Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 майи соли 2007 № 199
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқарраротн умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур "Дар бораи Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон "Дар бораи туризм", бо мақсади танзими истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои нодири таърихию фарҳангӣ, табиию фароғатӣ ва захираҳои (туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
12. Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи беназири туристии мамлакатро дар бар Гирифта, ба он иншооти дорои мафҳумҳои фарҳангӣ, илмию Таърихӣ,ҳудудҳои табиию фароғатӣ, инчунин инфраструктураи Туризм дохил мешаванд, ки онҳо асоси маҳсулоти миллии туристии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.
1.3. Кадастри давлатии захираҳои туристӣ барои дастрас намудани маълумоти зарурие, ки барои ташрифи хориҷиён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, чорабиниҳои экологӣ, ташкили баҳисобгирии оморӣ барои таҳияи минбаъдаи маршрутҳои нави туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
1.4. Кадастри давлатии захираҳои туристӣ аз ҷониби мақоми давлатии идоракунии туризм ҳам дар асоси маълумотҳои худӣ ва ҳам дар асоси маводҳои пешниҳоднамудаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукуматҳо), Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии " Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои фаъолияти туристӣ таҳия ва пеш бурда шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
1.5. Тартиби ташаккул, пешбурд ва татбиқи Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур танзим карда мешавад.
1.6. Номгӯи захираҳои туристии ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшаванда аз ҷониби мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм дар мувофиқа бо вазорату идораҳои манфиатдор, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои фаъолияти туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
1.7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдорандаи асосии Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин ҳуқуқҳоро ба мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид батуризм ваколат медиҳад.
1.8. Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маълумоти зерин иборат мебошад: - Номгӯи иншоот:
- арзиши арзёбӣ аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии иншооти бо нишон додани тобеияти идоравии он, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- тартиби снҷом додани назорати ҳолати санитарию экологӣ:
- тавсифи мавқеи ҷойгиршавӣ.
II. Тартиби пешбурд ва истифодаи захираҳои туристӣ.
2.1 Захираҳои туристие, ки ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мустаъқим истифода бурда мешаванд. Фаъолияти саноатию хоҷагидорӣ ва Дигар намудҳои фаъолият, ки ба вазъи захираҳои туристии ба Кадастри давлатӣ дохилшуда таъсири манфӣ мерасонанд, қатъиян манъ аст.
2.2. Мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва инчунин бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳаҷми квотаҳои ташрифи иншоотӣ ба Кадастри давлатии захираҳои туристӣ дохилгардидаро муайян мекунанд ва истифодаи онҳо ба тариқи шартномавӣ амалӣ мегардад.
2.3. Ҳангоми ташкили туризми ташрифӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе пул ё ройгон истифодабарии захираҳои туристие, ки ба Кадастри давлатӣ дохил шудаанд, иҷозат дода намешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташрифи иншооти туристии ба Кадастри давлатӣ дохилшуда бо мақсади туризм, истироҳати табобатӣ, инчунин зиёрати мазҳабӣ ӯҳдадоранд меъёрҳо ва қоидаҳои рафтори марбут ба нигоҳдорӣ ва муҳофизати захираҳои туристиро риоя намоянд.
2.4. Захираҳои туристии ба Кадастри давлатӣ дохилшуда ҳамчун дастовардҳои умумимиллӣ ба шумор рафта ҳар сол дар воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои арзиши таърихӣ, фарҳангӣ, ки барои ташрифовардагон ва шароитҳои истифодабарӣ квотаҳо муқаррар гардидаанд, маълумот интишор карда мешаванд.
2.5. Вазоратҳо, идораҳо, субъектҳои фаолияти туристӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки моликони иншооти ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда мебошанд бо дархости мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм дар хусуси таъиноти онҳо, арзиши таърихӣ, фароғатӣ, илмӣ, тартиби истифодабарӣ, хусусияти кор, ҳолат, шароити қабул ва хизматрасонии сайёҳон низомномаҳои дахлдор таҳия мёнамоянд.
2.6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пёшниҳоди мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мувофиқа шудааст, барои истифодаи захираҳои туристии ба Кадастри давлати дохилшуда андоза ва тартиби пардохтро муқаррар менамояд.
2.7. Мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм ба иншооти дар Кадастри давлатии захираҳои туристӣ дохилшуда шаҳодатнома медиҳад. Ин шаҳодатнома мақоми иншооти мазкурро ҳамчун дастоварди умумимиллӣ тасдиқ менамояд.
III . Муҳофизати захираҳои туристие, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд.
3.1. Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдорӣ, инчунин истифодаи сарфакоронаи захираҳои туристии ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгашта, мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм якҷоя бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои ваколати дахлдори тафтишотӣ мебошанд, барои муайян намудани мутобиқат ба стандартҳои мавҷуда ва истифодаи судманди онҳо 6а истиснои иншооте, ки дар тобеъияти идоравии Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон мебошанд, санҷишҳо ва тафтишотӣ ногаҳонӣ мегузаронанд.
3.2. Мақоми давлатии идоракунии туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату, идораҳо, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки дар тобеашон захираҳои туристӣ мавҷуд мебошанд ва ба Кадастри давлатии захираҳои туристӣ ворид шудаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳолати иншоот ва истифодаи мақсадноки онҳо масъулият доранд.
3.3. Истифодаи захираҳои туристии ба Кадастри давлатӣ воридгашта, мувофиқи пешниҳоди мақоми давлатии идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба туризм, бо мақсади муҳофизати захираҳои туристӣ, ҳамчун дастовардҳои умумимиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.