Оинномаи Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" аз 7 феврали соли 2008, № 58

Санаи амалкуни: 01.07.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 феврали соли 2008 № 58

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 348)

Муқаррароти умумӣ

1. Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" (минбаъд - Корхонаи қазонӣ) тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007 № 508 таъсис дода шудааст.

Муассиси Корхонаи қазонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақоми ваколатдори он доир ба идоракунии давлатии Корхонаи қазонӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) мебошад.

2. Корхонаи қазонӣ фаъолияти худро тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Нигоҳдорӣ ва маблағгузории Корхонаи қазонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба амал оварда мешавад.

4. Фонд ва ҳаҷми музди меҳнат, шумораи кормандон, низомнома ва тартиби ҳавасмандкунии кормандони Корхонаи қазонӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

5. Ҳаҷми музди меҳнат ва ҳавасмандкунии кормандони Корхонаи қазонӣ вобаста ба самаранокии фаъолияти корхона муқаррар мегардад.

6. Номи Корхонаи қазонӣ:

пурра:

- бо забони тоҷикӣ: Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик";

бо забони русӣ: Государственное казенное республиканское предприятие "Тиллои Тоҷик";

мухтасар:

- бо забони тоҷикӣ: КМКДҶ "Тиллои Тоҷик":

- бо забони русӣ: ГКРП "Тиллои Тоҷик".

7. Корхонаи қазонӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, штамп ва бланк бо номи худ бо забонҳои давлати ва русӣ, суратҳисобҳои бонкӣ, инчуннн дар идоракунии оперативӣ дорои амволи махсус буда, барои ӯҳдадориҳои худ масъул мебошад ва метавонад аз номи худ ҳуқуқи амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ ба даст орад ва амалӣ созад, ӯҳдадориҳоро иҷро ва дар суд ҳамчун даъвогар ё ҷавобгар баромад намояд. Корхонаи қазонӣ дорои тавозуни (баланси) мустақил буда. аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Корхонаи қазонӣ бо мақсади таъминн фаъолияти оинномавии худ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд.

8. Корхонаи қазонӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ таъсисёфта ҳисобида мешавад.

9. Корхонаи қазонӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми моликияти ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар аст.

Корхонан қазони тибқи тартиби судӣ дар сурати қонеъ карда натавонистани талаботи қарздорон аз ҷиҳати иқтисодӣ муфлис дониста намешавад.

10. Корхонаи қазонӣ бо розигии мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад сохторҳои алоҳидаи худро дар шакли намояндагиҳо ва филиалҳо берун аз мавзеи ҷойгиршавии худ таъсис диҳад. Намояндагиҳо ва филиалҳо шахси ҳуқуқӣ ҳисобида нашуда, дорои моликияти ҷудонамудаи Корхонаи қазонӣ мебошаид ва дар асоси низомномаҳои аз ҷониби он тасдиқгардида амал мекунанд.

11. Корхонан қазонӣ ҳуқуқ надорад ҳамчун зомин ё кафили шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, дар бораи ӯҳдадории бозгардонидани қарзҳои гирифтаашон дар назди бонкҳо қарздиҳандагон баромад намояд.

12. Мавқеъи ҷойгиршавии Корхонаи қазонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Ховалинг, шаҳраки Сиёҳфарқ.

Мақсад ва самтҳои фаъолияти Корхонаи қазонӣ

13. Корхонаи қазонӣ бо мақсади истеҳсол ва истихроҷи тиллои пошхӯрда, тиллои худруй ва дигар металлҳои қиматбаҳои иловагии кони тиллои Ёхсу, иҷрои корҳо ва расонидани хизматҳо таъсис дода шудааст.

14. Корхонаи қазонӣ дар самтҳои зерин фаъолият мебарад:

- корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ва коркарди тиллои пошхӯрда;

- гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;

- истихроҷи тиллои пошхӯрда дар конҳои тиллои пошхӯрда;

- коркарди маъданҳои дар таркибашон тилло дошта;

- нигоҳдорӣ ва таҳвили маҳсулот аз коркарди маъданҳои кон;

- қабул ва харидорӣ намудани металлҳои қиматбаҳо аз заршӯёни худфаъол, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- воридоти масолеҳ, таҷҳизот ва маводи зарурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти нстеҳсолӣ.

15. Ба ғайр аз фаъолияти асосӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор Корхонаи қазонӣ ҳуқуқдорад:

- бо ташкилотҳо ва ширкатҳои хориҷӣ ҳамкории илмиютехникиро ба роҳ монад:

- ба дигар ташкилотҳо хизматҳои иловагӣ расонад.

16. Корхонаи қазонӣ бо намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки номгӯи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ҳуқуқ дорад танҳо дар асоси иҷозатнома (литсензия) машғул гардад.

Барои иҷрои намудҳои фаъолияти дар боло зикргардида Корхонан қазонӣ мувофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намояд.

17. Ҳуқуқи Корхонаи қазонӣ барои пешбурди фаъолияте, ки гирифтани иҷозатномаро талаб менамояд, аз лаҳзаи гирифтани чунин иҷозатнома ва ё санаи дар он сабтшуда оғоз гардида, бо гузаштани мӯҳлати эътибори иҷозатномаи он қать мегардад, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ташкили фаъолияти Корхонаи қазонӣ

18. Нигоҳдорӣ ва маблағгузории Корхонаи қазонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар асоси бизнес план ва хароҷотномаи тибқи гурӯҳбандии буҷетии даромадҳо ва харочотҳо тартибдодашуда, ки аз ҷониби Корхонаи қазонӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад, анҷом дода мешавад.

19. Низоми кори кормандони минтақаҳои кӯҳӣ бо усули вахтагӣ ва сменагӣ муқаррар карда шуда, мувофиқи нақшаи тасдиқшуда амалӣ карда мешавад.

20. Корхонаи қазонӣ фаъолияти худро бо назардошти манфиати давлат ва зарурати ташкили самаранокии истихроҷи металлҳои қиматбаҳо ба роҳ монда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва даромаднокии истеҳсолот вазифадор аст.

21. Корхонаи қазонӣ тамоми металлҳои қиматбаҳои истихроҷшударо ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хазинаи давлатӣ) тибқи ҳаҷм ва мӯҳлати муайяннамудаи мақоми ваколатдор месупорад.

22. Номгӯи хизматҳои ба дигар ташкилотҳо расонидашаванда, инчунин тартиби тақсими фоидаи аз ин хизматҳо бадастомада, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.

ӯҳдадориҳои Корхонаи қазонӣ

23. Корхонаи қазони ӯҳдадор аст:

- моликияти ба он вобастакардашуда ва маблағҳои буҷетии ҷудо шударо мувофиқи мақсад истифода намояд;

- миқдори кормандони корхонаро дар доираи аз ҷониби мақомоти ваколатдор муайяншуда ва бо назардошти баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот нигоҳ дорад;

- ҳангоми зарурат ва бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми истихроҷ миқдори иловагии кормандонро дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор ба кор қабул намояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони Корхонаи қазонӣ шароити мусоид ва бехатарии меҳнатро муҳайё намояд:

- баҳри танзими фаъолият чораҳо андешад.

24. Корхонаи қазонӣ, инчунин ӯҳдадориҳоеро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои субъектҳои хоҷагидорӣ бо назардошти мақоми ҳуқуқии онҳо ба сифати муассисаи хоҷагидорӣ муайян карда шудаанд, дорад.

Фонди оинномавии Корхонаи қазонӣ

25. Фонди оинномавии Корхонаи қазониро моликияти Корхонаи барҳамдодашудаи муштараки Тоҷикистону Британиягии "Дарвоз", ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба тавозуни Корхонаи қазонӣ гузаронида мешавад, ташкил медиҳад.

26. Фонди оинномавии Корхонаи қазонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҳисоби ба он додани моликияти иловагӣ, маблағгузорӣ аз буҷети далатӣ ва дигар сарчашмаҳои манъкарданашудаи қонунгузорӣ зиёд карда мешавад.

Моликияти Корхонаи қазонӣ

27. Амволи Корхонаи қазонӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (моликияти ҷумҳуриявӣ) буда, ба Корхонаи қазонӣ дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дода шудааст.

28. Моликияти Корхонаи қазониро фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин амволи қиматноки дигар, ки арзиши онҳо дар тавозуни мустақили Корхонаи қазонӣ дарҷ гардидаанд, ташкил медиҳанд.

29. Маҳсулот ва даромадҳои дар идоракунии оперативии Корхонаи қазонӣ қарордошта, инчунин моликияти аз ҷониби он тибқи шартномаҳо ва ё асосҳои дигар бадастоварда, моликияти давлатӣ ҳисобида мешаванд.

30. Моликияти Корхонаи қазонӣ тақсимнашаванда буда, аз рӯи пасандозҳо (саҳмҳо), аз ҷумла байни кормандони Корхонаи қазонӣ тақсим карда намешавад.

31. Сарчашмаҳои ташаккули моликияти Корхонаи қазонӣ инҳо мебошанд:

- амволи ба Корхонаи қазонӣ дар асоси ҳуқуқҳои идоракунии оперативӣ вобастакардашуда;

- даромадҳое, ки аз иҷрои хизматҳои ба дигар ташкилотҳо расонидашуда ба даст омадаанд;

- сармоягузории асосӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигар ҷудо карда шудаанд.

32. Корхонаи қазонӣ дар муносибат ба моликияти ба он вобастакардашуда метавонад мувофиқи мақсади фаъолияти худ, супоришҳои фармоишгар ва таъиноти моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои соҳибӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории моликиятро амалӣ созад.

Корхонаи қазонӣ танҳо бо розигии муассис ҳуқуқ дорад амволи дар идоракунии оперативӣ будаи худро фурӯшад ва ё ба тарзи дигар истифода намояд.

33. Моликияти дар идоракунии оперативӣ қарордошта наметавонад ба идоракунии ваколатдор гузаронида шавад.

34. Назорати истифодаи мақсаднок ва ҳифзи моликияти дар ихтиёри Корхонаи қазонӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор ба амал оварда мешавад.

35. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад моликияти зиёдатӣ, истифоданашаванда ва ё ғайримақсаднок истифодашавандаи дар ихтиёри Корхонаи қазонӣ бударо гирад ва мувофиқи мақсад истифода намояд.

Идоракунии Корхонан қазонӣ

36. Мақоми идоракунии Корхонаи қазонӣ Директор мебошад, ки дар асоси принсипи яккасардорӣ фаъолият мекунад.

37. Директори Корхонаи қазонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таьин ва аз вазифа озод карда шуда, муносибат бо ӯ тавассути қарордод сурат мегирад.

38. Директори корхона:

- бе ваколатнома аз номи Корхонаи қазонӣ амал мекунад, манфиатҳои онро дар муносибатҳояш бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ намояндагӣ мекунад ва бояд фаъолияти худро ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи қазонӣ ба таври шаффоф, оқилона ва поквиҷдонона пеш барад;

- фаъолияти Корхонаи қазониро ташкил менамояд ва ҳама масъалаҳои фаъолияти корхонаро мутобиқи салоҳияташ, ки бо қонунҳо ва Оиннома муайян шудаанд, мустақилона ҳал менамояд;

- сохтори ташкилӣ, ҷадвали қабули кормандон, ҳаққи музди меҳнати кормандони корхона, бизнес-план, хароҷотномаи Корхонаи қазониро таҳия намуда, барои тасдиқ ба мақоми ваколатдор пешниҳод менамояд;

- вақти кориро дар корхона дар асоси талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми намояндагии кормандон муқаррар менамояд:

- иизоми кори кормандони минтақаҳои кӯҳиро бо усули вахтагӣ ва сменагӣ муқаррар менамояд;

- кормандонро тибқи қонунгузорӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои шартномаҳои меҳнатӣ (қарордодҳо) ба кор қабул ва аз кор озод менамояд:

- дар доираи салоҳияги худ фармонҳо мебарорад ва амрҳои барои тамоми кормандони Корхонаи қазонӣ ҳатмӣ бударо медиҳад;

- ваколатномаҳо медиҳад;

- аз номи Корхонаи қазонӣ шартномаҳо мебандад:

- дар доираи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликият ва маблағҳои пулии Корхонаи қазонӣ ихтиёрдорӣ менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои тартиботи меҳнатии дохилӣ барои ҳавасмандкунӣ ва чазодиҳии кормандони Корхонаи қазонӣ чораҳо меандешад;

- тибқи қонунгузорӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдор метавонад иттилоотеро, ки сирри тиҷоратии Корхонаи қазониро ташкил медиҳанд, ба истиснои иттилооте, ки сирри давлатӣ мебошанд, муаяйн созад;

- дар шартномаи коллективӣ бо кормандони Корхонаи қазонӣ аз номи кирокунанда баромад мекунад;

- дигар ҳуқуқҳоеро, ки мухолифи қонунгузорӣ нестанд, анҷом медиҳад.

39. Директори Корхонаи қазонӣ барои натиҷа ва ҳолати кори Корхонаи қазонӣ, иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи қонунгузорӣ дар назди соҳибмулк масъулияти шахсӣ дошта, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдор мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳисоботдиҳанда мебошад.

40. Муовинони директор, сармуҳандис, сармуҳосиби Корхонаи қазонӣ аз чониби мақоми ваколатдор бо пешниҳоди Директор ба вазифа таъии ва аз вазифа озод карда мешаванд.

41. Сарэнергетик, сармеханик, саргеолог, сармаркшейдер, сардорони шӯъба ва қитьаҳо аз тарафи Директор бо мувофиқаи мақоми ваколатдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2010 № 348).

Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

42. Корхонаи қазонӣ баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибии натиҷаи фаъолияти худро тибқи тартиби муайяннамудаи мақомоти ваколатдор анҷом медиҳад, ҳисоботи оморӣ ва молиявӣ, инчунин маълумотҳои фавриро дар бораи натиҷаи фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ба мақомоти ваколатдор пешниҳод менамояд.

43. Корхонаи қазонӣ ҳисоботи оморӣ ва намудҳои дигари ҳисоботро ба истиснои иттилооти дорои сирри давлатӣ, тибқи низоми байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар сохторҳои давлатӣ низ пешниҳод менамояд.

44. Барои пешниҳод накардан ё нодуруст пешниҳод кардани ҳисоботи оморӣ ва молиявӣ, инчунин сари вақт ба сохторҳои дахлдор нарасонидани он, фош намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ва ё тиҷоратӣ, шахсони масъули Корхонаи қазонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Назорати фаъолият ва аудити Корхонаи қазонӣ

45. Назорати фаъолияти Корхонаи қазонӣ, истифода ва нигоҳдории он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

46. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои аз бучет ҷудошуда, ба таври фаврӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор амалӣ мешавад.

47. Назорати бехатарӣ ва нигоҳ доштани иттилооти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби сохтори дахлдори Корхонан қазонӣ амалӣ мешавад.

48. Аудити дохилӣ ва берунаи корхона тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Таъмини низоми корӣ ва ҳифзи Корхонаи қазонӣ

49. Таъмини низоми корӣ ва ҳифзи Корхонаи қазонӣ аз ҷониби мақоми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

50. Барои ҳифз ва таъмини бехатарии дохилии Корхонаи қазонӣ сохтори ҳарбикунонидашуда таъсис дода мешавад.

51. Шумораи штатии сохтори ҳарбикунонидашуда ба шумораи штатии Корхонаи қазонӣ дохил мегардад. Ба кор қабул намудани кормандони ин сохтор дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

52. Муовини директори Корхонаи қазонӣ оид ба бехатарӣ ва ҳифз ба Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.

Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Корхонаи қазонӣ

53. Қатъи фаъолияти Корхонаи қазонӣ метавонад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли барҳамдиҳӣ ва ё азнавташкилдиҳии он (якҷоякунӣ, ҳамроҳкунӣ, тақсимкунӣ, ҷудокунӣ) сурат гирад.

54. Бақайдгирии Оиннома ва дохил намудани тағйиру иловаҳо ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 феврали соли 2008 № 58

тасдиқ шудааст

Оиниомаи Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"

41. Энергетик, механик, геолог, маркшейдер, сардорони шӯъба ва қитьаҳо аз тарафи Директор бо мувофиқаи мақоми ваколатдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.