Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Боби IV "Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрвандро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, бо тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
3. Арзиши варақаҳои гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатнома барои шахсони бешаҳрванд бо дарназардошти хароҷот ҷиҳати омода намудани варақаҳои мазкур муайян карда мешавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 марти соли 2008 № 118
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 118
тасдиқ шудааст
БОБИ IV Тартиби барасмиятдарории иҷозати истиқомати доимӣ, додани гувоҳномаҳои иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
26. Гувоҳномаи икомат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳодатномаҳои шахсони бешаҳрванд аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар маҳалҳо (минбаъд-Хадамоти муҳоҷират) дода мешавад.
Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати ҳисоботии қатъӣ мебошад, ки шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандро тасдиқ намуда, ҳуқуқи ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карданро медиҳад ва танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.
Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (минбаъд-шаҳодатнома) ҳуҷҷати ҳисоботии қатъӣ мебошад, ки шахсияти соҳиби онро берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, ба шахси бешаҳрванд, ки дорои гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан дода мешавад.
Гувоҳномаи иқомат ва шаҳодатномаҳо ба шахсоне, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, дода мешаванд. Маълумот дар бораи аъзои оилае, ки ба синни 16-солагӣ нарасидаанд, дар ҳолати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани онҳо, ба гувоҳномаи иқомати ҳардуи волидон, дар шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд бошад, дар гувоҳномаи яке аз волидон дарҷ карда мешавад.
Гувоҳномаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои истиқомати доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида иҷозат гирифтаанд, дода мешавад, аз ҷумла ба шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштаанд ва шаҳрвандии онҳо мувофиқи қонун қатъ карда шудааст.
Гувоҳномаи иқомат ба шахсоне, ки ба синни 16-солагӣ нарасидаанд, ба шаҳрвандони хориҷӣ, ё шахси бешаҳрванде, ки ятим мондаанд, ё яке аз волидонро доранд (волиди ягона) ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд, ё ин ки шахси парастори онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар муассисаҳои табобатӣ, хонаҳои маъюбон ва куҳансолон ҷойгир карда шудаанд, инчунин дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ адои ҷазо менамоянд, дар тамоми давраи дар ҷойҳои зикргардида қарор доштанашон аз гирифтан, тамдид ва иваз намудани гувоҳномаи иқомат озод карда мешаванд.
Гувоҳномаи иқомати пештар ба чунин шахсон додашуда пас гирифта шуда, барои нигоҳдорӣ ба Хадамоти мухоҷирати ҷои зист ирсол карда мешавад.
Дар ҳолати аз қайди муассисаҳои табобатӣ, хонаҳои маъюбон ва куҳансолон баромадан, озод шудан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ӯҳдадоранд, гувоҳномаи иқомат гиранд.
Гувоҳномаи иқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силсилаи алоҳида барои шаҳрвандони хориҷӣ "ШХ" ва силсилаи алоҳида барои шахсони бешаҳрванд "ШБ" дода мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
27. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намоянд, агар онҳо дорои иҷозати бо гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият даровардашуда, бошанд.
Ариза барои гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки муваққатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, ба мақомоти Хадамоти муҳоҷирати ҷои зист ва аз ҷониби шахсоне, ки дар хориҷа истиқомат мекунанд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода мешавад.
Пеш аз муроҷиат барои гирифтани гувоҳномаи иқомат шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ӯҳдадор аст, дар асоси қонунӣ на камтар аз 6 моҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намояд. Ариза дар ҳолатҳои зерин ҷиҳати баррасӣ қабул карда намешавад:
а) агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бар хилофи қоидаҳои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад;
б) агар мӯҳлати иҷозати истиқомати муваққатии ба вай додашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (раводид ва кайд) камтар аз 3 моҳ бошад.
Ариза дар ду нусха дар варақае, ки шакли онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, тартиб дода мешавад.
Варақаи ариза фаҳмо, тариқи дастӣ ва ё бо истифодаи воситаҳои техникӣ (мошинаи чопӣ, компютер) ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ пур карда мешавад. Ҷавобҳо ба саволҳои дар варақаи ариза омада бояд қонеъ гардонанда бошанд.
Ҳангоми додани ариза шаҳрвандони хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд суратҳои андозаашон 35 х 45 мм ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
а) ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва шаҳрвандии онҳоро тасдиқ мекунанд;
б) иҷозати истиқомати муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (раводид, қайд), ки мутобиқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст;
в) маълумотнома аз ҷои кор;
г) аризаи хешовандон (шиносҳо) оид ба муносибати онҳо нисбат ба хоҳиши аризадиҳанда ва зид набуданашон барои дар қайди масоҳати манзилгоҳи худ гирифтани онҳо барои истиқомати доимӣ;
д) тарҷумаи ҳол;
е) маълумотнома аз ҷои зист дар бораи хаҷми масоҳати ишғолнамуда ва шумораи шахсоне, ки дар он ба қайд гирифта шудаанд;
ж) нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
з) нусхаи шаҳодатномаи таваллуди фарзандон;
и) нусхаи шиносномаи ҳамсари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бораи ба кайд гирифтани ақди никоҳ;
к) маълумотнома дар бораи ташхиси хун нисбати вируси ВИЧ/СПИД;
л) маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани касалиҳои сирояткунанда;
м) маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани касалиҳои руҳӣ;
н) маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани касалии нашъамандӣ;
о) маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи қарздор набудан.
Ҳуҷҷатҳои дар зербандҳои "ж" ва "з" зикргардида бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ шуда бошанд.
Ба сурати гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд мӯҳр гузошта мешавад.
28. Қарор аз рӯи дархостҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар ҳолати набудан аз ҷониби муовинони ӯ бо тартиби муқарраргардида баъд аз мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Мӯҳлати баррасии маводҳо дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз 1 моҳ зиёд бошад. Қарорҳои мусбӣ дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба онҳо додани гувоҳномаи истиқомат асос шуда метавонанд.
Қарорҳои рад намудан оид ба додани иҷозат барои истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳандагон дар давоми се рӯз аз лаҳзаи қабули қарор бо гирифтани забонхат хабар дода мешавад. Бо талаби дархосткунанда сабабҳои рад кардан хаттӣ баён карда мешаванд.
Вобаста ба қарори рад ҷиҳати додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти болои ва е суд шикоят кардан мумкин аст.
Қарори рад дар бораи додани иҷозат барои истиқомати доимии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 моҳ эътибор дорад. Пас аз гузаштани ин мӯҳлат шаҳрвандони хориҷӣ ва ё шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд, ки бо дархости такрорӣ ба Хадамоти муҳоҷирати ҷои зист муроҷиат намоянд.
Додани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад:
а) бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ё муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ;
б) ба шахси беморе, ки сабабгори паҳн шудани бемориҳои мухталиф (эпидемия) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад;
в) ба шахсе, ки қонунгузориро дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудааст;
г) ба шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст - то анҷоми истеҳсолот оид ба парванда;
д) агар шахс барои содир намудани ҷиноят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда бошад-то анҷоми мӯҳлати ҷазо ва ё озод шудан аз ҷазо;
е) агар шахс дар бораи худ маълумоти бардурӯғ диҳад ва ё ҳуҷҷатҳои зуруриро пешниҳод накарда бошад.
Барасмиятдарорӣ ва додани гувоҳномаи иқомат ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд
29. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ба мӯҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ, вале на зиёдтар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 солагӣ, ба тамоми мӯҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ дода мешавад.
Гувоҳномаи иқомат барои шахсони бешаҳрванд ба мӯҳлати 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 солагӣ бемӯҳлат дода мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар давоми 1 моҳ аз рӯзи анҷом ёфтани мӯҳлати эътибори шиносномаҳои хориҷии онҳо ва ё ҳуҷҷати онҳоро ивазкунанда, ҳуҷҷатҳои миллии нав ё тамдидкардашударо пешниҳод наменамоянд, аз ҷониби хадамоти муҳоҳират гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони бешаҳрванд дода мешавад.
Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони бешаҳрванде, ки ба Хадамоти муҳоҷират шиносномаи миллии амалкунандаро пешниҳод менамоянд, ба гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ иваз карда мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, бо тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, бояд дар ҷои истиқомати доимиашон ба қайд гирифта ва ҳангоми рафтан аз қайд бароварда шаванд.
Барои гирифтани шаҳодатнома ҷиҳати хориҷ шудан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванд ба Хадамоти муҳоҷирати ҷои зист ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
а) ариза дар ду нусха дар варақаи тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) гувоҳномаи иқомати шахси бешаҳрванд;
в) ду дона сурати рангаи андозааш 35 х 45 мм.
Шаҳодатнома ба мӯҳлати 1 сол дода мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунанд, раводидҳои сафарӣ (омадурафт) аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мавҷуд будани маълумотномаҳои Хадамоти муҳоҷират оид ба супоридани гувоҳномаи иқомат аз ҷониби онҳо ва ба шахсони бешаҳрванд, ҳангоми мавҷуд будани шаҳодатномаи шахсони бешаҳрваид ҷиҳати ба хориҷа рафтан, дода мешаванд. Тамдиди мӯҳлати эътибори гувоҳномаи иқомат ва шаҳодатномаи шахсони бешаҳрванд. Иваз намудан ва дода шудани ҳуҷҷатҳо ба ивази ҳуҷҷатҳои гумшуда
30. Барои тамдиди мӯҳлати эътибори гувоҳномаи иқомат шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бояд як моҳ пеш аз гузаштани мӯҳлати эътибори гувоҳномаи иқомат шахсан ба Хадамоти муҳоҷирати ҷои зист, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат намоянд:
а) ариза дар шакли муқарраргардида;
б) гувоҳномаи иқомат;
в) шиносномаи миллии аслӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда;
г) ду дона сурати рангаш сиёҳу-сафеди андозааш 35 х 45 мм.
Ҳангоми зарурат шаҳодатнома ба мӯхлати на зиёдтар аз 1 сол тамдид карда мешавад.
Иваз намудани гувоҳномаи иқомат ва шаҳодатномаҳо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
а) тағйир додани насаб, ном ва номи падар;
б) тағйир додани соли таваллуд;
в) муайян намудани носаҳеҳӣ дар қайдҳо;
г) гузаштани мӯҳлати эътибори шаҳодатномаҳо барои шахсони бешаҳрванд;
д) барои истифода корношоям шудан.
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои гирифтан ва ё иваз намудани гувоҳномаи иқомат бояд тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро на дертар аз даҳ рӯз баъди расидан ба синну соли мувофиқ ва ё тағйири насаб, ном ва номи падар, соли таваллуд, муайян кардани носаҳеҳиҳо дар сабтҳо, ё ин ки баъди истифода корношоям шудани гувоҳномаи истиқомат, пешниҳод намоянд.
Шахсе, ки гувоҳномаи иқоматро гум кардааст, бояд бетаъхир ба Хадамоти муҳоҷирати ҷои зисти доимиаш бо ариза дар бораи додани гувоҳномаи иқомати нав бар ивази гувоҳномаи гумшуда, бо додани сабабҳои гумшавии он муроҷиат намояд, Дар ин сурат, ба онҳо гувоҳномаи иқомати нав бо снтонидани маблағе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дода мешавад.
Дар гувоҳномаи иқоматӣ бар ивази гувоҳномаи гумшуда додашаванда, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират бояд маълумот оид ба фарзандони ноболиғи онҳо, инчунин сабтҳои қайди ҷои истиқомат, бақайдгирӣ, ё ин ки бекор шудани ақди никоҳ ворид карда шаванд.
Ҳангоми тамом шудани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома дар ҳолати берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани шахси бешаҳрванд, вай метавонад ба намояндагии дипломатӣ ва консулгарин Ҷумхурии Тоҷикистон, ки мӯҳлати эътибори шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандро бо тартиби муайянкардаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид мекунад, муроҷиат намояд.
Барои иваз ё тамдид намудани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома шахсони бешаҳрванд бояд ба Хадамоти муҳоҷирати ҷои зист бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат намоянд:
а) ариза дар шакли муқарраргардида;
б) шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;
в) гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд;
г) ду дона сурати рангаи андозааш 35 х 45 мм.
Дар бораи гум шудани шаҳодатнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси бешаҳрванд ӯҳдадор аст, бетаъхир ба хадамоти муҳоҷирати ҷои гумшуда, агар гувоҳнома берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гум шуда бошад, ба намояндагии дипломатӣ ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намояд. Дар ин сурат, Хадамоти муҳоҷират бо тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи нав медиҳад, намояндагии дипломатӣ ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуҷҷат барои бозгашт, ки шахсияти шахси бешаҳрвандро тасдиқ мекунад, таъмин менамояд.
31. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз ҳуқуқи истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гувохномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин маҳрум карда мешаванд:
а) агар шахс дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятеро амалӣ созад, ки ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;
б) агар ба мақсади гирифтани гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳи қалбакӣ баста бошад.
32. Дар ин сурат, Хадамоти муҳоҷират дар бораи бекор намудани гувоҳномаи иқомат қарор қабул намуда, дар мӯҳлати се рӯз ба шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванди мазкур дар ин бора хабар медиҳад ва гувоҳномаи иқоматро пас мегирад. Ҳамзамон, шахс оид ба зарурати гирифтани раводиди хуруҷ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мӯҳлати 15 шабонарӯз дар бораи хориҷ шудан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонхат огоҳонида мешавад.
Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраргардида, бо хоҳиши худ нарафтани шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти амният оид ба рондани ӯ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад.
Дар сурати вафоти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрванд гувоҳномаи иқомат, ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба Хадамоти муҳоҷират, ки онҳоро доданд ва дар хориҷа бошад, ба намояндагии дипломатӣ ё консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад, ки онҳо баъд аз ба қайд гирифтани вафот ба Хадамоти муҳоҷирати ҷои дода шудани онҳо фиристода мешаванд.
Гувоҳномаи иқомат ва ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд аз шахсе, ки ба ҳабс гирифта шудааст, инчунин ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст, аз ҷониби мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ё суд мусодира гардида, ба Хадамоти муҳоҷирати ҷои дода шудани онҳо фиристода мешаванд.