ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи дохил намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1997 № 158 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи боҷ барои додани шиноснома" калимаҳои "ба маблағи 5 доллари ШМА" бо калимаҳои "ба маблағи 3 доллари ШМА, иваз карда шаванд.
2. Банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1997 № 158 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи боҷ барои додани шиноснома" дар таҳрири зайл баён карда шавад.
"4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 фоизи даромади аз фурӯши шиносномаҳо воридшударо барои пардохти хароҷоти вобаста ба тайёр ва расонидани онҳо ба ҷумҳурӣ, 8 фоизи онро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории варақаҳои марбут ба корҳои шиноснома ва маводи махсус, 47 фоизашро ба даромади буҷет равона намояд.
3. Дар қисми 3 банди 7 ва қисми 4 банди 13 Низомномаи низоми шиноснома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 302 тасдиқ шудааст, калимаҳои "акси рангаи" бо калимаҳои ,акси сиёҳу сафеди, иваз карда шаванд.
4. Муқаррар карда шавад, ки шиносномаҳои дорои аксҳои рангаи қаблан тибқи Низомномаи низоми шиноснома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 302 тасдиқ гардидааст, ба шаҳрвандон дода шудаанд, боэътибор буда, мувофиқи тартиби муайяншуда иваз карда мешаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 16 октябри соли 1998 № 414
ш. Душанбе