Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 506 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 маи соли 1997 № 239 тасдиқ шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002с. № 32 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 маи соли 1997 № 239 тасдиқ шудааст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи тартиби литсензиядиҳи барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 маи соли 1997 № 239 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми дуюми фасли 1 баъди калимаҳои,аксбардории геологӣ, калимаҳои "корҳои ҷустуҷӯию таҳқиқотӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ анҷом дода мешаванд" илова карда шавад.

2. Ҷумлаи аввали қисми дуюми банди 3.8 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Дар қитъаи замин масоҳати минтақаи додашаванда бо маҳдудияти умқ ё бе чунин маҳдудият муқаррар мегардад".

3. Банди 5.3. хориҷ карда шавад.

4. Ба банди 5.5. қисми зерин илова карда шавад:

"Қарори муштараки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муайян намудани андозаи боҷҳо ҷиҳати барасмиятдарорӣ ва додани литсензияҳо барои истифодаи қаъри замин, тартиби ситондан ва истифодабарии онҳо бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирии давлатӣ, қайд кардан ва интишори расмӣ фиристода мешавад".

5. Ба банди 6.3. қисми зерин илова карда шавад:

"Литсензия чун қоида танҳо барои истифодаи як кон дода мешавад. Дар ҳолатҳои мустасно имкон дорад як литсензия барои истифодаи гурӯҳи конҳои хурд, ки дар шароитҳои кӯҳию геологии якхела барои коркарди муттаҳидаи маҷмӯавӣ мавҷуд бошанд, дода шавад, ба шарте ки захираҳои умумии балансии ин конҳо аз ҳадди ақали миқёсҳое, ки бояд экспертизаи давлатӣ ва тасдиқи Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, зиёд набошанд".

6. Банди 7.1. дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"7.1. Мӯҳлати амали литсензияҳо дар доираи мӯҳлатҳои лоиҳаҳои дахлдори пешбинигардида бо дарназардошти намудҳои истифодаи қаъри замин муқаррар карда мешаванд ва мувофиқи аризаи истифодакунандагони қаъри замин ҳангоми пешниҳод намудани асосноксозии дахлдори техникию иқтисодии онҳо метавонанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда шаванд."

7. Банди 7.7. дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"7.7. Ҳангоми тамдиди мӯҳлатҳои амали литсензия имкон дорад шартҳои дар аввал муайянгардида ва шартҳои нави ворид шуда бо мувофиқаи тарафҳо тағйир ёбанд."

8. Қисми якуми банди 11.1 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"Корхонаҳо ва ташкилотҳо барои гирифтани литсензияи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вале барои истифодаи қаъри замин ҷиҳати истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) муроҷиат мекунанд ва ба мақомоти иҷроияи литсензиядиҳанда ё ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) дархосте (Замимаи № 4) пешниҳод мекунанд, ки маълумоти зеринро дар бар гирад:".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 29 декабри соли 2000 № 506

ш. Душанбе