Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 114 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2014 № 346 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ"

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" бо теъдоди умумии 55 воҳиди корӣ дар доираи воҳидҳои кории амалкунандаи муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ барои таъмин намудани хароҷоти таъсис ва фаъолияти Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қӯргонтеппа дар муддати ду моҳ маҳали ҷойгиршавии Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ" дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои минтақавии онро дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа муайян намоянд.

4. Ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази миллии тестӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 марти соли 2008 № 114

ш. Душанбе