Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои танзими истеҳсоли тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.06.2002 с. № 236)
Ба мақсади беҳтар таъмин намудани исмеҳсолот ва пурратар қонеъ намудани талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдори ҷумҳурӣ, раисони вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
дар бобати танзими истеҳсоли тухмии ноҳиябандишуда ва навъҳои ояндадори зироатҳои кишоварзӣ, баҳри бо навъҳои зарурии тухмиҳои баландсифати зироатҳои кишоварзӣ қонеъ намудани талаботи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, тадбирҳои зарурӣ андешад;
олимони муассисаҳои илмию тадқиқотии системаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва кормандони масъули Вазорат ва муассисаҳои тобеи онро ба хоҷагиҳои тухмипарвари мушаххас вобаста намояд;
аз рӯи ҷамъбасти кор ҳар сол, кормандонеро, ки дар истеҳсоли тухмии баландсифат нишондодҳои бехтарии ба даст овардаанд, аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд намоянд.
2 Пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар бораи ба Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Зироат", Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Боғпарвар" ва Иттиҳодияи ҷумҳуриявии "Сортсемовощ" вогузор намудани вазифаҳои таъмини истеҳсол ва фурӯши тухмиҳои репродуксияи баланд (суперэлита, элита ва репродуксияи якум) мутобиқи замимаи 1 маъқул дониста шавад.
3 Муқаррар карда шавад, ки хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзии ба замимаҳои № 2-4 дохилкардашуда хоҷагиҳои тухмипарвари элитӣ ва тухмипарвар мебошанд ва муносибатҳои тарафайни худро бо субектҳои дигари хоҷагидорӣ дар асоси ҳисоби пурраи хоҷагӣ анҷом медиҳанд.
Ҳамоҳангсозии корҳои хоҷагиҳои тухмипарвари элитӣ ва тухмипарвар, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои Иттиҳодияи ҷумҳуриявии "Сортсемовощ" оид ба масъалаҳои истеҳсол ва фурӯши тухмиҳои истеҳсолшудаи зироатҳои кишоварзӣ, бастани шартномаҳо байни истеҳсолкунандагон ва харидорони ин тухмиҳо ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияномаи муайян намудани нархи харид ва фурӯши тухмиҳои киштшавандаи зироатҳои кишоварзиро мутобиқи навъҳои ботаникӣ, репродуксия ва навъҳои тухми ва инчунин тартиби ҳисобу китоб бо истеҳсолкунандагони ин тухмиро таҳия намояд
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо максади дар хоҷагиҳои ба парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ машғулбуда нигоҳ доштани кадрҳои баландихтисос, истифодаи самарабахши донишу малака ва таҷрибаи онҳо, интихоб ва таъин намудани роҳбарони ин хоҷагиҳоро дар асоси озмун анҷом диҳанд.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар назар дошта бошанд, ки
мутобиқи банди 27 "Низомномаи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ", ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 № 522 "Дар бораи ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ" тасдиқ гардидааст дар хоҷагиҳои тухмипарвари элитӣ ислоҳоти сохтор гузаронида намешавад;
мутобиқи моддаи 234 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қитъаҳои замине, ки бевосита барои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ аз ҷониби хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниҳолпарвар истифода бурда мешаванд, аз андози замин озод карда мешаванд.
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва буҷет, мутобиқи ҳисобҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидани тухмии яккачин ва аълосифати зироатҳои кишоварзи берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ маблағ пешбини нмоянд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошавандаро таҳти назорати қатъи қарор диҳад.
8. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1995 № 548 "Дар бораи тадбирҳои инкишофи тухмипарварӣ";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 № 460 "Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани парвариши тухми пахта";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 № 124 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 "Дар бораи тадбирхои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани парвариши тухми пахта"
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 8 июни соли 2000 № 235
ш. Душанбе
* Замимаҳо оварда намешаванд.