Оинномаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002, № 320

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008с. № 687 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2002 № 320

тасдиқ шудааст

Оинномаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1. Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (минбаъд дар матн Донишгоҳ) бо қарори № 643 Шӯрои Вазирони Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аз 21 марти соли 1947 таъсис ёфтааст.

Оинномаи Донишгоҳ бо қарори маҷлиси умумӣ (конфронс) 9 апрели соли 2001, № 8 қабул шудааст.

2. Донишгоҳ муассисаи давлатии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон" таҳти рақами 669 аз 15 феврали соли 1997 ба мақоми мактаби олии худмухтор ва худидораи давлатӣ соҳиб шудааст.

3. Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисобҳои ҷорӣ, асъорӣ ва дигар суратҳисобҳо дар муассисаҳои бонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, сабти номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, бланка ва мӯҳр мебошад.

4. Муассиси Донишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5. Худмухтории Донишгоҳ дар фаъолиятҳои зерин инъикос меёбад:

-мувофиқи оинномаи мазкур ҳуқуқи қабул намудани қарорҳо ва иҷрои онҳоро дорад, ки ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд;

-сохтори худро дар мувофиқа бо Муассис мустақилона муайян менамояд;

-раванди таълим, илм, молия, хоҷагидорӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро мутобиқи қонунгузории мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;

-дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ, Академияи илмҳо, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо басташуда фаъолиятҳои бисёрсоҳаро ба монанди: тайёр намудани мутахассисон, дарсдиҳӣ ба донишҷӯён ва аспирантон, табодули мутахассисон, пешбурди корҳои илмӣ, фаъолияти фарҳангӣ, ташкили конфронсу симпозиумҳо ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолиро ба роҳ мемонад;

- вобаста ба ҳаҷм ва намуди корҳои ба субутрасонанда, штати кормандон, миқдори ҳамаи категорияҳои кормандон, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро, аз он ҷумла ҳайати омӯзгорон ва кормандони илмӣ, вазифаҳои деканҳо ва мудирони кафедраҳо, сардорони шӯъбаҳои гуногуни таълимӣ ва илмӣ (марказҳо, шӯъбаҳо, лабораторияҳо) ва инчунин ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳро муайян менамояд;

- самтҳо ва тартиби истифодабарии маблағҳои аз ҳисоби буҷет ва дигар манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ба суратҳисоб воридшударо бо назардошти ҳиссаи ба музди меҳнат сарфшаванда муайян менамояд ва мавриди истифода қарор медиҳад;

- намуд ва андозаи маоши кормандонро берун аз ҳисоби маоши буҷетӣ муайян ва таъмин менамояд;

- муассиси нашриёти Донишгоҳ, маҷаллаи "Ахбори Донишгоҳ", нашрияи "Паёми Донишгоҳ" мебошад ва дар мувофиқа бо қонунгузории ҷорӣ ва Оинномаи мазкур Донишгоҳ метавонад муассиси дигар воситаҳои ахбор бошад.

6. Донишгоҳ мақоми шахси ҳуқуқӣ дорад ва фаъолията он асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ таъмин карда мешавад. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон" таҳти рақами 457 аз 21 октябри соли 1997 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли хониши 1998-1999 сар карда, ҷудо кардани маблағро аз буҷети ҷумҳурӣ барои таъминоти Донишгоҳ, бояд аз рӯи меъёрҳои баланд пешбинӣ намуда, хароҷоти онро дар сатри алоҳида нишон диҳад.

Донишгоҳ барои амалӣ сохтани барномаи маълумоти олии касбӣ, тараққиёти илму техника ва фарҳанг аз қобилияти ҳуқуқдории худ истифода мебарад.

Донишгоҳ танҳо барои ба даст овардани ҳадафҳои зикршуда фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монда метавонад. Фаъолияти соҳибкории Донишгоҳ дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

7. Донишгоҳ барои пешбурди фаъолияти байналмилалии гуманитарӣ ва иқтисодии берунӣ ҳуқуқ дорад, ки филиалҳо ва намояндагиҳояшро дар мамлакатҳои хориҷӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушояд.

8. Донишгоҳ фаъолияташро мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии маълумоти олию касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари ҳуқуқӣ ва ҳамин Оиннома амалӣ месозад.

9. Донишгоҳ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблағҳои пулии дар ихтиёраш буда масъул мебошад. Дар мавриди камбудии маблағҳои Донишгоҳ аз рӯи ӯҳдадориҳои он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъсулияти субсидиарӣ мебарад.

10. Суроғаи ҳуқуқии Донишгоҳ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 17. Телефон: (992-372) 217711, Факс: (992-372) 214884; Е-mail: tgnu@mail.ru; tgnu@tojikiston.com.

ҲАДАФҲО, ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ВА ПРИНСИПҲОИ КОРИ ДОНИШГОҲ

11. Ҳадафи асосии Донишгоҳ ташкили ҷараёни таълими донишҷӯён, таъмини тайёрии касбии онҳо, тараққиёти илм, техника, фарҳанг ва маориф бо мақсади афзун гардондани неруи зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

12. Вазифаҳои асосии Донишгоҳ инҳоянд:

- тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои илм, техника, фарҳанг, маориф ва иқтисодиёт;

- анҷом додани тадқиқоти бунёдии илмӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ;

- таълиф, таҳия ва нашри асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълим, барномаҳои таълимӣ;

- омода намудани кадрҳои илмию омӯзгорӣ (номзадҳо ва докторҳои илм);

- ташкили такмили маҳорати мутахассисон ва бозомӯзии кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ;

13. Донишгоҳ зимни фаъолияташ дар асоси принсипҳои зерин амал мекунад:

- истифодаи самарабахши нерӯи зеҳнӣ бо мақсади афзун гардонидани саҳми Донишгоҳ дар тайёр намудани кормандони илмӣ, илмию омӯзгорӣ ва мутахассисони дигар барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ;

- демократикунонии ташкилу идораи ҷараёни таълим, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ташкилӣ;

- таъмини равобити мӯътадили таълим ва тадқиқоти илмӣ;

- таъмини иҷро ва риояи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, маориф ва фаъолияти хоҷагӣ.

14. Дар Донишгоҳ мувофиқи барномаҳои таълимии маърифатӣ дониш омӯхта мешавад, ки аз рӯи нақшаҳои таълимӣ тартиб дода, ба даст овардани маълумоти олӣ, инчунин тадқиқоти илмиро (барои гирифтани унвони илмӣ) таъмин менамояд. Гирифтани ихтисоси касбӣ ва унвони илмӣ ҳадафи аз тарафи давлат эътирофшудаи таълим ва тадқиқоти илмӣ дар Донишгоҳ мебошад.

ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ДОНИШГОҲ

15. Донишгоҳ дар ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти таълимиаш мувофиқи банди 6 ҳамин Оиннома ва қонунгузориҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои қобилияти ҳуқуқдории худ мебошад.

16. Донишгоҳ дар риштаи таълим ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳуқуқ дорад:

- бо назардошти талаботи тайёр кардани мутахассисони соҳаи муайян дар доираи стандартҳои давлатии маориф нақшаҳо, барномаҳои умумӣ ва кории таълимӣ тартиб дода, ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд;

- роҳҳои такмили минбаъдаи ҷараёни таълим, корҳои илмию методӣ ва тадқиқотиро муайян созад;

- нақшаҳои қабули донишҷӯёнро ба шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона, номгӯи самтҳо ва ихтисосҳои омӯхташавандаро барои тайёр кардани мутахассисон муайян карда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ пешниҳод намояд;

- мутахассисонро тайёр намояд;

- адабиёти илмӣ ва таълимию методӣ нашр кунад;

- семинарҳо, конфронсҳо, анҷуманҳо ва симпозиумҳои илмӣ ва илмию методӣ ташкил дода, дар онҳо ширкат варзад;

- бо мактабҳои дигари олӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои илмӣ ва илмию техникӣ ва воҳидҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ равобити ҳамкорӣ муқаррар намояд;

- дархост дар бораи ба устодони Донишгоҳ додаии унвони илмии профессор ва дотсент ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод кунад.

17. Донишгоҳ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ дорад:

- дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва дар мувофиқа бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, сохтор, воҳидҳои корӣ ва шумораи омӯзгорон, олимон, кормандони дигари Донишгоҳро муайян кунад;

- аз низоми шартномавӣ (қарордодӣ)-и ба кор ҷалб намудани омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ, аз ҷумла олимон ва мутахассисони хориҷӣ истифода барад;

- мутахассисони соҳаҳои илму техника, фарҳанг ва маориф, инчунин мутахассисони пешқадами соҳаҳои дигари хоҷагии халқро бо музди кори соатбай ва ҳамзамон бо кори асосиашон ба кори омӯзгорӣ ҷалб намояд;

- ба омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ барои офаридани техника ва технологияи нав, таълиф ва нашри асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълим, инчунин барои натиҷаҳои дигари муҳими фаъолияти меҳнатиашон мукофот диҳад ва онҳоро ҳавасманд созад.

18. Донишгоҳ, дар соҳаи фаъолияти хоҷагӣ чунин ҳуқуқҳо дорад:

- корҳои таъмири бунёдӣ ва таҷдиди фондҳои асосии Донишгоҳро дар асоси озмун (тендер), инчунин бо усули хоҷагидорӣ вобаста ба ҳаҷми кор, нақшаи сохтмони умумӣ ва ҳуҷҷатҳои сметавию молиявӣ амалӣ намояд;

- бо муассисаҳои лоиҳакашӣ барои тартибу таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ қарордод имзо карда, онҳоро мувофиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ намояд;

19. Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 6 ҳамин Оиннома ҳуқуқ дорад, ки барои иҷро кардани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ шартномаҳо имзо карда, ба аҳолӣ хизматҳои гуногуни пулакӣ расонад.

20. Донишгоҳ оид ба фаъолияти худ ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд.

ДОНИШҶӯЁНИ ДОНИШГОҲ, ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

21. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо фармони ректори Донишгоҳ аз рӯи қоидаҳои қабули аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда ба Донишгоҳ шомил гаштааст, донишҷӯи Донишгоҳ мебошад.

22. Ташкил кардани ҳайати донишҷӯёни Донишгоҳ бо усули озмун аз рӯи фармоишоти давлатӣ дар бобати тайёр кардани мутахассисон ва бо роҳи имзои қарордод бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба амал меояд. Дарёфти маълумоти олии дуюм пулакӣ мебошад.

23. Донишҷӯи Донишгоҳ ҳуқуқ дорад ба:

- таҳсил дар доираи стандартҳои давлатии таълимӣ ва истифода аз хизматҳои иловагии марбут ба таҳсил, аз ҷумла хизматҳои пулакӣ;

- иштирок дар тадқиқоти илмӣ, конфронсҳо, семинарҳо ва нашри асарҳои илмии худ;

- интихоби ихтисос дар кафедраҳо ва шӯъбаҳои муайян;

- таъмини шароити зарурии таҳсил;

- ширкат дар муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти Донишгоҳ ва ҳаёти донишҷӯён, аз ҷумла тавассути мақомоти идораи Донишгоҳ, маҷлиси гурӯҳҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ;

- ҳамзамон бо таҳсил дар вақти фароғат кор кардан;

- зиндаги дар хобгоҳи Донишгоҳ;

- табобат дар муоинагоҳи тиббии Донишгоҳ;

- мавқуф гузоштани хизмати ҳарбӣ;

- ҳавасмандии маънавӣ ва моддӣ барои муваффақиятҳои таҳсил ва иштироки фаъолона дар тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолияти эҷодӣ.

24. Донишҷӯ ӯҳдадор аст:

-донишҳои назарӣ, малакаи кори амалӣ ва ҷараёни кори таҳқиқоти илмиро аз рӯи ихтисоси интихобкардааш аз худ кунад;

-талаботи ҳамин Оиннома ва "Қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ"-и Донишгоҳро риоя намояд.

Дар мавриди иҷро накардани ӯҳдадориҳояшон нисбати донишҷӯён чораҳои маъмурию интизомӣ то дараҷаи хориҷ кардан аз Донишгоҳ қабул шуда метавонад.

25. Донишҷӯ дар мавридҳои зерин аз Донишгоҳ хориҷ карда мешавад:

-бо хоҳиши худи ӯ;

-бо сабабҳои гузаштан ба мактабҳои дигар;

-дар ҳолати ақибмонии академӣ;

-барои мунтазам вайрон кардани интизоми таълим, талаботҳои ҳамин Оиннома ва "Қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ"-и Донишгоҳ.

Тартиби хориҷ кардан, барқарор намудан ва гузаронидани донишҷӯи Донишгоҳ бо Низомномаи дахлдор ва ҳамин Оиннома муайян карда мешавад.

26. Ба донишҷӯ аз рӯи вазъи саломатиаш (дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ), ба тариқи истисно, барои вазъи ногувори оилавӣ, душвориҳои иқтисодӣ дар асоси ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари дахлдор рухсатии дарозмуддати академӣ дода мешавад.

27. Бо кор таъмин намудани донишҷӯён ва ҳифзи иҷтимоии онҳо мувофиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари меъёрию ҳуқуқии марбут ба меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.

ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОН ВА ОМӯЗГОРОН, КОРМАНДОНИ ИЛМӢ ВА ДИГАР КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

28. Дар Донишгоҳ вазифаҳои ҳайати профессорон ва омӯзгорон , мудири кафедра, профессор, профессори мушовир, дотсент, муаллими калон, ёвар, муаллим ва коромӯз пешбинӣ карда мешавад; вазифаҳои кормандони илмӣ-корманди калони илм, корманди хурди илмӣ, муҳаққиқи коромӯз ва кормандони дигари идорӣ, муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, фаръӣ ва ғайра мувофиқи вазифаҳои кории Донишгоҳ муқаррар карда мешаванд.

29. Мудирони кафедраҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва олимон дар асоси озмун ва усули қарордод ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол интихоб карда мешаванд. Тартиби гузаронидани озмун ва имзои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯи Низомномаи махсус ва ҳамин Оиннома муайян карда мешавад.

30. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва олимони Донишгоҳ чунин ҳуқуқҳо доранд:

-дар муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти Донишгоҳ иштирок кунанд;

-барои такмили ҷараёни ташкили таълим ва нақшаҳою барномаҳои таълимӣ таклифҳо пешниҳод намоянд;

-ба тадқиқотҳои илмӣ машғул шуда, натиҷаҳои онро дар амал татбиқ намоянд;

ҷумҳуриявию байналхалқӣ ва симпозиуму семинарҳо иштирок намоянд;

-барои фаъолияти касбии худ шароити зарурӣ дошта бошанд.

31. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва олимони Донишгоҳ ӯҳдадоранд:

-самаранокии раванди таълим, корҳои методӣ ва илмии-тадқиқотиро таъмин намоянд;

-ба донишҷӯён бо маҳорати олии касбӣ таълим диҳанд;

-меъёрҳои ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд;

-ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шаванд;

-дараҷаи касбии худро мунтазам баланд бардоранд.

Профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояшон ҷавобгаранд. Тартиби муқаррар намудани ҷавобгарӣ дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ"-и Донишгоҳ муайян карда мешаванд.

32. Аспирантҳои Донишгоҳ дорои он ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳое мебошанд, ки санадҳои ҳуқуқии мактаби олӣ муқаррар намудааст.

33. Тартиби қабул ва таҳсили аспирантҳо ва докторантҳо дар Низомномаи махсуси Донишгоҳ муайян карда мешавад.

34. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳайати кормандони ёрирасони таълимӣ ва гурӯҳҳои дигари кормандони Донишгоҳ дар "Қоидаҳои дохилии тартиботи меҳнатӣ"-и Донишгоҳ ва Дастурамали хизматӣ муайян карда мешавад.

35. Масъалаҳои марбут ба меҳнат, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва касбӣ дар Донишгоҳ, инчунин дар доираи шартномаҳои дастҷамъӣ танзим карда мешавад, ки тартиби имзо ва иҷрои онҳоро қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

ҚАБУЛИ ДОНИШҶӯЁН, ТАШКИЛИ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ ВА ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ

36. Тайёр намудани мутахассисон дар Донишгоҳ бо усулҳои зерин сурат мегирад:

-аз истеҳсолот ҷудо - дар шӯъбаҳои рӯзона;

-аз истеҳсолот ҷудо нашуда -, дар шӯъбаҳои ғоибона ва шабона.

37. Фаъолияти таълимӣ дар асоси стандартҳои давлатии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи нақшаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои олимони Донишгоҳ амалӣ карда мешавад.

Донишгоҳ мутахассисонро дар заминаи ҳамгироии маълумот, илм ва истеҳсолот бо истифодаи маҷмӯи методҳои самарабахши таҳсил ва технологияи нави информационӣ тайёр менамояд.

Донишгоҳ барои ташаккул ва такмили фаъолияти фардии эҷодӣ, истеъдоди зеҳнӣ ва малакаи кори амалии донишҷӯён шароит муҳайё месозад.

Дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён дар заминаи низоми дар Донишгоҳ қабулшудаи баҳогузорӣ муайян карда мешавад.

Гирифтани маълумоти олӣ бо супоридани имтиҳоноти давлатӣ ва ҳимояи рисолаи дипломӣ анҷом меёбад. Ба шахсоне, ки маълумоти олӣ гирифтаанд, ҳуқуқ дода мешавад, ки ба аспирантура дохил шаванд. Тартиби қабул ба аспирантураро Донишгоҳ муайян менамояд.

Забони таҳсил дар Донишгоҳ мувофиқи моддаи 2 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забон" ва асноди дигари меъёрию ҳуқуқии ҷумҳурӣ муайян карда мешавад. Тартиби машғулиятҳои донишҷӯёнро "Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ"-и Донишгоҳ муайян менамояд.

Ба хатмкунандагони Донишгоҳ дипломи маълумоти олии намунаи давлатӣ дода мешавад.

38. Донишгоҳ, фаъолияти илмию методӣ ва таълимию методиро амалӣ месозад, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

-омӯзиши проблемаҳои мактаби олӣ;

-муайян кардани асосҳои консептуалии маълумоти донишгоҳӣ;

-татбиқ кардани натиҷаҳои тадқиқот, кашфиёти илмӣ ва тавсияҳои илмӣ дар ҷараёни таълим;

-таълифи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва нашри онҳо;

-ташкили бонки маълумот доир ба адабиёти дарсӣ ва таълимию методӣ бо мақсади танзими нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва коркардҳои методӣ;

-ҳамкорӣ бо марказҳои методии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷӣ;

-гузаронидани конференсияҳои илмию методӣ, семинарҳо ва симпозиумҳо.

ТАДҚИҚОТИ ИЛМӢ ВА ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲОИ ИЛМИЮ ОМӯЗГОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

39. Донишгоҳ мувофиқи барномаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва нақшаи мавзӯъҳои тасдиқнамудаи Шӯрои илмӣ тадқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалиро ба роҳ монда, истифодаи оқилона ва самараноки нерӯи илмии дар ихтиёрашбударо таъмин менамояд. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Донишгоҳ дар ҳамгироӣ бо ҷараёни таълим бо ҷалб намудани донишҷӯён ба тадқиқоти илмӣ сурат мегирад.

Навъҳои асосии тадқиқоти илмӣ инҳоянд:

- тадқиқи проблемаҳои бунёдӣ ва амалии илмӣ,

- анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

- таълифи рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва нашри рӯзномаю маҷаллаҳо;

- дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ҷорӣ кардани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои илм, техника, фарҳанг ва маълумот.

Тадқиқоти илмие, ки дар Донишгоҳ гузаронида мешавад, асосан аз ҳисоби буҷети давлат ва маблағи аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ба дастомада (яъне маблағҳое, ки Донишгоҳ дар натиҷаи расондани хизматҳои пулакӣ ба даст овардааст, қарзи бонкҳо ба Донишгоҳ, кӯмакҳои молиявии башардӯстона ва ғайра) таъмин карда мешавад.

40. Донишгоҳ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани кадрҳои зарурӣ, заминаи моддӣ ва маблағи кифоя метавонад донишкадаи такмили ихтисос, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои илмӣ, литсейҳо, гимназияҳо, клиникаҳо ва дигар воҳидҳои таркибӣ таъсис диҳад.

41. Дар Донишгоҳ мувофиқи тартиби муқарраршуда кадрҳои илмию омӯзгорӣ тайёр карда, маҳорати касбии онҳо бо роҳи таҳсил дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантура ва докторантура ба мӯҳлати то ду сол ба вазифаи кормандони калони илмӣ гузаронидани номзадҳои илм, дотсентҳо барои анҷом додани рисолаҳои докторӣ, ба курсҳои такмили ихтисоси назди мактабҳои олӣ ва марказҳои такмили ихтисос фиристонидани омӯзгорон кормандони илмӣ, коромӯзӣ дар муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабҳои дигари олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, инчунин дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва марказҳои илмии мамалакатҳои дигар, додани рухсатиҳои эҷодӣ бо нигоҳ доштани маош ба мӯҳлати то як сол барои анҷом додани рисолаҳои докторӣ, асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ амалӣ карда мешавад.

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ГУМАНИТАРӢ ВА ИҚТИСОДИИ БЕРУНИИ ДОНИШГОҲ

42. Донишгоҳ дар равандҳои байналмилалии гуманитарӣ ва иқтисодӣ фаъолона иштирок менамояд. Шаклҳои асосии иштироки он инҳоянд:

- равобити мустақим бо муассисаҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, бунёдҳои хайрия ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ;

- ба мамлакатҳои ҳамдигар фиристонидани донишҷӯён, аспирантҳо, олимону омӯзгорон ва кормандони дигар;

- ташкили таълим, коромӯзӣ, аспирантура ва докторантура аз ҳисоби кормандони илмӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ;

43. Донишгоҳ дар барномаҳои байналмилалии гуманитарӣ ва иқтисодӣ, ки хароҷоти моддӣ ва нерӯи ақлӣ талаб менамоянд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.

44. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд, дар асоси имзои қарордод дар Донишгоҳ маълумоти олӣ гирифта, ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ машғул шаванд.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Донишгоҳ қабул шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми ҳуқуқҳои донишҷӯён истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои онҳоро иҷро мекунанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи ҷумҳурӣ тартиботи дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

Аз ҳуқуқу озодиҳо истифода бурдани шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд ба манфиатҳои ҷумҳурӣ, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зиён расонад.

ТАРТИБИ ИДОРАИ ДОНИШГОҲ

45. Донишгоҳ ба воситаи силсилаи мақомоти он идора карда мешавад. Ба ҳайати мақомоти идораи Донишгоҳ ректор, Шӯрои олимон, Комиссияи тафтишот, воҳидҳои таркибии Донишгоҳ (факултетҳо ва китобхонаи илмӣ), воҳидҳои асосӣ ва қисматҳои маъмурию хоҷагӣ дохил мешаванд.

46. Ба мақомоти идораи Донишгоҳ ректори он роҳбарӣ мекунад.

Ректори Донишгоҳро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти мавҷуда ба вазифа таъин ва аз он озод менамояд.

Ректори Донишгоҳ ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳ масъулияти комил дорад.

47. Салоҳиятҳои ректори Донишгоҳ чунинанд:

- ба Шӯрои олимони Донишгоҳ дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Оиннома, инчунин аз нав таҳрир кардани он таклифҳо пешниҳод мекунад;

- аз номи Донишгоҳ амал карда, бе ваколатнома манфиатҳои онро дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, бонкҳо ва дар назди ашхоси алоҳида ҳимоя менамояд;

- моликият ва маблағҳои пулии донишгоҳро ихтиёрдорӣ мекунад;

- шартномаҳо имзо карда, ваколатнома медиҳад ва дар бонкҳо суратҳисобҳои Донишгоҳро мекушояд;

- кормандони Донишгоҳро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

- фармонҳо ва амрҳо имзо мекунад, ки барои тамоми кормандони Донишгоҳ ҳатмӣ мебошанд;

- дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории мавҷудбуда сохтор ва воҳидҳои кории Донишгоҳро тасдиқ менамояд;

- қоида ва низомномаҳои сохторҳои таркибии Донишгоҳро тасдиқ менамояд;

- муовинонашро аз ҷумлаи номзадҳои тавсиядодаи Шӯрои олимони Донишгоҳ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз кор озод менамояд;

- сармуҳосиби Донишгоҳро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз кор озод менамояд;

- декани факултет (аз ҷумлаи номзадҳои тавсиядодаи Шӯрои олимони факултет), директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва роҳбарони муассисаҳои маъмурию хоҷагиро ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- мақоми иҷроияи Дастгоҳи марказии идораро (ҳайати раёсатро) ташкил дода, ба он роҳбарӣ мекунад;

- шӯрои олимони Донишгоҳро ташкил намуда, ба он роҳбарӣ мекунад;

- ба Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳ дархост пешниҳод менамояд;

- қабул, хатм, хориҷ, барқарор ва интиқол намудани донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳоро идора мекунад;

- ваколатҳои дигарро мувофиқи қонунгузориҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамии Оиннома иҷро менамояд;

- ҳисоботи солонаи Донишгоҳро ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- бо мақсади назорат аз болои фаъолияти молиявию хоҷагии Донишгоҳ Комиссияи тафтишотӣ таъсис медиҳад;

- раиси Комиссияи тафтишот ва ду узви онро тибқи пешниҳоди Шӯрои олимон аз ҷумлаи кормандони илмӣ ва омӯзгории Донишгоҳ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол таъин намуда, низомномаро "Дар бораи мақоми ҳуқуқии Комиссияи тафтишот" тасдиқ мекунад.

48. Муовинони ректор ба соҳаҳои дахлдори фаъолияти Донишгоҳ бевосита роҳбарӣ мекунанд.

Муовини ректор доир ба корҳои таълимӣ мақоми муовини аввали ректори Донишгоҳро дорад.

49. Дар мавриди набудани ректори Донишгоҳ вазифаҳои онро муваққатан муовини аввали ректор ва дар мавриди набудани он яке аз муовинони ректор иҷро менамояд.

50. Барои муҳокимаи масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмӣ ва молиявию хоҷагии Донишгоҳ дар ҳузури ректор ва таҳти роҳбарии ӯ Шӯрои олимон таъсис дода мешавад.

Шӯрои олимони Донишгоҳ дар ҳайати ректори Донишгоҳ (раис), муовинон, сармуҳосиб, деканҳои факултетҳо ва директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва кормандони дигари илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад. 50 фоизи шумораи умумии аъзои Шӯрои олимонро бевосита ректори Донишгоҳ таъин менамояд. 50 фоизи боқимондаи аъзои онро шӯроҳои олимони факултетҳо пешбарӣ менамоянд. Ректори Донишгоҳ ҳайати умумии Шӯрои олимони Донишгоҳро ба мӯҳлати 3 (се) сол тасдиқ мекунад.

51. Ташкили бевоситаи фаъолияти Шӯрои олимони Донишгоҳ ба зиммаи котиби он гузошта мешавад. Ректори Донишгоҳ котиби Шӯрои олимонро аз ҷумлаи аъзои Шӯрои олимон ба мӯҳлати 3 (се) сол таъин ва аз вазифа озод менамояд.

52. Шӯрои олимони Донишгоҳ мувофиқи Низомномаи фаъолияти он ва ҳамин Оиннома қарорҳо қабул менамояд. Қарорҳои Шӯрои олимон баъд аз имзо шуданашон эътибор пайдо мекунанд.

53. Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳрири нави Оинномаи Донишгоҳро муҳокима ва қабул карда, ба он тағйироту иловаҳо ворид менамояд.

Қарори ворид сохтани тағйироту иловаҳоро ба Оиннома, инчунин муҳокимаи таҳрири нави онро Шӯрои олимон тибқи пешниҳоди ректори Донишгоҳ ё аз се як қисми теъдоди умӯмии аъзои Шӯрои олимон қабул менамояд.

54. Қарор дар бораи қабули матни нави Оинномаи Донишгоҳ, инчунин ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он бо аксарияти овозҳои аъзоёни Шӯрои олимон, ки дар маҷлис иштирок доранд, қабул карда мешавад.

55. Матни нави Оинномаи Донишгоҳ ё тағйироту иловаҳои ба он воридгардида аз рӯзи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи тартиби муқарраргардида аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад.

56. Факултетҳо ва китобхонаи илмӣ воҳидҳои таркибии Донишгоҳ мебошанд.

57. Факултет аз рӯи як ё якчанд ихтисоси ба ҳамдигар қаробатдошта мутахассисон ва аспирантонро тайёр мекунад.

Ба фаъолияти факултет декан роҳбарӣ мекунад.

Декани факултетҳоро ректори Донишгоҳ аз ҷумлаи номзадҳои тавсиядодаи Шӯрои олимони факултет ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол таъин ва озод менамояд. Низомномаи дахлдор ва ҳамин Оиннома мақоми ҳуқуқии факултет ва Шӯрои олимони онро муайян мекунад.

58. Китобхонаи илмии Донишгоҳ захираи бои китоб, адабиёти илмию техникӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ дошта, ба таълими донишҷӯён ва тайёр намудани кормандони илмӣ мусоидат менамояд. Ба фаъолияти китобхона директор роҳбарӣ мекунад. Директори китобхонаро ректори Донишгоҳ ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол таъин карда, аз вазифа озод менамояд. Мақоми ҳуқуқии китобхонаро Низомномаи алоҳида ва ҳамин Оиннома муайян месозанд.

59. Ташкил, мақоми ҳуқуқӣ ва фаъолияти донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳо, литсейҳо, гимназияҳо, клиникаҳо ва муассисаҳои дигари таркиби Донишгоҳро Низомномаи алоҳида ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд.

60. Воҳидҳои асосии Донишгоҳ ба кори таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ машғул мешаванд. Кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва шӯъбаҳои таълимӣ бо Қарори Шӯрои олимон ташкил карда, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.

Кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва шӯъбаҳои таълимӣ дар асоси Низомнома ва ҳамин Оиннома фаъолият мекунанд.

Ишғоли вазифаҳои мудири кафедраҳо (умумидонишгоҳӣ ва факултетӣ), аз рӯи озмун ба мӯҳлати 5 (панҷ) сол тибқи пешниҳоди декани факултет ё муовини ректор оид ба таълим сурат мегирад.

61. Қисматҳои маъмурию хоҷагии Донишгоҳ барои расонидани кӯмаки иловагии техникӣ ва иқтисодӣ ба дастгоҳи марказии идора, воҳидҳои таркибӣ ва асосии Донишгоҳ таъин мешаванд.

Қисматҳои маъмурию хоҷагӣ ва воҳидҳои таркибию асосии Донишгоҳ дар ҳудуди ваколатҳои ба онҳо додаи ректори Донишгоҳ субъектҳои ҳуқуқи идоракунии дохилихоҷагии амволи давлатӣ мебошанд.

62. Ба фаъолияти қисматҳои маъмурию хоҷагии Донишгоҳ сардори он роҳбарӣ мекунад, ки аз иҷрои вазифаҳои дигар озод мебошад.

Мақоми ҳуқуқии қисматҳои маъмурию хоҷагӣ бо Низомномаи дахлдор ва ҳамин Оиннома муайян карда мешавад.

63. Воҳидҳои таркибӣ ва муассисаҳои дигари таркиби Донишгоҳ ҳуқуқи кушодани суратҳисобҳои худиро надоранд.

ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИЮ МОЛИЯВИИ ДОНИШГОҲ

64. Бо мақсади таъмини фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва дигар амалиёти Донишгоҳ, ки тибқи қонунгузорӣ ва Оинномаи мазкур пешниҳод шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти заруриро (замин, биноҳо, иншоот, маҷмӯи моликият ва дигар амволи ғайриманқул, ҳамчунин таҷҳизот ва дигар ашёҳои зарури мавриди ниёзи иҷтимоӣ ва маданӣ) ба Донишгоҳ вогузор менамояд.

Амволи марбути Донишгоҳ моликияти ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад ва ба Донишгоҳ дар айни замон барои идораи оперативӣ дода мешавад. Замин, аз ҷумла манотиқе, ки амволи ғайриманқули Донишгоҳ ҷойгир аст, ба Донишгоҳ барои истифодаи бемӯҳлати ройгон супорида мешавад.

65. Манбаи ташкили моликияти Донишгоҳ ба таври зайл аст:

- моликияти ҷумҳурӣ, ки бемӯҳлат бо мақсади идораи оперативӣ ба Донишгоҳ дода шудааст;

- маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои фаъолияти молиявии Донишгоҳ муқаррар шудааст;

- даромад аз истифодаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хоҷагӣ ва ғ., ки мувофиқи қонунҳои амалкунанда ва Оинномаи мазкур ба даст омадааст;

- маблағҳое, ки аз ҳисоби хайрияҳо, кӯмакҳои башардӯстона, пардохтҳои мақсаднок, подошҳо ва хайрияҳои ихтиёрии шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, хориҷӣ, ҳамчунин, маблағҳое, ки мувофиқи васияти шаҳрвандон эҳдо шудааст;

- маблағҳое, ки дар натиҷаи ташкили фаъолияти дар банди 6 ва 9 Оинномаи мазкур зикршуда ба суратҳисоби Донишгоҳ ворид мешаванд;

- қарзҳои бонкӣ ва ғайра;

- манбаъҳои дигари қонунӣ.

Донишгоҳ тартиби истифодаи моликияти хеш аз ҷумла маблағҳоеро, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ихтиёр дорад, тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона таъин ва истифода мекунад.

66. Тибқи низоме, ки дар банди 6 ва 9 Оинномаи мазкур пешниҳод шудааст, Донишгоҳ мутобиқи қонун ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ дорад. Даромаде, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ба даст меояд, ба ихтиёри мустақими Донишгоҳ вогузор мегардад. Моликияте, ки аз даромади фавқ ба даст меояд, мутааллиқ ба Донишгоҳ аст ва дар истифодаи он соҳибихтиёр аст.

Амволе, ки Донишгоҳ соҳибихтиёрона истифода мебарад, метавонад ба сифати сармояи мабдавии ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, фондҳои оинномавии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки Донишгоҳ ҳуқуқ дорад муассис ва иштирокчии онҳо бошад, ҳамчунин ба сифати маблағҳои бонкӣ ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда; барои ба даст овардани қоғазҳои арзишнок ва гирифтани фоида аз он истифода шавад.

67. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад моликияти мавҷударо барои фаъолиятҳои хоҷагидорӣ ва дигар аъмоли муфид, ҳамчунин, ба иҷора супоридан (бидуни фурӯш) ва ташкили шахсони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд. Даромаде, ки Донишгоҳ дар натиҷаи фаъолияти мазкур ба даст меорад, ба меъёрҳо ва мизони маблағгузории буҷетии давлатии он таъсир намекунад. Моликияти Донишгоҳ хусусӣ гардонида намешавад.

68. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, бидуни нуқсон ба фаъолияти асосии таълимию илмии хеш фаъолияти даромадовар ташкил намояд, аз он ҷумла фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар шакли таълими пулакӣ, ҳамчунин маълумоти олии пулакӣ, гузаронидани машваратҳои илмӣ-техникии ҷуброншаванда, инчунин аз тариқи қонунӣ ба иҷора додани қисмате аз биноҳо, замин ва дигар амволи мавҷуда (бидуни ҳуқуқи хариду фурӯш) амалӣ созад.

69. Донишгоҳ ҳамчунин ҳуқуқ дорад ба ҷуз нақшаи қабули донишҷӯён, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, донишҷӯёнро ба тариқи шартномавӣ бо пардохти ҳаққи таҳсил ба тариқи инфиродӣ ва аз ашхоси ҳуқуқӣ қабул намояд. Донишгоҳ дар ҳалли аҳди шартномаҳо, таъини ӯҳдадориҳо ва дигар мавридҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ нестанд, соҳибихтиёр аст.

Донишгоҳ дар истифодаи даромад ва амволе, ки дар натиҷаи ин фаъолият ба даст меояд, соҳибихтиёр аст. Даромади мазкур тибқи ҳамин Оиннома ва қонунгузории ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад.

70. Аз даромади холисе, ки пас аз пардохтҳои мавриди назар дар ихтиёри Донишгоҳ боқӣ мемонад, маблағҳои махсус ташкил мешаванд.

Тартиби ташкил ва истифодаи маблағҳои махсус тибқи тартиби муқарраршуда танзим мегарданд.

71. Донишгоҳ ба таври мустақим дар назди мақомоти молия, андоз, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти омор, пардохти андозҳо, маблағҳои иҷтимоӣ ва ҳисоботи оморӣ тибқи қоидаҳои маъмул ҳисобот медиҳад.

72. Замони ҳисобот барои Донишгоҳ соли тақвимӣ - 1 январ то 31 декабр мебошад.

73. Донишгоҳ маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетиро дар идораи Маркази хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.

74. Донишгоҳ коргузорӣ, амалиёти бойгонӣ, оморӣ ва муҳосибавии худро дар асоси муқаррароти таъиншуда амалӣ месозад.

ТАРТИБИ ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ

75. Фаъолияти Донишгоҳ дар мавриди азнавташкилёбӣ ё барҳам хӯрданаш қатъ мегардад.

76. Донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам ё аз нав ташкил дода мешавад.

77. Дар мавриди азнавташкилёбии Донишгоҳ ё барҳам хӯрдани он мувофиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандони аз кор озодшудаи Донишгоҳ кафолат дода мешавад.