Қарориҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 79 "Дар бораи ба танзим даровардани ҷамъоварӣ ва коркарди ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба танзим даровардани ҷамъоварӣ ва коркарди ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади муҳайё сохтани шароити зарурӣ ҷиҳати афзун намудани хаҷми ҷамъоварии ашёи хоми чорво, ба роҳ мондани коркарди он, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон "Тоҷикматлубот", ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии ба ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши ашёи хоми чорво - пӯст ва пашм машғулбуда ҷиҳати ҷамъоварии ашё ва ташкил намудани корхонаҳои коркарди пӯст ва пашм бо ҳамоҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чораҷӯӣ намоянд.

2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузориро барои рушди соҳаи коркарди пӯст ва пашм таҳия намуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институтҳои байналмилалии молиявӣ барои ҷалби сармоягузорони хориҷиву ватанӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ пешниҳод намояд.

3. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ҷиҳати содироти маҳсулоти ашёи хоми чорво тибқи қарори мазкур ба роҳ монад.

4. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор "Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм)-ро барои давраи то соли 2015" таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 2 мох бо тартиби муқарраргардида манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 марти соли 2008 № 79

ш. Душанбе