Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 октябри соли 1998 № 412
тасдиқ шудааст
Оинномаи нақлиёти роҳи оҳани ҷумҳурии тоҷикистон
1. Оинномаи мазкур асосҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан, мавқеъ ва нақши онро дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва муносибатҳои онро бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар навъҳои нақлиёт, мусофирон, борфиристандагон ва гирандагони бору бағоҷ ва почта, ки ба системаи умумии роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, танзим менамояд.
2. Амали Оинномаи мазкур ба ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ бори бағоҷ тавассути роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истифодаи умум кушода мебошад, аз ҷумла барои боркашонӣ, борбардорӣ ва борфарорӣ дар роҳҳои оҳан фаръӣ анҷом дода мешаванд, ҳамчунин дар хатҳои роҳи оҳани эътимолшаванда, ки ба роҳҳои оҳани истифодаи умум мепайванданд, татбиқ мегардад.
3. Нақлиёти роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими бунёдӣ буда, вазифадор аст, дар ҳамкории мутақобила бо дигар навъҳои нақлиёт талаботи аҳолиро дар ҳамлу нақл ва хизматрасониҳо, фаъолияти ҳаётан муҳими тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва амнияти миллии ҷумҳурӣ, ташаккули бозори боркашонӣ ва хизматрасонии вобаста ба он, рушди самарабахши фаъолияти соҳибкорӣ дар роҳҳои нақлиёти дохилӣ ва байналхалқӣ таъмин намояд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ танзим ва назорати фаъолияти онро анҷом дода, ба рушди заминаҳои моддию техникӣ ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти он дар доираи эҳтиёҷоти давлатӣ мусоидат менамоянд.
4. Давлат мустақилияти роҳи оҳанро таъмин менамояд. Дахолати мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, молиявӣ ва дигар фаъолияти оперативии нақлиёти роҳи оҳан манъ аст.
5. Қонунгузорӣ дар бораи нақлиёти роҳи оҳан бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт", дигар қонунҳо ва асноди қонунгузорӣ, ки фаъолияти нақлиёти роҳи оҳанро танзим менамоянд, инчунин дигар асноди меъёрие, ки мувофиқи онҳо нашр мешаванд ва ҳамин Оиннома иборат аст.
Муносибатҳои ҳуқуқие, ки бо ҳамин Оиннома танзим нашудаанд, бо асноди дигари қонунӣ ва меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартнома ва созишномаҳои байналхалқӣ танзим карда мешаванд.
6. Асноди меъёрию ҳуқуқӣ, ки рушди нақлиёти роҳи оҳан ва фаъолияти онро муайян менамоянд, дар роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, барои ҳамаи ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд. Тартиби таҳия ва тасдиқи асноди зикргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
7. Агар дар шартномаҳои (созишномаҳои) баимзорасонидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои, ки ба фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан марбутанд, нисбат ба қоидаҳои дар ҳамин Оиннома қоидаҳои дигаре пешбинӣ шуда бошанд, он гоҳ муқаррароти шартномаи (созишномаи) байналхалқӣ истифода бурда мешавад.
8. Сиёсати умумидавлатӣ дар соҳаи боркашонӣ бояд рушди мутаносиби роҳи оҳанро бо дарназардошти рушди минтақавӣ, сохтори нақлиёт, ҳифзи муҳити атроф, истифодаи самарабахши энергия ва амният (бехатарӣ) таъмин намояд. Он хароҷоти бозоргонии иқтисодиро вобаста ба таъсис, хизматрасонӣ ва истифодаи инфраструктура, таҷҳизот ва қатори роҳи оҳан, инчунин хароҷоти иҷтимоиро дар шакли пулию асл, ки хароҷоти он ба зиммаи муштариён ва ашхоси сеюм мебошад, ба инобат мегирад.
9. Сиёсати нақлиётӣ заминаҳои рақобати одилонаро байни навъҳои дигари нақлиёт ва муштариён муқаррар намуда, шароити истифодаи онро танзим ва бо роҳи рушди самарабахши боркашониҳои омехта (боркашонии мултимодалӣ) ба ҳамкории мутақобила мусоидат менамояд.
10. Тавсияи истифодаи нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
11. Барои мақсадҳои асосии ҳамин Оиннома мафҳумҳои зайл истифода бурда мешаванд:
- нақлиёти роҳи оҳан - яке аз навъҳои нақлиёте, ки таҳти моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва тавассути он бо васоити дар хати роҳи оҳан ҳаракаткунанда ҳамлу нақли мусофирон ё бор анҷом дода мешавад;
- роҳи оҳан - шахси ҳуқуқие мебошад, ки бо фароҳамсозии хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан машғул аст, инчунин барои анҷом додани ин кор иҷозатнома ва литсензияи дахлдоре дорад, ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст;
- муассисаҳои хати роҳи оҳан - стансияҳои роҳи оҳан, дирексияҳо оид ба хизматрасонии мусофирон, депоҳои локомотив ва вагонҳо, қитъаҳои вагонҳо, дистансияҳои механиконидашудаи корҳои борбардорию борфарорӣ, дистансияҳои роҳ, сигнализатсия ва алоқа, таъмини барқ, иншооти мулки, стансияҳои шустушӯ ва буғии мошинии хати сайр, дигар корхонаҳое, ки ба ташкил ва таъмини ҷараёни ҳамлу нақл алоқаманд;
- хати иншоот - заминҳои нақлиёти роҳи оҳан, ки дар онҳо хати роҳи оҳан, иншооти маснӯӣ, биноҳои хати роҳи оҳан, воситаҳои алоқаи роҳи оҳан, стансияҳои роҳи оҳан, минтақаҳои дарахтзори муҳофизатӣ ва дигар биною иншоот ва таҷҳизоти хати роҳи оҳан ҷойгир карда шудаанд;
- минтақаи муҳофизатӣ - қитъаҳои замине, ки барои таъмини нигаҳдорӣ, пойдорӣ ва устувории сохтмонҳо, таҷҳизот ва дигар иншооти нақлиёти роҳи оҳан заруранд, инчунин заминҳои хокашон мутаҳҳарик, ки дар паҳлӯи заминҳои нақлиёти роҳи оҳан қарор доранд;
- роҳҳои оҳани истифодаи умум - хатҳои роҳи оҳане, ки дар онҳо стансияҳои роҳи оҳан ҷойгир буда, ҷиҳати қабул ва гусели поездҳо, қабул ва додани бор, бағоҷ, бори бағоҷ, почта ва хизматрасонии мусофирон, гузаронидани корҳои манёврӣ барои иҷрои амалиётҳои дахлдор кушода мебошанд;
- борҳои хавфнок - моддаҳо, асбобу анҷом, масолеҳ партовҳои истеҳсолӣ ва дигар фаъолияте, ки дар номгӯи муайян зикр шудаанд ва вобаста ба хусусиятҳои хоси худ ва мушаххасоти марбутаашон, ҳангоми мавҷуд будани омилҳои муайян дар ҷараёни интиқол, анҷом додани корҳои борбардорию борфарорӣ ва нигаҳдошт боиси таркиш, таҷҳизот, бино ва иншоот, инчунин ҳалокат, захмӣ шудани ашхос, заҳролудшавӣ, сӯхтагӣ ва ё бемории одамон, ҳайвонот ва паррандагон гардида, метавонанд ба муҳити табиати атроф зиён расонанд;
- хати роҳҳои оҳани байналхалқӣ - ҳамлу нақли мусофирон, бор, бори бағоҷ, бағоҷ ва почта байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
- борфиристанда - шахсе, ки ба онҳо ё аз номи он бо боркашонҳо шартномаи борфиристӣ бо боркашони баста шудааст ё ҳар шахсе, ки ба он ё аз номи он бор вобаста ба шартномаҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан воқеан ба боркашон супурда мешавад;
- боргиранда - шахсе, ки барои гирифтани бор ваколатдор шудааст;
- борхат - санади асосии интиқоли бор, ки бо бор якҷоя фиристода мешавад ва дорои маълумоти зарурӣ мебошад;
- қатораи роҳи оҳан - воситаҳои махсуси нақлиётие, ки дар хати роҳи оҳан чун як воҳид ҳаракат мекунанд;
- контейнер - таҷҳизоти нақлиётӣ (панҷара, систернаи ҷудошаванда ё дигар таҷҳизоти ҷиҳозонидашуда);
а) зарфе, ки пурра ё қисман маҳкам буда, барои дар он ҷойгир намудани бор пешбинӣ шудааст;
б) дорои хусусияти истифодабарии доимӣ дошта, аз ин лиҳоз хеле мустаҳкам аст, то ин ки чандин маротиба истифода бурда шавад.
в) зарфи махсус сохташуда ҷиҳати таъмини ҳамлу нақли бор тавассути як ё якчанд навъи нақлиёт, бидуни аз нав бор кардани он дар васат;
г) чунон сохта шудааст, ки онро бо осони пур ё холи кардан мумкин аст;
- мусофир - шахсе, ки дар қатора сафар мекунад;
- бор - васоити ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан (маснуот, ашё, мавод, канданиҳои фоиданок ва ғайра), ки тибқи тартиби муқарраршуда барои ҳамлу нақл аз ҷониби роҳи оҳан қабул карда шуда, барои расонидани сари вақтӣ ва ҳифзи он роҳи оҳан масъулият дорад;
- бағоҷ - асбобу анҷом ва дигар амволе, ки дар поездҳои мусофиркашон ва почтаю бағоҷкаш ҳангоми аз ҷониби мусофирон доштани асноди сафар дар нақлиёти роҳи оҳан бо вазни на бештар аз 200 кг барои як санади ҳаракат ҷиҳати ҳамлу нақл қабул карда мешавад ва вазни як ҷой набояд аз 75 кг бештар бошад;
- бағоҷи дастӣ - асбобу анҷом ва дигар амволи сабуке, ки мусофир барои як санади ҳаракат (пурра ё бачагона) ройгон бо худ дошта метавонад ва вазни он набояд аз 36 кг бештар бошад;
- бори бағоҷ - асбобу анҷом ва дигар ашёе, ки дар поездҳои почта ва бағоҷкашон ҳамлу нақл мегарданд.
12. Роҳи оҳан вазифадор аст, ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ ва бори бағоҷро дар ҳолатҳои зайл анҷом диҳад:
а) агар борфиристанда ё мусофир талаботи ҳамин Оиннома, муқаррароти мусофиркашонӣ, бағоҷ ва бори бағоҷ муқаррароти боркашонӣ ва тарифҳоро риоя кунад;
б) агар боркашони аз ҷониби персонали маъмулӣ ва бо васоити маъмулии нақлиёт, ки ҳаҷми маъмулии талаботро ба хизматрасонии роҳи оҳан қонеъ мегардонад, анҷом дода шуданаш мумкин бошад;
в) агар ҳолатҳое, ки роҳи оҳан онҳоро пешгирӣ ё рафъ карда наметавонад ба ҳамлу нақл монеа набошанд;
г) агар асбобу анҷоме, ки барои ҳамлу нақл пешниҳод шудаанд, дар номгӯи асбобу анҷоме, ки барои интиқол иҷозат дода нашудаанд, зикр наёфта бошанд ё танҳо тибқи шартҳои муайяне, ки дар Низомномаи ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бори бағоҷ ва Низомномаи боркашонӣ инъикос гардидаанд, иҷозат дода шудаанд.
13. Муштарӣ барои боркашонӣ тибқи шартҳои мухталифи барояш имконпазир, сифат ва арзиши он ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқи ҳамлу нақл ҳамчунин ҳуқуқи ба муштарӣ додани иттилоъ дар мавриди пешниҳод намудани нақлиёт ва шартҳои истифодаи онро дар бар мегирад.
14. Роҳи оҳан вазифадор нест, борҳоеро, ки борбардорӣ, аз нав бор кардан ва фаровардани онҳо таҷҳизоти махсусро талаб мекунад ва агар чунин таҷҳизот дар мақоми дахлдор вуҷуд надошта бошад, онро барои ҳамлу нақл қабул кунад.
15. Роҳи оҳан вазифадор аст, танҳо борҳоеро қабул кунад, ки интиқоли онҳо бетаъхир иҷро карда мешавад.
16. Дар ҳолатҳое, ки боркашонӣ мутобиқи муқаррароти мавҷуда имконнопазир аст, борфиристанда ё борқабулкунанда метавонанд якҷоя бо роҳи оҳан дар мавриди тибқи шартҳои махсус анҷом додани боркашонӣ ба мувофиқа расанд.
17. Амвол ба номи муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳан мутобиқи мақсадҳои фаъолияти онҳо қайд карда мешавад. Ҳуқуқи моликият ба амвол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад.
18. Бастани шартнома дар бораи додани амволи нақлиёти роҳи оҳан барои пешбурди хоҷагидорӣ, идораи оперативии корхонаҳо ва муассисаҳо, бастани шартномаҳои иҷора, истифодаи ин амвол, инчунин фурӯш, иваз, ба иҷора додани он, замонат, гарав, ройгон додан ва ё ба истифодаи муваққатӣ, аз баланс баровардани қатораи роҳи оҳан ва контейнерҳо, ки таҳти моликияти давлат қарор доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо ва дигар асноди ҳуқуқии меъёри анҷом дода мешавад.
19. Хати иншоот, минтақаҳои муҳофизатӣ ва роҳҳои оҳани истифодаи умум хусусӣ гардонида намешаванд.
Ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил додан ва хусусигардонии дигар корхонаю иншоот ва амволи нақлиёти роҳи оҳан бо муайян намудани мӯҳлат ва шартҳои гузаронидани он, танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Биноҳои истиқоматие, ки дар фондҳои манзили идоравии нақлиёти роҳи оҳан мавҷуданд ва барои кормандони мустақиман машғули таъмини ҷараёни ҳамлу нақл сохта шудаанд, инчунин аз ҳисоби даромади корхона ва муассисаҳо эъмор гардидаанд, бо қарори Идораи роҳи оҳан хусусӣ гардонида шуданашон мумкин аст.
20. Заминҳои нақлиёти роҳи оҳан заминҳое мебошанд, ки ба корхонаҳои роҳи оҳан ҷиҳати анҷом додани вазифаҳои махсуси ба зиммаашон гузошташуда, барои истифодаи бемӯҳлат дода шудаанд. Ба он заминҳои таҳти хати роҳи оҳан ва стансияҳои (аз ҷумла хати иншоот ва минтақаи муҳофизатӣ) қарордошта, ки барои истифода ва таҷдиди сохтмони роҳҳои оҳан, бо дарназардошти дурнамо ва рушди он заруранд, дохил мешаванд.
21. Тартиби истифодаи заминҳои нақлиёти роҳи оҳан дар ҳудуди хати иншоот аз ҷониби Идораи роҳи оҳан бо риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
22. Бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ ва истифодаи мӯътадили хатҳои роҳи оҳан ва дигар иншооти нақлиёти роҳи оҳан (аз ҷумла аз ҷониби иншооти саноатӣ ва дигар навъҳои нақлиёт), ки дар маҳалҳои эҳтимоли фурӯравии замин ва хок, шуста бурдани хок, лағжиш, сел ва дигар омилҳои хатарнок ҷойгиранд, минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар карда мешавад.
Тартиби муқаррар намудани минтақаҳои муҳофизатӣ, андозаи он ва низоми истифодаи заминҳои барои ин мақсад ҷудокардашударо Идораи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар менамояд.
23. Салоҳияти Идораи роҳи оҳан, ки барои нақлиёти роҳи оҳан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад, тибқи ҳамин Оиннома ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад.
24. Назорати фаъолияти нақлиёти роҳи оҳанро дар баробари Идора, инчунин дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идорӣ, ки тибқи қонунҳои ҷорӣ чунин назорат ба зиммаашон гузошта шудааст, анҷом медиҳанд.
25. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва дигар ташкилот ҳуқуқ надоранд, ба фаъолияти тиҷоратӣ ва хоҷагии нақлиёти роҳи оҳан дахолат кунанд.
26. Дар доираи муқаррароти муайяннамудаи давлат нақлиёти роҳи оҳан мустақилона вазифаи зайлро анҷом медиҳад:
- пешниҳодот ва татбиқи хизматрасониро назорат мекунад ва тарифҳоро муқаррар менамояд;
- масъалаҳои кормандон, амвол ва сомони ба даст овардашавандаро ҳал менамояд;
- қисмати бозори худро равнақ дода, технологияи нав ва навъҳои нави хизматрасониро таҳия менамояд;
- вобаста ба нақлиёти роҳи оҳан ба навъҳои нави фаъолият машғул мешавад.
27. Дар корхона ва ташкилоти нақлиёти роҳи оҳане, ки мустақиман дар боркашонӣ иштирок менамоянд, вақти ягонан баҳисобгирию ҳисоботдиҳӣ (вақти маҳаллӣ) амал мекунад.
28. Роҳи оҳан ҳамлу нақли бор, мусофирон, бағоҷ ва бори бағоҷ, инчунин почтаро байни стансияҳои роҳи оҳан, ки барои пешбурди амалиёти дахлдор кушода мебошанд, анҷом медиҳад.
Стансияҳо амалиёти вобаста ба қабул, борбардорӣ ва борфарорӣ, додани бор вобаста ба вагонҳо ё интиқоли қисмии онҳоро дар контейнерҳо, инчунин амалиётҳои вобаста ба ҳамлу нақли мусофирон ва бори бағоҷро анҷом медиҳанд.
Ҷиҳати ба расмият даровардани асноди ҳамлу нақл ва ситонидани пардохтҳои боркашонӣ дар стансияҳо идораҳои мол ва кассаҳои мол таъсис дода мешаванд.
29. Барои ҳамлу нақли бор, мусофирон, бағоҷ ва хизматрасонии вобаста ба боркашонӣ тарифҳои озод (шартномавӣ) муқаррар карда мешаванд, ки ҳар сари чанд вақт аз ҷониби Идораи роҳи оҳан интишор мегарданд.
30. Мақоми танзимкунандаи инҳисороти табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои ҳамлу нақл тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва боҷу хироҷ барои ҳамроҳи ва ҳифзи бор ва хизматрасонии иловагӣ тибқи пешниҳоди Идораи роҳи оҳан тарифҳои танзимшаванда муқаррар намояд.
31. Ҳангоми муқаррар намудани тарифҳои мусофиркашонӣ дар сатҳе, ки ҷуброни хароҷоти зарурии нақлиёти роҳи оҳанро таъмин наменамояд, фарқи байни тарифҳои баҳисобгирифташуда, ки дар асоси хароҷоти зарурӣ ва тарифҳои муқарраршуда муайян гардидаанд, аз маблағҳои дахлдори буҷетҳо ва дигар манбаҳои молиявӣ пардохта мешаванд.
32. Роҳи оҳан метавонад, тартиби баҳисобгирии масофаҳои тарифӣ, пардохтҳои ҳамлу нақл ва ҷаримаро бо мувофиқа бо мақоми ваколатдор муайян кунад.
33. Боркашонӣ мутобиқи шартнома, тибқи моддаи 370 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, анҷом дода мешавад.
34. Агар шартҳои боркашонӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан бо ҳамин Оиннома, дигар асноди меъёрӣ муқаррар нашуда бошанд, пас он бо Созишномаи байни тарафҳо муқаррар карда мешавад.
35. Мувофиқи шартномаи боркашонӣ боркашон вазифадор мешавад, ки бори ба ӯ боваркардашударо ба нуқтаи таъинот расонад ва онро ба шахси барои гирифтани бор ваколатдоршуда (боргиранда) супорад, борфиристанда бошад, вазифадор аст, барои ҳамлу нақли бор маблағи муқарраршударо пардозад.
Борхат аз ҷониби борфиристанда ба номи боргирандаи муайян (боргиранда метавонад танҳо як шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ бошад) хонапурӣ карда шуда, ба имзо мерасад ва бо мӯҳри борфиристанда тасдиқ карда мешавад, дар тамоми хати ҳаракат бо бор буда, дар стансияи таъинот якҷоя бо бор ба боргиранда супурда мешавад. Вақти қабули бор барои ҳамлу нақл бо штампели (мӯҳри) тақвимии стансия дар борхат тасдиқ мегардад ва ҳамзамон борхат санади тасдиқкунандаи ба имзо расонидан ва мӯҳтавои шартнома мебошад.
36. Барои тасдиқи қабули бор ҷиҳати ҳамлу нақл стансия ба борфиристанда квитансияи бор медиҳад. Агар борбардорӣ аз ҷониби борфиристанда анҷом дода шавад, маълумотҳои дар борхат зикргардида дар мавриди вазн ё шумораи ҷойҳои бор метавонад дар баёнот зидди роҳи оҳан танҳо дар сурати истифода гардад, ки агар ин маълумот аз ҷониби намояндаи роҳи оҳан санҷида ва дар борхат тасдиқ гардида бошанд.
37. Роҳи оҳан ва боргиранда ҳуқуқ доранд, тафтиш намоянд, ки оё бор ба маълумотҳои дар борхат зикрнамудаи борфиристанда мутобиқат мекунад ва оё қоидаҳои боркашонӣ, ки ҷиҳати ҳамлу нақл тибқи шартҳои муайян қабул гардидаанд, риоя шудаанд. Хулосаи чунин тафтиш дар борхати роҳи оҳан сабт карда мешавад.
38. Шакл ва мазмуни борхат ва тартиби хонапурии он, инчунин квитансияи бор дар Қоидаҳои боркашонӣ зикр мегардад.
39. Таъмин намудани борфиристандагон ва боргирандагон бо бланкаҳои борхат, маҷмӯи асноди боркашонӣ, нақшаҳои моҳонаи доманадори ҳамлу нақл, инчунин ба борфиристандагон ва боргирандагон додани нусхаи аснод, аз ҷумла варақаҳои баҳисобгирӣ, ведомостҳои додани вагонҳо ва поккории онҳо, ёддоштҳои доду гирифт аз ҷониби роҳи оҳан тибқи калкулятсияи хароҷот сурат мегирад.
40. Борфиристанда барои дурустии маълумотҳои ба борхат дохилнамуда ё аз номи ӯ дохилкардашуда, инчунин барои оқибатҳои аз он бармеомада ва барои номукаммал ё нодуруст хонапурӣ намудани борхат, ҷавобгар мебошад.
41. Тарафҳо дорои ҷавобгарии муқаррарнамудаи ҳамин Оиннома ва шартномаҳои тарафҳо мебошанд, агар шартҳои дар шартнома зикргардида бар хилофи ҳамин Оиннома набошад.
Шартномаи роҳи оҳан бо молики бор дар хусуси маҳдуд сохтанд, рафъ ё тақвият бахшидани масъулияти муқаррарнамудаи қонун, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Оиннома, эътибор надорад.
42. Борбардорӣ ва борфарории борҳои интиқолӣ дар амборҳо ва майдонҳои нақлиёти роҳи оҳан, ки ҷойҳои истифодаи умумӣ номида мешаванд, инчунин дар амборҳо ва майдонҳои назди хати роҳи оҳан, ки ҷойҳои истифодаи ғайриумумӣ номида мешаванд ва таҳти ихтиёри борфиристандагон, боргирандагон, корхонаҳои экспедиторӣ мебошанд ва ё аз ҷониби онҳо иҷора гирифта шудаанд, анҷом дода мешавад.
43. Борбардорӣ ба вагонҳо, инчунин борфарорӣ аз онҳо чунин анҷом дода мешавад:
а) аз ҷониби роҳи оҳан - дар ҷойҳои истифодаи умум. Барои борбардорӣ роҳи оҳан аз борфиристанда, боргиранда дар ҳаҷми муқаррарнамудаи тарифӣ боҷ мегирад;
б) аз ҷониби борфиристанда ва боргиранда - дар ҷойҳое, ки таъиноти истифодаи умум намебошанд, инчунин дар ҷойҳои истифодаи умум борбардорӣ ва борфарории борҳои хавфнок ва зудвайроншаванда, маҳсулоти хоми ҳайвонот, борҳои гаронвазн ва ғайригабарит, ки болои ҳам, ба тарзи рехта ва болои ҳам дар қатораи махсус ҳамлу нақл мегарданд ва бо ҳамроҳии намояндагони борфиристанда ва ё боргиранда интиқол меёбанд, анҷом дода мешавад.
44. Борбардорӣ ба контейнерҳо ва борфарорӣ аз онҳо аз ҷониби борфиристандагон ва боргирандагон анҷом дода мешавад. Роҳи оҳан ҳангоми мавҷуд будани таҷҳизот ва васоити дахлдор иҷрои корҳои борбардорӣ ва борфарории борҳои зикршударо ба ӯҳда мегирад.
45. Борбардорӣ ба самтҳои муайян дар ҳолатҳои мустасно тибқи дастури идораи роҳи оҳан муваққатан манъ шуданаш мумкин аст.
Дар мавриди қатъ ё маҳдуд сохтани борбардорӣ сардори стансия борфиристандагонро огоҳ месозад. Борфиристандагон вазифадоранд, борбардориро ба самтҳои манъгардида мавқуф гузоранд ва дар давоми 12 соати баъди аз сардори стансия гирифтани огоҳнома дар мавриди қатъ ё маҳдуд сохтани борбардорӣ пешниҳоди борро барои интиқол қатъ намояд.
46. Борфиристанда барои ҳамаи оқибатҳои, ки аз нодуруст анҷом додани борбардорӣ бармеоянд, масъулият дорад, аз ҷумла зиён ва талафоти ба ин васила ба роҳи оҳан расонидашударо ҷуброн мекунад.
47. Ҳангоми пешниҳоди бор ҷиҳати ҳамлу нақл бояд дар борхати роҳи оҳан ҳаҷми он тибқи қолаб ё стандарт, ё бо роҳи баркашидан муайян ва зикр карда шавад. Муайян кардани вазн бо роҳи ҳисобу китоб, шартан, дар асоси андозагирии борҳое, ки бор кардани онҳо то ғунҷоиши пурраи қатора боиси аз борбардории ҷоиз бештар бор кардани он намегардад, иҷозат дода мешавад.
48. Муайян кардани вазни бор чунин анҷом дода мешавад:
а) аз ҷониби роҳи оҳан - ҳангоми бор кардан дар ҷойҳои истифодаи умум;
б) аз ҷониби борфиристанда - ҳангоми бор кардан дар ҷойҳои ғайри истифодаи умум.
49. Муайян кардани вазни бор тибқи қолаб, стандарт, бо роҳи ҳисобу китоб, андозагирӣ ё шартан аз ҷониби борфиристанда сурат мегирад.
Барои баркашидани бор роҳи оҳан дар ҳаҷми муқаррарнамудаи тариф боҷ меситонад.
50. Тартиби нишон додан ва усули муайян намудани вазн ва теъдоди бор тибқи Қоидаҳои боркашонӣ муқаррар мегардад.
51. Барои баркашидани борҳои ҳамлу нақлшаванда ва бағоҷ роҳи оҳан дар ҷойҳои истифодаи умум бояд шумораи зарурии асбобу анҷоми боркашӣ дошта бошад.
52. Асбобу анҷоми баркашӣ бояд ҳатман аз санҷиши давлати гузаронида шуда, тибқи тартиби муқарраргардида тамғагузорӣ шавад. Роҳи оҳан дар асоси шартномавӣ метавонад асбобу анҷоми баркаширо, ки ба борфиристандагон, боргирандагон ва дигар ашхоси ҳуқуқӣ марбутанд, барои хизматрасонии техникӣ (назорати идорӣ, таъмир, санҷиши назоратӣ) қабул кунад.
53. Ҳангоми аз ҷониби стансияи гуселкунанда ё стансияи васати (мобайнӣ) ошкор намудани бори барзиёди вагон бори зиёдатӣ аз вагон фароварда шуданаш мумкин аст. Ҳангоми зарурат аз борфиристанда ва агар ин дар шартномаи боркашонӣ пешбинӣ шуда бошад, аз боргиранда бояд фавран дар мавриди зикри бор барзиёдати пурсиш ба амал оварда шавад.
54. Бар замми пардохти ҷарима арзиши ҳамлу нақли бори барзиёдати, бояд мутобиқи ҳамон тарифе, ки барои ҳамлу нақл бори асоси муайян гардидааст, пардохта шавад. Пардохти фаровардани бори барзиёдати тибқи тариф муайян карда мешавад.
55. Роҳи оҳан нақшаҳои солона ва семоҳаи боркашониро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои боркашонӣ таҳия ва тасдиқ мекунад.
56. Номенклатураи бор, шакл ва тартиби пешниҳоди дархост, тартиби иҷро ва баҳисобгирии иҷрои дархост ва пурра кардани ҳаҷми камбудии боркашониро Қоидаҳои боркашонӣ муайян мекунанд.
57. Боркашонӣ бо усули самтӣ, тибқи вагонҳо, борфиристии хурдҳаҷм, бо контейнерҳо ва қисмҳои алоҳида анҷом дода мешавад. Шарти боркашонӣ бо навъҳои зикргардидаи ҳамлу нақли ашё, инчунин амволи манзил тибқи Қоидаҳои боркашонӣ муайян карда мешавад.
58. Бор, аз ҷумла бори зуд фарсудашаванда, ҷиҳати ҳамлу нақл бо суръати боркашонӣ, инчунин дар самтҳои муқаррарнамудани Қоидаҳои боркашонӣ, бо суръати баланд муқаррар карда мешаванд.
Сардори роҳи оҳан ҳуқуқ дорад, қитъаҳоеро, ки боркашонӣ бо суръати баланд анҷом дода мешавад, муқаррар намояд.
Навъи суръати боркашониро борфиристанда дар борхат муайян ва зикр мекунад.
Агар ҳамлу нақли ҳамин бор танҳо бо суръати ҳаракати муайян анҷом дода шуданаш мумкин бошад, борфиристанда бояд суръатро дар борхат зикр кунад.
59. Борфиристандагон метавонанд барои ҳамлу нақл борро бо эълони арзиши он пешниҳод намоянд. Пешниҳоди бор бо эълони арзиш тибқи қоидаҳои боркашонӣ анҷом дода мешавад.
Барои эълони арзиши бор дар ҳаҷми муқаррарнамудаи мақоми танзимкунандаи инҳисороти табиӣ боҷ ситонида мешавад.
60. Борфиристанда вазифадор аст, то пешниҳоди бор ҷиҳати ҳамлу нақл онро чунон омода созад, ки амният, ҳифзи бор, қатора ва контейнерҳо ҳангоми ҳамлу нақл, истифодаи муносиби борбардорӣ ва ғунҷоиши қатора ва контейнерҳо таъмин гардад. Сифате, ки ба ҳамлу нақли борҳои зудфарсудашаванда пешниҳод мегарданд, инчунин зарф ва борбандӣ, бояд ба талаботи Қоидаҳои боркашонӣ, стандарт ё шароити техникӣ ва маҳсулот ҷавоб диҳад ва ҳифзи борро дар ҷараёни мӯҳлатҳои қобили интиқол, ки аз ҷониби борфиристанда дар шиносномаи сифат (ё аз ҷониби эксперт дар сертификат) муқаррар намудааст, таъмин намояд.
61. Борфиристандагон ва боргирандагон, ки борҳои тарканда, зудоташгиранда, радиоактивӣ, заҳрнок ва дигар борҳоро мефиристанд ё мегиранд, дар баробари роҳи оҳан вазифадоранд, амнияти ҳамлу нақли онҳоро кафолат диҳанд, ҷиҳати рафъи ҳолатҳои садама ва оқибатҳои он ҳангоми ҳамлу нақли ин борҳо дар суръати рух додани садама, васоит ва воҳидҳои зуд амал дошта бошанд ва фавран фиристодани ин воҳидҳо ва ё мутахассисони худро ба маҳалли ҳодиса таъмин намоянд.
62. Борфиристанда дорои масъулият буда, хароҷоти вобаста ба рафъи ҳолатҳои садамавӣ ва танаффусҳое, ки дар ҳаракати поездҳо бо гуноҳи он рух додааст, аз ҷумла ҳангоми боркашонӣ дар вагонҳо ва контейнерҳои марбути корхонаю ташкилот, ҷуброн менамояд.
Чунин масъулиятро роҳи оҳан дар сурати бо гуноҳи он рух додани ҳолатҳои садамавӣ ба зимма дорад.
63. Роҳи оҳан вазифадор аст, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи дархости қабулгардида ё шартнома барои ташкили ҳамлу нақл ё дигар шартномаҳо таҳти борбардорӣ вагон ва контейнерҳои коршоями барои интиқоли бори мазкур муносиб ва аз партовҳо ва боқимондаи бор поккоришударо бо реквизитҳои гирифташуда ва дар ҳолати зарурӣ шустушӯ ва дизенфексиякардашударо пешниҳод намояд.
64. Таҳти рехтани мавод бояд систернаҳо ва нимвагонҳои бункерие, ки ба маҳсулоти рехташаванда мувофиқанд, дода шаванд (мутобиқи қоидаҳо). Тайёр кардани систернаҳо ва нимвагонҳои бункерӣ барои рехтани мавод аз ҷониби роҳи оҳан ё борфиристанда аз ҳисоби роҳ пардохта мешавад (тибқи Созишнома). Тайёр кардани систернаҳои махсус барои рехтани мавод аз ҷониби борфиристанда анҷом дода мешавад.
65. Дар бораи вақти таҳти борбардорӣ тавасути воситаҳои борфиристанда додани вагон ва контейнерҳо корманди стансия бояд борфиристандаро дар мӯҳлати на дертар аз ду соат то додани вагон огоҳ созад.
66. Коршоямии қатора барои ҳамлу нақли бори зикргардида дар муносибатҳои тиҷоратӣ чунин муайян карда мешавад:
- вагонҳо - аз ҷониби борфиристанда, агар борбардорӣ тавассути васоити он суръат гирад ё аз ҷониби роҳи оҳан - агар борбардорӣ тавассути васоити роҳи оҳан анҷом дода шавад;
- контейнерҳо, систернаҳо ва нимвагонҳои бункерӣ - аз ҷониби борфиристанда.
67. Вагон ва контейнерҳои боркардашуда бояд тамға гузошта шаванд:
- бо тамғаи роҳи оҳан - ҳангоме, ки бор аз ҷониби роҳи оҳан бор карда шуда бошад;
- бо тамғаи борфиристанда - ҳангоме, ки бор аз ҷониби борфиристанда бор карда шуда бошад.
68. Номгӯи борҳое, ки дар вагон ва контейнерҳо бидуни тамға интиқол додан мумкин аст, инчунин тартиби тамғагузории вагон ва контейнерҳо ва гузоштани воситаҳои қулфкуниро Қоидаҳои боркашонӣ муайян мекунанд.
69. Таъмин борфиристандагон ва боргирандагон бо тамға, амбурҳои тамғагузорӣ, воситаҳои қулф ва васоити кушода гирифтани онҳо, бо тахтача, сими тамғагузории вагонҳо ва контейнерҳо бо пардохти маблағ аз ҷониби роҳи оҳан анҷом дода мешавад.
70. Ҳисобу китоб барои ҳамлу нақли бор аз ҷониби борфиристанда дар стансияи гуселкунӣ анҷом дода мешавад. Ҳисобу китоби ниҳоӣ дар стансияи таъинот аз ҷониби боргиранда анҷом дода мешавад.
71. Роҳи оҳан мутобиқи аризаи борфиристанда ё боргиранда тибқи тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои боркашонӣ, иваз кардани суроғаи фиристодани борро анҷом медиҳад, яъне боргиранда ё стансияи таъиноти бореро, ки барои интиқол қабул шудааст, иваз менамояд.
Дигар кардани суроға бо ситонидани боҷ дар ҳаҷми муқаррарнамудаи тариф ва ситонидани пардохти боркашонӣ то стансияи нави таъингардида анҷом дода мешавад.
72. Дар ҳама ҳолатҳо иваз кардани боргиранда ё стансияи таъиноти бор, ташкилоте, ки тибқи аризаи он чунин тағйирот гузаронида шудааст, дар назди унвонии ибтидоӣ барои оқибатҳои чунин тағйирот масъулият дошта, вазифадор аст, ҳисобу китобро байни борфиристанда, унвонии ибтидоӣ ва боргирандаи воқеӣ танзим намояд.
73. Роҳи оҳан вазифадор аст, борро тибқи таъинот ва дар мӯҳлатои муайяншуда расонад. Мӯҳлатҳои боррасонӣ ва қоидаҳои баҳисобгирии онро Қоидаҳои боркашонӣ муқаррар менамоянд.
Тарафҳо ҳуқуқ доранд, дар шартнома мӯҳлатҳои дигарро муқаррар намоянд.
Бор, агар дар стансияи таъинот тавассути воситаҳои роҳи оҳан фароварда шуда бошад, ё агар вагон ё контейнери бор то хатми мӯҳлати муқарраргардидаи боррасонӣ ҷиҳати борфарорӣ тавассути воситаҳои боргиранда қарор дода шуда бошад, дар мӯҳлати муайян расонидашуда ба ҳисоб меравад.
74. Ҳангоми ба таъхир гузоштани додани вагонҳо ё контейнерҳо барои борфарорӣ, аз сабаби банд будани самти борфарорӣ ё вобаста ба дигар сабабҳои марбути боргиранда ё экспедиторе, ки аз номи ӯ амал мекунад, агар он ба стансияи таъинот то хатми мӯҳлати муқарраршуда расида бошад, бор дар мӯҳлаташ расонидашуда ба ҳисоб меравад.
75. Дар мавриди ба стансияи таъинот расидани бор роҳи оҳан вазифадор аст, боргирандаро тибқи тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои боркашонӣ огоҳ созад.
Огоҳсозии боргирандагон дар мавриди ба суроғаи онҳо расидани бор, дар сурати мавҷуд будани имкон, тибқи шартнома аз ҷониби роҳи оҳан анҷом дода шуданаш мумкин аст.
76. Агар роҳи оҳан боргирандаро дар мавриди расидани бор огоҳ насозад, боргиранда барои бекористии вагон ва контейнерҳо масъулият надорад ва барои нигоҳ доштани бор то фиристодани огоҳинома дар мавриди фиристодани бор аз пардохти боҷи муқарраргардида озод карда мешавад.
77. Тартиби додани борро дар стансияи таъинот Қоидаҳои боркашонӣ муқаррар менамояд.
78. Роҳи оҳан вазифадор аст, боргирандаро дар бораи унвонии ӯ расидани бор дар рӯзи расидани он ва ҳеҷ набошад на дертар аз соати 12 рӯзи дигар, огоҳ созад. Тартиб ва усули огоҳсозӣ аз ҷониби сардори стансияи (дар суръати бастани шартнома) муқаррар карда мешавад.
Агар роҳи оҳан боргирандаро дар мавриди расидани бор огоҳ насозад, боргиранда барои бекористии вагонҳо ва контейнерҳо ҷавобгар намебошад.
79. Агар ҳангоми додани бор роҳи оҳан дар стансияи таъинот онро бо санҷиши вазн, теъдоди ҷой ё вазъи бор ё зарф супорад ва камомад, фарсудашавӣ ё харобшавии бор ё зарфро ошкор намояд ё ин ҳолат тибқи акти тиҷоратӣ, ки дар хати ҳаракат таҳия гардидаанд, муқаррар карда шавад, стансияи таъинот ҳаҷми камомад, фарсудашавӣ ё зарари воқеии ба бор расонидашударо муайян менамояд.
Ҳангоми зарурат бо ташаббуси роҳи оҳан ё боргиранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои боркашонӣ экспертиза гузаронида мешавад.
80. Бор дар стансияи таъинот ба боргиранда, ки дар борхат зикргардидааст, баъди аз ҷониби он ба роҳи оҳан пардохтани тамоми маблағҳои ҳамлу нақли мазкур супурда мешавад. Боргиранда дар ведомости роҳ оид ба гирифтани бор имзо мегузорад. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои боркашонӣ додани бор ба шахси ваколатдори боргиранда иҷозат дода мешавад.
81. Дар сурати унвонии боргиранда расидани боре, ки расонидани он тибқи шартнома ё қарордод пешбинӣ нашудааст, инчунин расидани боре, ки номгӯи он ба борхати роҳи оҳан мутобиқ нест, боргиранда бояд онро аз стансияи барои ҳифзи масъулиятнок қабул кунад.
Боргиранда танҳо дар сурате қабули борро метавонад рад намояд, ки агар сифати бор дар натиҷаи фарсудашавӣ ё осеб то андозае тағйир ёфтааст, ки имконияти пурра ё қисман истифода бурдани онро истисно менамояд.
82. Ҳангоми гирифтани бор дар ҷойҳои истифодаи умум боргиранда вазифадор аст, аз стансия унвониаш расидаро қабул намояд ва аз он ҷо барорад. Мӯҳлат ва тартиби нигаҳдошти бор дар стансия тибқи қоидаҳои боркашонӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми аз стансияи аз ҷониби экспедитор баровардани бор барои нигаҳдошти бор аз корхонаҳое, ки боркашониро анҷом медиҳад, боҷ ситонида мешавад.
83. Барои фарсудашавӣ ё зарар дидани боре, ки дар натиҷаи сари вақт анҷом надодани борфарорӣ ё баровардани бор аз ҷониби боргиранда ё корхонаи истифодаи нақлиёт сурат гирифтааст, аз ҷумла таваққуфи вагонҳо дар роҳҳои фаръӣ ва стансияҳо бо сабабҳое, ки ба боргиранда алоқаманданд, боргиранда ё экспедитор масъулиятро ба ӯҳда доранд.
84. Боргиранда вазифадор аст, борро пурра аз вагонҳо, систернаҳо ва контейнерҳо фарорад. Пас аз борфарорӣ вагон ва контейнерҳо бояд ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷ комилан тоза карда шаванд.
Агар борфарорӣ тавассути воситаҳои боргиранда анҷом дода шавад, поккории вагонҳо баъди борфарорӣ аз ҷониби боргиранда ва ё агар борфарорӣ тавассути воситаҳои роҳи оҳан анҷом дода шуда бошад, он аз ҷониби роҳи оҳан сурат мегирад.
85. Ҳамлу нақли бор ва почта бо роҳи оҳан тавассути вагонҳои парки умумии роҳи оҳан, инчунин тавассути вагонҳое, ки тибқи ҳуқуқи моликият марбути борфиристанда, боргиранда ё муассисаи экспедиторӣ мебошанд, ё онҳоро ба иҷора гирифтаанд, анҷом дода мешавад.
86. Вагонҳо дар роҳҳои охране, ки ба шабакаҳои умумии роҳи оҳан шомлианд, бояд ба талаботи пешбининамудаи Қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан мувофиқ бошанд.
87. Дар ҳолатҳое, ки роҳи оҳан дар натиҷаи амали қувваи ҳолатҳои рафънопазир имконияти тибқи таъинот фиристодани бор ва ба боргирандае, ки дар борхат нишон дода шуда, то хатми мӯҳлати ниҳоии нигаҳдории бор, ки Қоидаҳои боркашонӣ муқаррар намудаанд, надошта бошад, роҳи оҳан тибқи супориши борфиристанда амал мекунад ва борфиристанда муаззаф аст, дар мӯҳлати як шабонарӯз аз рӯзи гирифтани огоҳинома чунин супоришро диҳад.
Ҳангоми нагирифтани ҷавоби борфиристанда роҳи оҳан ҳуқуқ дорад, онро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои боркашонӣ ба фурӯш расонад.
Ҳангоми имконнопазирии фурӯши бор роҳи оҳан ҳуқуқ дорад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои боркашонӣ борро ба борфиристанда баргардонад.
88. Маблағе аз фурӯши бор ба даст овардаи роҳи оҳан баъди аз ҳисоб баровардани маблағе, ки ба ин роҳи оҳан тааллуқ дорад, чунин гузаронида мешавад:
а) ба боргиранда, ки дар борхат нишон дода шудааст дар сурати аз ҷониби он пардохтани арзиш;
б) ба борфиристанда - дар ҳама ҳолатҳои дигар
Ҳангоми имконнопазирии гузаронидани маблағҳои зикргардида ба боргиранда ё борфиристанда, баъди гузашти мӯҳлати барои пешниҳод ва баррасии эътироз дар мавриди тибқи таъинот нафиристодани бори пешбинишуда, ин маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
89. Ба хатҳои фаръии роҳи оҳан роҳҳое, ки барои хизматрасонии корхонаю ташкилоти алоҳида пешбинӣ шудаанд ва бо шабакаи асосии роҳи оҳан тавассути хати релсии муттасил пайваст мебошанд ва ба инҳо марбутанд, дохил мешаванд:
а) марбути борфиристандагон, боргирандагон ва субъектҳои хоҷагӣ;
б) марбути роҳи оҳан.
Пайвастани роҳҳои оҳан ба шабакаи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳи оҳан иҷозат дода мешавад.
90. Муносибати мутақобилаи роҳи оҳан бо борфиристандагон ва боргирандагоне, ки роҳҳои оҳани фаръӣ доранд, тибқи созишномаи истифодаи роҳҳои оҳани фаръӣ танзим карда мешавад. Мӯҳтавои шартномаи намунавӣ дар Қоидаҳои боркашонӣ зикр мегардад.
91. Ҳангоми мавҷуд будани локомотивҳои худӣ, додани вагонҳо, тоза кардани онҳо ва корҳои манёврӣ дар роҳҳои оҳани фаръии марбути борфиристанда (боргиранда) аз ҷониби худи онҳо анҷом дода мешавад.
Дар сурате ки агар борфиристанда (боргиранда) локомотив надошта бошад, додани вагонҳо, тоза кардани онҳо ва корҳои манёврӣ тавассути локомотиви роҳи оҳан, бо пардохти маблағи дар шартнома муқаррар шуда, анҷом дода мешавад.
92. Борфиристанда, боргиранда ва экспедиторе, ки аз номи онҳо баромад мекунад, инчунин роҳи оҳан ҳуқуқ, дорад, дар асоси шартнома барои зиёду аз мӯҳлати маъёри бекористии вагонҳо ва ба таъхир андохтани контейнерҳо, ки таҳти амалиёти боркашонӣ қарор доранд ва ё борро мунтазиранд, барои истифодаи вагон ва контейнерҳо, бар ивази ҷарима пардохт муқаррар намояд.
93. Тартиби хизматрасонии контрагентҳо, яъне борфиристандагоне (боргирандагон), ки дар ҳудуди роҳи оҳани фаръӣ борфиристандаи (боргиранда) дигар амборҳо ё хатҳои роҳи оҳани ба он пайвасти худро доранд, тибқи шартнома муқаррар карда мешавад. Чунин шартнома байни контрагент ва борфиристанда (боргиранда), ки роҳи оҳани фаръӣ ва локомотиви хизматрасонии ин хати роҳ ба ӯ марбут аст, баста мешавад.
94. Дар сурати тавассути локомотиви роҳи оҳан анҷом додани хизматрасонии роҳи оҳани фаръӣ дар мавриди додани вагон ва поккории он байни роҳи оҳан ва контрагент шартнома баста шуда, ҳамаи ҳисобу китоби вобаста ба масъулияти моддӣ аз сабаби харобшавии вагонҳо (контейнер) бармеомада, инчунин истифодаи онҳо дар роҳҳои фаръӣ ва стансияҳои ҳамроҳшавӣ ҳангоми мунтазири додани вагонҳо бо сабабҳои вобаста бо контрагент мустақиман байни онҳо анҷом дода мешавад.
95. Ҳангоми хизматрасонии роҳи оҳани фаръӣ тавассути локомотиви молик барои истифода, харобшавии вагонҳо ё контейнерҳои контрагент молики хати роҳи оҳани фаръӣ дар назди роҳи оҳан масъулият дорад. Нисбат ба контрагент молики асосӣ дорои ҳамон ҳуқуқҳои шабеҳе аст, ки тибқи ҳамин Оиннома роҳи оҳан нисбат ба молики асоси хати роҳи оҳан доро мебошад.
96. Муносибати мутақобилаи роҳи оҳан бо корхонаю ташкилот ва муассисаҳое, ки дар роҳҳои фаръии марбути роҳи оҳан дорои амборҳои назди хати роҳи оҳан ва майдонҳои борбардорию борфарории худ мебошанд, тибқи шартномаи додани вагон ва поккории он танзим карда мешавад.
Додани вагон ва поккории он, инчунин корҳои манёврӣ дар роҳҳои оҳани фаръӣ тибқи пардохти муқаррарнамудаи тариф, тавассути локомотиви роҳи оҳан анҷом дода мешавад.
97. Аз партовҳо ва барф тоза кардани хатҳои роҳи оҳан, инчунин равшан (чароғон) кардани онҳо дар ҳудуди корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ва ҳаҷми корҳои борбардорию борфарорӣ тавассути васоит ва аз ҳисоби ин корхонаю ташкилот ва муассисаҳо анҷом дода мешавад.
98. Роҳи оҳан бо розигии борфиристанда (боргиранда) дар ҳолатҳои алоҳида метавонад ҷиҳати анҷом додани корҳои манёврӣ, ҷойгиронии қатора ва дигар мақсадҳо муваққатан хати роҳи оҳани фаръии дар доираи худ борфиристанда ё боргиранда марбутааш ё як қисми онро истифода барад.
Ҳангоми худсарона аз ҷониби роҳи оҳан ишғол намудани ин роҳҳо он дорои масъулияти шабеҳе мебошад, ки барои худсарона ишғол намудани қатора ва контейнерҳо муқаррар гардидааст.
99. Тибқи шартномаи мусофиркашонӣ, роҳи оҳан вазифадор аст, мусофир ва бағоҷи ӯро то стансияи таъинот расонад ва ба мусофир тибқи санади сафари харидааш ҷой муҳайё намояд ва мусофир бошад, ӯҳдадор аст, ки барои сафар ва ҳангоми супурдани бағоҷ, инчунин барои бағоҷкашонӣ маблағи муқарраршударо пардозад.
100. Шакли шартномаи мусофиркашонӣ - санади сафар, барои ҳамлу нақли бағоҷ бошад, квитансияи бағоҷ ба ҳисоб меравад.
101. Ҳар як мусофир бояд санади сафар дошта бошад ва роҳи оҳан вазифадор аст, фурӯши онро то стансияи таъиноти муқаррарнамудаи мусофир, дар самти ҳаракати поезд, таъмин намояд.
102. Асноди сафари гумкардашуда ё харобгардидаи мусофирон, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қоидадои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бори бағоҷ аз нав таҳия намегардад ва маблағи он баргардонида намешавад.
103. Камераҳои бағоҷ (нигаҳдорӣ) дар вокзалҳо, сарфи назар аз мавҷуд будани асноди сафар, ба истиснои асбобу анҷом ва маводе, ки тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бори бағоҷ нигоҳ доштани онҳо манъ шудааст, қабул ва ҳифзи бағоҷи дастӣ ва бағоҷи мусофиронро анҷом медиҳанд.
104. Мусофир дорои ҳуқуқ, ва имтиёзоти муайян мебошад. Хусусият ва андозаи ин ҳуқуқҳо дар асноди меъёрие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, инъикос меёбад.
105. Шартҳои додани асноди сафар тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон, бағоҷ ва бори бағоҷ муайян карда мешавад.
106. Шартҳои ҳамлу нақли бор ва бағоҷ тибқи Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон, бор ва бори бағоҷ муайян карда мешаванд.
107. Роҳи оҳан ҳамчун манбаи дорои хатари калон вобаста ба ҳодисае, ки дар натиҷаи истифодаи роҳи оҳан рух додааст ё дар лаҳзае, ки мусофир дар қатори роҳи оҳан қарор дорад, ба қатора ворид мешавад ё аз он мефарояд, фаро мерасад, барои талафот ва зараре, ки ба шахсият расонида шудааст, инчунин боиси ҳалокати мусофир ё захмӣ шудани ӯ ё боиси ҳама гуна захмҳои ҷисмонӣ ё ақлӣ гардидааст, масъулият ба зимма дорад.
108. Роҳи оҳан барои тибқи дархост қабулкардашуда ё дигар шартнома надодани вагон ва контейнерҳо ҷиҳати ҳамлу нақли бор ва борфиристанда барои пешниҳод накардани бор ё истифода набурдани воситаҳои нақлиёти пешниҳодшуда дар шакли ҷаримаи муқарраргардида, ки дар Қоидаҳои ҳамлу нақли бор ва бағоҷ пешбинӣ шудааст, ҷавобгарии амволиро ба ӯҳда доранд.
109. Тартиб ва мӯҳлати ҳисобу китобро барои иҷро накардани шартнома Қоидаҳои боркашонӣ муқаррар менамояд.
110. Роҳи оҳан аз лаҳзаи барои ҳамлу нақл қабул кардани бор ва то супурдани он ба боргиранда ва ё тибқи Қоидаҳо то супурдани он ба корхонаю ташкилот ё муассиса ҷавобгар мебошад, агар исбот карда натавонад, ки гумшавӣ, камомад, фарсудашавӣ ё харобшавии бор дар натиҷаи ҳолатҳое рух додааст, ки онро роҳи оҳан пешгирӣ карда наметавонист ва ё рафъи он дар натиҷаи ҳолатҳои зайл ба он вобаста набуд:
а) айби борфиристанда ё боргиранда;
б) хусусиятҳои хоси табиии бори интиқолшаванда;
в) норасоии зарф ё борбандӣ, ки ҳангоми ҷиҳати ҳамлу нақл қабул кардани бор тибқи намуди зоҳирии он мушоҳида карданаш номумкин буд, ё истифодаи зарфе, ки ба мушаххасоти бор ё стандарти муқарраршуда ҷавобгӯ намебошад, ҳангоми мавҷуд набудани осори вайроншавии он дар хати ҳамлу нақл;
г) барои ҳамлу нақл пешниҳод намудани бор бидуни зикри мушаххасоти он дар борхат, ки шароити махсус ё ҷиҳати ҳифзи бор ҳангоми ҳамлу нақл ё нигаҳдорӣ чораҳои эҳтиётиро тақозо мекунад;
д) барои ҳамлу нақл пешниҳод кардани боре, ки намнокии он аз меъёри муқарраршудаи зиёд аст.
111. Роҳи оҳан дар ҳолатҳои зайл барои гум кардан, камомад, фарсудашавӣ ва харобшавии бор аз масъулият озод карда мешавад:
а) агар бор дар вагон (контейнер) дуруст, бо тамғаи дурусти борфиристанда ё дар қатораи бенуқсони кушода, бидуни аз нав бор кардан дар роҳ, бо нишонагузории дурусти ҳифозати ё басту банди саҳеҳ ё ҳангоми мавҷуд будани дигар аломатҳое, ки дуруст будани нигаҳдошти борро гувоҳӣ медиҳад, расида бошад;
б) агар камомад, фарсудашавӣ ё харобшавии бор дар натиҷаи ҳолатҳои табиие, ки ба ҳамлу нақли бор дар қатораи кушод алоқаманд аст, рух дода бошад;
в) агар бор бо ҳамроҳии гуселкунандаи борфиристанда ё боргиранда ҳамлу нақл шуда бошад;
г) агар камомади бор аз меъёрии табиии камшавӣ зиёд набошад. Агар арзкунандаи эътироз исбот намояд, ки камомад, фарсудашавӣ ё харобшавии бор бо айби роҳи оҳан рух додааст, дар чунин ҳолатҳо роҳи оҳан барои ҳифз накардани бор ҷавобгариро ба зимма дорад.
112. Дар сурати пурра ё қисман гум кардани бор роҳи оҳан аз рӯи ҳисоби арзиши оддии ҳамин навъи бори дорои чунин сифат, ҳангоми қабул ва дар маҳалли қабули бор ҷиҳати ҳамлу нақл, бо пардохти ҷуброн маҳдуд мешавад (ҳама навъи дигари ҷаброни зарар истисно карда мешавад).
113. Ҳамзамон бо ҷуброни арзиши бори гумшуда ё камомад роҳи оҳан пардохти ҳамлу нақли барои ин мол ситонидашударо мутаносибан ба теъдоди бори гумшуда ё камомад мепардозад.
114. Ҳаҷми ҷуброн бояд аз андозаи зайл бештар набошад:
а) аз маблағи ҷуброн барои пурра гум кардани бор, агар дар натиҷаи фарсудашавӣ ё харобшави тамоми бори ҳамлу нақлгардида арзиши худро гум карда бошад;
б) аз маблағи ҷуброн барои гум кардани қисми таъмингардидаи бор, агар дар натиҷаи харобшавӣ танҳо қисми бори ҳамлу нақлшуда арзиши худро гум карда бошад.
115. Барои гузаронидани мӯҳлати боррасонӣ, ки дар моддаи 26 ҳамин Оиннома зикр гардидааст, роҳи оҳан, агар исбот карда натавонад, ки гузаронидани мӯҳлат бо айби он рух додааст, ба шахси ваколатдор барои ҳар рӯзи гузаронидани мӯҳлат дар ҳаҷми 3% пардохт, вале на бештар аз 30% пардохт барои ҳамлу нақл ҷарима месупорад.
116. Агар ин бор ба боргиранда тибқи талаби он дар ҷараёни 10 рӯзи баъди гузаштани мӯҳлат дода нашавад, борфиристанда ва боргиранда ҳақ доранд, борро гумшуда ҳисоб кунанд ва ҷуброни гум кардани борро талаб намоянд.
Агар бор бо гузаштани мӯҳлатҳои дар боло зикргардида расида бошад, боргиранда метавонад тибқи салоҳдиди худ борро қабул кунад ва маблағеро, ки роҳи оҳан барои гум кардани бор пардохта буд, баргардонад. Дар ин сурат борро роҳи оҳан тибқи асосҳои умумӣ месупорад.
117. Барои зиёда аз мӯҳлати муқарраршуда ба таъхир андохтани вагон ва контейнерҳое, ки тавассути воситаҳои борфиристанда ё боргиранда таҳти борбардорӣ, борфарорӣ ё ба дигар нақлиёт бор кардан пешниҳод шудааст, аз борфиристанда ё боргиранда тибқи тартиби бидуни баҳс ҷаримаи муқаррарнамудаи Қоидаҳои боркашонӣ ситонида мешанад.
118. Агар бекористии вагон ё контейнерҳо бо сабаби рӯйдодҳои дорои хусусияти табиӣ, ки боиси қатъи ҳаракат дар роҳи оҳан гаштааст, инчунин бо сабабҳои рӯйдодҳои дорои хусусияти табиӣ ё садама дар корхонаҳо, ки на камтар аз 3 рӯз идома дошт роҳ дода, дар натиҷа анҷом додани корҳои борбардорӣ манъ шуда бошад, борфиристанда ва боргиранда аз пардохти ҷарима озод карда мешаванд.
119. Барои аз ҳадди борбардорӣ зиёд бор кардани вагон ё контейнер борфиристанда ҷаримаи муқаррарнамудаи Қоидаҳои боркашониро мепардозад.
120. Ҳангоми харобшавӣ ё гум кардани қатора ё контейнер олоти ҷудошавандаи боркашон ва воситаҳои борпечонии пешниҳоднамудаи роҳи оҳан борфиристанда, боргиранда, инчунин дигар корхонаю ташкилот вазифадоранд, онро таъмир кунанд, ё ба роҳи оҳан ҷаримаи нешбининамудаи Қоидаҳои боркашониро пардозанд.
Борфиристанда ва боргиранда, инчунин дигар корхонаю ташкилот зарареро, ки дар натиҷаи харобшавии қатора ва контейнер ба роҳи оҳан расонида шудааст, ҷуброн мекунанд.
121. Ҳангоми аз ҷониби роҳи оҳан хароб кардани қатора ё контейнери марбути корхонаю ташкилот ё муассисаҳо роҳи оҳан вазифадор аст, онҳоро таъмин кунад, ё ба моликони он ҷаримаи пешбининамудаи Қоидаҳои боркашониро пардозад, инчунин ба соҳибони қатора ё контейнер зарари дар натиҷаи хароб намудани онҳо расонидашударо ҷуброн намояд. Тартиби иваз намудани қатораи харобкардашуда ё гумшуда, ки роҳи оҳан онро ба иҷора гирифтааст, дар шартномаи иҷора пешбинӣ карда мешавад.
122. Барои гум кардани вагон ва контейнерҳои марбути корхонаю ташкилот ва муассисаҳо роҳи оҳан мувофиқи талаби онҳо вазифадор аст, барои истифодаи ройгон муваққатан вагон ва контейнерҳои дахлдор диҳад ва баъди гузаштани 3 моҳ ин вагону контейнерҳоро бар ивази гумкардашуда ба ихтиёри онҳо гузорад.
123. Ҳангоми аз ҷониби роҳи оҳан худсарона ишғол намудани вагон ва контейнерҳои марбути борфиристанда, боргиранда ё вагону контейнерҳои иҷорагирифтаи онҳо роҳи оҳан ҷаримаи пешбининамудаи Қоидаҳои боркашониро месупорад.
Ҷаримаи мазкур, сарфи назар аз ҷаримаҳо барои бекористии вагон ва контейнерҳо ё пардохти истифодаи онҳо, ситонида мешавад.
Таваққуфи 15 дақиқагӣ ба як соат баробар дониста мешавад.
124. Боргиранда барои тоза накардани вагон, систерна ва контейнерҳо масъулият дошта, дар сурати зиёда аз меъёри муқарраршуда дар систернаҳо ва нимвагонҳои бункерӣ ошкор намудани боқимондаи маҳсулот барои бекористии онҳо ҷарима месупорад.
125. Ҳолатҳое, ки ҳангоми ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан метавонанд барои маъулияти амволии роҳи оҳан, борфиристанда, боргиранда ва мусофирон асос шаванд, тибқи актҳои тиҷоратӣ, актҳои намунаи умумӣ, актҳои техникӣ ва дигар актҳое, ки роҳи оҳан тартиб медиҳад, тасдиқ карда мешаванд.
126. Акти тиҷоратӣ барои муайян кардани ҳолатҳои зайл тартиб дода мешавад:
а) мутобиқат накардани вазн, теъдоди ҷои бор ё бағоҷи асл ва маьлумотҳои дар борхат зикргардида;
б) фарсудашавӣ ё харобшавии бор ё бағоҷ;
в) ошкор намудани бор ё бағоҷи бидуни санад ё санад бидуни бор ё бағоҷ;
г) аз ҷониби роҳи оҳан баргардонидани бору бағоҷи дуздидашуда;
д) дар ҷараёни 24 соати баъди дар идораи молӣ (касса) ба расмиятдарории тибқи санад додани бор аз ҷониби роҳи оҳан ба роҳи оҳани фаръӣ нагузаронидани бор. Дар ин сурат акти тиҷоратӣ танҳо мувофиқи талаби боргиранда тартиб дода мешавад.
127. Роҳи оҳан вазифадор аст, вобаста ба имконият дар ҳозирии шахси ваколатдор акти тиҷоратӣ тартиб диҳад, агар он худаш ҳолатҳои дар боло зикргардидаро ошкор карда бошад, ё дар мавриди ҷой доштани ҳатто яке аз ин ҳолатҳо боргиранда ё фиристандаи бор ё бағоҷ ишора намуда бошанд. Дар акт бояд ҳолати бор, вазн ва вобаста ба имконият ҳаҷми бори гумшуда ё харобшуда, сабаби гум кардан ё харобшавии бор ва вақти рух додани ҳодиса зикр карда шавад.
128. Дар сурати аз ҷониби шахси ваколатдор напазируфтани хулосаҳои дар акт инъикосёфта (ки аз ҷониби роҳи оҳан ройгон пешкаш мегардад), он метавонад талаб намояд, ки ҳолат ва вазни бор, ҳачми бори гумшуда ё харобшавӣ аз ҷониби эксперте, ки тарафҳо ё суд таъин менамоянд, тасдиқ карда шавад.
Тартиби чунин тасдиқномаро қонунҳо ва муқаррароти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
129. Тартиби таҳияи актҳои тиҷоратӣ, инчунин актҳои намунаи умумӣ, актҳои техникӣ ва дигар актҳоро Қоидаҳои боркашонӣ муқаррар менамоянд.
130. То ба роҳи оҳан пешниҳод намудани даъво, ки аз ҳамин Оиннома бармеояд, ба он пешниҳод намудани эътироз дар шакли хаттӣ ҳатмӣ мебошад.
131. Инҳо ҳуқуқ доранд, ба роҳи оҳан эътироз ё дар ҳолатҳои дахлдор даъво пешниҳод намоянд;
а) дар сурати гум кардани бор - боргиранда, ба шарти пешниҳоди квитансияи бор, бо сабти стансияи таъиноти расидани бор ва ҳангоми имконнопазирии пешниҳоди квитансияи бор - санад дар хусуси пардохти арзиши бор, ки бонк тасдиқ намудааст ва маълумотномаи роҳи оҳан дар мавриди фиристодани бор ва бо сабти стансияи таъинот ояд ба нарасидани бор;
б) дар сурати камомад, фарсудашавӣ ё харобшавии бор - боргиранда, бо шарти пешниҳоди асли борхати роҳи оҳан ва акти тиҷоратӣ, ки роҳи оҳан ба он додааст, ё пешниҳоди асли борхати роҳи оҳан бо сабти роҳи оҳан дар мавриди тартиб додани акти тиҷоратӣ (дар сурати гум кардани он) ё пешниҳоди асли борхати роҳи оҳан ва аснод дар мавриди шикоят кардани радияи роҳи оҳан оид ба тартиб додани акти тиҷоратӣ;
в) дар сурати гузаронидани мӯҳлати боррасонӣ боргиранда, ба шарти пешниҳоди асли борхат, варақҳои 1 ва 5;
г) дар сурати ба таъхир андохтани додани бор - боргиранда, ба шарти пешниҳоди борхат ва акти тиҷоратӣ;
д) дар сурати гум кардани бағоҷ - пешниҳодкунандаи квитансияи бағоҷ ва дар ҳолатҳои камомад, фарсудашавӣ, харобшавӣ ё гузаронидани мӯҳлати додани багоҷ , пешниҳодкунандаи акти тиҷоратӣ, ки роҳи оҳан дар мавриди камомад, фарсудашавӣ ё харобшавӣ додааст, ё акти намунаи умумӣ дар хусуси гузаронидани мӯҳлати расонидани бағоҷ.
132. Борфиристанда ва боргиранда бо шарти тибқи шартнома дуруст ва расмият даровардани супориш метавонанд ҳуқуқи худро дар хусуси пешниҳоди эътироз ё даъво ба дигар ашхоси ҳуқуқӣ ваколат диҳанд.
133. Тартиби пешниҳод ва баррасии эътироз оид ба зиёд гирифтани пардохт, боҷ ва ҷаримаро Қоидаҳои боркашонӣ муқаррар менамоянд.
134. Эътирозҳое, ки аз ҳамлу нақл бармеоянд, ба Идораи роҳи оҳани таъинот арз карда мешаванд.
135. Эътирозҳое, ки аз ҳамлу нақл вобаста ба ҳаракат бо роҳи мустақими омехта бармеоянд, агар нуқтаи ниҳоии стансияи роҳи оҳан бошад, ба Идораи роҳи оҳани таъинот арз карда мешаванд.
136. Эътирозе, ки аз ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ бармеоянд, ба Идораи роҳи оҳан арз карда мешавад.
137. Эътирози борфиристандагон ё боргирандагон дар хусуси ҷарима ба Идораи роҳи оҳан арз карда мешавад.
138. Эътироз дар мавриди аз ҷониби роҳи оҳан вайрон кардани қатора ва контейнерҳо, ки марбути корхонаю ташкилот ва муассисаҳо мебошанд, ё онро ба иҷора гирифтаанд, аз ҷониби роҳи оҳан баррасӣ мегардад.
Сардори роҳи оҳан баррасии эътирозро ба зиммаи хадамоти дахлдори роҳи оҳан мегузорад.
139. Пешниҳоди талаби маблағ камтар аз маблағе, ки Қоидаҳои боркашонӣ ва Қоидаҳои мусофиркашонӣ муқаррар намудаанд, иҷозат дода намешавад.
140. Ба аризаи эътироз бояд асноди асле, ки дар Қоидаҳои боркашонӣ ва Қоидаҳои мусофиркашонӣ зикр гардида, эътирозро тасдиқ менамоянд, замима карда шаванд.
141. Ба ариза дар мавриди гум кардани бор, камомад, фарсудашавӣ ё харобшавии бор ба истиснои асноде, ки ҳуқуқи арзи даъворо тасдиқ менамоянд, инчунин санади тасдиқкунандаи теъдод ва арзиши бори фиристодашуда замима карда мешавад.
142. Эътироз ба роҳи оҳан дар ҷараёни шаш моҳ, эътироз дар хусуси пардохти ҷарима бошад, дар ҷараёни 45 рӯз арз карда шуданаш мумкин аст.
Мӯҳлатҳои зикргардида чунин ба ҳисоб гирифта мешаванд:
а) оид ба эътирозҳо дар хусуси ҷуброни зарар барои фарсудашавӣ, харобшавӣ ё камомади бор ё бағоҷ - аз рӯзи додани бор ё бағоҷ;
б) оид ба эътирозҳо дар хусуси гум кардани бор - бо гузашти 10 рӯз аз рӯзи хотима ёфтани мӯҳлати расидани бор;
в) оид ба эътирозҳо дар хусуси гузаронидани мӯҳлати расонидани бор ё бағоҷ - аз рӯзи додани бор ё бағоҷ;
г) оид ба эътирозҳо дар хусуси баргардонидани ҷарима барои бекористии вагонҳо ва ба таъхир андохтани контейнерҳо - аз рӯзи аз ҷониби арзкунандаи эътироз гирифтани нусхаи супориши инкассаи (ҳисобнома) роҳи охан дар мавриди ҷаримабандӣ;
д) оид ба эътирозҳо дар хусуси ситонидани ҷарима барои худсарона аз ҷониби роҳи оҳан ишғол намудани вагонҳои марбути корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ё ба иҷорагирифтаи онҳо - аз рӯзи гузаштани мӯҳлати расонидан ва баргардонидани вагони марбути корхонаю ташкилот ё ба иҷорагирифтаи онҳо ба нуқтаи бақайдгирӣ (сабтшуда);
е) дар ҳама ҳолатои дигар - аз рӯзи фарорасии ҳодисае, ки барои пешниҳоди эътироз асос шудааст.
143. Роҳи оҳан вазифадор аст, эътирози пешниҳодшударо баррасӣ намуда, оид ба натиҷаҳои баррасӣ аризадиҳандаро аз рӯзи гирифтани эътироз дар мӯҳлатҳои зайл огоҳ созад:
а) дар тӯли 3 моҳ - оид ба эътирозҳое, ки аз ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан бармеоянд;
б) дар тӯли 45 рӯз - оид ба эътирозҳо дар хусуси пардохти ҷарима.
144. Ҳангоми аз ҷониби роҳи оҳан қисман қонеъгардонии эътироз ё рад кардани он дар огоҳинома бояд қарори асосии роҳи оҳан, бо истинод ба қонунҳои ҷорӣ ё моддаҳои дахлдори ҳамин Оиннома зикр карда шаванд. Дар чунин ҳолат асноди ба эътироз замимагардида ба аризадиҳанда баргардонида мешаванд.
145. Агар ҳангоми баррасии эътироз муқаррар карда шавад, ки бор ба суроғаи дигар фиристода ё ба дигар боргиранда супурда шудааст, эътироз бо сабти он, ки дар куҷо, кай ва ба ки бор мушаххас супурда шудааст ва зикри ташкилоте, ки тибқи аризаи он дигар кардани суроға ё додани бор сурат гирифтааст, ҷиҳати ҳисобу китоби мустақим ва боргирандаи воқеӣ ё ташкилоте, ки тибқи аризаи он дигар кардани суроға анҷом дода шудааст, ба аризадиҳанда баргардонида мешавад.
146. Даъвое, ки аз шартномаи ҳамлу нақл бармеояд, бояд ба роҳи оҳан дар тӯли се сол пешниҳод карда шавад.
147. Гузашти мӯҳлати даъво чунин ба ҳисоб гирифта мешавад:
а) аз рӯзи сиюми баъди ба охир расидани ҳамлу нақл - дар сурати арзи даъво дар мавриди пурра гум кардани бор;
б) аз рӯзи боррасонӣ - дар сурати арзи даъво дар мавриди гум кардани бор ё харобшавӣ ё ба таъхир гузоштани боррасонӣ;
в) дар сурати арзи даъво дар мавриди пардохт ё ҷуброни пардохт барои ҳамлу нақл, пардохти иловагӣ ё дигар навъи пардохтҳо ва изофапулиҳо ва дар сурати арзи даъво оид ба ҷуброни пардохти вобаста ба тарифи нодуруст ё нодуруст ҳисоб кардани пулгузаронӣ ё ҷамъоварии пардохт:
- агар пардохт анҷом дода шуда бошад - аз рӯзи анҷом додани пардохт;
- агар пардохт анҷом дода нашуда бошад - аз рӯзи қабули бор барои ҳамлу нақл, агар пардохтро борфиристанда анҷом диҳад ва аз рӯзи борхатро гирифтани боргиранда - агар пардохтро боргиранда анҷом диҳад;
г) аз рӯзи арзи талабот дар мавриди ҷуброн, дар ҳолатҳои арзи даъвои роҳи оҳан вобаста ба маблағҳое, ки онро боргиранда пардохтааст, на борфиристанда ва ё баръакс ва он бояд аз ҷониби роҳи оҳан баргардонида шавад;
д) аз рӯзи фурӯши бор - дар сурати арзи даъво дар мавриди гирифтани фоида аз фурӯш;
е) аз рӯзи арзи талабот аз ҷониби гумрук ё дигар мақоми маъмурӣдар сурати арзи даъво дар мавриди пардохти боҷу хироҷи иловагӣ;
ж) аз рӯзи ба миён омадани даъво - вобаста ба ҳама ҳолатҳои дигар.
Рӯзи оғози гузашти мӯҳлати даъвоӣ дар боло зниршуда ба мӯҳлат дохил карда намешавад.
148. Ҳангоми унвонии роҳи оҳан арз намудани даъво гузашти мӯҳлати даъво якҷоя бо ҳамаи асноди зарурӣ ҷиҳати дастгирии эътироз, то лаҳзаи аз ҷониби роҳи оҳан гирифтани радияи хатии эътироз ва баргардонидани аснод боздошта мешавад. Ҳангоми эътирофи масъулият оид ба як қисми эътироз, баҳисобгирии мӯҳлати даъво нисбат ба қисми баҳсталаби эътироз аз нав оғоз меёбад. Масъулияти исботи гирифтани эътироз ё ҷавоб ба он ва баргардонидани аснодро тарафе, ки ба ин далелҳо истинод намудааст, ба зимма дорад.
Мавқуф гузоштани баҳисобгирии мӯҳлати даъво ҳангоми пешниҳоди эътирозе, ки ҳамон як мақсадро дорад, иҷозат дода намешавад.
149. Мӯҳлати гузаронидашудаи ҳуқуқ барои анҷом додани амал бо роҳи арзи эътирози нав оид ба ҳамон масъала татбиқ шуда наметавонад.
150. Даъво нисбат ба роҳи оҳан, ки аз ҳамин Оиннома бармеояд, тибқи тобеияти идорӣ, тобеияти судӣ ба суди иқтисодии маҳалли ҷойгиршавии Идораи роҳи оҳан, ки нисбат ба он эътироз арз шудааст, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи гирифтани ҷавоби роҳи оҳан ё аз рӯзи гузаштани мӯҳлати барои додани ҷавоб муқарраршуда, пешниҳод карда шуданаш мумкин аст.
151. Даъвои роҳи оҳан нисбат ба борфиристандагон, боргирандагон, мусофирон, ки аз ҳамин Оиннома бармеояд, тибқи тобеияти муқарраргардидаи идорӣ, тобеияти судӣ ба суди иқтисодӣ ё суд дар тӯли се сол пешниҳод шуданаш мумкин аст.
Мӯҳлати се соли зикргардида чунин ба ҳисоб гирифта мешавад:
а) оид ба ситонидаии ҷарима барои иҷро накардани нақшаи боркашонӣ - пас аз хатми мӯҳлати панҷрӯзае, ки барои пардохти ҷарима муқаррар шудааст;
б) дар ҳамаи ҳолатҳои дигар - аз рӯзи рух додани ҳодисае, ки барои арзи даъво асос шудааст.
152. Борфиристанда, боргиранда, дигар шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ (суғуртакунанда) метавонанд, ки тибқи тартиби ихтиёрӣ борро (бағоҷро) дар ҳама гуна ташкилоти суғурта дар давраи ҳамлу нақл суғурта кунанд. Муносибатҳои мутақобила байни суғуртакунанда ва суғурташаванда тибқи шартномаи суғурта муқаррар карда мешавад.
153. Корхонаҳои роҳи оҳан шароити бехатари ҳаракат, ҳаёт ва саломатии мусофирон ва шаҳрвандон, ҳамлу нақли бор, бехатарии ҳаракати поездҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, аз ҷумла ҳангоми корҳои манёврӣ, ҳифзи меҳнат ва муҳити атрофро таъмин менамоянд.
154. Бехатарии ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан аз ҷониби роҳи оҳан дар асоси усулҳои асосии зайл таъмин карда мешавад:
- равиши усули ҷиҳати банақшагирӣ ва идораи таъмини амнияти ҳаракат;
- мутобиқати технологияи ҷараёни ҳамлу нақл ва васоити техникӣ ба асноди меъёрие, ки талаботро оид ба амнияти ҳаракат муқаррар менамоянд;
- риояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ ва нақлиёти роҳи оҳан ҳангоми таъмини амнияти ҳаракат;
- масъулияти мутақобилаи шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ ва роҳи оҳан дар масъалаҳои таъмини амнияти ҳаракат.
155. Шартҳои таъмини амнияти ҳаракат дар нақлиёти роҳи оҳан дар Низомномаҳо оид ба амният дар роҳи оҳан, ки Идораи роҳи оҳан тасдиқ менамояд, инъикос ёфтааст.
156. Ҳудуди стансияҳои роҳи оҳан, вокзалҳо, ҷойҳои буду боши (платформаҳои) мусофирон, корхонаҳо ва хатҳои роҳи оҳан, ки дар онҳо ҳаракати поездҳо, корҳои манёврӣ, борбардорию борфарорӣ анҷом дода мешаванд, минтақаҳои дорои хатари баланд буда, ҳангоми зарурат панҷара гирифта мешаванд.
Дар чунин минтақаҳо бидуни зарурати хизматӣ ҳузури ашхоси бегона манъ аст. Қоидаҳои ҳозир будан дар минтақаҳои хатари баланд ва гузаронидани корҳо, ҳаракат ва гузаргоҳҳо аз тариқи хатҳои роҳи оҳан аз ҷониби роҳи оҳан муқаррар карда мешавад.
157. Хизматрасониҳо ба мусофирон, инчунин қатораҳо аз ҷумла махсусгардонидашуда ва контейнерӣ, ҷузъҳои сохтории шафатии хати роҳи оҳан ва дигар воситаҳои техникӣ ва механизмҳое, ки ба нақлиёти роҳи оҳан расонида мешаванд, бояд ба талаботи амнияти ҳаракат, ҳифзи меҳнат ва покизагии экологӣ, ки Қоидаҳои истифодаи техникии роҳҳои оҳан муқаррар намудаанд, мутобиқ бошанд ва бояд тибқи талаботи зикргардида аз сертификатсияи ҳатмии мутобиқат ба талаботи зикргардида гузаранд.
Ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба сертификатсияи ҳатмӣ аз ҷониби роҳи оҳан анҷом дода мешавад.
158. Иншоотҳое, ки дар ҳудуди онҳо истеҳсол, нигаҳдошт, борбардорӣ, ҳамлу нақл ё борфарории борҳои хавфнок анҷом дода мешаванд, бояд аз хатҳои роҳи оҳани истифодаи умум ва иншоот дуртар дар масофае, ки фаъолияти бехатарро таъмин менамоянд, ҷойгир карда шаванд. Масофаи ҳадди ақал аз чунин иншоот то хати роҳи оҳан ва иншоот, маҳалли аз хати роҳи оҳан гузаштани қубурҳо, хати алоқа, хати барқ ва дигар коммуникатсияҳо, инчунин меъёри эъмор ва нигоҳубини онҳо дар маҳалҳои бурида гузаштан ва ё наздик шудан бо хатҳои роҳи оҳан тибқи асноди меъёрии дахлдоре, ки бо роҳи оҳан мувофиқа карда шудааст, муқаррар карда мешавад.
Масъулияти таъмини меъёрҳои муқарраргардида ҳангоми эъмор ва истифодаи коммуникатсияҳои газу нафт ва дигар коммуникатсияҳо, ки хатҳои роҳи оҳанро бурида мегузаранд ва ё мустақиман дар наздикии ин роҳҳои оҳан қарор доранд, инчунин истифодаи бехатари онҳо ба зиммаи моликони ин коммуникатсияҳо гузошта мешавад.
159. Корхона ва муассисаҳое, ки борҳои хатарнокро мефиристанд ва ё мегиранд, инчунин роҳи оҳан, мутобиқи салоҳияташон бояд амнияти эҳтимоли рух додани онҳоро ҳангоми ҳамлу нақли чунин борҳо кафолат диҳанд.
160. Муқаррароти асосӣ оид ба истифодаи техникии роҳи оҳан ва тартиби амали кормандони роҳи оҳан, андоза ва меъёри нигоҳубини иншоот, таҷҳизот ва қатора, талаботе, ки ба онҳо пешниҳод мешаванд, системаи ташкили ҳаракати поездҳо ва шартҳои таъмини амнияти онҳо ва усулҳои сигнализатсияро Қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан (КИТ) муқаррар менамоянд.
161. Қитъаҳои бурида гузаштани роҳи оҳан бо роҳи автомобилгардро (гузаргоҳҳои роҳи оҳан) Қоидаҳои истифодаи техникии роҳи оҳан, меъёр ва қоидаҳои сохтмон муайян менамоянд.
162. Қитъаҳои бурида гузаштани роҳи оҳан бо қубурҳои магистралии нафту газ мутобиқи қоидаҳои истифодаи иншооти зикргардида бо аломатҳои дахлдор ишора карда мешаванд.
Моликони иншооти зикргардида вазифадоранд, маъмурияти роҳи оҳанро ҷиҳати қабули чораҳои дахлдор дар мавриди рух додани вазъҳои садамавӣ, ки ба амнияти ҳаракат таҳдид мекунад, сари вақт огоҳ созанд.
Кормандони роҳи оҳан ҳангоми гузаштани поездҳо ва иҷрои амалиёт оид ба хизматрасонии воситаҳои техникӣ дар қитъаҳои зикргардидаи бурида гузаштани хатҳои роҳи оҳан тибқи тартиби муқаррарнамудаи асноди меъёрии ҳуқуқии дахлдор амал мекунанд.
163. Тартиби таснифот (классификатсия), таҳқиқи хизмати ва баҳисобгирии вайрон кардани амнияти ҳаракат аз ҷониби маъмурияти роҳи оҳан муайян карда мешавад.
164. Барои вайрон кардани қоидаҳои амнияти ҳаракат ашхоси гунаҳкор масъулияти пешбининамудаи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда доранд.
165. Ҳифзи бор дар хати ҳаракат ва дар стансияҳои роҳи оҳан, иншооти нақлиёти роҳи оҳан, инчунин гузаронидани корҳои зидди сӯхтор ва пешгирикунанда, назорати сӯхтор ва рафъи сӯхтор дар нақлиёти роҳи оҳан аз ҷониби воҳидҳои муҳофизати ҳарбикунонидашудаи роҳи оҳан, ки Низомномаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, анҷом дода мешавад.
Номгӯи борҳое, ки таҳти ҳифз қарор дода мешаванд ва аз ҷониби воҳидҳои муҳофизати ҳарбикунонидашуда ҳамроҳӣ карда мешаванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Тартиби ҳифз ва ҳамроҳии чунин борҳоро роҳи оҳан муқаррар менамояд.
166. Ҳифзи иншооти нисбатан муҳими нақлиёти роҳи оҳан ва борҳои махсус аз ҷониби воҳидҳои қувваҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Номгӯи чунин иншоот ва борҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
167. Ҳифз ва ҳамроҳии борҳои алоҳида аз ҷониби борфиристанда ё боргиранда тибқи тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои боркашонӣ муайян карда мешаванд.
168. Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза алайҳи ҷиноят дар роҳи оҳан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт ва воҳидҳои минтақавии милитсия дар ҳамкорӣ бо воҳидҳои муҳофизати ҳарбикунонидашуда ва корхонаю муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳан анҷом дода мешавад.
169. Корхонаю ташкилот ва муассисаҳои роҳи оҳан ҷиҳати рафъи офатҳо, чаппашавии поездҳо ва садамаҳое, ки боиси халалдор гардидани кори нақлиёти роҳи оҳан шудааст, чораҳои таъхирнопазир меандешанд. Ҷиҳати татбиқи ин чораҳо бояд захираи моддию техникӣ таҳия карда шавад, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
170. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба нақлиёти роҳи оҳан дар рафъи оқибатҳои зуҳуроти табиӣ (банд шудани роҳ, обхезӣ, сӯхтор ва ғайра), чаппашавӣ ва садамае, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, амнияти ҳаракат ва ҳифзи бор таҳдид мекунад, кӯмак мерасонанд.
171. Ҳангоми мавҷуд будани аҳднома байни роҳи оҳан ва ҳамагуна тарафҳои дигар дар бораи алоқаи электронӣ ҳар санаде, ки дар ҳамин Оиннома ё дар Қоидаҳои ҳамроҳикунандаи он зикр шудааст, метавонад бо иттилооти электронии шабеҳ иваз карда шавад, ба шарте ки сабти маълумоти дар иттилоот мавҷуда ҳифз карда шавад ва чунин иттилоот дар шакли фаҳмо дар экран инъикос ёбад, ё тавассути васоити компютерӣ чоп карда шавад.