Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, № 1625 "Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо максади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, фармон медиҳам:

1. Аз 1 ноябри соли 2005 андозаҳои амалкунандаи стипендияҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 100 (сад) фоиз зиёд карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар соли 2005 маблағгузориро ҷиҳати иҷрои банди 1 Фармони мазкур дар доираи маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои амали намудани ислоҳот дар соҳаи иҷтимоӣ пешбинишуда таъмин карда, дар соли 2006 дар буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро пешбини намояд;

санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 31 октябри соли 2005 № 1625

ш. Душанбе