Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 115 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини рушди минбаъдаи низоми таълими касбии калонсолон, аз ҷумла бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод таъсис дода шавад.

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон"-и Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро тасдиқ ва бақайдгирии давлатии онро таъмин намояд.

3. Маблағгузории фаъолияти Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби басти вазифаҳо ва маблағҳои Литсейи касбии саноати хӯроквории шаҳри Душанбе ва Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 8 шаҳри Конибодом анҷом дода шавад.

4. Ба қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

-аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 8 шаҳри Конибодом" ва "Литсейи касбии саноати хӯроквории шаҳри Душанбе" хориҷ карда шаванд;

-аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 102 "Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази таълимии шаҳри Кӯлоб" хориҷ карда шуда, сархатҳои нави дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон"

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Кӯлоб

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар шаҳри Конибодом

Филиали Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар ноҳияи Тоҷикобод".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 марти соли 2008 № 115

ш. Душанбе