Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000 № 153 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ"
Бо мақсади таъмини мӯътадили фаъолияти соҳаи энергетикӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2000 № 153 "Дар бораи тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тағйирот ва иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- сархати якуми зербанди "а" банди 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"барои корхонаҳои саноатӣ ва истеъмолкунандагони ба онҳо баробаркардашуда ба андозаи 1,72 дирам, ва барои дигар истеъмолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ва ғайрисаноатӣ (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) ба андозаи 2.97 дирам барои як квт.соат";
- банди 5 бо сархати дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:
"банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 1998 № 97 "Дар хусуси тадбирҳои беҳбуди вазъи молиявӣ ва рушди минбаъдаи комбинати маъдантозакунии Анзоб";
сархати якуми банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1998 № 9-3 "Дар хусуси тадбирҳои истиқрор ва барқарорсозии иқтидори Заводи алюминии тоҷик".
2. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати давлатии саҳомию холдингии "Барқи Тоҷик" дар асоси қарори мазкур ба нархномаи № 09.01-1996 "Тарифҳои қувваи барқ ва гармӣ" тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2000 № 422
ш. Душанбе