Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002, № 295 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ барои солҳои 2002-2004"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.11.2003 с. № 486 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ барои солҳои 2002-2004

Мутобиқи Барномаи дигаргунсозии сохтори иқтисодиёти ҷумҳурӣ, бо мақсади суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ ва вусъати бештари ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи стратегии замимагардидаи хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ барои солҳои 2002-2004 тасдиқ карда шавад.

2. Роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои лозимии объектҳое, ки дар асоси талаботи Нақшаи стратегии зикршуда бояд хусусӣ гардонида шаванд, ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 4 июли соли 2002 № 295

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" июли соли 2002 № 295

тасдиқ шудааст

Нақшаи стратегии хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ дар солҳои 2002-2004

Нақшаи стратегӣ доир ба хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ дар солҳои 2002-2004 мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ҷараёни ислоҳоти иқтисодиро дар Тоҷикистон ба танзим медароранд, таҳия карда шудааст.

Мақсади асосии Нақшаи стратегӣ ба вуҷуд овардани низоми бозаргонии самарабахш аз тариқи тезонидан ва амиқ гардонидани раванди хусусигардонӣ, рушди рақобат, ташаккул додани бозори сармоя ва инфраструктураи барои ин зарурӣ, мебошад.

Нақшаи стратегӣ то охири соли 2004 мунтазам бозсозӣ намудани баъзе корхонаҳои калон ва миёнаро ба ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода, инчунин дар заминаи корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ба вуҷуд овардани корхонаҳои воҳид ва давлатиро дар назар дорад.

Ба суръат ва мӯҳлати хусусигардонӣ вазъияти мавҷудаи иҷтимоию иқтисодӣ, дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолии мамлакат, қудрати пардохтии аҳолӣ ва вазъи иқтисодии ҳаёти одамон таъсир мерасонад.

Ба мушкилиҳои муайян нигоҳ накарда, иҷрои Барномаи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ба вуҷуд овардани иқтисоди бисёртаркиба бомуваффақият татбиқ мегардад.

Дар ҳоли ҳозир хусусигардонии хурд, ки соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизмати маишии аҳолиро дар бар мегирад, амалан ба итмом расида, қариб тамоми корхонаҳои калону миёна саҳомӣ гардонида, доир ба фурӯши саҳмияҳои онҳо, корҳои ба бахшҳо ҷудо намудани корхонаҳои калон, бунёди корхонаҳои воҳид дар соҳаҳои асосии иқтисодёт, давом дорад.

Сарфи назар аз муваффақиятҳои бадастовардашуда дар хусусигардонӣ, ки мақсадашон ба вуҷуд овардани замина барои инкишофи бахши хусусӣ буд, давлат ҳамоно бузургтарин соҳибмулк боқӣ монда, Ҳукумат ба аксарияти саҳмҳои бисёре аз корхонаҳо соҳиб аст. Ин нишон медиҳад, ки баланд бардоштани самарабахшии барномаҳои хусусигардонӣ дар оянда чи барои стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва чи нигоҳ доштани сатҳи воридот ба буҷет, муҳим мебошад.

Дар марҳилаи аввали хусусигардонӣ баъзе ҳолатҳои бекор мондани коргарон ба амал ояд ҳам, аммо минбаъд ҷойҳои иловагии корӣ ташкил карда мешавад. Вобаста ба ин, дар марҳилаи оянда суръати ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ афзуда дар ин асос шаклҳои ҳозиразамони хоҷагидорӣ бунёд ёфта, ҷойҳои нави кор ба вуҷуд оварда мешаванд, ки ин барои ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат ба шаклқои гуногуни фаъолияти меҳнатӣ, мусоидат мекунад.

Бо дарназардошти характери аграрии иқтисодиёти мамлакат, ислоҳоти сектори хоҷагии қишлоқ бо роҳи ташкил намудани хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ инкишофи шаклҳои дигари фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Монеаи ҷиддӣ дар роҳи хусусигардонӣ ба сабаби қобилияти ҳаётӣ надоштан ва беэътибор будани бештари корхонаҳо дар назди сармоягузорон аст. Муайян кардани қобилияти ҳаётии корхонаҳо барои минбаъд хусусӣ гардондани онҳо зарур аст, ки аз рӯи натиҷаи тадқиқотҳои махсус ва таҳлили ҳолати ҷисмӣ ва молиявии корхона сурат гирад. Хеле муҳим аст, ки фазои мусоид барои пайдо шудани сохторҳои молиявию кредитӣ, ки тавонанд дар марҳилаи хусусигардонии корхона ва инкишофи баъди хусусигардонии он хизматҳои кредитӣ расонанд, ба вуҷуд оварда шавад. Таьмини иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар кори хусусигардонӣ бинобар доштани дониш ва таҷрибаи кории онҳо дар идоракунии иттиҳодиявӣ мувофиқи матлаб мебошад. Набудани чунин омилҳо дар сармоягузорони дохилӣ пурарзиш ва самаранок гардондани бозори қоғазҳои қимматнокро дар Тоҷикистон, бозмедорад.

Барои фаъол намудану пайвастагии ҷараёни хусусигардонӣ зарур аст, дақиқтар муайян карда шавад, ки кадом корхонаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд ва ё мумкин аст корхонаҳои тамоми соҳа бояд хусусӣ гардонда шаванд ё ба консессияи дарозмӯҳлат дода шаванд ва кадоме аз онҳо дар ихтиёри давлат боқӣ мемонанд.

I. Вазифаҳо ва мақсади асосии Нақшаи стратегӣ

Вазифаҳои аввалиндараҷаи ин нақша фаъол гардондани ҷараёни хусусигардонӣ дар доираи Барномаи ислоҳоти сохторӣ, ки ба принсипҳои возеҳу ошкоро ва рақобатпазир асос ёфтааст, мебошад.

Хусусигардонӣ дар як вақт бо дигаргунсозиҳои сохторӣ дар заминаи ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ба амал бароварда мешавад, ки қисми таркибии он мӯътадилгардонии макроиқтисодӣ, озод кардани савдо, ислоҳоти сектори молиявӣ, қатъ намудани қарзҳои имтиёздор, гузаронидани сиёсате, ки ба рақобатнокӣ ва навкунии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мусоидат менамояд, ба шумор меравад.

То ба фурӯш расонидани корхона тамоми асоси меъёрию ҳуқуқӣ тарзе нав карда хоҳад шуд, ки хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ ба андозаи кофӣ ва одилона сурат гирад.

Стратегияи умумии хусусигардонӣ дар сурати самаранок будани ҳавасмандкунӣ барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ таъсирбахш шуда метавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мунтазам ва фаъолонаи ҷалби сармоягузорони хориҷиро пеш гирифта, инчунин истифодаи саҳмияҳои моликияти боқимондаи давлатиро тарзе ба роҳ мемонад, ки барои пурра ба кор андохтани иқтидори корхона аз ҷониби сармоягузорон, имкон пайдо гардад.

Барои ҷалби сармоядорони хориҷӣ дар ҷараёни хусусигардонӣ лозим мешавад, ки тартиби арзёбии объектҳои давлатӣ тағйир дода шавад ва барои арзёбӣ ширкатҳои чи резидентӣ ва чи ширкатҳои дахлдори ғайрирезидентии аудиторӣ даъват карда шаванд.

Ошкоро ва қонунӣ будан ва ба вуҷуд овардани шароити баробар барои тамоми раванди хусусигардонӣ барои бомуваффақият анҷом ёфтани он аҳамияти куллӣ дорад. Арзиши дороиҳо аз тарафи коршиносони мустақил муайян карда хоҳад шуд. Қумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷадвали босамарӣ муфассал ва дақиқ тарҳрезишудаи хусусигардонии корхонаҳои давлатиро дар музоядаҳо ва тендерҳои сармоягузорӣ, мураттаб месозад.

Таҷдиди зарурии сохтори корхонаҳои бузург, махсусан муҳим ва муҳим то хусусигардонӣ бояд бо дарназардошти чорабиниҳои пешбининамудаи Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ба амал бароварда шавад.

Корхонаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида мешаванд, бояд чунин объектҳое бошанд, ки хориҷиён ба онҳо мароқ зоҳир намоянд. Дар ибтидо пакетҳои назоратии саҳмияҳои корхонаҳое, ки бомуваффақият фаъолият менамоянд, фурӯхта мешаванд, то ки таваҷҷуҳи хориҷиён бештар ҷалб гардад ва пас саҳмияҳои корхонаҳои камтар диққатҷалбкунанда фурӯхта мешаванд. Фурӯши корхонаҳои хусусигардониданашуда бояд ба фурӯши намунавӣ оғоз ёбад, ва ин имкон медиҳад боварии харидорон дар ҷараёни хусусигардонӣ зиёд гардад. То хусусигардонии ин объектҳо арзёбии холати онҳо бо стандартҳои бухгалтерии умумиҷаҳонӣ гузаронида хоҳад шуд.

Номгӯи шарту шароитҳои хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар тендерҳои сармоягузории хориҷӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд аз нав баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамаи қоида ва тартиботе, ки дар ҷараёни хусусигардонӣ мумкин аст корхонаҳоро камэътибор гардонанда ба хусусигардонии онҳо халал расонад, дар самти озодтар кардани онҳо, тағйир дода мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар ҷараёни хусусигардонӣ иттилоърасонӣ ба доираи васеи аҳли ҷомеа ва реклама нақши муҳим мебозад.

Хусусигардонии корхонаҳои монополияи табиӣ тарзе ба амал бароварда мешавад, ки бевосита қабл аз фурӯши корхонаҳо таҷдиди сохтори тамоми соҳа анҷом дода мешавад ва ин ба шиддат гирифтани рақобат мусоидат мекунад. Дар як вақт тендери ба консессия додани баъзе аз ин корхонаҳои монополияҳои табиӣ гузаронида мешавад.

Имконияти гирифтани ҳадди аксари фоида аз фурӯши корхонаҳо дар ҳар як мавриди мушаххас бо дигар вазифаҳои бартариятдор ба монанди васеъ намудани доираи соҳибони саҳмияҳо ва мусоидат ба инкишофи бозори қоғазҳои қиматнок, ба мувозинат оварда мешавад.

Нақшаи стратегии хусусигардонии моликияти давлатӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои зерин зарур аст:

- беҳтар ва васешавии ҷараёни хусусигардонӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт аз ҳисоби барҳам хӯрдани монеъаҳои маъмурию ҳукуқӣ;

- афзудани истифодаи самараноки корхонаҳои хусусигардонидашавандаи давлатӣ;

- таъмини ҳифзи манфиатҳои давлат дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт;

- ба таври кулли афзоиш додани даромадҳои давлат аз хусусигардонии корхонаҳо дар тендеру музоядаҳо;

- ташаккули шароитҳои аз ҳама мусоидтар барои ҷалб намудани сармояҳои ватанию хориҷӣ дар ҷараёни хусусигардонӣ.

Стратегия тартиби муайян намудани тақдири минбаъдаи тамоми корхонаҳое, ки хусуси гардонида нашуданд ва дар зимни объектҳои моликияти давлатие дарҷ ёфтаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд хусусӣ гардонида шаванд, пешбинӣ менамояд.

Стратегия дар назар дорад, ки ба ҳамаи ин корхонаҳо барои ворид кардани онҳо ба яке аз категорияҳои зерин, ки равиши хусусигардонии корхонаи мазкурро дар оянда муайян месозад, таҷдиди назар карда хоҳад шуд:

- корхонаҳое, ки бояд тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида шаванд;

- корхонаҳое, ки бояд дар музояда ва тендерҳо хусусӣ гардонида шаванд.

Ба категорияҳои номбурда мансуб кардани корхонаҳо аз рӯи натиҷаҳои омӯзиш (аудит)-и тамоми корхонаҳое, ки бо қарори Ҳукумат бояд хусусӣ гардонида шаванд, сурат хоҳад гирифт.

Аудитро мушовири молиявӣ (аудитор)-е мегузаронад, ки дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни байналмилалӣ бо иштироки аудиторҳо ва ширкатҳои машваратчии хориҷӣ, муайян карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои интихоби мушовирро таҳия намуда ва озмуни интихоби онро мегузаронад. Меъёрҳои асосии интихоби вай инҳоанд:

- таҷрибаи мушовир - аудит дар соҳаи аудити корхонаҳо ва ё молия, ё дар соҳаи ба он монанд;

- таҷриба дар реструктуризатсия ва хусусигардонии корхонаҳо;

- аз ҷиҳати молиявӣ устувор будани мушовир.

То охири соли 2002 дар бораи қисмати амволи собиқ совхозҳо қарор қабул карда мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки моликияти собиқ совхозҳо, баъд аз арзёбӣ ба музояда гузошта ва ҳамчун амволи комплексӣ фурӯхта мешавад.

Хусусигардонии пайгиронаи корхонаҳои давлатӣ, дар доираи ин Нақшаи стратегӣ барои идоракунии корпоративӣ, ба ҳадди имкон наздик кардани даромадҳои чашмдошт бо даромади воқеан аз хусусигардонӣ ҳосилшаванда мусоидат намуда, ба афзудани миқдори сармояи хориҷӣ дар иқтисодиёт сабаб мегардад ва умуман барои дастгирии ислоҳоти бозаргонӣ, ёрӣ намуда интегратсияи иҷтимоиро таъмин месозад, зеро ба бевосита кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва ҳарчи бештар ба кор таъмин намудани аҳолӣ, мусоидат мекунад.

II. Стратегияи хусусигардонии корхонаҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида мешаванд

Корхонаҳои давлатие, ки бояд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида шаванд ва қисми дигари корхонаҳое, ки тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ бояд хусусӣ гардонида шаванд, бо таври зайл хусусӣ гардонида мешаванд:

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи корхонаҳои давлатии хусуси карда нашударо ба сифати номзадҳои эҳтимолӣ барои дохил кардан дар раванди хусусигардони мавриди таҳлил ва санҷиш қарор дода, баъд аз ин корхонаҳои бар асоси тиҷоратӣ фаъолиятдоштаро, ки ба онҳо дар бозор мароқ зоҳир карда мешавад, интихоб менамояд. Корхонаҳои аз назари иқтисодӣ бефоида мумкин аст барҳам дода шуда ва ҳамчун амволи комплексӣ фурӯхта шаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳоеро таҳия месозад, ки дар онҳо кадом корхонаҳо бояд хусусӣ гардонида шаванд ва кадом корхонаҳо бояд дар моликияти давлат монанд, муайян мегарданд.

Барои гузаронидани ташхиси корхонаҳо машваратчиёни бозоршиносоӣ (маркетинг) ва молиявӣ киро карда хоҳанд шуд, ки онҳо дар муайян намудани кадоме аз корхонаҳо дар бозор мароқовар будан, кадом усули фурӯш бояд истифода гардад ва корхона дар бозор тақрибан чӣ арзише дорад, низ ёрмандӣ мекунанд.

2. Сипас ҳудуди нархҳо, ки мумкин аст фурӯш ба амал бароварда шавад, муайян карда мешавад. Муайян намудани арзиши корхонаи давлатӣ ба муқаррар кардани нархи тақрибие, ки мумкин аст корхона ба фурӯш гузошта шавад, имконият медиҳад. Арзиши барқароркунӣ ва арзиши балансӣ ҳангоми муайян намудани нарх танҳо нисбат ба объектҳое истифода мегардад, ки дар музояда ва тендерҳои тиҷоратӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

3. Дар сурати ба итмом расидани таҳлил ва экспертизаи корхона ва муайян шудани нархи бозории он, дар бораи бо кадом тарз фурӯхтани корхона қарор қабул карда мешавад.

4. Қабули қарор оид ба хусусигардонии корхонаҳое, ки дар бозори молҳо монополист мебошанд, бо дарназардошти талаботи қонунгузории зиддимонополӣ сурат мегирад.

5. Пас аз ба итмом расидани амалҳои дар боло зикршуда, музоядаҳо барои фурӯши корхонаҳо ва ҳам фурӯши корхонаҳо тибқи шартҳо, гузаронида мешаванд.

Бо дарназардошти аз ҳисоби объектҳои муҳим ва махсусан муҳими комплекси хоҷагидорӣ нав шудану афзудани номгӯи объектҳои моликияти давлатӣ, ки бояд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида шаванд, ба нақша гирифта шудааст, ки корхонаву муассисаҳои соҳаҳои зерин дар мӯҳлатҳои муқарраршуда фурӯхта мешаванд:

- объектҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва хизмати маишӣ, ки аз ҳайати корхонаҳои давлатии ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдилёфта ҷудо карда шуда, хусусӣ гардониданашон солҳои 2002-2003 ба нақша гирифта шудааст;

- корхонаҳое, ки ба истеҳсол ва коркарди гӯшти мурғ ва моҳӣ машғул мебошанд, ки солҳои 2002-2003 хусусӣ гардонида мешаванд;

- ташкилотҳои сохтмонӣ ва муассисаҳои истеҳсоли маводи сохтмон, ки солҳои 2002-2003 хусусӣ гардонида мешаванд;

- объектҳои тандурустие, ки фурӯши доруворӣ ва воситаҳои доруворро анҷом медиҳанд (аз ҷумла дорухонаҳо), ки солҳои 2002-2003 хусусӣ гардонида мешаванд;

- объектҳои саноати ангишт, ки солҳои 2003-2004 хусусӣ гардонида мешаванд;

- корхонаҳое, ки дастгоҳ ва дигар таҷҳизот истеҳсол мекунанд, ки солҳои 2002-2003 хусусӣ гардонида мешаванд;

- объектҳои ба корҳои кофтуков, лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабари ва нигохдории роҳҳои автомобилгард машғул, ки соли 2004 хусусӣ гардониданашон оғоз мешавад;

- объектҳои алоҳидаи ба коркард ва истихроҷи металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо машғул, ки солҳои 2003-2004 хусусӣ гардонида мешаванд;

- корхонаҳои таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ истеҳсолкунанда, ки солҳои 2003-2004 хусусӣ гардонида мешаванд;

- як қатор корхонаҳои зиёновар ва объектҳои иҷтимоии инфраструктураи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, ки солҳои 2003-2004 хусусӣ гардонида мешаванд;

- институтҳои лоиҳакашӣ, институтҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва тайёр намудани кадрҳои вазорату идораҳои соҳавӣ, ки солҳои 2003-2004 хусусӣ гардонида мешаванд;

- объектҳои алоҳидаи барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, ки соли 2004 хусусӣ гардонида мешаванд;

- агентиҳои ахборот ва телеграфӣ, ки соли 2004 хусусӣ гардонида мешаванд.

III. Стратегияи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ

Хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ мувофиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳое ба амал бароварда мешавад, ки бояд тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ дар солҳои 2002-2004 хусусӣ гардонида шаванд ва қисми ҷудонашавандаи ин Нақшаи стратегӣ ба ҳисоб меравад.

Хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аниқ ва тасдиқ намудани номгӯи корхонаҳое, ки бояд тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида шаванд, сурат хоҳад гирифт. Пас аз он, ки номгӯи корхонаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, дар навбати аввал корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ ва коркарди саноатӣ, ки молҳои ниёзи мардумро истеҳсол карда, ба аҳолӣ хизматрасонӣ мекунанд, хусусӣ гардонида мешаванд. Ин корхонаҳо амалан дар сар то сари ҷумҳурӣ воқеъ буда ва хусусигардонии онҳо пеш аз ҳама барои ба таври куллӣ беҳтар намудани ташкили истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, ба вуҷуд овардани шароит барои фаровон гардонидани молҳои бозоргир, равона карда шудааст. Корхонаҳои соҳаҳои мазкури саноат барои сармоягузорони хориҷӣ ба сабаби даромаднокии зиёд ва суръати баланди гардиши сармояҳо аз ҳама бештар диққатҷалбкунанда буда бар асоси тендерӣ, ба фурӯш расонида мешаванд.

Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар якҷоягӣ бо ба таври куллӣ беҳтар намудани ташкили истеҳсолот ва интихоби дурусти идоракунӣ (менеджмент), боиси бунёди ҷойҳои кор гардида ба шуғл фаро гирифта шудани табақаҳои аз ҳама осебпазири аҳолиро зиёд мекунад.

Баъд аз ин, омӯзиш ва хусусигардонии объектҳои алоҳидаи саноат, сохтмон, инчунин объектҳои Ширкати давлатии сохтмонии барқии "Нурафзо"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар байни объектҳои комплекси гармидиҳию барқие, ки бояд тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ хусусӣ гардонида шаванд, ба тендерҳо бахшҳои характери ёрирасон дошта, ба монанди: бахшҳои сохтмонӣ, нақлиётӣ, таъмиргарӣ, инчунин сохторҳои хизматрасонии истеҳсолоти асосӣ, гузошта мешаванд.

Дар соли 2004 ба нақша гирифта шудааст, ки бо якҷоягии мақомоти Агентиии зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва пешниҳоди таклифҳо дар бораи хусусигардонии обьектҳои системаи нақлиёт сурат мегирад, ки дар навбати аввал хусусигардонии корхонаҳоеро пешбинӣ менамояд, ки кашондани мусофирон ва борҳоро анҷом медиҳанд, инчунин корхонаҳое, ки ба хизматрасонии ҳамин соҳа сару кор доранд.

Реструктуризатсияи Ширкати давлатии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикистон" ва Роҳи оҳани Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ба ғайр аз ин дар ин давра омӯзиш ва таҳқиқи объектҳои энергетикӣ бо мақсади хусусигардонии минбаъдаи онҳо, гузаронида мешавад.

Корхонаҳое, ки ба комплекси саноати кимиёвӣ дохил мешаванд, бо сабаби он, ки просессҳои истеҳсолотии онҳо ниҳоят вазнин буда, бо якдигар зич алоқаманд мебошанд, дар ин марҳила зарур аст, ки ҳамчун моликияти давлатӣ боқӣ монанд ва таҳлили дақиқи технологӣ ва ҳолати молиявии онҳо гузаронида шавад.

Дар соҳаи саноати вазнин бо дарназардошти хислати бунёдӣ ва аҳамияти стратегӣ доштани онҳо, ҳамчунин зарурияти назорати давлатӣ ба истеҳсол ва коркарди маҳсулот, тақозо менамояд, ки таҷрибаи таъсис ва фаъолияти шаклҳои ғайридавлатии моликият дар ин соҳаро омӯхта ва натиҷагирӣ намуда, пас ба хусусигардонӣ шурӯъ карда шавад.

То 1 октябри соли 2003 омӯхта ва муайян карда мешавад, ки кадом корхонаҳо ба консессияи дарозмӯҳлат дода мешаванд ва ё бояд дар ихтиёри давлат монанд.

IV. Стратегияи хусусигардони корхонаҳо дар музоядаҳо

Барои он, ки ҷараёни хусусигардонӣ хислати бебозгашт дошта бошад, хусусигардонии корхонаҳо тибқи қоидаҳои умумӣ дар асоси методикаи зерин, ба амал бароварда мешавад:

1. Объектҳои махсусан муҳим ва муҳими хусусигардонӣ, инчунин объектҳои аз назари экологӣ барои муҳити зист хавфнок ва объектҳои сохтмонҳои нотамом, ки барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд, бояд дар тендер фурӯхта шаванд. Рӯйхати объектҳои хусусигардонӣ, ки бояд дар тендер фурӯхта шаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

2. Объектҳои моликияти давлатӣ (корхонаҳо ва амволи комплексӣ) ба музоядаи усули англисӣ на бештар аз ду маротиба гузошта мешаванд. Объектҳои моликияти давлатие, ки дар ду музоядаҳои усули англисӣ фурӯхта нашудаанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст бо усули ҳолландӣ ба фурӯш гузошта шаванд.

Барои амалӣ гардонидани чорабиниҳои зикршуда Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли 2002 ба ҳамаи вазорату идораҳо рӯйхати объектҳои моликияти давлатие, ки ягон маротиба ба фурӯш гузошта нашудаанд, мефиристонад. Баъди гирифтани рӯйхат вазорату идораҳо то 30 сентябри соли 2002 баланси корхонаҳои мазкурро, ки аз тарафи мақомоти андоз тасдиқ гардидааст, бояд ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3. Объектҳои моликияти давлатие, ки (корхонаҳо ва амволи комплексӣ) дар музоядаи усули англисӣ фурӯхта нашудаанд, барои фурӯш бо усусли ҳолландӣ танҳо дар ҳамон мавриде гузошта мешаванд, ки агар дар онҳо ба як ва ё якчанд шартҳои зерин мавҷуд бошанд:

- корхона камтар аз 50 нафар коргар дошта бошад;

- корхона солҳои 1999-2001 зараровар ба ҳисоб равад;

- таносуб байни қарзҳо ва сармояи худии корхона аз 50 фоиз зиёд бошад;

- то соли 1990 таҷҳизонида шуда бошад;

- 50 фоизи таҷҳизотҳои корхона 100 фоиз фарсуда шуда бошад.

Дар сурате, ки қисми саҳмияҳои ҳамин гуна корхона аллакай фурӯхта шуда бошад, қарор дар бораи барҳамдиҳӣ дар асоси оинномаи корхона қабул карда мешавад. Дар ҳолате, ки агар соҳиби маҷмӯи саҳмияҳои назоратӣ ба барҳамдиҳии корхона розӣ набошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таклифи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба усули ҳолландӣ ба савдо баровардан қарор қабул мекунад ва ё ба фурӯхтани саҳмияҳо мораторияи муваққатӣ мегузорад.

Таъмини иҷрои чорабиниҳои мазкур барои васеъ ва оммавӣ гардонндани ҷараёни хусусигардонӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, ки аз ҳисоби барҳам хӯрдани монеаҳои маъмурию ҳуқуқӣ ба амал меояд, барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи дохилию хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, шароитҳои созгор ба вуҷуд меорад.