Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 3 августи соли 2002, № 323

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 799 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2002 № 323

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 августи соли 2002 № 323

тасдиқ шудааст

Низомномаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда

1. Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда (минбаъд - Комиссия), мақоми доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсадҳои зерин таъсис дода шудааст:

ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, вобаста ба садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ;

баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодиёти мамлакат ва тайёрии тамоми зинаҳои мақомоти идораи ҷумҳуриявӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар вазъияти фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ ба миён омадаанд.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.

3. Комиссия барои ҳалли масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти Комиссия мебошанд, бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоравӣ ҳамкорӣ мекунад.

4. Вазифаҳои асосии Комиссия аз инҳо иборатанд:

ташаккул ва гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатқои фавқулодда, вобаста ба садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ;

ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) оид ба таҳияи лоиҳаҳои асноди қонунгузорӣ ва дигар асноди меъерию ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти он марбут мебошанд, ҳамчунин баррасӣ ва бо тартиби муқарраршуда пешниҳод намудани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 3 августа 2002 гола №323

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 3 августа 2002 гола №323

Положение о Государственной Комиссии Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям

1. Государственная комиссия Правительства Республики Таджикистан по чрезвычайным ситуациям, (далее именуется - Комиссия) является постоянным органом Правительства Республики Таджикистан и создана в целях:

формирования и проведения единой государственной политики в области предупреждения и ликвидации чрезвычайных ситуаций, обусловленных авариями, катастрофами, стихийными и экологическими бедствиями;

повышения устойчивости функционирования объектов экономики страны и готовности органов республиканского управления всех уровней к быстрым и эффективным действиям в случаях возникновения экстремальной обстановки вызванной авариями, катастрофами, стихийными и экологическими бедствиями.

2. Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативно - правовыми актами Республики Таджикистан по вопросам чрезвычайных ситуаций, а также настоящим Положением.

3. Комиссия взаимодействует с органами государственной власти и управление в решении вопросов, входящих в компетенцию Комиссии.

4. Основными задачами комиссии являются;

формирование и проведение единой государственной политики в области предупреждения и ликвидации чрезвычайных ситуаций, обусловленных авариями. катастрофами, стихийными и экологическими бедствиями;

координация деятельности министерств, ведомств, предприятий, органов исполнительной власти на местах (хукуматов) по разработке проектов законодательных актов и других нормативных правовых актов по вопросам, отнесенным к ее компетенции, а также рассмотрение и представление - установленном порядке проектов указанных документов в Правительство Республики Таджикистан;

проведение единой технической политики в области повышения устойчивости функционирования объектов экономики Республики Таджикистан в этих условиях;

...