Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001, № 533 "Дар бораи муқаррар кардани меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003с.№ 153 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар кардани меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда

Мутобиқи моддаи 216 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Меъёрҳои андози аксизӣ барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мувофиқ замима муқаррар карда шаванд ва аз 1 декабри соли 2001 мавриди амал қарор гиранд.

2. Муайян карда шавад, ки мутобиқи моддаи 215 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ, ки:

- спирти этилиро барои истеҳсоли мақсулоти нӯшокиҳои спиртдор, ба сифати намуна барои гузаронидани таҳлилҳо ё тафтишҳои истеҳсолӣ, тадқиқотҳои илмӣ, бо мақсадҳои тиббӣ (дар беморхонаҳо ва дорухонаҳо) истифода мебаранд, ба андозаи аксизи ҳангоми харидани спирти этилӣ пардохташуда ё баргардонидани маблағи аксиз аз рӯи спирти этилӣ ҳисоб кардани андоз ҳуқуқ доранд;

- ашёи хоми тамокуро барои, ферментатсия намудан ва истеҳсоли маҳсулоти тамоку истифода мебаранд, ба андозаи аксизи ҳангоми харидани ашёи хоми тамоку ва тамокуи ферментатсияшуда пардохташуда ё баргардонидани маблағи аксиз аз рӯи ин молҳо ҳисоб кардани андоз ҳуқуқ доранд.

3. Аз 1 декабри соли 2001 беэътибор дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 1999 № 117 "Дар бораи тасдиқ кардани меъёри аксизҳо барои баъзе молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда";

- банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрелп соли 2000 № 171 "Дар хусуси тадбирҳои иловагии татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 "Дар бораи тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсолу муомилоти спирти этил ва машрубот".

4. Назорат аз болои иҷрои қарори мазкур ба зимаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э.Раҳмонов

аз 1 декабри соли 2001 № 533

ш. Душанбе