ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи танзими масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва идораҳои он дар округҳои федерали Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия воқеъ дар шаҳри Москва ташкил карда шавад.
2. Тасдиқ карда шаванд:
- Низомнома ва Сохтори Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;
- Ҷадвали сохтории Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;
- Сметаи хароҷоти Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз нав ташкилдиҳии Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва созмон додани Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Москва қарор мегирад, ҷониби Федератсияи Россияро хабардор намояд.
4. Маблағгузории фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурияви анҷом дода шавад.
5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳимояи суғуртавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа мераванд, дар давоми 6 моҳ оид ба ташаккули низоми суғуртаи ҳатмии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнати таклифҳо пешниҳод намояд.
6. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар асоси пешниҳоди Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия масъалаи бо нақлиёт, чиптаи тайёра ва қатораҳо таъмин намудани муҳоҷирони меҳнати, инчунин ташкили хати парвози ҳавоиро ба нуқтаҳои марбутаи таъинот ҳаллу фасл намоянд.
7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бехатарии муҳоҷирони меҳнатиро дар ҷойҳои ҷамъшавии муташаккилона ва давраи ҳаракат дар нақлиёт таъмин намоянд;
- тадбирҳоро дар мубориза алайҳи масъулини содироти муҳоҷирони меҳнати ба хориҷа ва воридоти ғайриқонунии нерӯҳои кории хориҷи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзӯр намоянд.
8. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар масъалаи ташкилу интихоб ва фиристодани хоҳишмандон барои кор ба хориҷа ёрии ҳаматарафа расонанд.
9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 № 134 "Дар бораи танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнати" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 июни соли 2005 № 208
ш. Душанбе