ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳo ба Низомномаи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёти барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъингардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 9 Низомномаи тартиби интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ё фаъолияти дигари тиҷоратӣ таъингардида аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 519 тасдиқ шудааст, баъди калимаҳои "вале на камтар аз 1 доллар барои 1 (кг)" калимаҳои "барои молҳо ва воситаҳои нақлиётӣ аз ҷониби ашхоси воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҳавоӣ дар тайёраҳои Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолгардида бошад, на камтар аз 0,5 доллар барои як кг" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 16 марти соли 1999 № 95
ш.Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
"О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ПОЛОЖЕНИЕ "О ПОРЯДКЕ ПЕРЕМЕЩЕНИЯ ФИЗИЧЕСКИМИ ЛИЦАМИ ЧЕРЕЗ ТАМОЖЕННУЮ ГРАНИЦУ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ТОВАРОВ И ТРАНСПОРТНЫХ СРЕДСТВ, НЕ ПРЕДНАЗНАЧЕННЫХ ДЛЯ ПРОИЗВОДСТВЕННОЙ ИЛИ ИНОЙ КОММЕРЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ""
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Пункт 9 Положения "О порядке перемещения физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан товаров и транспортных средств, не предназначенных для производственной или иной коммерческой деятельности", утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 1998 года №519, после слов "но не менее 1 доллара за один кг" дополнить словами "а для товаров и транспортных средств, перемещенных физическими лицами через таможенную границу Республики Таджикистан воздушным путем на самолетах Государственной авиакомпании Республики Таджикистан "Точикистон", но не менее 0,5 доллара за один кг".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 16 марта 1999 года № 95
г.Душанбе