ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилери дар бозори коғазҳои қиматнок
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 378)
Мутобиқи моддаҳои 38 ва 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999 № 3 "Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ" ва бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
Тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 29 декабри соли 2000 № 502
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи фаъолияти брокерию-дилерӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999 № 3 "Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ" ва бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Низомномаи замимагардидаи фаъолияти брокерию-дилерӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 29 декабри соли 2000 № 502
ш. Душанбе