Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2002 № 323
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда
1. Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда (минбаъд - Комиссия), мақоми доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст:
ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ;
баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти мамлакат ва тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар вазъияти фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ ба миён омадаанд.
2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Комиссия барои ҳалли масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти Комиссия мебошанд, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ ҳамкорӣ мекунад.
4. Вазифаҳои асосии Комиссия аз инҳо иборатанд:
ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатқои фавқулодда, вобаста ба садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ;
ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) оид ба таҳияи лоиҳаҳои асноди қонунгузорӣ ва дигар асноди меъерию ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он марбут мебошанд, ҳамчунин баррасӣ ва бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намудани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин шароитҳо;
муайян намудани самтҳои асосии такмил ва рушди минбаъдаи системаи ҷумҳуриявии пешгирӣ ва амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда;
ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалхо (ҳукуматҳо), вазорату идораҳо, консерну ширкатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани корҳои доираашон васеи садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазири барқарорсозӣ оид ба таъмини фаъолияти иншооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мавриди ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ва барои наҷотбахши, ҳифзи саломатии одамон, кам кардани ҳисороти моддӣ, ҳаҷми зарари муҳити табиӣ ва инчунин барои маҳдуд сохтани минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда равона гардидаанд;
муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда;
ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудӣ, бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, садама ва фалокат бо истифодаи маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кредитҳо, инвеститсияҳо, инчунин маблағи буҷети ҷумҳуриявии барои ин мақсад ҷудогардида ва дигар манбаҳои маблағгузорӣ корҳоро анҷом медиҳанд;
тақсим ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо менамояд, кӯмакҳои моддию молиявии аз давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳида, аз ҷумла аз шаҳрвандони хориҷӣ воридгардида, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиию экологӣ пешбинӣ шудаанд;
ташкили омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи хориҷӣ дар соҳаи пешгирӣ огоҳонӣ ва рафъи оқибатҳои садама ва фалокатҳои калон, офатҳои табиию экологӣ, инчунин доир ба ин масъалаҳо ҳамоҳанг сохтани ҳамкории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии дар доираи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаю созишномаҳои дахлдор бармеоянд;
таҳияи пешниҳодҳо оид ба:
барқарорсозии муносибатҳои шартномавӣ бо давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои огоҳонии мутақобила, кӯмакрасонӣ дар бобати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда;
тақсими захираҳои молиявӣ ва моддию техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда анҷом додани тадбирҳои таъҷилию таъхирнопазири пешгирӣ ва бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулоддаи ногаҳон ба миёномада, ҷудо менамояд;
5. Комиссия ҳуқуқ дорад:
дар доираи салоҳияти худ барои такмили ҳамкории ҳукуматҳои тамоми сатҳҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёт дар ҳолатҳои фавқулодда, қарорҳои зарурӣ қабул намояд;
бо тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои асноди меъёрию ҳуқуқии масъалаҳои ба салоҳияти Комиссия марбутбударо ворид намояд;
бо Қарори худ тақсими маблағҳои барои баратарф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва номгӯйи иншооти аз офатҳои табиӣ, садамаю фалокат осебдидаро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо менамояд, тасдиқ намояд.
ҳисоботи шахсони мансабдори вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ба салоҳияти Комиссия дахлдорро шунавад; аз вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) маълумоти барои кори Комиссия зарур бударо талаб намояд;
назорати иҷрои барномаҳои мақсадноки ба Комиссия пешниҳодшудаи масъалаҳои пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва устувории фаъолияти иншооти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаро анҷом диҳад;
мутахассисони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба мувофиқаи роҳбарони онҳо) барои иҷрои корҳои таҳлилӣ, экспертӣ ва дигар корҳои ба салоҳияти Комиссия марбутбударо ҷалб намояд;
6. Ҳангоми роҳбарии бевосита ба корҳои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба Раиси Комиссия ҳуқуқ дода мешавад:
барои пешгирӣ ё баратараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда захираҳои зарурии одамон, воситаҳои нақлиётӣ, наҷотдиҳӣ, тиббӣ, қувваю воситаҳои вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбударо, ҷалб намояд;
барои мақсадҳо захираю манбаъҳои моддию техникӣ, тиббӣ, озуқаворӣ ва ғайраро истифода намояд.
7. Ҳайати Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
8. Комиссия фаъолияти худро мутобиқи нақшаи корие, ки дар маҷлиси Комиссия қабул ва аз ҷониби Раиси он тасдиқ шудааст, ба анҷом мерасонад. Маҷлисҳои Комиссия аз рӯи зарурат, на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Қарорҳои Комиссия протокол карда мешаванд.
Иҷрои протоколҳои маҷлисҳои Комиссия, қарору фармоишҳое, ки аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳо дар доираи салоҳиятҳояш қабул шудаанд, барои тамоми вазоратҳо, кумитаҳои давлатию идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо, муассисаҳою ташкилотҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон, ҳатмӣ мебошанд.
Дар давраи байни маҷлисҳои Комиссия, қарорҳои қабулгардида дар шакли фармоиш ва супориш ба маълумоти иҷрокунандагон расонида мешаванд.
9. Таъминоти корҳои ташкилию техникии Комиссияро шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.
Дар ҳолатҳои зарурӣ дастгоҳи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҷалб карда мешавад.
10. Комиссия оид ба масъалаҳои нисбатан муҳим, ки онҳоро Комиссия баррасӣ ва ҳал мекунад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумот медиҳад.
11. Комиссия метавонад оид ба масъалаҳои асосие, ки ба фаъолияти вай марбут мебошанд ва тартиби кори онро муайян мекунанд, гурӯҳи корӣ таъсис диҳад.