Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 № 112
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 5 Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 № 112 "Дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Манбаи асосии маблағгузории таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мебошад.
Ҳамчунин маблағҳои дигар вазорату идораҳо, муассисаҳои ғайридавлатию сарпарастон ва фондҳо метавонанд ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ ҷалб карда шаванд.
Ҳаҷми маблағи таҳсил, истиқомат дар хобгоҳ ва суғуртаи тиббии шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд, дар асоси хароҷотномаи (шартномаи) пешниҳоднамудаи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ, маблағи роҳкиро (як маротиба рафтану омадан) дар асоси нархи чиптаҳои Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендия дар ҳаҷми 100 доллари ИМА барои 1 моҳ муайян ва пардохт карда мешавад".
2. Вазорату идораҳо рӯйхати шаҳрвандонеро, ки тибқи квота барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд, бо Дасттоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 марти соли 2008 № 119
ш. Душанбе