Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000, № 516 "Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.10.2005.с. № 381 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият оид ба пешгирии вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан (СПИД) ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ (БСҶ), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ таъсис дода шавад.

2. Ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ, Низомномаи ин Кумита ва Барномаи миллии пешгирӣ ва муборизаи алайҳи вируси норасоии масунияти бадан, аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007 (замима мегарданд) тасдиқ карда шаванд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурусти ҷудошуда маблағгузории барномаи мазкурро анҷом диҳад.

4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиботи муқаррароти асосии барномаи мазкурро таъмин намоянд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 163 "Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ ва муборизаи зидди вируси норасоии иммунитети инсон, СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ (БСҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997 - 1998" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2000 № 516

ш. Душанбе