Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002, № 102 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 602 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни қарор калимаҳои "корхонаҳои нақлиёти давлатӣ" ба калимаҳои "корхонаю муассисаҳои нақлиёти давлатӣ" иваз карда шаванд;

дар банди 1 калимаҳои "корхонаҳои нақлиёти давлатӣ" ба калимаҳои "корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат мавҷуд аст" иваз карда шаванд;

банди 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"9. Муқаррар карда шавад, ки тағйир ёфтани номи корхонаҳои (муассисаҳои) давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии ба номгӯи тасдиқгардида воридшуда, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ (азнавбақайдгирӣ) монеа шуда наметавонад";

банди 9 банди 10 ҳисобида шавад.

2. Дар Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар банди 5 сарсатри бистум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"тарифҳои номиналиро барои кашонидани бор ва мусофирон дар комплекси нақлиётӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, мувофиқа ва тасдиқ менамояд";

сарсатрҳои бистум - сию чорум сарсатрҳои бисту якум , сию панҷум ҳисобида шаванд;

дар банди 6:

дар сарсатри нуздаҳум калимаҳои "талаботи бехатарӣ" ба калимаҳои "талаботи бехатарии техникӣ" иваз карда шаванд;

сарсатри нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"таъсис додани нашрияҳои чопӣ ва ташкили фаъолияти нашриётӣ";

дар банди 8:

сарсатри панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд, оинномаҳои ҷамъиятҳои саҳомиро, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат мавҷуд аст, аз номи Вазорат ҳамчун муассис мувофиқа мекунад ва оинномаҳои корхонаҳои (муассисаҳои) давлатиро, ки мутобиқи созишномаҳои дутарафа бо Вазорат фаъолият мекунанд, тасдиқ мекунад";

дар сарсатри шашум:

аз ҷумлаи аввал калимаи "роҳбарикунанда" хориҷ карда шавад;

ҷумлаи дуюм бо тарзи зерин ифода карда шавад:

"Роҳбарони корхонаю муассисаҳои нақлиёти давлатӣ дар асоси қарордод ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд".

3. Дар номгӯи корхонаҳои давлатии нақлиётӣ, ки фаъолияташонро бо роҳи бастани созишномаҳо бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд:

Номгӯй дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Номгӯи корхонаю муассисаҳои нақлиётии давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат мавҷуд аст ва фаъолияташонро бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи бастани созишномаҳо амалӣ менамоянд";

дар банди 21 калимаҳои "Идораи муносибатҳои байналмилалии "Трансснаб" ба калимаҳои "Идораи маркетинг ва таъминоти "Трансснаб" иваз карда шаванд;

дар банди 10 калимаҳои "Идораи шаҳрии "Хуҷандроҳ" ба калимаҳои "Саридораи "Хуҷандроҳ" иваз карда шаванд;

дар матни русии банди 21 калимаҳои "УМО Трансснаб" ба калимаҳои "Управление маркетинга и обеспечения "Трансснаб" иваз карда шаванд;

банди 23 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"23. Идораи рӯзномаи "Нақлиёт".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 4 марти соли 2002 № 102

ш. Душанбе