Аз пеш нишонаи гирдаи металлӣ ва тарафҳои паҳлӯӣ дарзи нуқрагун бо тасвири шохчаҳои дарахти булӯт. (барои сардори хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва шохҳои дарахти гор (барои ҳайати дигари роҳбарикунандаи олӣ). Лапараки кӯлоҳ бо чарми сиёҳ лок задашуда ва аз таг бо матои хир (замша) ё матои пашмини ранги сиёҳ рӯйкаш карда шудааст. Қад-қади лаби берунии лапарак нақши нуқрагун бо тасвири баргҳои дарахти булӯт (барои сардори хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дарахти ғор (барои ҳайати дигари роҳбарикунандаи олӣ) дӯхта шудааст. Лапарак аз боло ба паҳлӯи кӯлоҳ бо ресмони бофтаи нуқрагун ва ду тугмаи ба либоси расмӣ мувофиқ маҳкам мешавад. Дар болои кӯлоҳ аломати нуқрагуни хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯхта шудааст.
к) Кӯлоҳи (фуражка) ҳаррӯза барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ. Ба кӯлоҳи расмии идона монандӣ дорад, рангаш хокистарранги сиёҳтоб, лапаракаш бедарз.
л) Кӯлоҳи (фуражка) барои ҳайати олӣ ва хурд. Аз ҳамон матое, ки либоси расмӣ дӯхта шудааст. Таги байзагӣ ва чор паҳлӯи моҳутӣ ё бахмалии ранги кабуди лапардор дорад. Гирдогирди таг ва бари болоии паҳлӯҳо бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Аз тарафи пеш аломати умумишаҳрвандӣ. Лапаракаш сиёҳи лок задашуда. Лапарак аз боло ба паҳлӯӣ кӯлоҳ бо ресмони нуқрагуни бофташуда бо ду тугмаи либоси расмӣ маҳкам мешавад, дар болои кӯлоҳ аломати нуқрагуни хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯхта мешавад.
м) Кӯлоҳи расмии ҳапалаки лапараш майдаи мардона (кепи), Аз матои либоси расмии болоии (боронӣ, камзӯли зимистона) хокистарранги сиёҳтоб дӯхта шудааст, лапараки андозааш миёнаи шакли гирд бо сокгардони бараш 5-6 см, ки аз чап ва рост бо қапқоқҳои аз боло бо ду тугма маҳкам шудааст. Аз пеши кӯлоҳ - нишони мувофиқи либоси расмӣ.
н) Кӯлоҳи (пилотка) намунаи ҳарбӣ аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоби ба тарафи чап қад-қади паҳлӯҳо бо мағзии ранги сабз дӯхта шудааст. Аз пеши кӯлоҳ - нишони умумишаҳрвандӣ ва аз рост нишони хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
19. Либоси хизматӣ барои занон.
а) Костюми занонаи намояндагӣ (камзӯлча бо нимкурта ё камзӯлча бо шим) аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад.
Камзӯлчаи шакли мувофиқ, яктарафа, астардор, андак дароз, то гиребон бо чор тугмаи ба либоси расмӣ мувофиқ гузаронда мешавад. Гиребон ва қисми поёнии гиребон ивазшаванда, гиребон бо тасвири нишони нуқрагуни хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳайати роҳбарикунандаи олӣ- гирди гиребон бо мағзии ранги сабз бо дарзи нуқрагуни тасвири баргҳои дарахти гор. Остинҳои дударза часпондашуда. Дарзи оринҷӣ чокдор бо ду тугмаи либоси расмӣ. Дар остини чап аломати сариостинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми ақиб дар мобайн дарз дорад, тарафҳои камзӯл аз пеш кӯки даруни астарӣ доранд, паҳлӯҳо часпондашуда, кисаҳои паҳлӯии уфуқии аз дарун дӯхташуда. Ба камзӯлча аломатҳои фарқкунандаи китфӣ часпонда мешаванд.
Нимкуртаи зимистонаи хокистарранги сиёҳтоб бо астар, миёни дӯхташудаи яктугмадор, аз тарафи чап бо занҷирак гузаронда мешавад. Қисми ақиб аз мобайн бо чок тамом шуда, ду кӯки дарун астарӣ дорад, аз тарафи чап бо занчирак маҳкам мешавад.
Шими шаклаш рост, бо миёни часпондашудаи тугмадор, киссаҳои паҳлӯӣ аз тарафи пеши шим. Миёнаш бо занҷирак гузаронда мешавад. Миён 5 ҳалқача дорад: аз пеш назди 2 қатчаҳои нозук, аз ақиб дар болои дарзҳои паҳлӯӣ ва дарзи мобайнӣ.
б) Либоси ҳаррӯза (камзӯл ва нимкурта ё камзӯл бо шим) ба либоси идона (намояндагӣ) шабоҳат дорад, вале аз матои хокистарранги хира дӯхта мешавад.
в) Либоси ҳаррӯза (камзӯл бо нимкурта ё шим) аз матои хокистарранги сиёҳтоб дӯхта мешавад. Камзӯл яктарафаи занҷиракдор, бо гиребони лабгардон, тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ, бо астари дароз. Паҳлӯҳои камзӯл намудӣ, бо ду киссаи паҳлӯии баргмонанди моил. Камзӯл аз ақиб чинчаҳо дорад. Остинҳои якдарза бо саростинҳои пайвастшудаи чокдор. Дар остини чап аломати сариостинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Саростинҳо бо тугмаҳои муносиби либоси хизматӣ гузаронда мешаванд. Дар китфҳо погончаҳо-тасмачаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ. Камзӯл бо аломатҳои фарқкунандаи намунаи муқарраршуда пӯшида мешавад. Нимкурта ва шим низ ба либоси расмии идона шабоҳат доранд.
г) Боронии (плащ) занона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо миёнбанди чангакдор дӯхта мешавад. Аз ду тарафи боронӣ киссаҳои аз дарун дӯхташудаи баргчадор, чинчаҳо ва тугмачаҳо гузарондашаванда. Аз ақиби дарзи мобайнӣ чин ва дарзчаҳо. Остинаш часпондашуда. Дар остини чап аломати сариостинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Астари гармӣ аз миён поён. Занҷираки ниҳонӣ. Тарафҳо, чинчаҳо, баргчаҳо, гиребон аз барҳояшон 0,1-0,6 см дур - дарзи ороишӣ доранд. Дар китфҳо погончаҳо-тасмачаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
д) Палтои занонаи зимистона аз матои боронбоби хокистарранги сиёҳтоб бо астари гарми муинагии аслӣё сунъӣ, гиребони лабгардони аз мӯинагии аслӣ ё сигейкаи сиёҳ. Нимпалтои ростшакли ранги муносиб. Аз пахлӯҳо чинчаҳои дарзӣ. Киссаҳо бо баргчаҳои часпондашуда. Аз ақиб дарзи мобайнӣ. Остини часпондашуда. Дар остини чап-аломати сариостинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Занҷираки ниҳонӣ. Баргчаҳо, чинчаҳо, гиребон, пахлӯҳо, қисми поёнии палто, тасмача, остинҳо аз барҳо 0,1-0,5 см дур дарзи ороишӣ доранд. Дар китфҳо погончаҳо-тасмаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
е) Нимкуртаҳои (блузка) болоӣ
Остиндарози аз матои сафед ё хокистарранг дӯхташуда, гиребони лабгардони пайвастшуда, киссаҳои паҳлӯии аз боло дӯхташуда бо ҳалқачаҳо, миёни яклухт бо тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ. Пеши нимкурта то поён кушодаи барҳояш дӯхташуда. Қисми ақиб чинча дорад. Осгинҳои чок кардашуда ва сариостин тугмадор. Дар китфҳо погончаҳо-тасмаҳои нақшдор барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
Остинкӯтоҳи аз матои сафед ё хокистарранг, гиребони лабгардони пайвастшуда, киссаҳои паҳлӯии аз боло дӯхташудаи ҳалқачадор, миёни яклухт бо тасмачаи ёзанда дар дарзҳои паҳлӯӣ. Пеши нимкурта то поён кушодаи лабҳояш дӯхташуда. Қисми ақиб чинчадор. Пеши нимкурта (блузка) тугмаҳои бо ҳалқача гузарондашаванда. Дар китф погончаҳо тасмаҳо барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
ж) Кӯлоҳи (шляпа) занона. Аз матои моҳутӣ ё матои ба он монанд дӯхта мешавад, рангаш хокистарранги сиёҳтоб. Аз қалпоқи доирашакл ва лабҳо иборат аст. Поёни қалпоқ бо тасмаи парниёни ранги кабуди бараш 5-6 см часпонда мешавад. Аз пеш дар мобайни кӯлоҳ нишони умумишаҳрвандӣ часпонда мешавад.
з) Кӯлоҳи расмии (пилотка) намунаи ҳарбӣ аз матои нимпашмини хокистарранги сиёҳтоб ва ба тарафи чап қад-қади паҳлӯҳо мағзии ранги сабз дӯхта мешавад. Аз пеш кӯлоҳи нишони умумишаҳрвандӣ ва аз рост аломати хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.
20. Қисмҳои умумии либоси расмӣ.
а) Каллапӯши зимистона. Телпаки гӯшакдори муйинагии асли ранги сиёҳ. Аз пеш дар мобайни лапараки кӯлоҳ ё кубанка нишони мувофиқи нуқрагун часпонда мешавад.
б) Либоси саҳроии зимистонаи намунаҳои муқарраршудаи хокистарранги сиёҳ. Дар остини чап-аломати сариостинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар китфҳо пагончаҳотасмачаҳо барои аломатҳои фарқкунандаи китфӣ.
в) Либоси саҳроии тобистонаи намунаҳои муқарраршудаи хокистарранги сиёҳтоб. Дар остини чап - нишони сариостинии хадамоти давлатии байтории ҷумҳурӣ. Дар китфҳо погончаҳо-тасмачаҳо барои аломатҳои-фарқкунандаи китфӣ.
г) Галстук аз матои ранги сиёҳ буда, ба талаботи мӯдҳои мардона ва занона ҷавоб медиҳад.
д) Тасмаи чармини ранги сиёҳи чангакдор барои шим дар шакли аломати хадамоти давлатии байторӣ.
е) Пойафзол. Пойафзоли бесоқи мардона. Пойафзоли занона, мӯзаи мардона ва занонаи мӯйинагии сиёҳ. Намунаҳои пойафзоли мавсимӣ ба талаботи мӯд ҷавобгӯ ҳастанд.
ж) Дастпушаки мӯйинагӣ ва чармини ранги сиёҳ.
з) Гарданпеч (кашне) аз матои якранги сафед ё хокистарранг.
и) Гарданпечи (шарф) якрангаи сафед ё хокистарранг.
к) Пойафзоли баландсоқи гарм ё тобистона.
л) Сӯзанак барои галстук бо нишони хадамоти давлатии байторӣ.
21. Нишони сарикулоҳӣ дорои рангҳои парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз бандинаи возеҳи нуқрагуни доирашакл, гирдаки дандонадори заркубӣ кардашуда иборат аст. Дар мобайни бандина доира бо давраҳои ҳаммаркази гирдҳояшон сабз ва мобайнашон сафед. Байни давраҳо бараки (бортик) ҷудокунандаи ранги зард.
Нишона метавонад аз алюминий, метали дигар ва қисмҳои ранга аз матоъ, пластик, зардӯзӣ бо риштаҳои ранга тайёр карда шавад.
Нишона бояд бо аломати хадамоти давлатии байтории ҷумхурӣ, ки аз салиби ранги кабуд бо тасвири ҷом ва мори нуқрагун иборат аст, мувофиқат намояд. Салиб дар доираи нуқрагун тасвир ёфтааст. Аз поён доира бо баргҳои дарахти булут гирд карда шудааст. Аломати возеҳ аз алюминийи заррини анодӣ ё метали дигар тайёр карда мешавад. Сохтани аломат бо тариқи калобатунӣ, зардӯзӣ бо риштаҳои пластики гуногунранг мумкин аст. Се андозаи аломат муқаррар карда шудааст: 50 х 40 мм барои дар болои кӯлоҳ (фуражка), 30 х 30 барои кӯлоҳ (пилотка) ва 20 х 20 мм барои гиребони камзӯлчаҳо ва аломатҳои фарқкунандаи китфӣ. Аломатро дар рӯи гиребонҳо бо самти биссектриса дар масофаи 35 мм аз кунҷи гиребон то маркази аломат ҷой медиҳанд.
III. Аломатҳои фарқкунандаи шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд
22. Ба сифати аломатҳои фарқкунанда аз рӯи вазифа барои шахсони мансабдори хадамоти давлатии байторӣ, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, аломатҳои фарқкунандаи китфӣ муқаррар карда шудаанд.
23. Аломатҳои китфй шакли чоркунҷа бо тарафқои паҳлуии мувозӣ ва лаби болии гирд дорад.
Андозаи аломатҳои китфӣ: дарозӣ -14-16 см; бар -5 см
Аломатҳои фарқкунанда аз матои ранги кабуд тайёр карда мешаванд. Таҳи аломатҳои фарқкунанда барои ҳайати олӣ аз шерози бофти махсус тайёр карда мешавад, таҳи аломатҳо барои ҳайати олӣ ва хурд суфта мебошад. Дар таҳи аломатҳо барои ҳайати олӣ ситораҳои зардӯзии байнашон нуқрагун бо андозаи 20 мм, таҳи аломатҳо барои ҳайати олӣ ду рахи кӯндаланги нуқрагуни 5-7 мм ва ситораҳои металии нуқрагуни андозаашон 20 мм. Масофаи байни рахҳо 5 мм. Таҳи аломатҳои китфӣ барои ҳайати хурд аз як рахи кӯндаланги нуқрагун дар масофаи 10 мм зз лаби поёнии аломат иборат буда, дар болояш ситораҳои металии андозаашон 13 мм дорад. Ситораҳои аломатҳои китфӣ қад-қади рахи марказии аломати китфӣ ҷойгир мешаванд. Аломатҳои китфӣ гирдогирди лабҳо, ба ғайр аз лаби поёнӣ мағзӣ доранд. Дар қисми болоии аломатҳои китфӣ -аломати хадамоти давлатии байтории ҷумҳурӣ.
Аломатҳои китфӣ дар ду шакл: аз рӯй дӯхташуда барои костюмҳои мардонаю занона ва остини ҷудошаванда барои қисмҳои дигари либоси расмӣ.
Аломатҳои фарқкунанда муқаррар карда мешаванд:
1. Барои сардори хадамоти давлатии байтории Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон -3 ситорача;
2. Барои муовинони сардори хадамоти назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳад ва нақлиёт; сардори маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ - 2 ситорача;
3. Барои сардорони шӯъбаҳои хадамоти назорати давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, муовини сардори Маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ, сардорони раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятҳои ҷумҳурӣ, сардорони раёсатҳои назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёти вилоятҳо -1 ситорача;
4. Барои сармутахассисони хадамоти назорати давлатии байторӣ, сардорони шӯъбаҳои маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ, сардорони шӯъбаҳои раёсати назорати давлатӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, муовинони сардорони раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятҳои ҷумҳурӣ, муовинони сардорони раёсатҳои назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёти вилоятҳо, сардорони раёсатҳои назорати давлатии байтории ноҳияҳо, шаҳрҳо - 2 рахи кӯндаланг бо 3 ситорачаи андозаашон 20 мм.
5. Барои мутахассисони пешбари хадамоти назорати давлатии байторӣ, сармутахассисони маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ, сардорони шӯъбаҳои раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятҳои ҷумҳурӣ, муовинони сардорони раёсатҳои назорати давлатии байтории шаҳрию ноҳиявӣ, сардорони шӯъбаҳои назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёти вилоятҳо - 2 рахи кӯндаланг бо 2 ситорачаи андозаашон 20 мм.
6. Барои мутахассисони хадамоти назорати давлатии байторӣ, мутахассисони пешбари маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ, сардорони шӯъбаҳои раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, сармутахассисони раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятӣ, сардорони нуқтаҳои сарҳадии назорати байтории Раёсати назоратии давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт - 2 рахи кӯндаланг бо як ситорачаи андозааш 20 мм;
7. Барои мутахассисони маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ; мутахассисони пешбари раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятӣ, сармутахассисони нуқтаҳои сарҳадии назорати байторӣ - 1 рахи кӯндаланг бо 4 ситорачаи андозаашон 13 мм;
8. Барои мутахассисони раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятҳо, мутахассисони нуқтаҳои сарҳадии назорати байторӣ-1 рахи кӯндаланг бо 4 ситорачаи андозаашон 13 мм;
Барои фарқ намудани шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро амалӣ менамоянд, хангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бо либоси хизматӣ ва махсуси расмӣ аломати сариостинии хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли сипари фосиладори нуқрагун бо таҳи хокистаранги сиёҳтоб, бо тасвири доираи нуқрагуни гирдаш сабзи салиби ранги кабуд часпонда мешавад. Дар мобайни салиб тасвири ҷоми нуқрагун бо мор ҷо карда шудааст. Аломат аз чанбараки баргҳои дарахти булути нуқрагун, дар қисми поён дар ҷои ҳамдигарро буридани чамбарак навиштаҷоти нуқрагон аз боло "Давлатӣ" ва из поён "Назоратӣ" иборат аст. Аломати сариостини дар қисми берунии остини чап дар масофаи 80 мм аз нуқтаи болоии остин то аломат ҷойгир мешавад, Барои кормандони назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт - гирди аломат ранги сабз. Аломати сариомтинӣ дар порчаи калоншакли фосиладори нуқрагуни таги хокистаранги сиёҳтоб бо навиштаҷоти "Назорати байторӣ", ки ба остин дӯхта мешавад, ҷойгир карда мешавад. Барои кормандони назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт - чорчӯбаи ранги сабз бо навиштаҷоти нуқрагуни "Назорати сарҳадии байторӣӣ. Порча аз тарафи беруни остини чап дар масофаи 10 мм аз бари болоии аломат то бари поёнии он дӯхта мешавад.
IV. Тасвири нишони сарисангии Хадамоти назорати давлатии байторӣ
24. Нишони сарисинагии диаметраш 65 мм аз метали нуқрагун тайёр карда шуда, аз доираи дарунаш даврҳои ҳаммарказ иборат аст.
Гирди давраҳо дар таҳи сабз баргҳои мутаносиби дарахти булуг ва хӯшаи гандуми нуқрагун ҷойгир карда шудаанд, ки навиштаҷоти "Назорати давлатии байторӣ" бо забони тоҷикӣ аз боло ва бо забони русӣ аз поён дорад. Дар мобайни нишон аломати хадамоти давлатии байторӣ, ки дар партави қирраноки шуъоҳои ранги парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисгон дорад, ҷойгир аст. Дар қисми ақиби нишон олати танзим барои ба либос часпондани он - пайвандаки рахпеч бо гайка ё сӯзанак. Нишон дар сина аз тарафи чап часпонда мешавад.
V. Аз рӯи вазифа ба гурӯҳҳо тақсим намудани шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд
25. Сардор, муовини сардор, сардорони шӯъбаҳои хадамоти назорати давлатии байторӣ, сардори раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, сардори маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ, сардорони раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятҳо"ҳайати калони нозиротӣ" (роҳбарикунанда).
26. Сармутахассисон ва мутахассисони хадамоти назорати давлатии байторӣ, муовини сардори раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, муовини сардори маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ, муовинони сардорони раёсатҳои назорати давлатии байтории вилоятҳо, сардорони раёсатҳои назорати давлатии байтории ноҳияҳо ва шаҳрҳо - "ҳайати миёнаи нозиротӣ".
27. Сардорони шӯъба ва сармутахассисони раёсати назорати давлатии байтории вилоятҳо, сардорони шӯъба ва сармутахассисони маркази назорати давлатии маводҳои байторӣ, сардорони шӯъба ва сармутахассисони раёсати назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт, сардорони шӯъбаи раёсатҳои назорати давлатии байтории шаҳрҳо, сардорони нуқтаҳои сарҳадӣ ва нақлиётии назорати байторӣ "ҳайати хурди нозиротӣ".
VI. Пӯшида гаштани лавозимоти либоси хизматӣ
28. Ҳайати роҳбарикунандаи олии хадамоти назорати давлатии байтории ҷумҳурӣ кӯлоҳи (фуражка) идонаи ҳаррӯзаро бо нишон ва зардӯзии нуқрагун мепӯшад; ҳайати олӣ ва хурд кӯлоҳро бо нишон мепӯшад. Ҳамаи шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, кӯлоҳи аломати ранги нуқрагундоштаро мепушанд. Масофаи аз лаби болоӣ то мағзии болоии кӯлоҳ - 5 мм мебошад.
Телпаки гӯшакдор, кубанка, кӯлоҳ (кепи) ва кӯлоҳ (шляпа) бо нишони якҷоякардашуда часпонда мешавад. Нишона ба телпаки гӯшакдор, кубанка аз пеш дар мобайни лабаки мӯинадор часпонда мешавад. Ба кепи нишон аз пеш дар мобайн часпонда мешавад. Ба шляпа нишон дар қисми пеш дар мобайни тасмача часпонда мешавад.
Дар кӯлоҳи расмӣ (пилотка) нишона часпонда шуда, аломати хадамоти давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи рост аз мағзӣ болотар дар масофаи 5 см аз лаби пеши пилотка часпонда мешавад.
Пӯшидани:
- нимтанаи бо галстук бе пиҷак (камзӯл) дар давраи тобистон, дар даруни бино бошад, - тамоми сол;
- нимтанаи остинкӯтоҳ бо тугмаи болоии кушода, бе галстук, бе пиҷак (камзӯлча, камзӯл) дар хавои харораташ аз 20 дарача боло иҷозат дода мешавад. Нимтанаи остинкӯтоҳ бо аломатҳои китфӣ дар мавриди зарурӣ бо галстук пӯшида мешавад;
- галстукро бо сӯзанак байни тугмаҳои сеюм ва чорум аз боло ба курта маҳкам мекунанд.
VII. Пӯшида гаштани либоси хизматӣ бо орденҳ, медалҳо ва аломатҳои фарқкунанда
29. Дар ҳолати пӯшида гаштани либоси хизматии идона ба пиҷак ё камзӯлча аломатҳои махсуси фарқкунанда, инчунин дигар аломатҳои хизматию сарисинагӣ часпонда мешаванд.
Ҳангоми пӯшидани либоси хизматии харрӯза ба пиҷак ва камзӯлча аломатҳои махсуси фарқкунанда, тасмача бо орденҳою медалҳо, инчунин дигар аломатҳои хизматӣ ва фарқкунандаи сарисинагӣ часпонда мешаванд.
Нишонаи сарисинагӣ барои нозирони давлатии байторӣ дар ҳамаи намудҳои либоси расмӣ аз тарафи чапи сина часпонда мешаванд.
30. Аломатҳои фарқкунандаи махсус, орденҳо, медалҳо. тасмачаи ордену медалҳо, дигар нишонаҳои сарисинагӣ ба либоси расмӣ мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида часпонда мешаванд.
VIII. Меъёрҳои бо либоси хизматӣ таъмин намудани шахсони мансабдор, ки назорати давлатии байториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд